Иктисоди милли – низоми бисёрзинаи хочагии мамлакат

Муқаддимаи фан. Иқтисоди миллӣ – низоми бисёрзинаи хоҷагии мамлакат. Малтаб ва вазифаҳои фанни иқтисоди миллӣ.

С 1. Мафҳум, моҳият ва шарҳи иқтисоди миллӣ  

С 2. Таркиб ва мақсадҳои иқтисоди миллии муосир 

С 3. Тавсифи хислатҳои иқтисоди миллӣ  

           C 4. Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ва усулҳои ҳисобкунии он

С 5.  Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ ва дигар нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисоди миллӣ

Саволи 1. Иқтисод дар шароити имрӯза яке аз мафҳумҳои сермасриф ба шумор меравад. Ин мафҳум аз калимаи юнонии «экономика» гирифта шуда маънояш санъати идоракунии хоҷагии хонавода мебошад ва аслан муносибатҳои хоҷагидориро ифода менамояд.

Иқтисод пеш аз ҳама маҷмӯи истеҳсоливу хоҷагидории ҷомеа мебошад. Иқтисоди корхона, иқтисоди миллӣ, иқтисоди хурд ё макроиқтисод, иқтисоди қафомонда, иқтисоди пӯшида ё кушода ва ҳоказо -ин ибораҳое мебошанд, ки муносибатҳои гуногуни хоҷагидориро ифода менамоянд. Пайдоиш ва инкишофи ин муносибатҳо ба асари инкишофи ҷомеаи башарӣ ҷой дошта, марҳилаҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидаанд.

Мафҳуми «иқтисоди миллӣ» яке аз фаҳмишҳои марказии макроиқтисод ба ҳисоб меравад. Ин мафҳумро бори аввал олими амрикоӣ Василий Леонтьев ҳамчун низоми худтанзимшаванда, ки аз фаъолиятҳои гуногуни ба ҳамдигар алоқаманд таркиб ёфтааст, истифода карда буд. 

Иқтисоди миллӣ аз гурӯҳи равандҳои хоҷагидории мамлакат буда, муносибатҳои хоси иқтисодиро дар худ таҷассум менамояд. Низоми иқтисоди миллӣ истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмолотро дар миқёси хоҷагии мамлакат дар бар гирифта, моҳияти худро дар шакли маҷмӯи хоси тақсимоти захираҳои маҳдуди иқтисодӣ зоҳир менамояд.

Иқтисоди миллӣ – маҷмӯи иқтисодиёти мамлакат буда, дар заминаи истиқлолияти сиёсӣ ва дигар унсурҳои пайвастаи давлати миллӣ ташаккул меёбад. Таъмини истиқлоли воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, низом ва фарҳангии кишвар бо ҳифзу равнақи муносибатҳо бо ҷомеъаи мамолики олам, бунёди ҷумҳурии озод, мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва пешрафта, ташаккули фазои ягонаи иттилоотӣ дар саросари кишвар – ин омилҳое мебошанд, ки таҳкими иқтисоди миллиро устувор месозанд.

[амин тариқ иқтисоди миллӣ ифодакунандаи манфиатҳои иқтисоди миллие мебошад, ки ба маънои манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, ҳамаи сокинони давлати миллӣ новобасти аз миллаташон мебошад.

Азбаски иқтисоди миллӣ мафҳуми мураккаб аст, шарҳи онро мехостем батафсилтар баён намоем:

1. Иқтисодиёти миллӣ маҷмӯи узвҳои бисёрзинаи соҳаҳои гуногун мебошад, ки бо робитаҳои бисёрҷабҳаи иқтисодии худ ба ҳамдигар пайваст гашта, чун организми ягона амал мекунад. Соҳа бошад –ин гурӯҳи корхонаҳои тахассуси якхела дошта ё намуди алоҳидаи фаъолияти инсон дар доираи ягонкори якхела, истеҳсоли маҳсулоти (хадамот)-и якхела мебошад. Соҳаҳо – саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, соҳаҳои хизматрасони ва ғайра дар навбати худ ба соҳаҳои ҷузъӣ –зерсоҳаҳо ҷудо мешаванд.

2. Иқтисоди миллӣ – чун услуб ё механизми хоҷагидорӣ дар мамалакат мебошад, ки он ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дахл дорад, ки ҳамчун низоми батартибдаровардашуда амал мекунанд. Онҳо байни худ алоқаҳои истеҳсолӣ ва ғайристеҳсолӣ дошта, дар ҷараёни истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмоли неъматҳои модди, хизматрасони ва арзишхои маънави иштирок мекунанд. Фаъолияти онхо дар дохили хочагии миллӣ ба тарзи субъектҳои мустақили хоҷагидорӣ сурат гирифта, равияи гуногуни фаъолиятдорӣ ва статуси хоси ҳуқуқӣ доранд: корхонаву идoраҳои давлатӣ ва маҳалӣ, корхонаҳои муштарак, ҷамъиятҳои саҳомии навъҳои гуногун, бонкҳо, ташкилотҳои суғуртавӣ ва ғайра.  

3. Иқтисоди миллӣ – ҳамчун маҷмӯи ҷараёнҳои дар ҷомеа вoқеъгаштаи истеҳсолот, тақсимоту истифодаи захираву неъматҳои моддии мамлакат ва инчунин муносибатҳои ҷамъиятии байни одамон, ки дар рафти ин ҷараён пайдо мешаванд. Ингуна муносибатҳо ба таври объективӣ, яъне новобаста аз хоҳишу талаботи одамон ба вуҷуд меоянд ва онҳоро «муносибатҳои истеҳсолӣ» меноманд. Муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамчун таҳкурсии иқтисодии ҷомеа дар худ чор унсури асосиро дар бар мегиранд –истеҳсолот, тақсимот, истеъмолот ва мубодила. [ар яки ин унсурҳо дар дохили иқтисоди миллӣ мавқеи хосро соҳиб буда, чун ҷараёни табиӣ ва объектҳои мустақили идоракунӣ бо ҳам пайваста амал мекунанд.

4. Иқтисоди миллӣ –ифодакунандаи низоми бозори миллӣ. Хоҷагии миллӣ дар дохили худ ба тариқи гурӯҳбанди бозорҳои махсусро тавлид менамояд –бозори мол, бозори сармоя, бозори хизмат, бозори меҳнат, бозори арзӣ, бозори воситаҳои истеҳсолот, бозори моликияти зеҳнӣ ва ғайра. Инкишофи иқтисоди миллӣ ба такмилёбии бозори дохилии худ мусоидат менамояд.

5. Хоҷагии миллӣ, чун маҷмӯи иқтисоди дохили кишвар ва иқтисоди беруни мамлакат. Мафҳуми иқтисоди миллӣ дар ҳайҳати худ на танҳо иқтисоди дохилӣ, балки чараёнҳои иқтисодии мамлакатро берун аз марзи он дар бар мегирад. Дар ин чо сухан дар бораи фаъолияти резидентҳо (аз калимаи лотинии қӯzidӯntis –бошанда, барои истиқомат омада –шаҳрванди ягон кишваре, ки дар давлати хориҷӣ доимӣ зиндагӣ мекунад)-и давлaти мазкур берун аз қаламрави мамлакат, истифодаи иқтисодии омилҳои истеҳсолӣ (сармоя, қувваи корӣ, воситаҳои истеҳсолот) ба давлати мазкур таалуққдошта меравад, ки дар давлатҳои хориҷӣ воқеъ мебошанд. Ингуна ҷараёнҳои иқтисодӣ миллӣ танҳо дар шароити иқтисоди кушод пурра доир гашта, аз маҳдудияти қаламрави  миллӣ озод мешаванд.

6. Иқтисоди миллӣ –ифодакунандаи низоми бозори миллӣ. Хоҷагии миллӣ дар дохили худ ба тариқи гурӯҳбанди бозорҳои махсусро тавлид менамояд –бозори мол, бозори сармоя, бозори хизмат, бозори меҳнат, бозори арзӣ, бозори воситаҳои истеҳсолот, бозори моликияти зеҳнӣ ва ғайра. Инкишофи иқтисоди миллӣ ба такмилёбии бозори дохилии худ мусоидат менамояд.

7. Иқтисоди миллӣ – чун маҷмӯи иқтисодиёти минтақаҳои мамлакат. Иқтисодиёти мамлакат дар дохили худ иқтисодиёти воҳидҳои марзиву маъмурии идоракунӣ (вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо), воҳидҳои марзиву иқтисодии ҷуғрофӣ ва ғайраро муттаҳид менамояд. Гарчанде ҳар яке аз воҳидҳои минтақавӣ дар қаламрави худ мустақил амал мекунанд, аммо дар як вақт онҳо узви ҷудoнашавандаи марзии мамлакат буда, якпорчагии онро таъмин месозанд.

8. Иктисоди миллӣ чун узви иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ. Чуноне, ки дар боло  қайд карда шуд, ҳеч як давлати дунё берун аз ҳамкори бо дигар давлатҳо пеш рафта наметавонад. Тақсимоти байналмилалии меҳнат, ки дар ҷаҳон вуҷуд дорад, тақозо менамояд, ки давлатҳо афзалияти ингуна тақсимотро истифода намоянд, равобиту ҳамкориҳои иқтисодии худро бо ҷаҳони хориҷ густариш диҳад. Дар ин гуна маврид иқтисоди миллӣ хоҳу нохоҳ ба иқтисоди ҷаҳон мепайвандад.  [оло дар ҷараёни густариши ҷаҳонисозӣ (глобализатсия) иқтисоди миллии давлатҳо чун қисми таркибӣ, ба ҳайси бахше аз хоҷагии ҷаҳонӣ мубаддал гаштаанд. Воқеан меъёрҳои ҳуқуки байналмилалӣ дар муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ афзун гашта, муҳити иқтисодиеро ба миён оварданд, ки дар он қоидаҳо, принсипҳо, сдандартҳо ва арзишҳои умумӣ пеш омадаанд.

9. Иқтисоди миллӣ –чун низоми муайяни дониш, шохаи илми иқтисод, фанни махсуси таълимии иқтисодиёт дар диёри мо вобаста ба давраи нави давлатдори мебошад. Фанни иқтисоди миллӣ вазифаҳои хоси худро дошта, бо фанҳои дигари иқтисодӣ алоқамандии зич дoрад. Омӯхтани иқтисодиёти кишвар на танҳо ба хотири пайдо намудани тасаввуроти илмӣ дар бораи иқтисодиёти мамлакат, балки инчунин, чун равияи тарбияи ватанпарварӣ ва донистани иқтисодиёту муаммоҳои он, омодасозиву сафарбаркунии худ барои ҳалли мушкилотҳои Ватан сарчашма мегирад. (алоқамандии байни иқтисоди миллӣ ва макро, мезо, ва микроиқтисодиёт). 

Саволи 2. Бояд қайд намуд, ки асоси иқтисоди миллиро корхонаҳо, фирмаҳо, ташкилотҳо, хоҷагиҳои хонагӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Иқтисоди миллӣ аз соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ иборат аст. Соҳаи истеҳсолӣ – ин маҷмӯи соҳаҳои тавлидкунандаи маҳсулоти ҷамъиятӣ мебошад, ки ба ин соҳа дохил мешавад: саноат, кишоварзӣ, савдо, нақлиёт ва дигар соҳаҳои тавлидкунандаи мол. Соҳаи истеҳсолӣ ба истеҳсолоти моддӣ (истеҳсолоте, ки воситаи истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ истеҳсол мешавад) ва ғайримоддӣ (соҳаи илм, санъат, маданият, маориф, тандурустӣ ва ғ.) ҷудо карда мешавад.

Соҳаи ғайристеҳсолӣ –соҳае мебошад, ки маҳсулот истеҳсол накарда, балки дар тақсимоти он ширкат меварзад (соҳаҳои мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои динӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил мешаванд).

Дар адабиётҳо таркиби истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, соҳавӣ ва таркиби минтақавии иқтисоди миллиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Таркиби истеҳсолӣ – тақсимоти истеҳсолкунандагони миллиро ба субъектҳои иқтисодии асоси инъикос мекунад, ки аслан се гурӯҳи истеҳсолкунандагони асосиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд: хоҷагиҳои хонагӣ, фирмаҳо ва давлат.

Таркиби иҷтимоии иқтисоди миллӣ тақсимоти онро мувофиқи шаклҳои моликият ифода намуда ба таркиби иҷтимоӣ сектори давлатӣ, коллективӣ, хусусӣ, соҳаи шахсӣ ва соҳаи омехта дохил мешаванд.

Таркиби соҳавии иқтисоди миллӣ тақсими онро бо соҳаҳои гуногуни вазифаи ягонаи иҷтимоӣ-иқтисодиро иҷрокунанда ифода менамояд. Ба таркиби соҳавии иқтисоди милли соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илм, сохтмон ва дигар соҳаҳо дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо аз зерсоҳаҳо иборат мебошад.

Таркиби минтақавии иқтисоди миллӣ мувофиқи ҷойгир шудани қувваҳои истеҳсолкунандаи миллӣ дар кишвар муайян карда мешавад, ки асосан ба таркиби минтақави ноҳияҳои иқтисодиро дохил мекунанд. Масалан дар ҷумҳурӣ ноҳияҳои шимолӣ, ноҳияҳои ҷанубӣ, ноҳияҳои марказӣ (тобеи марказӣ) ва ноҳияҳои Бадахшони Кӯҳиро ҷудо намудан мумкин аст.

Мақсадҳои асосии ҳаргуна иқтисоди миллӣ инҳо мебошанд:

-таъмин намудани суръати бештари афзоиши ҳачми истеҳсолоти миллӣ, ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ;

-таъмин намудани дараҷаи устувори наpхҳо, ба хотири паст паст намудани беқурбшавии пул (дар соли 2008 он 18-20 %-ро ташкил дод) ва таъмини мувозинати тақозою арза;

-таъмин намудани содироти бештар ба хотири афзоиши содироти соф (фарқи байни содирот ва воридот) ва таъминии ҷиҳати мусбии тавозуни пардохт. Масалан агар дар соли 2007 ба миқдори 1,5 млрд. долл. мол содирот шуда бошад, пас 2,5 млрд. долл. воридот карда шуд. 

-таъмини дараҷаи баланди шуғли аҳолии ба хотири таъмини ҳамаи аҳолии бо музди кор (музди миёни музди кор дар соли 2007 20 сомониро ташкил медиҳад), ҷои кор ва талаботи бо маблағ таъминбуда. 

Саволи 3. Характери миллӣ гирифтани иқтисодиёти кишвар ба он имконият медиҳад, ки якчанд хислатҳои навро соҳиб бошад. Чун организми ягона вай чунин нишонаҳоро дар бар гирифта амал мекунад:

Якум, фазои ягонаи иқтисодӣ, ки дар асоси қонунгузории ягона, воҳиди ягонаи пулӣ, низоми умумии қарзию пулӣ ва молиявӣ ташаккул ёфтааст;

Дуюм, алоқаҳои пайвастаи иқтисодии байни субъектҳои хоҷагидор, ки дар доираи умумии такрорситеҳсоли кишвар ба вуҷуд омадааст;

Сеюм, мавҷудияти маркази ягонаи мустақили идора, танзим ва ҳамоҳангсозии иқтисодиёт, ки аз мақомоти қонунгузорӣ ва иҷрояи марказӣ иборатанд;

Чорум, вуҷуд доштани маҳдудияти марзӣ, ки бо марзи кишвар муайян мешавад.

Дар муқоиса бо иқтисоди ҳукми миллӣ надошта иқтисоди миллӣ якчанд хислатҳои хоса –хислатҳои табииро пайдо мекунад, ки танҳо дар шароити соҳибистиклолии давлатӣ воқеъ гашта, аз шароити нави сиёсию иҷтимоӣ, ангезаи масъулияти давлатӣ аз руи натиҷаҳои хоҷагидрорию роҳбарӣ ба миён меояд. Гарчанде, ки ин хислатҳо сараввал ба чашм ноаёнанд, аммо дарк намудани онҳо такозои идоракунии оқилонаи иқтисоди миллӣ мебошанд, ки дар бораи онҳо мебояд ботавсилтар нақл намоем:

Хислати якпорчагӣ –иқтисоди миллӣ дар худ ягонагиву тамомиятро дорад. Ин хислат дар он ифода меёбад, ки тaғйироти ягон узви алохидаи иқтисод ба узвҳои дигар бетаъсиp монда наметавонад. Иқтисодиёт бо ин хислати худ, ташбеҳи вобастагии узвҳоро ба ҷамъияти инсониро мемонад, ки ба ин маъное, ки агар дар ягон бахши иқтисодӣ тaгйиротҳои куллӣ ба вуҷуд ояд –пешравӣ ё қафомони ба миён ояд – ин ҳодисаҳо дарҳол ба нишондиҳандаҳои умумии иқтисоди миллӣ таъсир нарасонда намемонанд.  Якпорчагӣ инчунин маънои онро дорад, ки вазъи умумии иқтисоди миллии мамлакат ба фаъолияту натиҷаҳои кори субъектҳои алоҳида, сохтору рафтори онҳо бе чуну чаро таъсир мерасонад.

Хислати иерархии иқтисоди миллӣ дар он аст, ки дар сохторҳои дохилии он низоми  иерархӣ ҷой дорад –сохторҳову унсурҳои он аз боло ба поён ҷойгир шуда, аз ин рӯ тартиботи зинагии итоаткунии (ташкилоту одамон) аз руйи мартаба ва мансаб, яъне «зинаҳои иерархӣ» сурат мегирад. 

Хислати ҳамгироӣ (интегративӣ) – хислате мебошад, ки дар худи қисматҳои дохилии иқтисоди миллӣ вуҷуд надорад. Имконияти ҳамгироие, ки ба иқтисоди миллӣ мансуб аст – ин қобилияти он барои муттаҳид сохтани қисмҳои ҷудогонаи низоми иқтисодӣ, имкониятест, ки дар натиҷа самараи пайвастагию ҳамкориро ба вуҷуд меорад. Иқтисоди миллӣ аз ин хислати худ истифода намуда, соҳиби самараи ҳамгироӣ мегардад.

Дар қатори хислатҳои зикргардида иқтисоди миллӣ якчанд хислатҳои дигареро низ дорост: якум ин ки иқтисоди миллӣ низоме мебошад, ки доимо дар ҳолати ҳаракат, тағйирёбӣ ва ҷараёни инкишоф қарор дорад; дуюм, ин ки иқтисоди миллӣ метавонад низоми дохилӣ ё беруна, низоми кушода ё пӯшида дошта бошад. Аз ин рӯ ибораҳои гуногун арзи вуҷуд доранд: иқтисоди дохилӣ, иқтисоди миллӣ, иқтисоди озод, иқтисоди пӯшида, иқтисоди мушоҳиданашаванда ва ғ.   

Саволи 4. Натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро мол ва хизматҳое ташкил медиҳанд, ки дар мӯҳлати муайяни вақт истеҳсол шудаанд ва онҳоро маҳсулоти миллӣ меноманд. Нишондиҳандаҳое, ки ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва умуман натиҷаи фаъолияти иқтисоди миллиро нишон медиҳанд, бо тавсияи СММ истифода карда мешаванд ва онҳоро нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ низ меноманд, ки яке аз ҳамин гуна нишондиҳанда Маҷмӯи Маҳсулоти Миллӣ (МММ) мебошад.

МММ – ин арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошанд, ки шаҳрвандони кишвар дар дохил ва берун аз кишвар дар муддати як сол истеҳсол намудаанд.

Дар адабиётҳои иқтисодӣ вобаста ба нарх, ки омили асосии афзояндаи МММ ба ҳисоб мераванд, МММ-ро ба номиналӣ ва ҳақиқӣ ҷудо менамоянд.

МММ номиналӣ – ин арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли базавӣ мебошад.  МММ ҳақиқӣ – ин арзиши бозории молу хизматҳо бо нархҳои соли базавӣ мебошад.

[амин тавр, муносибати байни МММ номиналӣ ва МММ ҳақиқӣ зиёдшавии МММ-ро аз ҳисоби нарх нишон дода –дефлятори МММ номида мешавад:         

                         МММ-и номиналӣ

          ДМММ= ————————- х 100 %;

                            МММ-и ҳақиқӣ

Вобаста ба шуғл  МММ-и имконпазир ва воқеиро аз хамдигар фарқ мекунанд. МММ-и имконпазир гуфта – ин ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро ҳангоми ҷой доштани бекории даврӣ меноманд. МММ-и воқеӣ – ин ҳаҷми истеҳсоли молу хизматҳоро ҳангоми ҷой доштани бекории даврӣ меноманд.

МММ бо ду усул ҳисоб карда мешавад: аз рӯи хароҷотҳо ва аз рӯи даромадҳо.

Мувофиқи усули якум МММ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

МММ=С+Jg+G+Nх, ки дар ин чо С-хароҷотҳои истеъмолии шахсӣ (оид ба харидани маҳсулоти ниёзи аввал, хӯрока, пӯшока ва молҳои истифодаашон дурудароз), Jg –маблағгузории умумӣ (барои сохтмон, харидани таҷҳизот, коғазҳои қиматнок ва ғ.),   G –Хароҷотҳои давлатӣ (барои мудофиа, маориф, тандурустӣ, ҳифзи ҳуқуқ) ва Nх –содироти соф.

Мувофиқи усули даромадҳо ҳисоби МММ аз руи формулаи зерин сурат мегирад:

МММ=даромад аз меҳнат (музди кор) +даромад аз моликият +фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо +рента +фоизи қарз +андозҳои ғайримустақим +истехлок (амортизатсия) +дивидент.

Даромад аз меҳнат – шакли асосии даромад ба ҳисоб меравад, ки дар шакли музди кор зоҳир мегардад ва онро корхонаҳо ба коргаронашон медиҳанд. Даромад аз моликият – ин даромади соҳаи (сектори)-и хусусӣ аз сармоя мебошад. Фоидаи карз ба самтҳои зерин тақсим карда мешавад: ба буҷаи давлатӣ ҳамчун андоз, ба соҳибони саҳмияҳо ҳамчун дивидент ва ба фоидаи тақсимнашаванда, ки барои сармоягузори истифода шуда ба МММ дохил мешавад.  Рента ин фоидае мебошад, ки аз истифодаи амвол хусусан аз истифодаи замин гирифта мешавад. Фоизи қарз – ин даромади соҳибони сармояи пулӣ мебошад, ки ба ивази истифодаи сарморяашон соҳиб шудаанд. Андозхои ғайримустақим –андозҳое мебошанд, ки соҳибкорон ба буҷа баъди фурӯши молу хитзматҳояшон пардохт мекунанд. Дивидент –даромади соҳибони саҳмияҳо мебошад, ки аз фоидаи умумии шаркатҳо ҷудо карда мешавад.  Истехсолок –маблағхое мебошанд, ки аз даромади умумии фирмаю муассисаҳо барои нав кардани сармояи асосӣ ҷудо карда мешаванд.

Саволи 5. Дар иқтисодиёт дар баробари маҷмӯи маҳсулоти миллӣ (МММ) нишондиҳандаҳои маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва даромади миллиро (ДМ) низ ба сифати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ истифода мебаранд.  

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) – ин арзиши тамоми молу хизмаҳое мебошад, ки танҳо дар дохили кишвар истеҳсол карда шудаанд. Фарқияти асосии нишондиҳандаҳои МММ ва ММД инҳо мебошанд:

-МММ натиҷаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар вуҷуд дорад инъикос мекунад, аммо натиҷаи фаъолияти сармояи хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда ба МММ дохил намешавад.

 -ММД натичаи фаъолияти иқтисодии сармояи миллиро, ки дар беруни кишвар амал мекунад, инъикос накарда, баръакси МММ, натичаи фаъолияти сармояи беруниро дар дохили кишвар, дар худаш инъикос мекунад.

Аз ин ҷо бармеояд, ки як қисми МММ-ро маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи милли дар хориҷа ба вуҷуд овардааст ва як қисми ММД-ро  маҳсулоте ташкил мекунад, ки сармояи хориҷӣ дар кишвар ба вуҷуд овардааст. Бинобар ҳамин агар МММ ва ММД зиёд шавад, пас ин маънои онро дорад, ки соҳибкорони дохилӣ дар беруни кишвар нисбат ба соҳибкорони хориҷии дар дохили кишвар амалкунанда, бештар молу хизматҳо истеҳсол намудаанд.

Даромади миллӣ (ДМ) – ин  маҷмӯи даромадҳои ҳамаи соҳибони омилҳои истеҳсолотро меноманд. Бояд кайд намуд, ки дар адабиётҳо барои муайян намудани ДМ аз консепсияи марксистӣ ва неоклассикӣ истифода мекунанд. Мувофики консепсияи марксистӣ даромади миллӣ ин арзиши нав ба вучҷдовардашударо меноманд. Аз ҳамин ҷиҳат К. Маркс барои ҳисоб намудани даромади миллӣ формулаи зеринро истифода кардааст: ДМ=V+m, яъне сармояи гардон (музди кори коргарон) +арзиши илова.

Мувофики консепсияи неоклассикӣ даромади миллӣ ин арзиши бозории мол ва хизматҳое мебошад, ки баъд аз хориҷ намудани маблағи истеҳлок ва андозҳои ғайримустақим боқӣ мондааст. Аз ҳамин ҷиҳат барои ҳисоб намудани даромади миллӣ онҳо формулаи зеринро пешниҳод намудаанд:

ДМ = МММХ – Аz, ки дар ин чо ДМ-даромади миллӣ; МММХ –маҷмӯи маҳсулоти миллии холис;  Аz – андозҳои ғайримустақим.

Асосан ду шакли даромади миллиро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд: даромади миллии истеҳсолшуда ва даромади миллии истифодашуда. Даромади миллии истеҳсолшуда – ин маҷмӯи арзиши молу хизматҳои нав ба вуҷудовардашуда мебошад. Даромади миллии истифодашуда – ин даромади миллии истеҳсолшуда бо истиснои (яъне минуси) зарар аз офатҳои табиӣ, зарар ҳангоми нигоҳдории мол ва дигар намуди зарарҳо мебошад. 

Мақсади асосии истеҳсоли бештари молу хизматҳо ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳоли мебошад. Дар бахши макроиктисодӣ барои нишон додани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз нишондиҳандаҳои даромади шахсӣ ва даромади дар ихтиёрбуда истифода мебаранд.

Даромади шахсӣ (ДШ) – ин суммаи ҳамаи даромадҳо аст, ки то супоридани андозҳо дар ихтиёри шахсони алоҳида ё оилаҳо боқӣ мондааст. Ба даромади шахсӣ ҳамаи даромадҳою пардохтҳои трансфертӣ дохил мешаванд ва он барои истеъмол, пасандоз ва пардохти андозҳо сарф карда мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат ДШ аз руи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

ДШ = ДМ – ҳисcаҷудокуниҳо бо фонди суғуртa – андоз ба фоидаи ширкатҳо – фоидаи тақсимнашудаи ширкатҳо + пардохтҳои трансфертӣ.

Даромади дар ихтиёрбуда – ин даромадест, ки баъд аз супоидани андоз аз даромад боқӣ мемонад, яъне ДДИ =ДШ-ААД (андоз аз даромад).

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.