Инфрастохтори иқтисоди миллӣ

       С 1. Моҳият ва вазифаҳои инфрасохтори иқтисоди миллӣ

       С 2. Таснифот (гурӯҳбанди)-и инфрасохтор

       С 3. Тавсифи соҳаҳои инфрасохтории нaқлиёт, алоқа ва энергетикӣ

      С 4. Муаммоҳо ва роҳҳои баландбардоштани рушди соҳаҳои инфрасохторӣ

 Cаволи 1. Мафҳуми инфрасохтор аз калимаи лотинии infқa –зер, поён    stқғktғқa –сохтор, буда маънояш зерсохтор ва ё сохтори ёрирасон мебошад.

Дар ибтидои асри ХХ ин калимаро дар соҳаи ҳарбӣ ҳамчун калимаи иншoотҳои ҳарбӣ (базаҳои ҳарбӣ, анборҳои воситаҳои моддӣ, майдонҳои ҳарбӣ) истифода мешуд. Баъди солҳои 40-уми асри гузашта ин мафҳумро дар илми иқтисодиёти ғарб истифода мебурданд. Дар ибтидо ҳамчун комплекси соҳаҳои хоҷагӣ, ки ба саноат ва хоҷагии қишлоқ хизмат мерасонанд, ифода гашта буд. Ба мурури солҳо ин мафҳум васеъ гашта акнун ӯ на танҳо соҳаҳои истеҳсолотро, балки соҳаҳои иҷтимоиётро дарбар мегирад.

Дар айни ҳол ба соҳаҳои инфрасохтори иқтисоди миллӣ дохил мешаванд: сохтмони роҳҳо, каналҳо, бандаргоҳҳо, купрукҳо, аэропорт, хочагиҳои барқӣ, нақлиёт, алоқа, таъминоти об ва канализатсия, анборҳо, иншоотҳои варзишӣ, иншоотҳои варзишӣ, илм ва маориф, тандурустӣ ва умуман корхонаҳое, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.  

[амин тавринфрасохтори иқтисоди миллӣ –маҷмӯи соҳаҳои иқтисодӣ, корхонаҳо ва ташкилтҳое мебошанд, ки шароитҳоро барои амалӣ гардонидани истеҳсолот ва фаъолияти одамон ташкилу таъмин менамояд. Яъне ба инфрасохтори иқтисоди миллӣ объектҳои моддӣ-техникӣ, ки фанкцияҳои асосиро дар соҳаҳои гуногун таъмин мекунад, дохил мегардад.

Бояд қайд намуд, ки аз мафҳуми инфрасохтор ду хусусияти он бармеояд: 1) Инфрасохтор барои таъмини иҷроиши функсияҳо дар якчанд соҳаҳо равона карда мешавад, яъне у дорои хусусияти байнисоҳавӣ мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки у функсияҳои интегратсионӣ (ҳамгироӣ) байни соҳаҳои истеҳсолот, ноҳияҳо, давлатҳоро иҷро мекунад; 2) Инфрасохтор неъматҳои моддӣ истеҳсол намекунад ва у функсияҳои таъминотиро иҷро мекунад. Хулоса, инфрасохтор соҳаи алоҳида иқтисоди миллӣ, ки ба истеҳсолот ва фаъолияти одамон хизмат мерасонад.       

 Саволи 2. Инфрасохторро аз рӯи аломатҳояш ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

I. Аз рӯи аломати фаъолияти одамон:  инфрасохтори истеҳсолӣ (фаъолияти истеҳсолӣ, истеҳсоли неъматҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли неъматҳои истеъмолӣ). Умуман инфрасохтори истеҳсоли маҷмуи соҳаҳое, ки истеҳсоли воситаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсоли воситахои истеъмолиро дар ҷараёни интиқол, гардиш, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулот шароитҳои умумӣ фароҳам меорад.

Вазифаи чунин инфрасохтор ташкил намудани шароитҳои зарурӣ барои нигоҳдории ҷараёни такрористеҳсолӣ ҷамъиятӣ мебошад. Вақт, мӯҳлати муомилотро дар ҷараёни истеҳсолот кӯтоҳ мекунад, гарчанде ки дар ин чо маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол карда нашавад, аммо меҳнати сарфакардашуда ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад ва даромади миллӣ зиёд мегардад. Ба инфрасохтори истеҳсолӣ дохил мешавалд: нақлиёт (коммуникатсияи нақлиётӣ), хоҷагии энергетикӣ (коммуникатсияи энергия), алоқа (коммуникатсияи ахборотӣ), таъминоти об ва канализатсия, таъминоти моддӣ-техникӣ ва ғ.

Ба инфрасохтори иҷтимоӣ дохил мешаванд –фаъолиятҳои иҷтимоӣ, тақсимот ва муомилот, хизматрасониҳои истеъмолӣ, тандурустӣ, идора, маориф, илм,  таъминоти об, санитария ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғ.

II. Дар айни ҳолл чунин шаклҳои инфрасохтор дар назария кор карда шудааст: инфрасохтори истеҳсолӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ, инфрасохтори бозорӣ, инфрасохтори туризм ва варзиш, инфрасохтори илмӣ-техникӣ, инфрасохтори ҳарбӣ ва ғ.

III. Инфрасохтор аз рӯи масштаб ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад: инфрасохтори байналхалқӣ, инфрасохтори давлатҳо, инфрасохтори ноҳияҳо, инфрасохтори шаҳракҳо, инфрасохтори маҳалҳо ва ғ.

Ташкилёбии инфрасохтор худ аз худ фоида намеорад. Чӣ қадаре ки дараҷаи инкишофи инфрасохтор баланд бошад, ҳамон кадар зудтар сармоя дохил гардида қувваи корӣ дохил мегардад, рушди иқтисодӣ мафзояд, сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд мегардад. Ва баръакс чӣ қадаре, ки инфрасохтор суст ба роҳ монда бошад, ҳамон кадар истеҳсолот суст инкишоф меёбад ва зиндагии мардум вазнинтар гардида мардум маҷбур мешаванд ба ҷустуҷӯи кор ба шаҳрҳои Россия, давлатҳои Араб, давлатҳои Ғарб ва ғ. сафар кунанд.  

Саволи 3. Рушди инфрасохтор (нақлиёту алоқа), энергетика ва саноат дар Тоҷикистон имкон медиҳад, ки барои рушди устувор ва баланди иқтисодии кишвар ва тавассути он паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ асосҳои моддӣ фароҳам оварда шавад. Ҳамзамон рушди онҳо барои афзоиши шуғли дохилӣ шароит фароҳам оварда, дастрасӣ ва сифати хизматрасониҳои ҳам худӣ ва ҳам дигар хизматрасониҳои иҷтимоиро барои аҳолӣ (таъминот бо об, санитария, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, экология) баланд мебардорад, ки онҳо мустақиман ба сатҳи татбиқи ҳамаи вазифаҳои рушд дар Тоҷикистон алоқаманд мебошанд.

Нақлиёт соҳаи алоҳидаи иқтисоди миллӣ буда маҷмӯи интиқоли роҳҳо, тамои намудҳои воситаи нақлиёт, иншоотҳо, ки ҷараёни ҳаракати одамон ва боркашониро таъмин мекунанд. Элементҳои муҳими инфрасохтори Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан (беш аз 80 фоиз аз ҳаҷми умумии муомилоти моли савдои хориҷӣ, тақрибан 50 фоизи сафари муҳоҷирини меҳнатӣ ба Россия, ҳамлу нақли беш аз се як қисми ҳамаи молҳо), автомобилӣ (беш аз 95 фоизи боркашониҳои дохилӣ) ва нақлиёти авиатсионӣ, инчунин соҳаи алоқа иборат  мебошад.

Дар давраи баъд аз Шӯравӣ фаъолияти Роҳи оҳани Тоҷикистон  (РОТ) таҳти ислоҳоти ночиз қарор гирифта, барои барқарорсозӣ ва азнавтаҷҳизонӣ ба маблағгузории  назаррас эҳтиёҷ дорад. Мутобиқи маълумоти мавҷуда дар солҳои 1995-2002 маҳсулнокии Роҳи оҳани Тоҷикистон аз сабаби ду маротиба таназзул ёфтани ҳаҷми ҳамлу нақл ва 20 фоиз афзоиш ёфтани кормандон то 60 фоиз кам гардид. Сатҳи ҳосилнокии меҳнат низ ба як коргари Роҳи оҳани Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар мебошад.

Истифодабарандагон аз сифати пасти хизматрасонӣ вобаста ба фарсуда гардидани воситаҳои ҳаракат, ҳолати бади санитарии вагонҳо, нокифоягии самти ҳаракат ва сарборӣ азият мекашанд. Аз сабаби вазъи ногувор ва гузаштани мӯҳлати истифода аксари локомотивҳо ва вагонҳо бояд аз ҳисоб бароварда шаванд. Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон 85 фоизи ҳамлу нақл тавассути вагонҳои ширкатҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад. Аз 950.7 км. роҳи мавҷуда мӯҳлати таъмири асосии 142 км. роҳ   гузаштааст. Аз ин рӯ, бо вуҷуди зиёни зиёд,  суръати ҳаракати поездҳо дар баъзе қитъаҳо то 15-20 км/ соат паст мегардад. Системаи сигнализатсия, алоқа ва системаи огоҳонӣ, таҷаммӯъ ва маҳдудгардонӣ хеле кӯҳна ва фарсуда аст. Байни стансияҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб хати алоқа ва таъминоти барқ вуҷуд надорад.

Вобаста ба хусусиятҳои ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ дар ҳамлу нақли дохилӣ  нақши муҳим дошта, ҳамчунин яке аз истеъмолкунандагони асосии маҳсулоти нафт ба ҳисоб меравад. Дар кишвар беш аз 30 ҳазор км. роҳҳои автомобилгард истифода бурда мешавад, ки солҳои 1960-1990 ба истифода дода шуда, беш аз 16 ҳазор км. онҳо маҳаллӣ ва идоравӣ мебошанд. Ҳамаи роҳҳои автомобилгард таъмири асосиро тақозо менамоянд, аммо ҳаҷми маблағҳои мавҷуда барои пурра барқарорсозии онҳо нокифоя мебошад. Нақлиёти байналмилалии автомобилӣ барои ҳамлу нақли борҳои на он қадар калон ба масофаи кӯтоҳ ва миёна, инчунин самтҳое, ки хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан вуҷуд надорад, ниҳоят муҳим мебошад. Ҳоло нақлиёти автомобилӣ камтар аз 5 фоизи ҳамаи ҳаҷми ҳамлу нақли берунаро анҷом медиҳад,  ки яке аз сабабҳои он аз ҷумла маҳдуд будани борҳои интиқолшаванда мебошад. Вале то дараҷаи муайян истифодаи хизматрасонии вобаста ба ҳамлу нақли автомобилии беруна аз сабаби баланд будани тарифҳо паст гардидааст. Ҳамлу нақли автомобилӣ аз Хуҷанд ба кишварҳои Бенилюкс нисбат ба ҳамлу нақл аз Тошканд ду рӯз зиёдтар ва барои ҳар як тонна 50 доллари ШМА гаронтар мебошад (аз ҷумла бо дарназардошти пардохтҳои ғайрирасмӣ).

Дар ҳамлу нақл тавассути нақлиёти ҳавоӣ Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»  афзалият дорад, ки асосан бо базаи тайёраҳои кӯҳна, хадамоти ёрирасон (базаи таъмир, тринажёр ва системаи таълим), инфраструктураи фурӯдгоҳҳо, инчунин хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва иншооти статсионарии кӯҳна  фаъолият менамояд. Сатҳи истифодаи тайёраҳо вобаста ба хароҷоти баланд ва афзоиши нарх барои сӯзишворӣ ниҳоят паст буда, аз ин рӯ ҳоло ҷиҳати иваз намудани онҳо бо тайёраҳои истеҳсоли кишварҳои ғарб тадбирҳо андешида мешаванд.

Алоқа –маҷмӯи коммуникатсияҳои намудҳои гуногун барои интиқоли ахборот мебошад ва чунин намудҳои алоқа вучуддоранд: почтавӣ, алоқаи электрикӣ –радио, телевизион, кабелӣ, телефонӣ ва г. Бахши алоқа бо дарназардошти ғунҷоиши ками нақлиётӣ, меҳнатталабии зиёд ва сатҳи баланди дурнамои инкишофи бахши мазкур дар бозори ҷаҳонӣ барои рушди минбаъда ояндадор ба назар мерасад. Дар айни замон корҳо оид ба иваз намудани стансияҳои ҳаммонанди телефонии кӯҳна ба стансияҳои нави автоматии рақамӣ иваз карда шудаанд. Сатҳи шабакаҳои насбшудаи ҳамаи САТ-и дар ҷумҳурӣ ба рақамӣ ивазшуда 91,2 фоизро ташкил медиҳад.

Минтақаи пахши барномаи телевизиони миллӣ 98 фоизи аҳолиро фаро мегирад. Алоқаи почта дорои шабакаи васеи корхонаҳо буда, вале аз сабаби зиёноварӣ таҳти дотатсияи давлат қарор дорад.

Энергетика. Рушди ояндаи Тоҷикистон ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз бисёр ҷиҳат  ба он вобаста мебошад, ки дар иқтисоди кишвар захираҳои энергетикӣ то чӣ андоза самарабахш истифода мегарданд.  Рушди энергетика имкон медиҳад на танҳо ҳаҷм ва сифати хизматрасонӣ барои дигар бахшҳои  истеҳсолӣ, ки дар айни замон аз сабаби норасоии қувваи барқ бо иқтидори нопурра фаъолият  мекунанд, афзояд, инчунин ба баланд бардоштани сатҳи дастрасии хизматрасонии энергетикӣ барои аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Системаи электроэнергетикии кишвар воқеан аз се зерсистемаҳои алоҳида иборат аст, ки дар Вилояти Суғд, дар Ҷануби кишвар (аз ҷумла Вилояти Хатлон, ш.Душанбе ва НТБ) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавҷуданд. Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди гидроэнергетикӣ буда, аз ин ҷо 55 фоизи захираҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сарчашма мегиранд. Захираҳои умумии имконпазири гидроэнергетикии кишвар 527 млрд кВт.соат дар як сол мебошад (асосан дар ҷануби кишвар). Сатҳи имрӯзаи истеҳсоли қувваи барқ аз нерӯи  аз нигоҳи техникӣ истифодабоб  6.5 фоизро ташкил медиҳад. Дар сохтори баланси сӯзишворию энергетикии кишвар захираҳои гидроэнергетикӣ беш аз 90 фоиз мебошад. Нерӯи  назарраси гидроэнергетикии кишвар имкон медиҳад, ки содироти қувваи барқ ва рушди истеҳсолоти энергияталаб зиёд карда шавад.

Дар айни замон дар як сол 16.5-17 млрд кВт.соат қувваи барқ истеҳсол   мешавад, ки тақрибан 99 фоизи он обӣ мебошад. Қисми асосии ин қувва дар НОБ-и Норак истеҳсол мегардад, ки он дорои обанбори ҳаҷман хурд буда, имкон намедиҳад, ки иқтидорҳои мавҷуда пурра истифода бурда шаванд. Афзалияти асосии қувваи барқе, ки дар НОБ-и Норак истеҳсол мегардад, ин арзиши аслии он мебошад (0.3 сенти ШМА), ки ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ  хароҷоти инвеститсионии    он пӯшонида шуда буд.

Саволи 4. Проблемаҳои асосии инфрасохтор аз инҳо иборатанд:

·  дур қарор доштан аз баҳр, ба минтақаҳо ҷудо будани кишвар, ки дастрасии иқтисодиро ҳам байни минтақаҳо ва ҳам байни бозори хориҷӣ маҳдуд месозад;

·  нопурра татбиқ намудани ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодӣ, номукаммалии системаи идоракунии давлатӣ;

· мавҷудияти монеаҳои назарраси маъмурӣ барои рушди бахши хусусӣ, маҳдуд будани хизматрасонии ташкилотҳои нақлиётию экспедиторӣ;

· афзоиши нарх барои ҳалли энергия, заминаи сусти моддию техникӣ, ки бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди буҷетӣ ҷиҳати барқарорсозӣ ва рушд ба воситаҳои назарраси молиявӣ эҳтиёҷ дорад.

Бо дарназардошти проблемаҳои зикргардида ва мақсадҳои СМР/СПКСК вазифаҳои рушди инфраструктура (алоҳида вобаста ба нақлиёт ва алоқа) дар давраи солҳои 2007-2009 инҳо муайян гардидаанд: (1) гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ; (2) баланд бардоштани самарабахшии истифодаи захираҳои мавҷуда; (3) пешниҳоди лоиҳаҳои татбиқшаванда ва нави инвеститсионӣ.

Гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ барои анҷом додани фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия дар бахши инфраструктура, баланд бардоштани нерӯи онҳо, инчунин кам кардани монеаҳои маъмурӣ андешидани маҷмӯи тадбирҳоро пешбинӣ менамояд. Ба Ассотсиатсияи боркашонҳои байналмилалии автомобилӣ  фароҳам овардани мақоми мустақил ва муҳайё сохтани ҳавасмандгардонӣ барои оддигардонии дастрасии ширкатҳои нақлиётии хориҷӣ ба бозори миллӣ дахолати давлатро ба бозори хизматрасониҳои нақлиётии байналмилалӣ маҳдуд гардонида, имкон медиҳад ҳаҷм ва сифати чунин хизматрасониҳо баланд бардошта шавад. Бо дарназардошти сатҳи баланди хароҷоти давлат барои таъсиси объектҳои нави нақлиётӣ  омӯзиши  масъалаи истифодаи пулакии қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард ва шояд ҷорӣ намудани он имкон медиҳад, ки хароҷоти давлат қисман пӯшонида шавад.

Вазифаи баланд бардоштани самарабахшии истифодаи захираҳои мавҷудаи инфраструктура ҷиҳати дар шароити маҳдуд будани имкониятҳои давлат беҳтар ташкил намудани баҳисобгирӣ ва истифодаи судманди амволи давлатӣ нигаронида шудааст. Вазифаи мазкур оид ба инвентаризатсияи (шиносномадиҳии) объектҳои нақлиётӣ ва мушаххасгардонии ҳуқуқи моликият ба онҳо, ки дар навбати аввал ба азнавташкилдиҳии корхонаҳои кишоварзӣ ва ба миён омадани роҳҳои автомобилгарди «бесоҳиб» алоқаманданд, тадбирҳоро дар бар мегирад. Ҳамзамон мутобиқи Стратегияи хусусигардонӣ таҳия ва татбиқи нақшаҳои инфиродии азнавташкилдиҳии корхонаҳои бузурги инфраструктурӣ – Роҳи оҳани Тоҷикистон,  Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ҶСК «Тоҷиктелеком» ва ҶСК «Телерадиоком» пешбинӣ гардидааст.

Вазифаи пешбурди лоиҳаҳои татбиқшаванда ва нави инфраструктуравии инвеститсионӣ ниҳоят муҳим мебошад. Он ба арзёбии иҷрои корҳои сохтмони роҳҳои автомобилгард нигаронида шудааст, ки ҳам дастрасии дохилии байниминтақавӣ ва ҳам баромади кишварро аз бумбасти нақлиётӣ таъмин менамояд. Дар он вобаста ба афзоиши нарх ба маҳсулоти нафт гузаронидани нақлиёт ба манбаҳои алтернативии энергия  дар назар дошта шудааст, ки ба беҳбуди таъмини нақлиёт бо сӯзишворӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин дастгирии фаъолияти Роҳи оҳани Тоҷикистон  ва Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» оид ба беҳбуди заминаи моддию техникӣ пешбинӣ мегардад. Масъалаҳои сохтмони роҳи автомобилгард бо Афғонистон, ки дастрасиро ба Эрон ва Покистон таъмин менамояд, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Як гурӯҳи тадбирҳо ба пешбурди лоиҳаҳо дар бахши алоқа марбутанд.

Барои таъмини баланд бардоштани самарабахшии истифодаи захираҳои мавҷуда ҷиҳати азнавташкилдиҳии корхонаҳои азими энергетикӣ -«Барқи тоҷик» ва «Тоҷикгаз» тадбирҳо пешбинӣ гардиданд. Татбиқи барномаҳои сохтмони НОБ-ҳои хурд имкон медиҳад, ки ноҳияҳои дурдасти кишвар бо сатҳи баланди камбизоатӣ бо қувваи барқ беҳтар таъмин карда шаванд. Махсусан ба масъалаҳои кам кардани талафоти энергетикӣ, инчунин талафот аз ҷониби истеъмолкунандагон таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад.

Тавсеаи дастрасӣ ба шабакаҳои тақсимкунандаи ҶШК «Барқи Тоҷик» имкон медиҳад, ки истифодабарандагони нав низ бо қувваи барқ таъмин гарданд. Сохтмони объектҳои нави энергетикӣ (НОБ-ҳои Сангтӯда-1 ва 2, навбати аввали НОБ-и Роғун) дар доираи лоиҳаҳои амалкунандаи инвеститсионӣ имкон медиҳад таъминоти истифодабарандагон бо қувваи барқ (махсусан дар фасли зимистон) ниҳоят беҳбуд ёбад, инчунин қувваи барқи зиёдатӣ дар фасли тобистон содир карда шавад. Дар назар дошта шудааст, ки имконпазирии ба  ангишт гузаронидани таъминот бо гармӣ мавриди омӯзиш қарор гирад ва як лоиҳаи инвеститсионӣ дар бораи сохтмони стансияи ангиштии барқӣ пешниҳод карда шавад.

Барои пешбурди (пешниҳоди) лоиҳаҳои амалкунанда ва нави инвеститсионии энергетикӣ  таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Тадбирҳои пешбинигардида на танҳо ба таҷдид, инчунин ба баланд бардоштани самарабахшии объектҳои амалкунандаи гидроэлектроэнергетикӣ, инчунин сохтмони НОБ-ҳои нав ва азнавсозии корхонаҳои ангишт  нигаронида мешаванд. Сохтмони хати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол» имкон медиҳад, ки вобастагии Вилояти Суғд аз содироти қувваи барқ камтар гардад. Ҳамзамон пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба сохтмони хатҳои интиқоли барқи содиротӣ барои дигар кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки бозори фурӯши қувваи барқи зиёдатии истеҳсолшаванда тавсеа ёбад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.