Ташкили идоракунии иқтисоди миллӣ

С 1. Мафҳум, моҳият ва шарҳи мафхуми идоракунӣ

С 2. Идоракунӣ вa менеҷмент

С 3. Унсурҳои асосии низоми идоракунӣ

С 4. Зинаҳои идоракунӣ – омили муҳими сохтори ташкили идоракунӣ

С 5. Функсияҳои идоракунӣ ва мавқеи онҳо дар сохтори идоракунии мамлакат

Саволи 1. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҶТ, ҳадафҳои бунёди давлати дунявӣ, демократӣ, ягона ва равона сохтани муносибатҳои бозори, низоми нави иктисодии мамлакатро ба вуҷуд овард, ки дар он ҷараёни сохтори идоракунӣ, чӣ дар миқёси мамлакат ва чӣ дар бахшҳои алоҳидаи он мавқеи махсусро дорост. Мукаммалгардонии сохтори идоракунии муассисаҳо тақозо мекунад, ки тарзи ташкили роҳбарии хоҷагии мамлакат ба назарияи илмии ин соҳа асос ёбад ва инчунин ба мушоҳидаҳои таҷрибаи ҷаҳонӣ такя намояд.

Дар атрофи мазмуни ин мафҳум ақидаҳои мухталиф ҷой дошта, таърифи ягонаи мафҳуми идоракунӣ вуҷуд надорад. Як қатор муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки идоракунӣ таъсиррасонии ҳадафнок ба ҷараён ё гурӯҳи одамон мебошанд. Мувофиқи ақидаи дигар идоракунӣ маҷмӯи чарабиниҳо, ки барои ба даст овардани ягон мақсади муайян равона карда шудааст. Назарияи дигаре низ вуҷуд дорад, ки идоракунӣ –ин ҷараёни муттасили иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташкиливу техникӣ мебошад, ки бо тарзу усулҳои гуногун ба роҳ монда шуда барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ равона карда шудаанд (идоракунии автомобил, кормандон, корхона, соҳа).

Идоракунӣ объект ва субъектхои худро дорад ва ин ҷараён дар якҷоягии объекту субъектҳои он сурат мегирад. Объект-он чӣ, ки идора карда мешавад (корхона, соҳа, ҷараёни иқтисодӣ ва ғ.). Субъект –аз ҷониби кӣ, кадом ашхос ё мақомот идора кардан мебошад.

Зарурияти омӯзиши фанни мазкур дар он аст, ки хонандагон ба ташкили имрӯзаи идоракунии соҳаҳои иқтисодиёт дар миқёси вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ шинос шуда. донишҷӯён доир ба таркибу ташкили ин сохторҳо маълумоти кофӣ пайдо мекунанд. Инчунин ҳадафи асосии омӯзиши Фан дар он низ мебошад, ки тавасcути он маълумотҳои кофӣ дар бораи фаъолияти мақомоти мухталифи идоракунӣ гирифта бо низоми қонуну фармонҳои ҳукумат шиносоӣ пайдо мекунад.

Саволи 2. Дар шароити идоракунии имрӯза мафумҳои «роҳбарӣ» ва «менеҷмент» васеъ истифода мешаванд. «Менеҷмент» калимаи англисӣ буда: бо маънои оддияш ба даст овардани ҳадафи пешгузошта бо истифодаи меҳнат: маҳорат дониши идоракунанда ва бо назардошти дархости мардум мебошад. «Менеҷмент» ҳаммаънои «идоракунӣ» буда: вазифа ва намуди фаъолият: роҳбарии одамон дар созмонҳои гуногун мебошад. Менеҷмент инчунин соҳаи дониши инсон буда: илмест, ки фаъолияти идоракунӣ ва роҳбариро меомӯзад. Ашхосе: ки ба ин фаъолият машғул аст: «менеҷер» номида мешавад. Ифодаи якҷояи «менеҷерҳо»: ахшоси машғули идоракуниро низ ба маънои «менеҷмент» номгӯй мешаванд. Дар ифодаи тоҷикӣ «менеҷмент»-ро пурра «идоракунӣ» ва «менеҷер»-ро «роҳбар» (раис) гуфтан ҷоиз бошад ҳам дар байни ин калимаҳо тафовут низ мушоҳида мешавад.

Менеҷмент дар тасаввуроти америкоиҳо ҳамчун субъекти идоракунӣ: ашхоси роҳбарикунанда-«менеҷер» истифода мешавад? Дар ин ҳол онҳо калиами «маъмуриятро» (ашхоси маъмурро) низ истифода мекунанд. Гузашта аз ин: «менеҷер»-ро онҳо ҳамчун роҳбари касбӣ: роҳбари дорои маълумоти махсуси идоракунӣ мешиносанд? «Менеҷер» ва «соҳибкор» ибораҳои ҷудо буда: дар айни ҳол: бо ҳам пайвастагӣ доранд? Соҳибкорӣ фаъолиятест: ки барои ба даст овардани фоида бо роҳи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ва хизматҳо пеш бурда мешавад. Идораи соҳибкориро менеҷменти соҳибкорӣ ифода мекунад. Дар ин ҷо менеҷмент чун роҳбари ташкилоти хоҷагӣ: тиҷоратӣ дониста мешавад. Дар соҳаи менеҷмент роҳбарии ин гунна корхонаҳоро маъмурияти соҳибкорӣ низ ифода менамояд. Мафҳуми «менеҷмент» ҳамчун роҳбар ба ҳама гуна ташкилоту корхонаҳо равост: аммо нисбати мақомоти давлатии зинаҳои гуногуни роҳбариро «менеҷер» гуфтан ҷоиз нест: масалан «менеҷери шаёри Турсунзода»: «Менеҷери кумитаи замин» ва ғайра. Дар мақомоти давлатӣ на ин ки мафҳуми «менеҷменти давлатӣ»: балки «идоракунии давлатӣ» истифода мешавад: роҳбарони онҳо бо унвонҳои хос ба монанди «раис»: «вазир»: «директор»: «сардори pаёсат: идора»: «сардори шӯъба» ва ғайра номбар мешаванд.

Тавсифи бағоят саҳеҳи мафҳумҳои «менеҷмент» ва «менеҷер» дар китоби профессор Ғаниев Т.Б. «Менеҷмент» оварда шудааст. Ибораҳои номбурдаро маънидод намуда: муаллиф менависад: ки «менеҷментро ҳамчун фаъолияти касбӣ ва мақсаднок барои истифодаи дурусти захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ бо усулҳои иқтисодии идоракунӣ равоншудаи одамон муайян кардан мумкин аст… менеҷмент шаклу усул ва тарзи идоракунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ мебошад: ки имрӯз чун илм ва фанни мустақил мавриди тадқиқ ва тадриси ҳатмию ногузир барои мутахасисони соҳа қарор гирифтааст…Мақсади асосии менеҷмент -ҳарчи хубтар таъмин намудани талаботи воқеии одамон бо механизми бозории талабот: таклифот ва фоида … Расидан ба чунин мақсад ва иҷрои вазифаи муҳим зарурати бa кор ҷалб намудани мутахассисеро: ки дорои қобилияти баланди фикрронӣ: тахассусӣ ва кордонию роҳбарӣ дорад: пайдо мегардонад: ки номи он «менеҷер»-ро ба худ гирифтааст. Менеҷер-мутахассиси касбии махсус омодашуда аст: ки дар асоси шартномаи кироя барои соҳибмулк дар иҷрои вазифаҳои роҳбарӣ ва идоракунии ташкилот (корхона) фаъолият бурда: ба корхона фоида меорад. Имрӯз дар ҷаҳон маоши менеҷер аз дигар мутахассисон баланд мебошад».

Идоракунии раванди ҷамъиятӣ се намуди идоракунии ҷамъиятиро дар бар мегирад:

якум: идоракунии иқтисоди (хоҷагӣ): аз ҷумла идоракунии истеҳсолот: ки шакли асосии идоракунии ҷaмъият мебошад;

уюм: идоракунии иҷтимоиву сиёсӣ, ки ба соҳаи давлатдорӣ, муносибатҳои синфӣ, мазҳабӣ: миллӣ таалуқ дорад;

сеюм: идоракунии ҳаёти маънавии ҷамъият: ки ҳамчун шакли муҳими идоракунии иҷтимоӣ ба ташаккули маънавиёти инсон: тарбияи он: назорати ҷамъиятии ҷараён ва таомули маънавӣ равона карда мешавад. Азбаски ақидаҳо дар бораи мафҳуми идоракунӣ гуногунанд, мазмуни назарияи идоракунӣ низ якранг пешниҳод намешаванд.

Саволи 3. Низоми идоракунӣ унсурҳои гуногунро дар бар мегирад, ки онхо дар маҷмӯъ фаъолият ва натиҷаҳои ниҳоии идоракуниро муаррифӣ менамоянд, ки ба онҳо дохил мешавад: ҳадафи идоракунӣ, стратегия, тактика, сохтор, ва ташкили идоракунӣ.

Хадафи идоракунӣ – маарҳилаи асоси ва ибтидоии идоракунӣ буда, дарёфти натиҷаҳои дилхоҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилиро дар зинаҳои гуногуни иқтисодиёт ва дар мӯҳлатҳои муайян дар назар дорад.

Стратегияи идоракунӣ –нақшаи умумии ба даст овардани ҳадафи ниҳоии идоракунӣ мебошад, ки бо хотири он фаъолияти мақомоти идоракунӣ сафарбар карда мешавад. Азбаски хадафи стретагӣ метавонад бо усулҳои гуногун амалӣ гардад, муайян намудани роҳҳои мушаххаси кор вазифаи тактикӣ мебошад.

Тактикаи идоракунӣ –интихоби восита, усул ва тарзи мушаххаси ба даст даровардани ҳадафу ҳалли вазифаҳои статегии идоракунӣ мебошад.

Ташкили ҷараёни идоракунӣ -ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти иштирокчиёни сохҳи идорашаванда барои ноил гаштан ба ҳадафҳои муайянгардида мебошад. Дар ташкили ҷараёни идоракунӣ ҳамоҳангзосии кори кормандон ва барои дар муддати кӯтоҳ ва харочоти камтарин ба даст овардани ҳадафҳо ҷорӣ намудани ҳавасмангардонӣ, баҳисобгирӣ, назоратбарӣ ва ғ. аҳамияти калон дорад.

Сохтори идоракунӣ –низоми мақомоти идоракунӣ, таркибу таносуби воҳидҳои дохилӣ ва муносибатҳои кори онҳо мебошад. Сохтор, яъне таркиби дохилии низоми идоракунии хоҷагӣ нишонаи муҳими тавсифоти он буда, ба натичҷҳои ниҳоии фаъолият бевосита таъсир мерасонад. Вобастаги зичи байни сохтор ва самаранокии идоракунӣ ба он асос меёбад, ки таркиби дохилӣ –ҷабъaоҳои махсусгардонидашудаи идоракунӣ то чи андоза мукаммал бошанд, хусусиятҳои объекти идоракуниро ҳамон кадар беҳтар инъикос мекунанд ва барои дарёфти натиҷаҳои судбахши кор бештар мусоидат менамоянд.

Саволи 4. Такмили идоракунӣ масоили сохтори ташкилии идоракуниро дар зинаҳои гуногун дар бар гирифта, ба таносуби унсурҳои идоракунӣ дар хар як зина аҳамияти махсус медихад. Дар идоракунии иқтисоди миллӣ зинаҳои зайл ҷой доранд:

1. Зинаи макроиқтисодии идоракуни ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро дар миқёси давлат –дохил ва хориҷи он дар бар гирифта, зинаи болоии ҷамъиятии мамлакат мебошад.

2. Зинаи соҳавии идоракуниро дар миқёси соҳа (саноатӣ, кишоварзӣ ва гғ ва фаъолити мақомоти идоракунии соҳаро дар бар мегирад.

3. Идоракунии иқтисодиёт дар қаламрави сохторҳои маъмуриву марзии мамлакат (вилоят, шаҳр, ноҳия, минтақаҳои ҷуғрофӣ ва ғ.) зинаи минтақавиро ташкил медиҳад

4. Зинаи микроиқтисодӣ, ки идоракунии ҷараёнҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар доираи воҳидҳои поении корхона ва инчунин хоҷагиҳо дар бар мегирад.

Зинаи байналхaлқии идоракунӣ ба фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ мансуб аст. СММ ва мaқомоти он, созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Боки ҷаҳонӣ, Бунёди Асъори Байналхалқӣ ва ва дигар созмонҳои иқтисодию сиёсӣ, ки дар ҷаҳон ба ҷараёнҳои байналхалқӣ таъсир мерасонанд, ба хоҷагиҳои миллӣ давлатҳои алоҳида кӯмак мерасонанд ва умуман дар равандҳои идоракунии муносибатҳои байналмилалӣ нақши муайянеро мебозанд.

Саволи 5. Функсияҳои идоракунӣ. Функсия калимаи лотинӣ «функтио» будa, маънои амалӣ кардани фаъолиятро дорад. Функсияи идоракунӣ –вазифа ва доираи амале мебошад, ки бо хотири идора намудани фаъолияти объекти идорашаванда пеш бурда мешавад. Функсияи асосии идоракунӣ, ки дар хамаи зинаҳои идоракунӣ чой дранд, ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: банақшагирӣ, созмондиҳӣ, батанзимдарорӣ, роҳбарии фаврӣ, назорати иҷрои кор ва ҳисоботдорӣ.

Нақша ва банақшагирӣ яке аз вазифаҳои муҳимтаpини илми идоракунӣ мебошад. Банақшагирӣ-ин ҷараёни интихоби ҳадафҳо ва карорҳое мебошад, ки барои ба мақсад ноил гаштан равона карда мешавад. Ё ба тарзи дигар гӯем банақшагирӣ ин хадафчӯӣ ё ин ки пеши назар овардани натичаҳоест, ки аз ноил гаштан ба ҳадаф ба даст меояд. Банақшагирӣ дар тамоми давру замонҳо барои ҷомеъаи башар хос буд ва он имконият медод, ки мақсади пешгузошташуда муайян карда шавад ва барои он чораҳои зарурӣ андешида шавад. Банақшагирӣ ба чандин гурӯҳҳо ҷудо карда мешавад: нақшаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, экологӣ, илмию техникӣ ва ғ.

Созмондиҳӣ ташкили ҷараёнҳои истеҳсолӣ, ҳамоҳангзосии унсурҳои низоми иқтисодӣ ба хотири таъмини фаъолияти боҳампайвастаи онҳо мебошад. Созмондиҳӣ дар он ифода меёбад, ки иҷрои нақшаи пешбинишуда бо амалҳои мушаххас, бо роҳи ҳамоҳангзосӣ ва ба низомдарорӣ таъмин карда мешавад. Объекти идоракунӣ дар ҳамаи ҳолатҳо аз ҷиҳати маблағгузорӣ, техникӣ, технологӣ, истеҳсолӣ, истифодаи нерӯи корӣ ва ғайра таъмин гардида, фаъолияти ҳамаи мақомоти ба нақша дахлдор ҳамоҳанг сохта шавад.

Батанзимдарорӣ вазифае мебошад, ки пешравии низоми фаъолиятро бо реҷаи барномаи пешбинишуда ҳамoҳангу таъмин месозад, дар ҳолати аз реҷа берун рафтани кор ва натиҷаҳои мобайнӣ тафовутҳоро бартараф мекунад ва ба ин хотир аз ҳаргуна усулҳои иқтисодӣ ва маъмурӣ истифода мебарад.

Назоратбарӣ ва ҳисобдори имконият медиҳанд, ки ҷараёни иҷрои нақшаи пешбинишуда таҳти таҳлили доими қарор гирифта, сабабҳою омилҳои ба миён омада сари вақт баррасӣ гарданд, натиҷаҳои мобайнӣ ва ниҳоӣ аз ҷиҳати миқдору сифат мунтазам ва пурра арзёбӣ гарданд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.