Фанни Иқтисоди миллӣ

Моҳият ва омилҳои рушди иқтисоди миллӣ

С 1. Мафҳуми назариявии рушди иқтисодӣ ва намудҳои он

С 2. Сарчашмаҳо, омилҳо ва тамсилаҳо (моделҳо)-и рушди иқтисодӣ

С 3. Танзими давлатии рушди иқтисодӣ

С 4. Рушди иқтисодӣ ва экология

САВОЛИ 1. Рушди иктисоди яке аз масъалахои марказии назарияи муосири иктисоди ба хисоб меравад. Тавассути тагироти онро ба дарачаи инкишофи иктисоди милли ва сатхи зиндагии ахоли бахо медиханд.

Дар илми иктисоди, акидаи ягона оид ба таърифи рушди иктисоди вучуд надорад. Рушди иктисоди мувофики консепсияи микдори ва микдорию сифати таъриф дода мешавад.

Мувофики консепсияи якум рушди иктисоди гуфта афзоиши микдории хачми мачмуи махсулоти миллиро (ММД ва ДМ)-ро меноманд. Мувофики консепсияи дуюм рушди иктисоди гуфта ин такмилдихии микдорию сифатии истехсолот ва зиёдшавии хачми махсулоти чамъиятиро меноманд, ки дар халли масъалаи махдудияти захирахо ва баланд бардоштани сатхи зиндагии ахолии кумак мекунанд.

Асосан се шакли рушди иктисодиро аз хамдигар фарк мекунанд: эсктенсиви, интенсиви ва омехта.

Рушди иктисодии экстенсиви – ин афзоиши хачми МММ аз хисоби истифодаи омилхои иловагии истехсолот мебошад. Дар холати чой доштани ин шакли рушди иктисоди, афзоиши махсулот дар асоси афзоиши коргарон ва зиёд кардани иктидори истехсолот ба даст меояд, аммо истехсоли махсулот ба сари хар як коргар бетагир мемонад.

Рушди иктисодии экстенсиви – ин афзоиши хачми мачмуи махсулоти милли аз хисоби истифодаи самаранок ва мукаммал намудани омилхои истехсолот (хусуан техникс ва технология) мебошад. Аз чумла истифодаи кувваи кори тахассуснок, захирахои камхарч ва технологияи пешкадам ба таъмини чунин рушди иктисоди мусоидат мекунанд.

Рушди иктисодии омехта –ин афзоиши хачми МММ аз хисоби зиёд намудани шумораи омилхои истехсолот ва такмили техникаю технология мебошад.

Мохияти асосии рушди иктисоди дар принсипи акселератор ифода меёбад, яъне бо афзоиши МММ даромади ахоли, пасандоз ва маблаггузори зиёд шуда, боиси бори дигар афзоиш ёфтани хачми истехсолот мегарданд. Бояд кайд намуд, ки рушди иктисоди на хама вакт бехтар шудани шароити зиндагии ахолиро нишон медихад. Масалан, афзоиши МММ мумкин аст, ки аз хисоби афзоиши истехсолоти харби сурат гирифта боша два агар дар ин холат истехсоли чизхои истеъмоли зиёд нашуда бошад, пас сатхи зиндагии ахолии баланд намешавад. Гузашта аз ин бо афзоиши МММ мухити зист бештар ифлос мешавад, инчунин масъалаи махдудияти захирахои табии бештар ифлос мешавад, инчунин масъалаи махдудияти захирахои табии барои наслхои оянда низ ба миён меояд.

САВОЛИ 2. Дар адабиётхои иктисоди мафхумхои сарчашмахо ва омилхои иктисодиро аз хамдигар чудо мекунанд. Ба сарчашмахои рушди иктисоди захирахои иктисоди ва ПИТ дохил карда мешаванд. Захирахои иктисоди (захирахои табии, мехнати, модди, молияви) мачмуи омилхои истехсолотро ифода менамоянд. Ба омилхои истехсолот мехнат, замин (бо канданихои фоиданок) ва сармоя дохил мешаванд. Хар яке аз ин омилхо хусусияти ба худ хос дошта ба рушди иктисоди таъсири худро мерасонанд.

Сарчашмаи дигари рушди иктисоди ин прогрессии илмию техники, яъне такмили технология ва шаклхои идоракунии истехсолот мебошад. Бо истифодаи техникаю технологияи нав, усулхои нави идоракунии истехсолот мебошад. Бо истифодаи техникаю технологияи нав, усулхои нави идоракунии истехсолот, истифодаи навоварихои илмию техники, истехсоли махсулоти Милли зиёд мешавад, яъне рушди иктисоди ба вучуд меояд.

Ба рушди иктисоди омилхои гуногун таъсир мерасонанд, ки онхоро ба омилхои арза, омилхои такозо ва омилхои манфи таксим кардан мумкин аст.

Ба омилхои арза инхо дохил мешаванд:

      -шумора ва сифати захирахои табии (замин, канданихои фоиданок, иклим ва г.), яъне то чи андозае, ки шароитхои табиии кишвар хубтар бошанд то хамон андоза имкониятхои бештари таъмини рушди иктисоди вучуд дорад. Инчунин ба омилхои арза шумора ва сифати кувваи кори, дарачаи технологияи дар истехсолот истифодашаванда ва г. низ дохил мешаванд.

Ба омилхои такозо омилхое дохил мешаванд, ки мачмуи такозоро зиёд мекунанд, аз чумла: музди кор, яъне бо зиёд будани он такозо низ зиёд мешавад; сиёсати фиксалии давлат, яъне афзоиши меъёри андоз ба даромад боиси камшавии музжи кори хакики, мачмуи такозо ва пастравии истехсолот мегардад; майли нихои ва пасандоз, ки хангоми афзоиш, боиси камшавии мачмуи такозо ва зиёдшавии мачмуи арза мегардад. 

Ба омилхои манфи дохил мешаванд, ки ба мачмуи арза ва мачмуи такозо таъсири манфи мерасонанд. Аз чумла: бекурбшавии пул, ки боиси баландшуданип нархи сармоя ва паст шудани нархи мехнат мешавад; афзоиши бекори, боиси паст шудани сифати кувваи кори, афзоиши андозхо ва кам шудани МММ мегардад; касри буча, ки боиси кам шудани маблаггурии давлати, кам шудани харочотхои ичтимоии давлат гардида афзоиши МММ-ро бозмедорад, сатхи нокифояи ракобат, сатхи пасти мухити сохибкори ва инвестисиони, паст гардидани сатхи сармояи инсони, нокифоягии татбики ислохолот дар махалхо ва гайрахо.

Вобаста ба истифодаи омилхои дар боло номбаршуда моделхои гуногуни рушди иктисоди сохта мешаванд, ки холо се шакли он: тамсилаи бисёромила, дуомила ва якомиларо чудо мекунанд.

Тамсилаи бисёромила таъсиррасонии хамаи омилхои номбаршударо инъикос менамояд. Дар сурати таъсири мусбии ин омилхо имкониятхои истехсолии истехсолкунандагон васеъ мешавад, ки ин ба рушди иктисоди оварда мерасонад. Ин гунна тамсиларо намояндагони мактаби неолассики пешниход намудаанд.

Тамсилаи дуомила танхо бо назардошти мехнат ва сармоя сохта мешавад. Аз чумла тамсилаи Солоу, Тамсилаи Денисон ва гайрахо. Дар асоси ин тамсила олими амрикои Денисон нишон медихад, ки аз се ду хиссаи (2/3) афзоиши махсулот аз хисоби хосилнокии мехнат ва аз се як хисасаи он (1/3) аз хисоби мехнат сурат мегирад.

Тамсилаи якомила бо назардошти сармоя сохта шудааст. Ин гунна тамсиларо Ч. Кейнс, Р. Харрод ва Е. Домар пешниход намудаанд. Мувофики ин тамсила афзоиши хачми махсулот дар натичаи афзоиши сармоя ва мабблаггузори ба вучуд меояд ва такозою даромад низ аз афзоиши мабблаггузори ва майли нихои ба истеъмол вобаста мебошанд.

САВОЛИ 3. Чорабинихои махсус оид ба таъмини рушди устувори иктисоди ва муътадил гардонидани инкишофи иктисоди, яке аз вазифахои асосии танзими давлатии иктисодиёт ба хисоб меравад. Бо ин максад давлат ба сарчашмахои рушди иктисоди таъсир мерасонад.

Асосан барои танзими рушди иктисоди давлат бештар ба хачми сармояи асоси, бо тавасути афзоиши маблаггузори таъсир мекунад. Сиёсати давлати бо ду рох афзоиши сармояи асосиро таъмин карда метавонад: 1) бо рохи афзоиши пасандози давлати, 2) бо рохи афзоиши пасандозхои хусуси.

Пасандози давлати ин фарки байни даромад ва харочотхои давлати мебошад. Дар холатимавчуд будани ксри буча маблаггузори кам мешавад, бинобар хамин сиёсати фиксалии давлат бояд имтиёзхои муайянро хангоми рёнидани андоз аз даромади фирмахои калон дар назар дошта бошад, то ин ки афзоиши маблаггузориро таъмин кунад.

Пасандозхои хусусиро давлат ба воситаи додани имтиёзхои муайян ба фондхои нафакави ва додани имтиёзхо ба гуруххои муайяни ичтимои зиёд карда метавонад.

Самти дигари танзими давлатии рушди иктисоди ин хавасманд намудани прогрессии илмию техники бо усулхои зерин мебошад:

-афзоиши тадкикотхои илми;

-инкишофи низоми патенти, ки ба сохибаш монополияи мувакатии навовариро медихад;

Аз хисоби бучаи давлати молиякунонии як катор тадкикотхои фундаментали ва гайра.

Хамин тавр максади асосии танзими давлати рушди иктисоди ин афзоиши маблаггузори мебошад, ки барои таъмин намудани он дар илми назарияи иктисоди аз пешниходхои намояндагони мактаби неклассики ва мактаби кесиани истифода мебаранд. Неколассикхо инкишофи истехсолотро ба паст кардани меъёри андозхо вобаста мекунанд. Ба акидаи онхо пастшавии меъёри андозхо боиси афзоиши пасандоз, маблаггузори ва МММ мегардад.

Чон Кейнс ва чонибдорони у барои афзоиши маблаггузори зиёд кардани харочотхои хукумати ва паст кардани меъёри фоизи карзро пешниход намудаанд. 

САВОЛИ 4. Мафхуми «экология» дар адабиётхои иктисоди на хамчун илми алохида истифода карда мешавад. Бештари иктисодшиносон дар зери мафхуми «экология» вазъи буронии мухити табии зистро мефахманд. Камбудии чунин фахмиш иборат аз он аст, ки мухити табии зист на хама вакт дар холати бухрон карор дорад. Аз хамин чихат мафхуми экология (дар маънои махдуд) сифати унсурхои таркибии мухити табиии зистро ифода мекунад. Ба унсурхои мухити табии зист об, хаво, замин, захирахои табии, иклим ва гайра дохил мешаванд, ки онхоро омилхои экологи низ меноманд.

Ба акидаи муаллифи истилохи экология олими немис Геккель экология –илми биологие мебошад, ки конуниятхои зиндагигузаронии организмхоро дар мухити табии ва инчунин тахти таъсири омилхои антропогени меомузад.

Бояд кайд намуд, ки дар баробари афзоиши истехсолот, бехтаргардонии сифати унсурхои мухити табиии зист низ яке аз шартхои мухимтарини мавчудияти инсоният ба хисоб меравад. Аммо дар байни афзоиши истехсолот ва бехтар шудани мухити табии зист, зиддияти махсус вучуд дорад ва ин зиддият дар он асос меёбад, ки бо афзоиши истехсолот, мухити табии зист, ифлос шуда унсурхои он барои истифодабари гайриимкон аст. Аз тарафи дигар бошад, паст шудани сифати унсурхои мухити зист ба рушди иктисоди таъсири манфи расонида суръати афзоиши онро бозмедоранд (мисол).

Хусусияти дигари ин зиддият аз он иборат аст, ки бо афзоиши суръати рушди иктисоди, барои бехтар намудани мухити табии зист шароити бештаре фарохам меояд, яъне натичаи афзоиши даромад маблаггузори дар сохаи мухити зист бештар шуда, иншоотхои нави тоза намудани обу хаво, гузариш ба технологияи кампартов ва бепаровро ба даст оварда мумкин аст.

Азбаски рушди иктисоди ва сифати унсурхои мухити табии зист шарти асосии мавчудияти чамъият ба хисоб мераванд, бинобар хамин инсон наметавонад яке аз онхоро интихоб намояд. Аз хамин чихат таъмини рушди иктисоди ва бехтар намудани сифати мухити табии зист дар як вакт, яке аз вазифахои асосии чамъият ба хисоб меравад. Дар назарияи иктисодии муосир афзоиши хачми истехсоли мол ва хизматхо, ки боиси паст шудани сифати унсурхои мухити табии зист намегардад –рушди иктисодии устувор номида мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *