Таносубҳои иқтисодӣ ва нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат

С 1. [олати ҳозира ва нишондиҳандаҳои асосии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат

С 2. Мушкилоти баробарсозии рушти иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ

С 3. Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисоди мамлакат дар асоси иттилооти оморӣ

С 4. Таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии комплексии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои марзӣ

Саволи 1.  [олати ҳозираи иҷтимоию иқтисодӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаргуниҳои фазои иқтисодиро ҷараёнҳои мураккаби ҳамзамон ба вуқӯъоянда муайян месозанд, ки аз инҳо иборатанд: ташаккулёбии фазои нави  геополитикӣ ва иқтисодӣ баъди пош хурдани ИҶШС, оқибатҳои  муноқишаҳои мусаллаҳона, гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ. [амаи ин ҷараёнҳои мураккаби бо ҳам печида ба тағйирёбии рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо таъсири қобили мулоҳиза гузоштааст.

         Тағйирёбии аҳолӣ ва захираҳои меҳнатӣ. Тоҷикистон бо сатҳи баланди шиддати ҷараёнҳои демографии худ, махсусан, бо суръати нисбатан баланди афзоиши табиии аҳолӣ фарқ мекунад. Аммо аз ибтидои солҳои 90-ум сар карда бо вуҷуди нигоҳ дошта шудани ифодаи мусбӣ, коҳиши назарраси афзоиши табиии аҳолӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.

         Дар давраи солҳои 1991-2000 коҳиши нисбатан бештари афзоиши табиии аҳолӣ дар ВМКБ рӯй додааст.

         [оло афзоиши табиии нисбатан зиёдтари аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва нисбатан камтар – дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст. Бо вуҷуди он ҳиссаи вилояти Хатлон дар шумораи умумии аҳолӣ дар давраи якчанд сол бетағйир боқӣ монда аз ҳама зиёдтар мебошад, зеро ба он равандҳои муҳоҷират низ таъсир мерасонанд.

         Cарфи назар аз он, ки муҳоҷират ба хориҷ зиёд аст, дар тамоми минтақаҳо шумораи аҳолӣ бо суръати баланд афзоиш меёбад. Фишори демографӣ ба иқтисодиёт зиёд  мегардад.

Тағйрёбии истеҳсолоти саноатӣ. Соҳаи саноат дар ибтидои солҳои 90-ум дар тавлиди маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ, ташаккулёбии даромади миллӣ ва баланси захираҳои меҳнатии ҷумҳурӣ вазни қиёсии назаррас дошт. Аммо дар солҳои минбаъда мавқеи саноати ҷумҳури хеле суст гардид.

         Аз соли 1990 то соли 1998 дар ҷумҳурӣ ба касодӣ дучор омадани истеҳсолоти саноатӣ мушоҳида мегардад, вале суръати он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ суръати гуногун дошт. Таназзули аз ҳама бештари истеҳсолоти саноатӣ дар ВМБК ва шаҳри Душанбе ба назар расид. Боиси таназзул ҳам вазъияти  мураккаби иқтисодӣ ва ҳам сиёсӣ гардида буд. Ба соҳаҳои аз ҳама бештар зарардида соҳаҳои мошинасозӣ, саноати сӯзишворӣ, химиявӣ, чӯбкоркунӣ, инчунин металлургияи сиёҳ ва саноати масолеҳи бинокорӣ мансубанд. Ва мутаносибан минтақаҳое, ки дар он ҷо корхонаҳои ин соҳаҳо ҷойгир шуда буданд, таназзули аз ҳама бештарро дучор омаданд, ки дар солҳои 1996-1997 махсусан зиёд гардида буд.

Дар солҳои охир бо мақсади таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо нон ҳаҷми истеҳсоли ғалла зиёд карда мешавад.

Дучанд кам будани ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД назар ба ҳиссаи он дар шумораи қувваи корӣ аз он сабаб аст, ки ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Дар давраи солҳои 1991-2000 истеҳсоли маводи хӯрокворӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз ҷумла, – гӯшт, шир, сабзавот ва полезиҳо, хеле коҳиш ёфт.

[иссаи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзие, ки дар бахши ғайридавлатии иқтисод истеҳсол мегардад, то 66,4%, аз ҷумла – маҳсулоти зироаткорӣ – 61% ва чорводорӣ – 91,8% расонида шудааст. Бинобар ин, дар ояндаи наздик баланд бардоштани самаранокии хоҷагиҳои хурду миёнаи деҳқонӣ(фермерӣ) имкон хоҳад дод, ки на танҳо ҳосилнокӣ ва даромадҳо зиёд карда шавад, балки дар ҳоли истифода бурдан аз технологияи меҳнатталаб қувваи изофаи корӣ низ ба кор машғул карда шавад.

Сармоягузориҳо. Суръатгирифтани рушди бахшивоқеии иқтисодиёт аз бисёр ҷиҳат тавассути ҷоннок гардондани равандҳои сармоягузорӣ муяссар мешавад. Вале то ҳол масъалаи бағоят муҳим- камбуди сармоя мебошад. Сармоягузорӣ дар бахши воқеии истеҳсолот дар ҳаҷми ночиз сурат мегирад. Қисман ин аз он сабаб аст, ки то ҳол бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ натавонистаанд, ки пасандозҳои аҳолиро барои дар гардиш даровардан ҷалб созанд.Ба ғайр аз ин, сатҳи фоиданокии корхонаҳо ҳанӯз дар сатҳи паст боқӣ мемонад. Ва дар натиҷа манбаъҳои дохилии сармоягузориҳо маҳдуд мемонанд.

Соҳаи иҷтимоӣ. Сатҳи музди кор дар ҷумҳурӣ хеле паст аст ва бо ифодаҳои воқеӣ дар давраи солҳои 1991-2000 якбора коҳиш ёфт. Музди кори миёнаи моҳона дар соли 2000 8,5 доллари ШМА-ро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 1995 – 8,8 доллар буд. Ба болои коҳиш ёфтани музди кор, қудрати харидории доллари ШМА низ коҳиш ёфт.

Саволи 2. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷузъҳои зиёди минтақавӣ таркиб ёфтааст, аз ин рӯ, пеш бурдани сиёсати макроиқтисодии минтақавӣ, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба  мавҷуд будани тафовут дар  фазои иқтисодии ҷумҳурӣ равона гардидааст, бағоят муҳим мебошад.

Баробарсозии рушди иҷмоию иқтисодии минтақаҳо ба он маъно нест, ки дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ соҳаҳои гуногуни иқтисод ва намуди фаъолиятҳо баробар ҷойгир карда шаванд, балки ба он маъност, ки тафовутҳои байниминтақавӣ дар сатҳи инкишофи иқтисодӣ, зиндагонии аҳолӣ кам карда шаванд. Баробар сохтани рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ ба инкишоф ёфтани бозори умумимиллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Маълум аст, ки дар даврони шӯравии инкишофи ҷумҳурӣ дар сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ба масъалаи роҳ надодан ба тафовутҳо дар сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ диққати ҷиддӣ дода мешуд. Бо вуҷуди он тафовутҳо байни минтақаҳо дар нишондиҳандаҳои муҳимтарини иҷтимоию иқтисоди мавҷуд буданд. Вале бо оғоз ёфтани ислоҳоти бозаргонӣ тафовутҳо байни минтақаҳои ҷумҳури бо суръат афзоиш ёфтанд.

Тамоиолҳои тафовутпазирии (ноҳамгунии) минтақаҳо бо ёрии нишондиҳандаҳое арзёбӣ карда мешаванд, ки сатҳи рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагониро баён месозанд.

Сатҳи рушди иқтисодии кишвар ва минтақа тавассути сарватҳои андӯхтаи миллӣ муайян карда мешавад. Аммо маълумоти омории минтақавӣ танҳо баъзе унсурҳои сарвати миллиро инъикос менамояд ва аз ин рӯ имкон намедиҳад, ки тадқиқотҳои муқоисавии байниминтақавӣ анҷом дода шавад.

Дар солҳои охир низоми омории ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳисобҳои миллӣ гузашта истодааст, ки мутобиқи он ба сифати муайянкунандаи асосии рушди иқтисодӣ дар сатҳи миллӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар сатҳи минтақавӣ – ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ гирифта мешавад. Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ маълумотҳои расмиро аз рӯи сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ интишор медиҳад, аммо маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ бинобар мавҷуд будани мушкилоти хусусияти методӣ дошта, ҳанӯз ҳисобу китоб карда намешавад. Ба ғайр аз ин, дар ин маълумотнома нишондиҳандаҳои зиёде дохил карда мешаванд (ба монанди ҳисоби миёнаи душидани шир, ҳисоби миёнаи тухмоварии мурғҳо, ҳисоби миёнаи тароши пашм), ки аслан барои доираи хеле танги мутахассисон лозиманд, дар ҳоле ки нишондиҳандаҳои зиёди хеле муҳим барои умуми ҷомеа, дар бар гирифта намешаванд.

Дар натиҷа, дар ҷумҳурӣ маълумотро дар бораи даромадҳои воқеӣ ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ, бекории воқеӣ, бахши ниҳонии иқтисод, миқёси ҷараёнҳои пулӣ ва ғайра, пайдо кардан ғайримумкин аст.

Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҳам фарқ мекунанд.

Аз рӯи миқдори маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ тафовути байни минтақаҳои ҷумҳурӣ хеле назаррас аст. Ин тафовутҳо ба таври равшан дар шакли сутунҳои нақшаи баёнӣ нишон дода шудаанд. Миқдори аз ҳама бештари истеҳсолоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияи Турсунзода) ва миқдори аз ҳама камтар – дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мушоҳида мерасад.                                                 

         Барои арзёбии тафовутҳои минтақавӣ коэффитсенти вариатсия аз рӯи ин нишондиҳанда ҳисоб карда шуд, ки дар соли 1991-50,9%, дар соли 1995-68,9% ва дар соли 2000-90,0%-ро ташкил медод.

Бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар ибтидои солҳои 90-ум беистисно тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифта буд, вале дар ҳар минтақа он хусусиятҳои хоси худро дорад.

  Дар соли 1998 шумораи ноҳия ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо тағйирёбии истеҳсолот ба миқдори ҳисоби миёна (фосилаи 55-85%) наздик будааст, фақат 7,3% – шумораи умумии онҳоро ташкил медод. Вазъият дар оғози соли 2000 як андоза беҳтар гардид, вале ҳанӯз қатъӣ не. Дар соли 1998 дар муқоиса бо соли 1995 миқдори минтақаҳои ба таназзули амиқ гирифторшуда афзоиш ёфт (аз 53,65 то 65,85%), минтақаҳои нисбатан тағйирёбии муносиб дошта коҳиш ёфтааст (аз 25 то 27%).

Агар нишондиҳандаҳои истеҳсолоти саноатии соли 2000-ро бо соли 1991 бо муқоиса гирем, гирифтор будани 63,4% ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба касодии истеҳсолии ҷиддӣ аён мегардад.

Инчунин тафовутҳо аз рӯи миқдори маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳар сари аҳолӣ мавҷуданд.

Миқдори аз ҳама бештари истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар вилояти Суғд ва аз ҳама камтар дар ВМКБ ба даст оварда шудааст.

Минтақаҳои ҷумҳурӣ аз рӯи сатҳи музди кор ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Коэффитсенти вариатсия аз рӯи ин нишондиҳанда дар соли 1991- 11,8%- ро ташкил медод, дар соли 1995– 21,8%, ва дар соли 2000 – 54,5%, яъне тафовут зиёд мегардад. Ба табақаҳо тақсим шудани минтақаҳо дар нақшаи 3 баён ёфтааст. Дар соли 1991 фарқи байни сатҳи ҳадди аксар ва ҳадди ақал аз сатҳи ҳисоби миёнаи умумиҷумҳуриявии музди кор 1,4 каратро дар соли 1991, 2,4 карат – дар соли 1995, 3,4 карат – дар соли 1999 ташкил додаст, аммо дар соли 2000 ин нишондиҳанда як андоза коҳиш ёфт 3,2 каратро ташкил дод.

Яке аз омилҳои тафовути минтақаҳо аз рӯи сатҳи музди кори миёнаи моҳона – мавҷуд будани фарқ дар таркиби соҳавии иқтисоди минтақаҳо ба шумор меравад.

Дар соҳаи истеҳсолӣ музди кори аз ҳама камро коркунони соҳаи кишоварзию ҷангалпарварӣ ва музди кори нисбатан баландро коркунони дар саноат машғул буда доштанд.

 Дар байни соҳаҳои ғайриистеҳсоли музди кори аз ҳама баландро коркунони муассисаҳои қарздиҳанда ва суғурта ва аз ҳама пастро дар системаи тандурустӣ мегиранд.

         Ба ҳамин тариқ, сатҳи нисбатан баланди музди кор дар ноҳияҳое вуҷуд дорад, ки дар онҳо саноат, инфраструктураи бозаргонӣ тараққӣ ёфта ба соҳибкории муштарак шароит фароҳам омадааст (шаҳри Душанбе, баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ).

         Сатҳи нисбатан пасти музди кор дар минтақаҳоест, ки аз ҳама бештар дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зарар дидаанд (ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон), инчунин ноҳияҳое, ки аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ аз марказ ҷудо ва дурдаст (ноҳияҳои ВМКБ) мебошанд.

Саволи 3.Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври умум ба минтақаи мушкилотдор мансуб донистан мумкин аст, зеро аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ дар ҷумҳури сатҳи пасти рушд ба назар мерасад, ки дар миқдори зиёди корхонаҳои аз кор монда ва дараҷаи баланди камбизоатии аҳолӣ ифода меёбад. Дар навбати худ дар дохили ҷумҳурӣ минтақаҳое ҷудо шуда меистанд, ки нишондиҳандаҳои ҳам иҷтимоӣ ва ҳам иқтисодии хеле паст доранд.

Дар соли 2001 аз моҳи апрел то июн аз тарафи муаллимони ДДМТ дар доираи лоиҳаи баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон пурсиши аҳолӣ дар минтақаҳои алоҳида гузаронида шуд.

Натиҷаҳои пурсиши аҳолии ҷумҳурӣ нишон додаанд, ки яке аз иллатҳои асосӣ дар Тоҷикистон камбизоатӣ мебошад ва барои мубориза бо он, албатта, сабабҳои онро ҷустуҷӯ карда, роҳҳои ҳалли муносиби онро ёфтан зарур мебошад.

Дар ҳамаи ноҳияҳое, ки пурсиши аҳолӣ гузаронида шуд, аксарияти шахсони пурсидашуда ба сифати мушкилоти асосии ноҳия – мушкилоти таъмин бо шуғл, даромади ночиз, мавҷуд набудани ҷойҳои корӣ, шароити бади маишӣ (набудани об, нерӯи барқ ва газ) – ро нишон медоданд.

Аз рӯи ақидаи пурсидашудагон сабаби асосии бекорӣ дар вилояти Суғд ва ВМКБ мавҷуд набудани ҷойҳои холӣ, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури– паст будани сатҳи музаи кор дар корхонаву муассисаҳои амалкунанда мебошад.

 93,3% аҳолиа пурсидашудаи ВМКБ кор кардам дар бахши давлатиро афзал мешуморанд, дар вилояти Хатлон 65% дар НТҶ – 64% ва дар вилояти Суғд 41%.

Музди кор манбаи асосии даромад дар байни аҳолии дар пурсиш иштироккардаи вилояти Суғд, ВМКБ ва вилояти Хатлон мебошад,  дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даромадҳои аз хоҷагиҳои ёрирасон бадастоянда ҳамчун манбаи асосӣ ҷудо карда шуданд.

Ба саволи «Вазъи моддии оилаи Шумо нисбати солҳои пеш беҳтар  гардид?» дар ВМКБ танҳо 6,6%, дар вилояти Суғд ва НТҶ – 12%, дар вилояти Хатлон 37,5% пурсидашудагон ҷавоби мусбат додaанд.

Хизматрасонии тиббӣ дар НТҶ танҳо ба 20% аз шумораи пурсидашудагон, дар вилояти Суғд – 22,5%, дар ВМКБ – 40%, дар вилояти ХатлоН 57,5% дастрас мебошад.

Паст кардани камбизоатӣ, ки қисми бештари аҳолии минтақаҳои пурсиш гузаронидашуда ба он мубтало гаштаанд аз қарорҳои давлат, инчунин соҳибони ширкатҳои хусусӣ ва ғайридавлатии дигар, ки дар минтақаҳо воқеанд, вобастагӣ дорад. Пурсиш нишон дод, ки камбизоатӣ аз ҳама бештар дар табақаи нафақахӯри аҳолӣ мушкилот ба вуҷуд овардааст. Нафақахӯрон метавонанд кор карда даромади иловагӣ гиранд, вале ин ба ҳама муяссар намегардад.

Эҳтимоли дучори камбизоатӣ шудан ба андозаи баланд шудани сатҳи маълумотнокӣ ва мақоми иҷтимоию касбии сардори оила коҳиш меёбад. Сатҳи камбизоатӣ дар байни ҷавонон ва оилаҳои синну соли калонтар (аз 46 сола боло) аз ҳама баландтар аст, вале дар оилаҳои синну соли миёна нисбатан паст мебошад. Вобаста ба ҳайати оила, сатҳи камбизоатӣ, махсусан, барои одамони солхӯрдаи танҳо, одамони танҳои синну соли қобили кор, инчунин оилаҳое, ки се ва аз он бештар кӯдак доранд, зиёд аст. Омили муайянкунанда инчунин шумораи шахсони ба оила даромад оваранда ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон чунон, ки аз пурсиши аҳолӣ маълум гардид, музди кор ҳанӯз қисмати асосии даромади оила мебошад, зеро пардохтҳои интиқолии давлат хеле ночизанд ва барномаи хусусигардонӣ, ки ба ҳарчи зудтар тағйир додани шаклҳои моликият нигаронида шудааст, ҳеҷ гуна маблағ наоварда истодааст. Таркиби хароҷоти оила ҳамоно коҳишёбанда боқӣ мемонанд, он мтвофиқи маълумоти тадқиқотҳо саросар аж хароҷоти эҳтиёҷоти дараҷаи аввал иборат буда ба коҳиш ёфтани сифати зиндагӣ (истифода аз хизматрасониҳо, фарҳанг, маориф ва ғайра) оварда расонидааст. Вазъиятро дар ҳоле, ки касе кафолати эмин будан аз инфлятсия, бекорӣ, зӯровариро надорад, аслан ҳамчун бенаво шудани халқ қаламдод кардан мумкин аст. Вазъият дар ин бобат боз бештар боиси нигаронӣ мегардад, агар афзоиши бемислу монанди фарқ дар байни аҳолӣ аз рӯи даромадҳо ва таъминоти моддӣ, авҷ гирифтани ҷинояткорӣ ва костагӣ ёфтани бехатарии шахсии шаҳрвандон ба назар гирифта шавад. Дар ин мавридҳо сарфи назар кардани ҷиҳатҳои психологӣ аз ҷумла, тағйироти ҳузновари тарзи зиндагонии мардум дар системаи арзишҳои устувори иҷтимоӣ мумкин нест, ин боиси ба дараҷаи баланд шиддатнок гардидани минтақаҳои мушкилотдор мешавад. Ба табақаи камбизоат дар қатори сокинони деҳот ва «гурӯҳҳои осебпазир» инчунин табақа ва гурӯҳҳое аз аҳолӣ низ даромадаанд, ки пештар  ба гуруҳҳое дохил буданд, ки даромади миёна ё бештар аз миёна доштанд – аз қабили духтурҳо, муаллимон, кормандони илмӣ, хизматчиёни давлатӣ.

Минтақаҳо дар қатори мушкилоти умумӣ дорои мушкилоти танҳо ба онҳо хосбуда низ ҳастанд, аз ин рӯ хусусиятҳои хоси минтақаҳоро дар назар гирифтан зарур аст. Вазифаи аввалиндараҷаи рушди минтақаҳо ба эътидол овардани инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ мебошад, вале вазифаи стратегӣ таъмин намудани рушди комплексӣ  ба воситаи амалӣ гардонидани бартариятҳои мутлақ ва нисбӣ мебошад, ки ҳар кадом минтақаи ҷумҳурӣ дорад.

   Барои таҳия намудани асосҳои сиёсати иҷтимоӣ дар минтақаҳо маълумотҳои оморие бояд мавриди таҳлил қарор дода шаванд, ки вазъияти иҷтимоиро баён месозанд. Дар аксар мавридҳо нишондиҳандаҳои марбут ба шуғли аҳолӣ, даромадҳо ва инфраструктураи иҷтимоӣ истифода мегарданд.

  Мутаассифона, маълумоти оморие, ки доир ба ҷумҳурӣ нашр мешавад, дар ҳаҷми пурра равандҳои иҷтимоиро инъикос намесозад, аз ҷумла маълумотҳо дар бораи даромадҳои воқеӣ, ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ дар ноҳияҳои алоҳида интишор намеёбанд, ҳадди ақали барои рӯзгузарони зарурӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ ҳисоб карда намешавад, маълумот дар хусуси шиддатнокии бозори кор ноқис аст.

         Саволи 4. Таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии комплексии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар воҳидҳои марзӣ муҳимтарин вазифаи мақомоти идоракунии давлатӣ дар маҳалҳо ба шумор меравад. [укуматҳои маҳаллӣ ҳамчун мақомоти комилҳуқуқи давлатӣ нақши асосиро чун субъекти танзимкунандаи давлатии рушди минтақа адо намуда, назорати фаъолияти корхонаву ташкилотҳои шакли гуногуни хоҷагидорӣ доштаро дар соҳаи истифодаи замин, ҳифзи табиат, сохтмон, истифодаи захираҳои меҳнатӣ, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, хизматрасониҳои иҷтимоию фарҳангӣ, маишӣ ва ғайраро ба аҳолӣ ба амал мебарорад.

         Рушди комплексии иҷтимоиву иқтисодии  минтақа дар заминаи истифодаи аз дидгоҳи иқтисодӣ асоснок кардашудаи манбаъҳои моддӣ, табиӣ ва захираҳои меҳнатии минтақа ташаккул додани рушди мувофиқагардидаи соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва соҳаи хизматрасонӣ ва бар ҳамин асос фароҳам овардани шароити иқтисодии зиндагонӣ ва маишати аҳолиро дар назар дорад.

         Қайд кардан зарур аст, ки ҳалли ин вазифа дар давраи пеш дар чорчӯбаи нақшаҳои минтақавии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ҳамчун ҷузъи таркибии системаи ягонаи банақшагирии хоҷагии халқ сурат мегирифт.

         Гузариш ба низоми бозаргонӣ, яъне даст кашидан аз банақшагирӣ ва идоракунии мутамарказ шароит ва манбаи захираҳоро барои рушди комплексии минтақаҳои алоҳида кулан тағйир дод. Азбаски нақшаи ягонаи хоҷагии халқ вуҷуд надорад ҳамчунин нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои алоҳида низ вуҷуд надоранд. Вале ин маънои онро надорад, ки дар шароити бозаргонӣ идоракунии давлатии раванди рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва воҳидҳои дигари ҳудудӣ  зарурат надошта бошад.

         Таъмини рушди комплексии иҷтимоию иқтисодии  вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар шароити вусъат ёфтани муносибатҳои бозорӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин вазифаҳои мақомоти минтақавии идоракунӣ – ҳукуматҳои маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди иҷтимоию иқтисодии комлексии воҳидҳои маъмурии ҷумҳурӣ бояд бо назардошти меъёрҳои зерин  сурат гирад:

  • афзудани ҳиссаи ҳар кадом вилоят, шаҳр ва ноҳия дар беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои иқтисодии рушди тамоми кишвар;
  • ноил шудан ба рушди мувофиқгардида ва бо ҳамдигар мутобиқат кунондашудаи соҳаҳои хоҷагии минтақа;
  • истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи онҳо;
  • истифодаи пурра аз захираҳои меҳнатӣ ва таъмин намудани шуғли муносиби онҳо;
  • таъмини некӯаҳволии аҳолӣ ва афзоиши нишондиҳандаҳои индекси рушди инсонӣ.

         Ислоҳоти иқтисодӣ дар низоми иқтисоди миллии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди иқтисодии минтақаҳо дахолат накарда наметавонист. Минтақаҳо  дар рушди иқтисодӣ  аз усулҳои соф маъмурии идоракунии ба усулои бозорӣ гузашта шаклҳои демократии таъсиррасонӣ ба ҷараёни иқтисодӣ (хоҷагӣ) – ро ба асос гирифтанд ва мақоми субъектҳои воқеии иқтисодиро пайдо намуданд, ки метавонанд сиёсати иҷтимоию иқтисодии худии рушди минтақаро ташаккул диҳанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.