Рушди босуботи иқтисодӣ –асоси пешрафти ҷамъияти башарӣ

С 1. Заминаҳои пайдоиши мафҳуми тараққиёти босубот

С 2. Мафҳуми тараққиёти босубот ва шарҳи ботавсили он

С 3. Меъёрҳо (индикаторҳо)-и тараққиёти босуботи иқтисодӣ

С 4. Самтҳои асосии тараққиёти босубот дар ҶТ

САВОЛИ 1. Дар шароити ҳозира модели анъанавии иқтисодии мамлакатҳои тараққикардаро бо сабаби бо баъзе аз меъёрҳо ба мақсад мувофиқ набудаш, барои дигар кишварҳо ба сифати намуна истифода бурдан ба мақсад мувофиқ нест. Ин ҳолат дар бисёре аз ҳуҷҷатҳои СММ ва дигар маърузаҳое ки дар конфронсҳои байналхалқӣ мегузарад доимo баррасӣ карда мешавад. Дар он аз он ҷумла қайд карда мешавад, ки модели тараққиёти ғарб дигар ба мақсад мувофиқ набуда, ягона роҳҳои ҳалли муаммоҳои глобалӣ –ин тараққиёти босубот мебошад. Аз ин гуфтаҳо он чиз гувоҳӣ медиҳад, ки истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳаҷми ифлосшавӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар мамлакатҳои тараққикарда нисбати давлатҳои рӯ ба инкишоф қариб 50 маротиба зиёд мебошад. Барои бадастории сатҳи тараққиёт ва истеъмоли мамлакатҳои пешқадам барои ҳамаи кишварҳои дунё зарур аст, ки истифодаи захираҳои табии ва миқдори ифлосиҳоро ба миқдори 10 маротиба зиёд намоянд, ки дар ин ҳолат маҳдудияти захираҳо ва мураккаб гардидани муаммоҳои экологӣ ғайримкон  аст (дар бораи муаммоҳо). Масалан, агар мамалакатҳои рӣ ба тараққӣ хоҳанд, ки тарзи зиндагии мамлакатҳои тараққикардаро дошта бошанд, он гоҳ зарурият пайдо мешавад, ки истифодаи захираҳои сӯзишвориро бо 10 маротиба, сатҳи истифодаи захираҳои минералиро тахминан ба 200 маротиба зиёд намоянд.

ҳолати мураккаб гардидани проблемаҳои экологии истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфии он ба муҳити зист бисёре аз роҳбарони ҳатто мамлакатҳои иқтисодашан тараққикардаи дунёро ба ташвиш даровардааст. Дар ин бораи вице-президенти ИМА А. Гор дар солҳои 1993-2000, дар китоби «Замин дар палаҳои тарозу. Экология ва руҳи одамӣ» (1992) чунин менависад: «дар шароити ҳозира тараққиёти иқтисодӣ аз бисёр ҷиҳат ба муҳити зист харобиовар аст, ки ин ҷараён рӯз то рӯз ба табиат ва дар ниҳояти кор ба тараққиёти башарӣ таъсири манфии худро расонида истода аст».

САВОЛИ 2. Дар ташаккули консепсияи тараққиёт бо назардошти маҳдудиятҳои эколoгӣ чӣ аз ҷиҳати назариявӣ ва чӣ аз ҷиҳати амалӣ маърузаи Комиссияи байналхалқӣ бо муҳити зист ва тараққиёт «Ояндаи умуми мо» (с 1987), ки бо супориши СММ таҳти раисии Х.Г. Брундтланд гузашт, мақоми муҳимро ишғол намуд. Мақсади асосии маъруза коркарди барномаи глобалии тағиротҳо дар тараққиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт. Дар маъруза стратегияи дарозмуддат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки тараққиёти босуботи иқтисоди ҷаҳониро ба мӯҳлатҳои зиёд пешбини мекард пешниҳод карда шуд, ки дар он роҳҳо ва воситаҳои истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ дар мадди аввал меистод. Хулосаҳо ва пешниҳодҳои комиссияи байналхалқӣ аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ баҳои мусбиро гирифт. Ба ҷумлаи чунин чорабиниҳо Конфронси СММ дар бораи муҳити зист ва тараққиётро дохил кардан мумкин аст, ки он соли 1992 дар Рио-де-Жанейро баргузор гардид. ҳуҷҷати муҳиме ки дар ин конфронс баррасӣ гардид ин барномаи «Тартиби рӯз барои асри ХХ1» буд, ки аз тарафи 179 давлати дунё қабул гардида ки дар худ таҷассумкунандаи барномаи глобалии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии башарӣ барои садсолаи оянда буд.

Асоси ташаккулёбии навъи сатҳи экологӣ-иқтисодӣ, чи хеле ки дар хулосаҳои маъӯза қайд мегардад ин бояд тараққиёти босубот бощад. Дар ҳозира дар адабиётҳо бештар аз 60 мафҳуми тараққиёти босубот вуҷуд дорад, ки миёни онҳо таърифе ки аз тарафи комиссияи Г.Х. Брундтланд мебошад ба мақсад бештар мувофиқ аст. Онро бо чунин тарз шарҳ метавон намуд: «тараққиёти босубот – ин чунин тарзи тараққиёт мебошад, ки талаботи ҳозираи аҳолиро қонеъ намуда, аммо талаботи насли ояндаро таҳти хатар намемонад». Он аслан ду мафҳуми асосиро дар бар мегирад:

1) мафҳуми талабот, аз он ҷумла талабот, барои арзи вуҷуд доштани табақаи қашоқи аҳолӣ, ки бояд предмети аввалиндаҷаи пешбурди ҷамъият бошад;

2) мафҳуми маҳдудият, ки ҳолати технологӣ ва ташкилии ҷамъиятро бо назардошти ҳифзи муҳити зист, ки барои қонеъ намудани талаботи имрӯзаю ояндаи ҷамъият равона карда шудааст дарбар мегирад.

Инчунин бояд онро низ қайд намуд, ки мафҳумҳои гуногуни тараққиёти босубот низ вуҷуд дорад, ки ҷиҳатҳои муҳими иқтисодии онро муайян мекунад, ки миёни онҳо метавон ҳолатҳои зеринро ҷудо намуд:

-тараққиёте мебошад, ки хароҷотҳои зиёдатиро барои насли оянда талаб намекунад;

-тараққиёте ки ҷиҳатҳои манфии истифодабарии захираҳоро кам мекунад (минимизирует);

– тараққиёте ки такрористеҳсоли васеъи захираҳои истеҳсолиро барои оянда қонеъ мегардонад;

-тараққиёте аст,  ки тақозо мекунад инсоният аз ҳисоби фоизи капитали табиӣ зиндаги намояд, ба мисли оне ки дилхоҳ инсони боақл аз ҳисоби фоизи маблағе ки дар бонк дар гардиш ҳаст зиндагии худро пеш мебарад.

САВОЛИ 3. Бояд кайд намуд, ки гузариш ба тараккиёти босубот такозо менамояд, ки омилхои экологиро ба катори нишондихандахои иктисоди-ичтимои дохил намояд, ки ин чараён метавонад бо воситаи индикаторхои тараккиёти босубот  амали гардонида шавад. Онхо бояд ба барномахои байналхалки ва миллии тараккиёти босубот дохил карда шаванд, ки на танхо таракиёти иктисоди, балки сатхи хифзи мухити зистро низ арзёби карда тавонанд.

Бояд кайд намуд, ки бисёре аз нишондиҳандаҳои макроиктисодии анъанави (ММУ, МММ, ММД, даромад ба ҳар сари аҳолӣ) тараққиёти иқтисодиро баҳогузорӣ карда, аммо ҳалли проблемаҳои экологиро мaҳдуд менамояд. Ин ҳолат ба он оварда мерасонад, ки ба назар гирифтани танҳо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ метавонад дар ниҳояти кор сабаби ғайриокилона истифодабарии захираҳо ва ифлосшавии муҳити зист гарданд. Бо ақидаи олими амрикоӣ, иқтисодчӣ-эколог Герман Дели, то он вақте ки меъёри беҳдошти сатҳи зиндагии одамон нишондиҳандаҳои макроиқтисодии анъанавӣ мебошад дар роҳи тараққиёти иқтисодӣ ва умуман тараққиёти башари монеъаҳои бузург вуҷуд доранд. Бозор факат самаранокиро ба назар гирифта, аммо адолатнокӣ ва босуботиро ҳис карда наметавонад. 

  Чӣ  хеле ки дар боло қайд карда шуд, дар конфронси СММ дар бораи муҳити зист ва тараққиёт баргузор гардид (с. 1992 дар Рио-де-Жанейро), аз тарафи 179 давлати дунё қабул гардида ки дар худ таҷассумкунандаи барномаи глобалии тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии башарӣ барои садсолаи оянда буд қайд гардид, ки индикаторҳои босубот бояд ба критерияҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

-бояд имконияти истифодабарӣ дар дараҷаи бузург (макроуровень)  ва масоҳати миллӣ дошта бод;

-ҷиҳатҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дошта бошанд;

-бояд бо воситаи нишондиҳандаи ҳам миқдорию ҳам сифатӣ ҷавобгӯ бошанд;

-бояд ба системаи омори миллӣ такя карда тақозои хароҷотҳои зиёдатиро ба ҷамъи ахборот ва ҳисобҳо надошта бошад;

-бояд шафофиятии ҳодисаҳо баръало ба мушоҳида расад;

– ба талаботҳо ва меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд.

ҳамин тавр индикаторҳои тараққиёти босубот аз инҳо иборат астанд:

Энергогунҷоиш (3,6 кг у.т. /руб. ВВП), фондғунҷоиш, ҳисоби экологӣ, аудити экологӣ, коэфисиенти азнавкунии фонҳои истеҳсолӣ (1,2 %), партовҳои ифлосиҳо ба муҳити зист ба воҳиди ММД (80,3 кг/тыс. руб. ММД), партовҳои ҷисмҳои сахт аз сарчашмаҳо (2,8 млн. т), партовҳо ва ифлосиҳо ба воҳиди ММД (0,143 метри кубӣ/млн. сомонӣ. ММД) ва ғайраҳо.

САВОЛИ 4. ҳамин тавр фикру ақидаҳои дар боло овардашударо таҳлил намуда самтҳои муҳимтари тараққиёти босуботро қайд менамоем, ки миёни онҳо чунин самтҳоро метавон ҷудо намуд:

-истифодаи оқилонаи захираҳо (замин, об, ҳаво, олами ҳайвоноту наботот ва ғ.);

– экологикунонии ҷараёни истеҳсолот (гузариш ба технологияи кампартов ва бепартов, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон бо усули биологӣ, мaҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ғ.);    

  -молиякунонии ҷараёни истеҳсолот (додани қарзҳои имтиёзнок ва фоизашон паст, ҷоннок намудани сармоягузориҳои давлатӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ ва ғ.);

-таъмини технологияи инноватсионӣ (истифодаи масалан нурҳои офтоб, стансияҳои бодӣ, яъне табдил додани захираҳои табиӣ ба иқтисодӣ, ҷорӣ намудани намудҳои нави обмонӣ); 

– гузариш ба технологияи энергия ва ҳифзкунии захираҳо, муҳофизати муҳити зист ба хотири истеҳсоли мaҳсулоти рақобатпазир;

-баланд бардоштани ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва сатҳи некӯаҳволии халқ (бо ҷои кор таъмин намудан, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва қашоқӣ, сатҳи бекорӣ, баланд намудани маош ва ҷоннок намудани соҳаҳои иҷтимоӣ);

-мукаммал гардонидан ва рушди моликияти зеҳнӣ. 

   ҳамин тавр, дар ҳолати комплексии ҳалли чорабиниҳои зерин метавонад рушди тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба қадре ҳам бошад таъмин гардад.

test

Добавить комментарий