Бахши иҷтимоӣ, тавсифи соҳаҳои он ва хусусиятҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити бозор

С 1. Тавсиф ва вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ. Хусусиятхои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар  деҳот

С 2. Муаммоҳои камбизоатии аҳолӣ, вазъ ва проблемаҳои он дар Тоҷикистон

С 3. Масъалаҳои ҳифзи иҷтимои дар барномаҳои давлатӣ (Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015)

С 4. Таъмини суботи экологӣ – омили муҳими ба рушди иҷтимоӣ мусоидаткунанда

 Саволи 1. Ислоҳоти системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон имкон медиҳад маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба ҳифзи аҳолӣ аз бекорӣ, баландравии нарх, беқурбшавии даромадҳои меҳнатӣ нигаронида шудаанд, татбиқ гардад. Бо дарназардошти ҳамин самтҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ он самтҳое ба ҳисоб мераванд, ки мустақиман ба сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир мерасонад: шуғл, суғуртаи иҷтимоӣ, таъминот бо нафақа, кумаки суғуртаи иҷтимоӣ. Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз системаи суғуртaи давлатии иҷтимоӣ, таъминот бо нафақа, шуғл, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқи оила, кӯдак, расонидани кумаки суроғавии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазир ва камбизоат иборат мебошад. Таҳлили вазъи системаи ҳифзи иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки проблемаҳои асосии бахш аз инҳо иборатанд: дар сиёсати иҷтимоӣ нигоҳ доштани методология, усул ва муносибатҳое, ки то давраи гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ истифода мегардиданд; ноустувории молиявии системаи ҳифзи иҷтимоӣ, суғуртаи давлати  иҷтимоӣ ва таъминот бо нафақа; паст гардидани ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ, ки ба хизматрасонии кумаки иҷтимоӣ равона карда мешаванд; мавҷуд набудани шаффофияти ҳаракати воситаҳои молиявии система; хароҷоти баланди маъмурӣ барои идоракунии система; мушкилии механизми расонидани кумаки суроғавии иҷтимоӣ; мавҷуд набудани сиёсати мақсадноки демографӣ; ҳифзи нокифояи иҷтимоию ҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон; маҳдуд будани таъминоти иттилоотии системаи ҳифзи иҷтимоӣ (омори иҷтимоӣ); номутобиқатии ташкили таъминоти маъюбон, пиронсолон, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ба стандартҳои умумиқабулгардида; мавҷуд будани теъдоди зиёди бахшҳои «ниҳонӣ»; сифати пасти нерӯи меҳнатии кишвар ва рақобатпазирии он.

Бо дарназардошти мақсадҳо ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд  ва СПКСК вобаста ба проблемаҳои бахш вазифаҳои зайл муайян гардиданд: (1) бозсозии институтсионалии системаи ҳифзи иҷтимоӣ; (2) ташаккули системаи устувори молиявии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва таъминот бо нафақа; (3) таъсиси заминаи тадқиқоти методологӣ, мониторинг ва танзими бозори меҳнат ва муҳоҷирати меҳнатӣ; (4) ташкили мусоидат ба шуғли аҳолӣ; (5) таъсиси системаи самарабахши кумаки суроғавии иҷтимоӣ; (6) баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ; (7) таъсиси системаи ягонаи бисёрсатҳҳаи идоракунӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак.

Масъалаҳои мазкур бояд чунин ҳал карда шаванд:

· тағйир додан ва таҷдиди заминаи дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ, ки таъсиси механизми маҷмӯии асосноксозиро барои ҳамаи субъектҳои (иштирокчиёни) системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ таъмин менамояд;

· таҷдиди назар намудани системаи имтиёзҳо ва афзалиятҳо,  тафриқагузории (дифференсатсияи) онҳо, муайян намудани манбаи захираҳои молиявӣ ва кам кардани ҳаҷми истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои маҳдуди молиявӣ;

· баҳисобгирии сифатии ҳуқуқи нафақаи шахсони суғурташуда, ҷорӣ намудани технологияи баҳисобгирии инфиродикардашуда;

· гузаронидани пешбиниҳои мунтазами тағйирёбии (оқибатҳои) иҷтимоию демографии рухдиҳанда, ки ба буҷети давлатии кишвар таъсир  мерасонанд.

Татбиқи тадбирҳои маҷмӯи ба ҳам алоқаманди аввалиндараҷа дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар дурнамои миёнамӯҳлат (2007-2009) имкон медиҳад, ки чораҳои зерин амалӣ гардад: самарабахшии идоракунии воситаҳои пулии суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ва системаи нафақа дар маҷмӯъ баланд бардошта шавад; теъдоди шахсони суғурташуда дар системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ афзоиш ёбад; афзоиши воридоти саҳмҳои суғурта таъмин гардад; сатҳи бекорӣ паст карда шавад; сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баланд бардошта шавад; андозаи музди меҳнат, нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ баланд бардошта шавад, ин ки имкон медиҳад дар давраи пешбинишаванда сатҳи камбизоатӣ то 10-12 фоиз паст  карда шавад.

Саволи 2. Сарфи назар аз методикаи интихобгардидаи ҳисоби сатҳи камбизоатӣ амиқан рӯ ба таназзул аст. Мисол, маълумоти мавҷуда (бо ҳисоби сатҳи умумии камбизоатии мутлақ нисбат ба сатҳи даромади ниҳояти нодорӣ дар асоси ҒS$2.15 ва ҒS$1.08 ТҚХ дар як рӯз) нишон медиҳад, ки аз соли 1999 инҷониб сатҳи камбизоатӣ аз 87 фоиз дар соли 2003 то 64 фоиз ва мутобиқи маълумоти арзёбӣ (баҳодиҳӣ) дар соли 2004 то 57 фоиз паст гардид. Нодории аз ҳад зиёд ду маротиба камтар шуда, аз 36 фоиз дар соли 1999 то 18 фоиз дар соли 2003 паст фаромад. Бо дарназардошти раванди рушд эҳтимол меравад, ки сатҳи камбизоатӣ дар ҷараёни солҳои 2005 ва 2006 низ паст гардидааст, вале сатҳи дақиқи паст гардидани камбизоатиро метавон танҳо дар соли 2007, вобаста ба таҳлили нақшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ муайян кард. Паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар солҳои 1999-2004 аз бисёр ҷиҳат ба рушди иқтисодӣ алоқаманд аст, ки натиҷаи суботи макроиқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар кишвар мебошад. Вале, сарфи назар аз дастовардҳои зикргардида, Тоҷикистон бо сатҳи ММД барои ҳар як нафар аҳолӣ дар ҳаҷми 337.5 доллари ШМА дар соли 2005  ҳанӯз ҳам яке аз ҷумҳуриҳои камбизоаттарин дар минтақа боқӣ мемонад.

Дар сатҳи  минтақавӣ паст гардидани камбизоатӣ аз 12 то 26 фоиз ба мушоҳида расид. Дар НТҶ  сатҳи нисбатан босуръати паст гардидани камбизоатӣ (26 фоиз) ба қайд гирифта шудааст, ҳол он, ки дар дигар минтақаҳои кишвар ин суръат амалан ду маротиба камтар буда, нишондиҳандаи пасттарин – 12 фоиз дар шаҳри Душанбе ба мушоҳида мерасад.  Нишондиҳандаҳои  нодории аз ҳад зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бештар кам гардидааст. Хусусияти тафриқаи минтақавӣ асосан ба фарқияти сатҳи даромад, арзиши рӯзгузаронӣ ва сатҳи умумии рушди иҷтимоию иқтисодии ин ё он минтақа алоқаманд мебошад. Ҳамчунин дар дохили минтақаҳои алоҳидаи кишвар низ фарқияти назаррас ба мушоҳида мерасад, ки ба ҷойгиршавии ҷуғрофии ноҳияҳо (ҷойгиршавӣ дар пастхамиҳо, маҳалҳои кӯҳӣ), наздик ба ҳудуди шаҳрҳои калон ё марказҳои саноатӣ, тамоилҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра) алоқаманд мебошад. Мисол, ба паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар Вилояти Суғд  барқарорсозии корхонаи алоҳидаи саноатӣ; дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки минтақаи алоҳидаи кӯҳӣ ва камаҳолӣ мебошад, фароҳам овардани кумаки башардӯстона, рушди бахши хусусӣ ва афзоиши маблағгузарониҳои хусусӣ; дар НТҶ (маҳали ҷойгиршавии Заводи алюминий) рушди саноат, афзоиши шуғл ва тавсеаи соҳаи кишоварзии ғайрипахтакорӣ мусоидат намуд. Мутобиқи нишондиҳандаҳои мутлақ, аксарияти мардуми камбизоат дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд зиндагӣ мекунанд, ки 65 фоизи тамоми аҳолии Тоҷикистонро фаро мегиранд. Ба ин минтақаҳо 72 фоизи аҳолии камбизоат ва 75 фоизи аҳолии ниҳоят нодор рост меояд, ки муҳимияти дар ин ду вилоятҳои сераҳолӣ мутаваҷҷеҳ сохтани азму талошро тақозо менамояд.

Сарфи назар аз афзоиши назарраси суръати паст гардидани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо, камбизоатӣ ба таври афзалиятнок  хоси деҳот мебошад. Дар соли 2003 65 фоизи аҳолии деҳот бо дороии камтар аз 2.15 доллари ШМА ТҚХ  (таносуби қудрати харидорӣ) дар як рӯз зиндагӣ мекард, ҳол он ки дар шаҳрҳо ин нишондиҳанда 59 фоизро ташкил дод. Вале сатҳи паст гардидани камбизоатӣ дар солҳои 1999-2003 нисбат ба шаҳрҳо (14 фоиз) бештар дар деҳот  (19 фоиз) ба мушоҳида расид. Дар соли 2004 фарқияти камбизоатӣ байни шаҳр ва деҳот боз ҳам пасттар гардида, айни замон чандон назаррас намебошад (мутобиқи арзёбиҳо камбизоатӣ дар шаҳрҳо  58 фоиз ва дар деҳот 57 фоизро ташкил медиҳад). Камбизоатӣ дар шаҳрҳо аз бисёр ҷиҳат ба мавҷуд набудани ҷойҳои корӣ ва гирифтани маош дар иқтисодиёти расмӣ ва дар деҳот бошад- аз сабаби даромади паст, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин дастрасии нокифоя ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, таъминот бо об ва ғайра) алоқаманд мебошад.

Таъсири самараи рушди иқтисодӣ ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот бештар аст. Беш аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон ва аксари аҳолии камбизоат дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Чандирии сатҳи камбизоатӣ вобаста ба рушди иқтисодиёт дар деҳот нисбат ба шаҳрҳо баландтар буда, мутаносибан 0,71 ва  0,61-ро ташкил медиҳад. Ин дар маҷмӯ нишон  медиҳад, ки таъсири дигаргуниҳои сохторӣ дар соҳаи кишоварзӣ, махсусан дар бахши пахтакорӣ ва ислоҳоти замин барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ таъсири нисбатан муассир мерасонад.

Нишондиҳандаҳои демографӣ ба сатҳи камбизоатӣ таъсири мустақим  мерасонанд. Чунин нишондиҳандаҳо ба монанди андозаи хоҷагиҳои ҳавлигӣ, теъдоди атфол, ҷинс ва синну соли аъзои ҳавлӣ ҳангоми арзёбии сатҳи камбизоатӣ омилҳои муайянкунанда мебошанд. Мисол, дар муқоиса бо сатҳи миёнаи камбизоатӣ дар кишвар (64 фоиз), хатари камбизоатшавии онҳо нисбат ба  хоҷагиҳои ҳавлигии  дорои ду кӯдак ё камтар аз он ду маротиба бештар аст. Афзоиши босуръати аҳолӣ (10 фоиз дар 7 соли охир) барои системаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ боиси шароитҳои хоси маҳдудсозанда мегардад, ки бе ин ҳам бо ниҳояти имкониятҳои хеш фаъолият мекунанд. Омилҳои демографӣ   ба бозори меҳнат низ таъсир мерасонанд, ки дар он аз ҳоло афзалияти пешниҳодҳо нисбат ба талабот ба мушоҳида мерасад.

Саволи 3. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 барои таҳияи барномаи дарозмӯҳлати иҷтимоию иқтисодӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (минбаъд-СМР) ташаббус зоҳир намуд ва бо дарназардошти он Стратегияи миёнамӯҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид.

Вобаста ба ин амали СПКСК  инчунин ба мақсад ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд  (ислоҳоти идораи давлатӣ; рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо; рушди нерӯи инсонӣ) асос ёфта, барои дар Тоҷикистон ташаккул додани давлати демократию пешрафта нигаронида шудааст ва дар он ҳамаи аъзои ҷомеа метавонанд аз дастовардҳои сиёсӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ баробар баҳравар бошанд.

Фаъолияти дар доираи СПКСК пешбинигардида натиҷаҳо ва сабақҳои вобаста ба татбиқи ҲСПКСК дар солҳои 2002-2006 андӯхтаро ба инобат мегирад.

Ба мисли Стратегияи миллии рушд  амали СПКСК барои рушди 12 бахши (самти)  ислоҳоти иқтисодӣ нигаронида шудааст, ки вобаста ба нақш ва мавқеи онҳо дар таъмини рушди устувор ва самарабахши иқтисодиёт, баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати хизматрасонӣ ба аҳолии камбизоат шартан ба се блок муттаҳид карда шудаанд:

(а) Блоки функсионалӣ, ки шароитҳои дахлдори институтсионалии рушдро таъмин намуда, бахшҳои зайлро дар бар мегирад: ислоҳоти идоракунии давлатӣ; рушди макроиқтисодӣ; беҳбуди фазои инвеститсионӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ; ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

(б) Блоки истеҳсолӣ, ки барои рушди иқтисодӣ шароитҳои моддиро таъмин намуда, бахшҳои зайлро муттаҳид месозад:  амнияти озуқаворӣ ва рушди бахши аграрӣ; рушди инфраструктура, энергетика ва саноат;

(в) Блоки иҷтимоӣ, ки дастрасии васеъро ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои рушди ҷомеа таъмин намуда, бахшҳои зеринро дар бар мегирад: рушди системаи тандурустӣ;  рушди системаи маориф ва илм; тавсеаи дастрасӣ ба таьминот бо об, санитария ва хоҷагии манзилию коммуналӣ; такмили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; таъмини баробарии гендерӣ; таъмини суботи экологӣ.

Стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои рушди қабулгардида ва таҳияшавандаи давлатӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ барои татбиқи СПКСК  тағйири тамоил (самт) карда хоҳанд шуд (аз ҷумла БИД).

СПКСК яке аз воситаҳои муошират бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла бизнес ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ  ва кишварҳои хориҷӣ – донорҳои Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, ки вазифаҳо ва амали СПКСК ҳангоми таҳияи барномаҳои кумаки техникӣ ва молиявӣ ба кишвар ба инобат гирифта шаванд.

Ҳар як вазифаи СПКСК дар шакли номгӯи амали мушаххас, бо дарназардошти мӯҳлатҳои муқарраргардидаи татбиқ, иҷрокунандагон ва манбаи маблағгузорӣ, инчунин омилҳои миқдорию сифатӣ ифода гардидааст. Номгӯи мушаххаси фаъолият дар соҳаи рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки ба СПКСК асос ёфтааст, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ карда мешавад.

Cаволи 4. 1. Масъалаҳои суботи экологӣ мустақиман ба вазифахои нисбатан мухим алоқаманд буда, гурӯҳи мақомоти ба ҳам алоқаманди давлатӣ азм доранд иҷрои ин мақсадҳоро дар Тоҷикистон таъмин  намоянд.

Қонунгузории экологии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ инкишофёфта буда, вале дар аксари қонунҳо механизми татбиқ вуҷуд надорад  ва вобаста ба сабабҳои маҳдудиятҳои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ он бо қонунгузориҳои дигар вазорату идораҳо мутаносиб гардонида нашудааст.

2. Вазъи мавҷуда ҳам ба назорати сифати муҳити зист ва ҳам ба ҳолати он таъсири манфӣ мерасонад. Дар натиҷа бад гардидани сифати хок (мутобиқи арзёбӣ то 97.9 фоизи заминҳои кишоварзӣ таҳти бодлесӣ қарор дошта, беш аз 15 фоизи заминҳои обёришаванда шӯр ё ботлоқӣ шудаанд), ҷараёни беҷангалшавӣ, култиватсия, аз ҳад зиёд чаронидани чорво, коркарди беиҷозати нишебиҳои кӯҳсор, ба таври кушод истихроҷ намудани канданиҳои фоиданок ба мушоҳида мерасад. Миқдори зиёди кӯлҳои хатарноки кӯҳсор ва обанборҳо бесуботии экологиро боз ҳам амиқтар мегардонанд.

3. Вазъи нигаҳдошт ва нобуд кардани партовҳо низ ташвишовар аст. Махсусан маҳали гӯр кардани партовҳо аз нигоҳи экологӣ ниҳоят хатарнок мебошад (дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 22 маҳали гӯр кардани партов мавҷуд аст, ки 8 адади он дар ҳолати ногувор қарор дошта, таҷдиди бетаъхирро тақозо менамояд). Обҳои зеризаминӣ аз сабаби истифодаи аз ҳад зиёди пору, пеститсидҳо ва партови обҳои аз обёрӣ ниҳоят менирализатсияшуда соҳаи кишоварзиро ифлос менамоянд. Аксари нуқтаҳо ва бунгоҳҳои машғули мониторинг фаъолият намекунанд. Воситаҳо барои таъмини корҳои экологӣ, ки дар ҳамаи лоиҳаҳои татбиқшавандаи инвеститсионӣ пешбинӣ гардидаанд (то 3 фоиз аз арзиши онҳо),  мутобиқи таъинот истифода бурда намешаванд.

4. Ҳангоми ҳалли вазифа оид ба пешбурди сиёсати экологии кишвар мутобиқи воқеияти мавҷудаи иқтисодӣ, баланд бардоштани нерӯи мақомоте, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати экологӣ масъуланд, татбиқи тадбирҳои фаврӣ оид ба маҳдудсозӣ ва барҳамдиҳии таъсири маҳалҳои гӯр кардани маводи радиоактивӣ ва токсикии мавҷуда, ба талаботи қонунгузории ҳифзи табиат мутобиқ гардонидани вазъи полигонҳо барои нигаҳдошти партовҳои дурушти маишӣ мушкилоти зиёде пеш меояд.

5. Бо дарназардошти ҳамин проблемаҳои асосии суботи экологӣ аз инҳо иборатанд:

·  нокифоягии нерӯи мақомоте, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати экологӣ ва  танзими системаи нуқтаҳо ва бунгоҳҳои мониторинги экологӣ, бунгоҳҳои мониторинги пиряхҳо, сарбандҳо ва обанборҳо, таҳия ва таъсиси махзани маълумот оид ба муҳити зист дар ноҳияҳои таҷрибавӣ масъуланд;

· дар аксари қонунҳои амалкунанда  ё аз нав таҳияшавандаи ҳифзи табиат мавҷуд набудани механизми татбиқи онҳо;

· наандешидани тадбирҳо оид ба  коркард ва нобуд сохтани маводи ниҳоят хатарноки химиявӣ, сохтмони полигонҳо ҷиҳати ҷойгиронии партовҳои токсикӣ, гӯр кардани  заҳрхимикатҳои корношоям ва барои истифода манъгардида;

· сатҳи на он қадар баланди татбиқи тадбирҳои аввалиндараҷа оид ба ҳифз ва истифодаи самарабахши захираҳои обӣ, пешгирии таназзули захираҳои замин, гуногунии биологӣ ва ифлосшавии ҳавои атмосфера;

· мавҷуда набудани системаи мониторинги экологии истеҳсолӣ;

· сатҳи нокифояи ташкили корҳои барқарорсозии ҷангал, камтар зоҳир намудани таваҷҷӯҳ ба ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ.

6. Бо дарназардошти мақсад ва афзалиятҳои СМР/ СПКСК, инчунин ба инбат гирифтани проблемаҳои бахш дар доираи бахши «Таъмини суботи экологӣ барои солҳои 2007-2009» вазифаҳои асосии зайл муайян гардидаанд: (1) гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ ва такмили заминаи қонунгузорӣ; (2) пешбурди лоиҳаҳои амалкунанда ва таҳияи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ.

7. Бояд ба инобат гирифт, ки пролбемаҳои суботи экологӣ дар доираи СПКСК ҳамчун мавзӯи  ҳамаҷониба баррасӣ мегардад.

8. Тадбирҳои пешбинишавандаи вобаста ба пешбурди сиёсати экологӣ  мутобиқи вазъи мавҷудаи иҷтимоию иқтисодии кишвар, мутаносибгардонии функсияҳо ва таҳкими нерӯи мақомоте, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати экологӣ масъуланд, инчунин таҳкими заминаи қонунгузории сиёсати экологӣ ба вазифаи 1 «Гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ ва такмили заминаи қонунгузорӣ» дохил шудаанд. Ҳамчунин дар назар дошта шудааст, ки баҳисобгирии маблағҳои барои эҳтиёҷоти экологӣ пешбинишуда, аз ҷумла вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба роҳ монда шавад.

9. Вазифаи 2 пешбарии лоиҳаҳои амалкунанда ва таҳияи лоиҳаҳои нави инвеститсиониро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешбинӣ менамояд. Тадбирҳои андешидашуда ба таъмини суботи экологӣ дар Тоҷикистон, пешгирии партови маводи зараровар ба муҳити зист, ки  ба саломатии аҳолӣ ва ҳолати муҳити зист таъсири зараровар доранд, нигаронида шудаанд. Ҳамзамон дар доираи фаъолияти дигар бахшҳо (энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ғайра) оид ба паст кардани таъсири онҳо ба муҳити зист тадбирҳо пешбинӣ мегарданд. Махсусан ба пешбурди туризми экологӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардидааст.

10. Татбиқи тадбирҳои барои солҳои 2007-2009 пешбинишуда дар соҳаи муҳити зист имкон медиҳад, ки то охири соли 2009:

· майдони замини ҷангалзор 5 фоиз афзоиш ёбад;

· майдони заминҳое, ки барои мақсадҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ҷудо гардидаанд, 3 фоиз афзоиш ёбад;

· майдони заминҳо ва чарогоҳҳои таназзулёфта 5 фоиз кам карда шавад;

· партови обҳои ифлос ба обҳои рӯизаминӣ ва объектҳои обии зеризаминӣ 7-9 фоиз кам карда шавад;

· партови манбаъҳои статсионарӣ ва сайёри ифлоскунанда ба атмосфера 4 фоиз кам карда шавад;

· полигонҳо барои нигаҳдошти партовҳои дурушти маишӣ, партовгоҳҳо ва мавзеи гӯр кардани маводи зараровар ба талаботи қонунгузории ҳифзи табиат мутобиқ гардонида шавад;

· барқарорсозӣ ва рушди системаи мониторинги экологӣ анҷом дода шавад.

test

Добавить комментарий