Соҳаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва нақши онҳо дар инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат

С 1. Муаммоҳо, тамоюл ва самтҳои фаъолияти хизматрасониҳои соҳаи                      

       маориф

С 2. Рушди хизматрасонихои сохаи тандурустӣ ва нақши он дар инкишофи              

    иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ

С 3. Тавсеаи дастрасӣ ба таъминоти об, санитария ва дигар хизматрасониҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ

С 4. Таъмини  баробарии гендерӣ. Афзалиятҳои механизмҳои институтсионалии сиёсати гендерӣ дар ҷумҳурӣ

Саволи 1. Ҳамчун омили муҳими рушди инсон маориф барои ноил гардидан ба як қатор мақсадҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва башардӯстона нақши муҳимро ба ҷо меорад. Идоракунии системаи маориф дар сатҳои марказӣ ва маҳаллӣ бо мақсади сабукгардонии дастрасии гирифтани маълумоти хушсифат ва ноил гардидан ба баробарии гендерии ҳамаи қишрҳои аҳолӣ ба ислоҳоти бунёдӣ эҳтиёҷ дорад. Ислоҳот ҳамчунин мутобиқи талаботи бозор баланд бардоштани нерӯи мақомоти идоракунии бахши маориф ва беҳбуди ташкили пешниҳоди хизматрасониҳои соҳаи маорифро пешбинӣ менамояд.

Проблемаҳои мавҷудаи соҳаи маориф инчунин ба маҳдуд гардидани нерӯи банақшагирӣ ва идоракунии захираҳои мавҷуда, афзалияти тобеияти идоравӣ дар сиёсат, маҳдуд будани омор, бесамарии усулҳои истифодашавандаи арзёбии натиҷаҳои таълим ва дигар заминаҳои методӣ алоқаманд мебошад. Дар натиҷа дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии  кишвар, инчунин дар хориҷа тарбияи мутахассисон вобаста ба ихтисосҳое, ки ба онҳо талабот вуҷуд надорад, сурат мегирад, ҳол он ки нокифоягии мутахассисон вобаста ба ихтисосҳои алоҳида  эҳсос мегардад.

Вобаста ба сатҳи пасти музди меҳнат муддати тӯлонист, ки нарасидани шумораи омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ эҳсос карда мешавад (ҳарчанд беш аз нисфи хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимӣ дорои тахассуси «муаллим» мебошанд). Сатҳи тахассуси нерӯи кадрии мавҷуда, аз ҷумла дар муассисаҳои олии таълимӣ низ ниҳоят паст аст. Ин бо вайрон кардани ҳама гуна принсипҳои маънавию ахлоқӣ боиси пардохтҳои ғайрирасмӣ мегардад.

Мутобиқи дурнамо теъдоди хонандагон дар системаи маълумоти миёнаи умумӣ то соли 2015 метавонад то 40 фоиз афзоиш ёбад.  Бо чунин суръат соҳаи маорифи мавҷуда барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти афзояндаи кишвар ба кадрҳои соҳибихтисос қодир намебошад. Ҳоло дар бахши маориф норасоии шадиди синфхонаҳо эҳсос гардида, вазъи биноҳои муассисаҳои таълимӣ ғайриқаноатбахш аст. Мутобиқи арзёбӣ айни замон  барои беш аз 600 ҳазор  хонандагон ҷойи нишаст намерасад, 87 фоизи мактабҳои таҳсилоти умумӣ шароити дахлдори санитарӣ надоранд. Дар 26 фоизи  мактабҳо системаи гармидиҳӣ, дар 24 фоизи мактабҳо хати об ва дар 35 фоизи мактабҳо ташноб вуҷуд надорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ  инчунин  технологияҳои муосири электронӣ, компютерҳо ва дастраси ба Интернет намерасад ва истифодаи онҳо низ аз  сабаби нарасидани мутахассисон ва сари вақт интиқол надодани қувваи барқ боз ҳам мушкилтар мегардад.

Бояд қайд намуд, ки ҳаҷми хароҷоти давлатӣ барои соҳаи маориф аз 8,9 фоизи ММД дар соли 1991 то 3.5 фоиз дар соли 2005 таназзул ёфт ва мутобиқи арзёбӣ ин хароҷот ҳамагӣ тақрибан 30 фоизи эҳтиёҷоти заруриро қонеъ мегардонад. Вобаста ба ин бахши маориф беш аз пеш ба пардохтҳои ғайрирасмӣ ва кӯмаки байналмилалӣ вобаста мегардад. Сарфи назар аз маҳдудиятҳои маблағҳои буҷетии ҷудошаванда, ҳангоми банақшагирӣ ва маблағгузорӣ афзалиятҳои маълумоти миёнаи умумӣ нокифоя ба инобат гирифта мешавад.

Дар соҳаи маориф то ҳол монеаҳои зиёди маъмурӣ мавҷуд буда, механизмҳои оқилонаи шарикии давлатию хусусӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд надоранд, ки иштироки бахши хусусиро дар фаъолияти вобаста ба таҳсилот, бахусус таҳсилоти томактабӣ ва олии касбӣ бозмедорад.

Мутобиқи афзалиятҳои дарозмӯҳлати бахши маориф дар сиёсати бахшӣ оид ба самтҳои зерин фаъолият пешбинӣ гардидааст.

1.Ислоҳоти институтсионалӣ ва иқтисодии соҳаи маориф, ки барои амали намудани ин фаъолият халли чорабинихое зерин дар мадди аввал меистад: ҷиҳати баланд бардоштани нерӯи мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи ҳамаи сатҳҳо, ки барои таҳия, татбиқ ва танзими фаъолият дар ин бахш масъуланд, оид ба истифодаи самарабахши захираҳои мавҷуда тадбирҳо андешида мешаванд; муқаррар  намудани стандарти кафолатноки таълимии ҳадди ақали аз нигоҳи молиявӣ асоснок ва мутобиқи он такмили қонунгузорӣ пешбинӣ гардидааст. Мустақилияти муассисаҳои таълимии ҳамаи сатҳҳо баланд бардошта мешавад; оид ба хизматрасонии таълимӣ аз ҷониби бахшҳои хусусӣ, аз ҷумла тавассути соддагардонии расмиёти давлатӣ (иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия, аккредитатсия), пеш аз ҳама дар таҳсилоти томактабӣ, миёнаи касбӣ ва  олӣ тадбирҳо андешида мешаванд; бо дарназардошти имкониятҳои молиявии давлат ва рушди демографӣ стандартҳои ҳамаи сатҳҳои маориф таҷдиди назар гардида, мӯҳтавои китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ нав карда мешаванд. Барои таъмини хонандагони мактабҳо ва онҳое, ки дар дигар зинаҳои маориф таълим мегиранд, аз ҷумла китобҳои дарсӣ ба забонҳои аҳолии аз нигоҳи этникӣ хурди кишвар  таҳия ва нашр карда мешавад; оид ба татбиқи як қатор барномаҳои зайл пешниҳод манзур мегардад: ҷорӣ намудани системаи ягонаи идоракунии маориф; пайваст кардани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет; ҷорӣ намудани технологияи кредитии таълим дар муассисаҳои олии таълимӣ; баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии хонандагон оид ба ҳуқуқи инсон, санитария, гигиена ва тарзи ҳаёти солим; баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон; бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ – вобаста ба таълими тахассусӣ ва рушди маълумоти миёнаи умумӣ бо дарназардошти эҳтиёҷоти кадрии кишвар. Ба сифати яке аз тадбирҳои имконпазири мубориза алайҳи коррупсия дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи мақсад будани давра ба давра гузаштан ба имтиҳони ягонаи давлатӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

2. Баланд бардоштани нерӯи бахши маориф, ки он дар мачмуъ чихатхои зеринро метавон чудо намуд: ҷиҳати муносибгардонии мӯҳтавои нақша ва барномаҳои таълимӣ, методикаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар донишкадаҳои такмили ихтисоси муаллимон, инчунин баланд бардоштани тахассуси кадрҳои омӯзгорӣ чораҳои маҷмӯӣ андешида мешаванд. Барои омодагии касбӣ ва бозомӯзии аҳолии калонсол ва муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба минтақаҳо татбиқи барномаи махсус дар назар дошта шудааст; оид ба фароҳам овардани муҳити таьлими мусоид ва бехатар барои саломатии кӯдакон тадбирҳо андешида мешаванд. Ҳамзамон оид ба сохтмон ва барқарорсозии мактабҳо, таҷҳизонии онҳо бо таҷҳизоти таълимию лабораторӣ, инчунин барқарорсозӣ, таъмир ва эҳёи системаи  обтаъминкунӣ ва гармидиҳии мактабҳо ва сохтмони ташноб мутобиқи талаботи гендерӣ ва санитарӣ маҷмӯи чорабиниҳо тасдиқ карда мешавад; анҷом додани инвентаризатсия ва татбиқи мониторинги ҳолати инфраструктураи мактаб (бино, иншоот ва системаи коммуналӣ)  ва заминаи моддию техникӣ (мебел, асбобу анҷоми варзишӣ, фонди китобхона) барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст; дар назар дошта шудааст, ки мутобиқи мақсад будани таъсиси нуқтаҳои таълими фосилавӣ, бо баромад ба захираҳои иттилоотии таълими методии марказҳои донишгоҳҳо мавриди омӯзиш қарор дода шавад; бо мақсади осонгардонии гирифтани маълумоти ибтидоӣ, миёнаи махсус ва маълумоти олии касбӣ муқаррар намудани имтиёзҳо барои кӯдакони ятим ва қисми аҳолии аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир, махсусан духтарон, бо муқаррар намудани стипендияҳои иҷтимоӣ ва кӯмаки суроғавӣ пешбинӣ мегардад; барои баланд бардоштани транспарентӣ, тобеияти ҳисоботӣ ва ба инобат гирифтани эҳтиёҷоти маҳаллӣ механизми интихоби ҷавононе, ки тибқи квотаи Президент ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил мешаванд, беҳтар карда мешавад. Имкониятҳои муқаррар намудани стипендияҳои ииҷтимоӣ ба духтарон аз оилаҳои камбизоат, ки дар муассисаҳои олӣ таълим мегиранд, омӯхта шуда, барои барқарорсозии хобгоҳҳои донишҷӯён маблағҳо дарёфт мегарданд; ҷиҳати ҳавасмандгардонии додани кредитҳо барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавони мактабҳои деҳот пешниҳод таҳия мегардад:  барои фарогирии пешазмактабии омодасозии кӯдакон, аз ҷумла бо дарназардошти шарикии давлат ва бахши хусусӣ  дар рушди системаҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, татбиқи барномаҳо оид ба таҳкими заминаи моддию техникии бахши маориф, ҷалби инвеститсияҳои ғайрибуҷетӣ ва рушди муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва ҷамъиятӣ пешбинӣ мегардад.

Саволи 2. Системаи тандурустӣ дар шароити нави иқтисодӣ наметавонад бе суръатбахшии назарраси ислоҳот судманд арзёбӣ гардад. Хароҷоти умумии давлатӣ барои бахши тандурустӣ дар соли 1991 нисбат ба ММД 4.5 фоиз ва дар соли 2005 то 1.3 фоиз паст гардид. Ин вазъ  соҳаи тандурустиро беш аз пеш ба пардохтҳои хусусии ғайрирасмӣ барои хизматрасониҳои тиббӣ, инчунин ба кумаки хориҷӣ мӯҳтоҷ месозад. Мисол, пардохтҳои хусусӣ 70 фоизи ҳамаи хароҷот, хароҷоти буҷетӣ 16 фоиз ва кумаки донорӣ 14 фоизро ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин сатҳи пасти тахассус ва нарасидани кормандони соҳаи тиб, махсусан дар деҳот ба мушоҳида мерасад. Ин ба номукаммалии механизмҳои идоракунии захираҳои инсонӣ, сатҳи пасти музди меҳнати кормандони соҳаи тиб, инчунин сатҳи баланди аз кор рафтани мутахассисон алоқаманд мебошад. Проблемаҳо инчунин аз сабаби  бад гардидани таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизот ва техникаи муосири тиббӣ, ҳолати мавҷудаи биною иншоот боз ҳам мушкилтар мегардад. 

Аз сабаби зиёд будани монеаҳои маъмурӣ ва дастгирии нокифояи давлатӣ шабакаҳои муассисаҳои хусусии тиббӣ суст инкишоф меёбанд, ҳол он ки метавонистанд як қисми талаботро  ҷиҳати хизматрасониҳои тиббӣ қонеъ гардонанд. Умуман, проблемҳои асосии системаи тандурустӣ аз инҳо иборатанд: номукаммалии системаи идоракунии тандурустӣ, ки дар навбати худ боиси таҳлили нокифояи сиёсат ва банақшагирии хизматрасониҳо, иқтисодиёти тандурустӣ, захираҳои инсонӣ, инчунин идоракунии системаҳои иттилоотонӣ мегардад; суръати на он қадар назарраси ислоҳоти системаи тандурустӣ, маҳдуд сохтани иштироки бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои тиббӣ; нокифоягии захираҳои молиявӣ ва истифодаи бесамари маблағҳои мавҷуда, инчунин сатҳи пасти саҳми маблағгузории давлатӣ дар хароҷоти умумӣ барои тандурустӣ. Дар натиҷа муассисаҳои тиббии тандурустӣ ва хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ   вобаста ба масъалаҳои кадрӣ ва молиявию техникӣ ниҳоят заиф мебошанд ва ин дар навбати худ дастрасии аҳолии камбизоатро ба кумаки тиббӣ ва воситаҳои асосии доруворӣ маҳдуд месозад; доштани иттилооти нокифоя ва риоя накардани асосҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим аз ҷониби аҳолӣ, аз ҷумла дастгирии саломатии репродуктивӣ, ҳифзи модару кӯдак, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ.

Ҳамаи проблемаҳои дар боло зикргардида пеш аз ҳама боиси фавти модару кӯдак,  авҷи бемориҳои сироятӣ (бемориҳои сил, вараҷа, гелментоз ва ғайра) мегардад, ки бо ибораи дигар метавон «бемориҳои камбизоатӣ» номид. Бо дарназардошти проблемаҳои зикргардида ва мақсадҳои СМР/СПКСК вазифаҳои асосии бахш аз инҳо иборатанд: 1) баланд бардоштани самарабахшии системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ; 2) баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани хизматрасониҳои тиббӣ; 3) беҳбуди ҳифзи саломатии модару кӯдак; 4) мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД, вараҷа, сил ва дигар бемориҳои сироятӣ; 5) беҳбуди тарбияи кадрҳо ва таҳкими заминаи моддию техникии системаи тандурустӣ.

Барои баланд бардоштани самарабахшии системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ маҷмӯи чорабиниҳо пешбинӣ гардиданд, ки ба беҳбуди истифода ва афзоиши маблағгузории давлатӣ, ҷалби захираҳои иловагӣ, инчунин фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои истифодаи нерӯи бахши хусусӣ нигаронида шудаанд. Ҳамчунин татбиқи Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 пешбинӣ гардидааст (2005). Стратегия татбиқи механизми маблағгузори, тағйир додани системаи маблағгузории кумаки тиббии бистарикунонӣ, ки ба принсипи  барои ҳар як ҳолати муолиҷа, ба методи гурӯҳҳои клиникию хароҷот асос ёфтааст, инчунин таҷдиди сохтори шабакаҳои КАТС ва хадамоти бистарикунониро дар бар мегирад.

Чорабиниҳои зикргардида дар навбати аввал ба баланд бардоштани самарбахшӣ ва шаффофияти истифодаи захираҳои давлатӣ, робитаи зичи маблағгузорӣ ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, тақсими воситаҳои молиявӣ бо дарназардошти аҳолии дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ сабтшуда  ва мушаххасоти минтақавӣ/маҳаллӣ, инчунин ба муассисаҳои тандурустӣ фароҳам овардани имконият ҷиҳати аз нав тақсим намудани захираҳои сарфагардида барои беҳбуди фаъолият ва асосноксозӣ нигаронида шудааст. Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ тавассути ҷорӣ намудани системаи нави пардохти музди меҳнат гузаронида мешавад, ки дар навбати худ минбаъд  аз муассисаҳои тандурустӣ аз кор рафтани кормандонро пешгирӣ мекунад. Барои ҳалли вазифаи якум ҷорӣ намудани Барномаи заминавии расонидани кумаки тиббию санитарӣ пешбинӣ мегардад. Дар барномаи мазкур навъ, ҳаҷм ва тартиби расонидани кумаки тиббию санитарӣ  ба аҳолӣ дар доираи воситаҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ муайян гардидааст. Барнома тартиби пардохти хизматрасонии тиббиро ҳам аз ҳисоби давлат ва ҳам аз ҳисоби ҳаммаблағгузорӣ (ҳампардохт) пешбинӣ менамояд, ки дар доираи барномаи заминавӣ иловатан аз ҳаҷми маблағгузории кафолатноки ройгони кумаки тиббию санитарӣ расонида мешавад. Барномаи мазкур дар ноҳияҳои таҷрибавӣ амалӣ гардида,  минбаъд  метавонад дар тамоми кишвар татбиқ карда шавад. Хулоса, татбиқи тадбирҳои зикргардида дар бахши тандурустӣ имкон медиҳад, ки то соли 2009 сатҳи фавти модарону кӯдакон ва бемориҳои сироятӣ паст гардида, баъзе сироятҳои бо ваксина идорашаванда аз байн бурда шаванд.

          Саволи 3. Мақсади бахши мазкур аз таъсиси механизмҳои иқтисодӣ ва ташкилӣ барои татбиқи давраи аввали барқарорсозии системаи мавҷудаи обтаъминкунӣ, санитария ва хизмарасонихои комуналию-манзили (ХМК) иборат мебошад. Бояд иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес дар ислоҳоти ХМК таъмин карда шавад. Вазифаи асосии ин давраи ислоҳот дар аҳолӣ ташаккул додани ҳисси моликият ва манфиатдорӣ барои идоракунии фонди манзил хоҳад буд.

2. Дар Тоҷикистон асосан обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ истифода мегардад, ки нисфи он ниҳоят дурушт буда, минерали зиёд дорад. Дар маҷмӯ 87 фоизи аҳолии шаҳрҳо ва 20 фоизи аҳолии деҳоти Тоҷикистон обро аз системаҳои мутамаркази обтаъминкунӣ истифода мебаранд, ки ҷавобгӯи стандартҳои оби нӯшокӣ намебошад. Ин проблемаҳо ба вазъи душвори таъминоти об, санитария ва ХМК алоқаманд аст, ки ҳам дар шаҳрҳо ва ҳам дар деҳот эҳсос мегардад.

Иншооти канализатсионии ҷумҳурӣ танҳо ба 23 фоизи аҳолии шаҳр ва 5 фоизи аҳолии деҳот дастрас мебошад. Дар аксар нуқтаҳои аҳолинишин ҷамъоварӣ ва нобуд кардани партовҳои дурушти маишӣ анҷом дода намешавад. Дар раванди хусусигардонии корхонаҳои кишоварзӣ як қисми иншооти обтаъминкунӣ, санитария ва ХМК бесоҳиб монданд. Парокандагии идоравӣ  боиси он гардид, ки дар бахш байни сохторҳои мухталиф оид ба таҳия ва татбиқи сиёсат ҳамоҳангсозӣ анҷом дода намешавад.

3. Мақсади асосии ислоҳот дар бахши мазкур аз он иборат аст, ки то охири соли 2009 чунин дастрасӣ таъмин гардад: (1) ба оби нӯшокӣ, ки ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатӣ (ГОСТ) мебошад- 96 фоиз аҳолии шаҳр ва 51 фоиз аҳолии деҳот; (2) ба хизматрасониҳои асосии санитарию гигиенӣ – 47 фоизи аҳолии шаҳр ва 37 фоиз аҳолии деҳот.

4. Проблемаҳои асосии бахши обтаъминкунӣ, санитария ва ХМК аз инҳо иборатанд: дар бахш функсияҳо оид ба таҳия ва танзими сиёсат ба зиммаи мақоми ягонаи идоракунии давлатӣ гузошта нашудааст, ҳамоҳангсозӣ байни мақомоте, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсат дар бахш масъуланд, вуҷуд надорад, барномаҳои маҷмӯӣ ва нақшаҳо, аз ҷумла барои барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, санитария ва ХМК нигаронида шудаанд, нокифоя мебошанд; заминаи нокифоя ва маҳдуди меъёрии ҳуқуқӣ; дар деҳот мавҷуд будани объектҳои бесоҳиб; мавҷуд набудани таъминоти босуботи барқ, ки ба фаъолияти бетанаффуси объектҳо монеа мебошад; ҳолати ғайриқаноатбахши техникии объектҳои мавҷудаи таъминоти об, энергия, гармӣ, санитария ва ХМК; мавҷуд набудани сиёсати дақиқ ва шаффоф оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии суроғавии аҳолӣ ҳангоми пардохти хизматрасонии таъминот бо об, энергия, гармӣ ва хизматрасонии манзилию коммуналӣ; истифодаи на он қадар самарабахши инвеститсияҳои дохилӣ ва хориҷӣ.

5. Дар асоси проблемаҳои зикргардида ва мақсадҳои СМР/СПКСК вазифаҳои муҳими  бахш дар ҳамин давраи ислоҳот аз инҳо иборатанд: (1) гузаронидани ислоҳоти институтсионалии бахш; (2) ҷалби бизнеси хусусӣ ва инвеститсияҳо; (3) баланд бардоштани самарабахшӣ ва ҳаддалимкон  такмил додани  инфраструктураи сохтор.

6. Яке аз вазифаҳои афзалиятноки бахш «Обтаъминкунӣ, санитария ва ХМК» аз таҳкими бизнеси хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо иборат аст. Мутобиқи вазифаҳои гузошташуда гузаронидани таҳлили ҷолибии инвеститсионӣ барои арзёбии дурнамои хусусигардонӣ ё азнавташкилдиҳии объектҳои бахш, таҳияи пешниҳодҳо оид ба дастгирии давлатии фаъолият дар ин соҳа дар назар дошта шудааст. Барои ҳалли масъалаи мазкур тадбирҳои зайл пешбинӣ мегардад: таҳия (тасҳеҳ) ва татбиқи нақшаҳои генералии рушди ҳудуд; рушди барқарорсозии инфраструктураи инженерӣ; пешниҳоди лоиҳаҳои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ; баланд бардоштани дастрасии хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ барои аҳолии камбизоатӣ ва аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир.

Саволи 4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳо қабул гардиданд, ки ба баланд бардоштани нақш ва мақоми зан, таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардону занон нигаронида шудаанд. Вале механизмҳои институтсионалии сиёсати гендерӣ ҳанӯз маҳдуд мебошанд. Заминаи оморӣ ва системаи ҷамъоварии бесамари маълумот имконияти пешбурди баробарии гендериро маҳдуд месозад.

Афзалиятҳои гендерӣ интихоби навъҳои навро тақозо наменамояд, ҳамаи онҳо аллакай ташаккул ёфтаанд. Онҳо ҳамчун ӯҳдадорӣ аз ҷониби давлат барои татбиқ дар доираи барнома ва нақшаҳои дахлдори фаъолият қабул гардида, вале на ҳамеша бо заминаи молиявӣ таъмин мебошанд. Ба ғайр аз ин механизми шарикии иҷтимоӣ байни давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес-сохторҳо, аз ҷумла дар татбиқи сиёсати гендерӣ нокифоя таҳия шудаанд.

 Дастрасии мардону занон ба захираҳо (ба моликият, замин, кредит ва ғайра) нобаробар мебошад. Аз ҷумла, дастрасии нокифоя ба замин занони деҳотро ба мардони оила ниҳоят вобаста месозад, нерӯи саҳми занонро дар рушди соҳаи кишоварзӣ кам карда, онҳоро ба камбизоатӣ осебпазир мегардонад. Нобаробарии гендерӣ, инчунин ба рушди нерӯи инсонӣ инъикос ёфта,  дар нобаробарии шароитҳои дастрасии мардону занон ба сарватҳои заминавии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба таълим, тандурустӣ ва ғайра зоҳир мегардад.

Фаъолнокии иқтисодии занон аз сабаби хусусиятҳои иҷтимоию демографии рушди кишвар нисбат ба мардон дар сатҳи пасттар қарор дорад. Дар сиёсат он далел, ки ҳамаи занон беш аз пеш нақши ба ӯ хосро ҳамчун таъминкунанда ва ҳамтаъминкунандаи оиларо ба зимма мегиранд, нокифоя ба инобат гирифта шудааст.

Аз ин нуқтаи назар, бо дарназардошти мақсад ва афзалиятҳои миллӣ чунин афзалиятҳои асосии соҳавӣ муайян гардиданд:

  1. таъсиси механизмҳои самарабахши татбиқи сиёсати гендерӣ дар доираи ислоҳоти идоракунии давлатӣ;
  2. таъмини дастрасии баробари занон ва мардон ба захираҳо дар соҳаи соҳибкорӣ;
  3. рафъ намудани нобаробарии гендерӣ дар рушди нерӯи инсонӣ.

Барои ноил шудан ба афзалиятҳои зикргардидаи бахшӣ самтҳои асосии зайли фаъолият муайян гардидаанд:

  1. таъсиси механизмҳои самарабахши татбиқи сиёсати гендерӣ дар доираи ислоҳоти идоракунии давлатӣ:
    1. беҳбуди механизмҳои институтсионалии сиёсати гендерӣ;
    1. баланд бардоштани маърифати гендерии хизматчиёни давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти иҷроия;
    1. якҷоя бо мақомоти омор такмил додани заминаи оморӣ барои баланд бардоштани сифати таҳлил ва арзёбии гендерӣ;
    1. баланд бардоштани намояндагии занон ва мардон дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар сатҳи қабули қарорҳо;
    1. тақвияти шарикӣ ва ҳамоҳангӣ дар татбиқи сиёсати гендерӣ;
  2. таъмини дастрасии баробари занон ва мардон ба захираҳо дар соҳаи соҳибкорӣ:
  3. татбиқи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифат ва рақобатпазирии занони соҳибкор;
  4. таъмини дастрасии занон ва мардон ба замин ва дигар захираҳо;
  5. тақвияти донишҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи проблемаҳои гендерӣ;
  6. рафъ намудани нобаробарии гендерӣ дар рушди нерӯи инсонӣ:
  7. мусоидат ба тавсеаи дастрасии занон ва мардон ба маълумоти миёна ва олӣ, инчунин ба кредит, хизматрасониҳои иттилоотӣ ва машваратӣ;
  8. рафъи зуҳуроти маъмулии гендерӣ дар тафаккури ҷамъиятӣ нисбат ба ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон ва мардон;
  9. таҳкими чорабиниҳои профилактикӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон ва расонидани кӯмак ба ҷабрдидагони зӯроварӣ.

ҳамин тавр,дар назар дошта шудааст, ки дар натиҷаи татбиқи мақсадноки тадбирҳои дар доираи СМР пешбинигардида, халли чорабинихои зерин дар мадди аввал меистад:

  • мақсад, вазифаҳо, механизм ва тадбирҳои эълоннамудаи сиёсати гендерӣ  бо стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои татбиқшавандаи соҳавӣ ва минтақавӣ ҳамоҳанг мегарданд;
  • тавассути ворид намудани ислоҳ, иловаҳо ва тағйирот ба қонунгузории амалкунанда ва қабули қонунҳои нав ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  механизмҳои инстутсионалии сиёсати гендерӣ такмил меёбанд. Заминаи оморӣ барои таҳлил, арзёбии татбиқи қарорҳои қабулгардида ниҳоят такмил хоҳад ёфт;
  • татбиқи чорабиниҳои маҷмӯии соҳавӣ имконият медиҳад, ки сатҳи маърифати гендерии хизматчиёни давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимият тақвият ёфта, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи сиёсати гендерӣ афзун мегардад.
test

Добавить комментарий