Бахши минтақавии иқтисоди миллӣ

С 1. Мафҳумҳои асосии иқтисоди минтақа

С 2. Омилҳои ба инкишофи иқтисоди-ичтимоии минтақа мусоидаткунанда

С 3. Нишондиҳандаҳо ва равишҳои асосии таҳлили минтақавӣ

С 4. Нишондихандахои сатхи таракиёти иктисодии минтакахои алохидаи маъмури –

         Саволи 1. Тақсимоти ҳудудро ба минтақаҳо минтақабандӣ меноманд. Вобаста ба меъёрҳои таснифи минтақаҳо минтақабандиҳои зеринро фарқ кардан мумкин аст: 1) минтақабандии иқтисодӣ бар асоси тақсимоти ҳудудии меҳнат (ноҳия ва зонаҳои иқтисодӣ, комплексҳои ҳудудию истеҳсолӣ, марказҳои саноатӣ); 2) тақсимоти маъмурию ҳудудӣ (ҷумҳурӣ, кишвар, вилоят, ноҳияи маъмурӣ, шаҳр, ноҳияи шаҳр, шаҳрак); 3) минтақабандии иқтисодӣ аз рӯи мушкилотҳои мавҷуда.

         ҳалқаи асосӣ дар системаи минтақабандии иқтисодӣ минтақаҳои иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

         Минтақаи иқтисодӣ – комплекси ҳудудию истеҳсолӣ аст, ки дар асоси масоҳати калон ба вуҷуд омада аз қисматҳои дигари кишвар бо махсус гардонда шудани хоҷагии халқ, мавқеи ба худ хоси иқтисодию ҷуғрофӣ, захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ фарқ мекунад. Минтақаи иқтисодӣ бо қисматҳои дигари кишвар тавассути тақсимоти ҷамъиятии меҳнат алоқаи ногусастанӣ дорад.  Шакли нави ташкили ҳудудии хоҷагидорӣ комплексҳои Минтақавию истеҳсолӣ мебошанд, ки дар ҳудуди минтақаҳои иқтисодӣ дар заминаи захираҳои нодири табиӣ ташаккул меёбанд. 

Бояд қайд намуд, ки иқтисоди минтақа якчанд  ҷанбаҳо дорад: якум –  усули ташкили фаъолияти хоҷагидории минтақаи муайян дар таркиби иқтисоди миллӣ мебошад. Дуюм, соҳаи илмиест, ки иқтисоди минтақаҳои алоҳида, таркиби дохилии он ва муносибати мутақобиларо бо воҳидҳои минтақавии дигар мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Сеюм, омухтани таносуби минтакави имконият медихад, ки инкишофи иктисодию ичтимоии мамлакат дар минткаахои алохидаи маъмури –вилоят, нохия муайян карда шавад.   ҳамаи ин ҷанбаҳо бо якдигар алоқамандии зич доранд, зеро онҳо асоси ягона ва ҳамон як соҳаи муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегиранд, ки дар он инкишоф ва идоракунии маҳаллӣ (мунисипалӣ) ба вуқӯъ меояд. 

         Мавзӯи бахши минтaқавии иқтисоди миллӣ мураккаб ва гуногунпаҳлӯ буда қисматҳои асосиаш аз инҳо иборатанд:

  • иқтисоди минтақаи муайян (иқтидорҳои зaхиравӣ ва истеҳсолӣ, таркиби соҳавӣ, шароити зиндагӣ, механизми амалнамоӣ ва идоракунии иқтисодиёт);
  • робитаҳои иқтисодии байни минтақаҳо (кушод будани минтақаҳо, алоқамандии мутақобилаи онҳо);
  • низомҳои иқтисодии минтақавӣ (иқтисоди миллӣ ҳамчун низоми минтақаҳои якҷояамалкунанда);
  • ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда (хусуиятҳои минтақаҳо дар бобати ҷойгиршавии захираҳои табиӣ, аҳолӣ, истеҳсолот, инфраструктураҳо ва ғайра);
  • ҷанбаҳои минтақавии ҳаёти иқтисодии минтақаҳо (аз назари ба амалории ҷараёнҳои истеҳсолӣ, сармоягузорӣ, меҳнатӣ ва молиявӣ).

         ҳангоми баррасии мавзӯҳои иқтисоди минтақавӣ  мафҳумҳои асосиеро муайян намудан зарур аст, ки дар асоси онҳо ба вуҷуд овардани тасаввуроти асосноки илмӣ оиди иқтисоди минтақавӣ имконпазир мегардад. Мафҳуми  аввалин- масоҳат ба шумор меравад.

         «Масоҳат – ин қисмати (маsдуди) кабати сахти болоии замин аст, ки дорои хусусиятҳо ва захираҳои табиӣ ва антропогенӣ буда, бо дарози, масоҳат ҳамчун намуди махсуси манбаи маконӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва бо дигар сифатҳо тавсифшаванда буда, ки мавриди фаъолияти мушаххас ё тадқиқотҳо қарор мегирад». 

         Якхел набудани  таркиби масоҳатҳо аз рӯи нишонаҳои муҳимтарини иқтисодӣ, ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, демографӣ, таърихӣ ва ғайра ё аз ҳад бузург будани масоҳат зарурати тақсим кардани масоҳатро ба қисмҳо – ноҳияҳо, минтақаҳо, зонаҳо пеш меорад.

         Ноҳия аз масоҳати маҳдудгардондашудае иборат мебошад, ки дорои хислати якпорчагӣ, алоқамандии унсурҳои таркибӣ, тамомият мебошад, ки зимнан ин тамомиятро шароитҳои объективӣ ва қонунмандии инкишофи масоҳати мазкур тақозо менамояд.

         Муродифи мафҳуми «ноҳия» «минтақа» мебошад, ки мафҳуми русии он – регион аз лотинӣ ба маънои сарзамин, кишвар, вилоят омадааст.

         Таърифҳои асосии зерини аз тарафи умум қабулгардидаи минтақаро ҷудо кардан мумкин аст: вилоят (ноҳия, қисмате аз кишвар), ки аз дигар қисматҳо бо маҷмӯи хусусиятҳои табиӣ ё таърихан ташаккулёфтаи иқтисодию ҷуғрофӣ тафовут дошта бо хусусиятҳои ҳолати миллии аҳолӣ ҳамбастагӣ дорад; шакли фазоию ташкилии фаъолияти ҳаётии аҳолӣ;          воҳиди калони мураккабташкили тақсимоти истеҳсолию минтақавии кишвар; минтақа – масоҳат дар ҳудуди маъмурии кишвар, ки дороа хусусиятҳои зерин: тамомият, маҷмуият, махсусгардонидашуда ва идорашавандагӣ мебошад.

         Мафҳуми «минтақа» инчунин нисбат ба ҷомеъаи байналмилалӣ – минтақаҳои ҷаҳон низ истифода мегардад. Масалан, минтақаи ИДМ, минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ба ҳамгироии иқтисодиёти давлатҳои алоҳида асос меёбад. Кушода гардидани бозорҳои миллии молҳо, кор, сармоя барои ташвиқи инкишофи муносибатҳо байни минтақаҳои миллӣ мусоидат менамояд.

         Мафҳуми дигари минтақа – фазои иқтисодӣ аст. Фазои иқтисодӣ – ин маҷмӯи муносибатҳои иқтисодӣ дар ҳудуди муайян буда, арзёбии фазои иқтисодӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин сурат мегирад:

  • зичӣ, ки дараҷаи чӣ андоза зиёд будани ягон навъи иншоот, захираҳоро дар минтақа ифода менамояд;
  • ҷойгиршавӣ, ки бо нишондиҳандаҳои ҷойгиршавии марказҳои аҳолинишин, корхонаҳо ва ташкилотҳо муайян карда мешавад;
  • иртибот, ки нишондиҳандаҳои инкишофи шабакаҳои нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ дар он инъикос меёбанд.

         Саволи 2.Барои донистани хусусиятҳои минтақа ҳамчун объекти тадқиқот ва идоракунӣ, ошкор сохтани махсусиятҳо ва фарқиятҳои он аз дигар объектҳои идоракунӣ зарур аст, ки тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дида баромада шавад. Ва он иборат аст аз муайян намудани тафовутҳо дар навъҳои гуногуни фаъолияти инсон, намудҳо ва зернамудҳои махсуси истеҳсолӣ, ки марбут ба шахсони алоҳида, истеҳсолот, ҳудудҳо ва кишварҳо буда, шарти муҳими инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда дар ҷомеа ба шумор мераванд.

         Дар ин ҳол, тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар ду шакли асоси – шакли ҳудудӣ ва шакли соҳавӣ ифода ёфта инкишоф меёбад.

         Тақсимоти ҳудудии меҳнат дар назар дорад, ки соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот ба минтақаҳои муайян вобаста карда шаванд. Асоси табиии он дар ин ҳол тафовутҳое ба шумор мераванд, ки дар шароитҳои табиӣ, иқлимӣ ва иқтисодии минтақаҳои гуногун вуҷуд доранд. Асоси иқтисодии ин шакли тақсимоти меҳнат тафовут дар даромаднокии истеҳсоли маҳсулот ва хадамот дар ҳудудҳои гуногун мебошад, ки бинобар бастубанди махсус доштани омилҳои номбаршуда дар ҳар кадом минтақа ба вуҷуд меояд.

         Тақсимоти соҳавии меҳнат мавҷуд будани соҳа ва истеҳсолоти алоҳидаро дар назар дорад, ки эҳтиёҷоти мухталифи ҷомеа ба воситаи онҳо қонеъ гардонда мешавад. ҳолат ва инкишофи соҳа, истеҳсолоти алоҳида аз бисёр ҷиҳат ба таркиби миқдорию сифатии омилҳои истеҳсолот иртибот дорад.

         Барои рушди муътадили иқтисоди минтақа, чунон ки тамоми кишвар дар маҷмӯъ, зарурат аст, ки манфиатҳои минтақавӣ ва соҳавӣ  дар якҷоягӣ ба назар гирифта шаванд. Дар робита бо ин, принсипҳои ҳудудӣ ва соҳавии тақсимоти меҳнат бояд бар пояи самтҳои асосии зерин асос ёбанд:

  • ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда бар асоси наздик намудани истеҳсолоти соҳавӣ ба захираҳои  ашёи хом, энергия ва захираҳои меҳнатӣ;
  • аз назари иқтисодӣ мувофиқи мақсад будани оптимизасиякунии алоқамандии байниҳамдигарии чунин доираҳои такрористеҳсоли соҳавӣ ба монанди наздик сохтани истеҳсолот ба истеъмолкунандагон, ки он ҷанбаи комилан возеҳи минтақавӣ дорад;
  • тамаркузи ҳудудии истеҳсолот ва соҳаҳои алоҳидаи он ҳамчун шарти махсусгардонии минтақа ва асоси моддии ҳалли маҷмӯи вазифаҳои иҷтимоии дар назди он қарордошта;
  • бастубанди гугогун додан ба истеҳсолот, ки дар заминаи ба ҳам пайвастани тамоми марҳилаҳои (зинаҳои) баъдии коркарди ашёи хоми минтақа то тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ, асос ёфтааст.

         Тақсимоти ҳудудии меҳнат хусусияти соҳавии онро такмил дода омили тавонои самарабахшии истеҳсолоти ҷамъиятӣ мегардад.

         Иқтидори иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа заминаро муҳайё сохта, андозаҳои имконпазири миқдорӣ ва сифатии рушдро муайян менамояд.                 

         Маҷмӯи омилҳои рушди минтақа иқтидори рушди минтақавиро ташкил медиҳад.

         Сатҳи истифодабарии иқтидори  иқтисодӣ бо пешрафти ҳалқаҳои функсионалии он, хусусиятҳои робитаҳои мутақобила ва фаъолияти байниҳамдигарии онҳо алоқаи ногусастанӣ дорад. ҳафт зерсистемҳои функсионалӣ, ки бо ҳам зич алоқаманданд фарқ кардан мумкин аст, ки иқтидори иқтисодиро ҳамчун система пурратар тавсиф менамоянд.

                           Таркиби функсионалии иқтидори иқтисодии минтақа

            Хусусиятҳои муҳимтарини ин система чунин аст:

  • система ҳамчун комплекс аст, ки чунин маънӣ дорад, ки ҷузъҳои ба таркиби иқтидори  иқтисодӣ дохилгардида бе якдигар амал карда наметавонанд;
  • доимии функсионалӣ дар фаъолияти байниҳамдигарии байни зерсистемаҳо мушоҳида мешавад;
  • таъсирпазирӣ, ки самтгирии муайяни афзоиши ҳар кадом зерсистема ва системаро дар маҷмӯъ ифода менамояд.

         Мавҷуд будани захираҳои табиӣ шарти асосии дар минтақа ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ба ҳисоб меравад. Миқдор, сифат ва бандубасти захираҳо, нерӯи захираҳои табиии минтақаро муайян намуда, омили муҳими ҷойгиркунии аҳолӣ ва фаъолияти хоҷагидорӣ мегардад. Нерӯи захираҳои табиии минтақа ба махсусгардонии бозории минтақа ва мавқеи он дар тақсимоти меҳнат таъсир мерасонад.

         Нерӯи захираҳои табиии минтақа – ин қисме аз маҷмӯи захираҳои табиӣ мебошад, ки бо сатҳи муайяни инкишофи иқтисодию техникии ҷомеа ва омӯхта шудани минтақаи мазкур мумкин аст, ки барои фаъолияти хоҷагидорӣ дар шароити ҳозира ва дар оянда истифода гардад.

         Омӯзиши комплекси табиии минтақаро ҳам аз тариқи омӯзиши унсури алоҳидаи захираҳои табиӣ ва ҳам тамоми комплекси захирахои табиӣ ба амал овардан мумкин аст. Истифодаи оқилона ва санҷидакоронаи захираҳои табиӣ тақозо менамояд, ки онҳо ҳаматарафа ба ҳисоб гирифта шаванд. Баҳисобгирии захираҳои табиӣ ба воситаи таҳия намудани кадастрҳои ҳар кадом аз навъҳои асосии онҳо, анҷом дода мешавад.

         Саволи 3.Вазифаҳои аввалиндараҷаи тадқиқотҳои иқтисодии минтақавӣ аз инҳо иборат мебошанд:

  • таҳлили илмии минтақа ҳамчун  ҷои ҷобаҷокунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва аҳолӣ;
  • омӯзиши қонуниятҳо ва принсипҳои ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда бо ба назар гирифтани омилҳои алоҳида;
  • омӯзиши масъалаҳое, ки ҳалли онҳо ба рушди минтақа (ноҳияҳо) таъсири бевосита мерасонад;
  • асоснок намудани сиёсати минтақавӣ дар асоси тадқиқи масъалаҳои  инкишофи минтақа.

         Ба сифати асоси иттилоотии таҳлили минтақавӣ дар аксари мавридҳо маълумотҳои оморӣ оид ба инкишофи корхонаҳо, ташкилотҳо ва аҳолии минтақаҳои алоҳида истифода мегарданд.

     Дар натиҷаи таҳлили ин маълумот ҳолати инкишофи минтақа муайян карда мешавад, муаммоҳои асосӣ ҷудо карда мешаванд, яъне «ташхиси» ба худ хоси ин мушкилот сурат мегирад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад,ки самтҳои инкишоф муайян ва асоснок карда шаванд, аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки ин «ташхис» ба қадри имкон дақиқ ва пурра бошад. Ин бошад аз бисёр ҷиҳат ба мукаммалӣ ва эътимодбахшии маълумоти ибтидоии оморӣ вобаста аст. Вале бинобар махсусиятҳои объекти тадқиқот, ки тавсифи пурраи омории он ғайриимкон аст, на ҳамеша маълумоти оморӣ ба талабот ҷавоб дода метавонад.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии омор маҷмӯаи «Минтақаҳои Тоҷикистонро»-ро интишор медиҳад, ки дар он маълумоти оморӣ дар хусуси рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда мешаванд.

         Маҷмӯаи оморӣ фаслҳои зеринро дар бар мегирад, ки дар онҳо нишондиҳандаҳои дахлдор оид ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ оварда мешавад: назари умумӣ ба минтақаҳои Тоҷикистон; аҳолӣ; шуғл ва даромадҳои аҳолӣ; маориф; ҳифзи саломатӣ; фонди манзилӣ; сохтмони манзилӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ; ҳифзи муҳити зист; маълумоти умумии ҳуқуқӣ; саноат; кишоварзӣ; сохтмони асосӣ; нақлиёт ва алоқа; савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариш ба низоми ҳисобҳои миллӣ сурат мегирад, ки тавассути онҳо нишондодҳои асосии макроиқтисодии рушд муайян карда мешаванд, инчунин дар назар аст, ки низоми ҳисобҳои минтақавӣ бунёд гузошта шавад, ки бо низоми ҳисобҳои миллӣ мутобиқ хоҳад буд. ҳисоббарии маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, ки ҳоло бинобар мавҷуд будани муаммоҳои хислати методӣ  муайян карданашон ғайриимкон аст, арзиши махсус касб хоҳад кард.

         ҳангоми тадқиқ намудани иқтисоди минтақаҳои алоҳида таркиби соҳавии он, дараҷаи кушод будани иқтисод, маълумоти баёнсозандаи рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа, мавриди таҳлил қарор дода мешавад.

         Яке аз самтҳои арзишманди тадқиқотҳо ба таркиби соҳавии иқтисоди  минтақаҳо ва тағйироте, ки дар солҳои гуногун ба вуқӯъ меояд, алоқаманд мебошад. Ин навъи тадқиқотҳо ҳангоми асоснок намудани сиёсат нисбат ба «ҷойҳои осебпазир» ва «минтақаҳои ба касодӣ гирифторшуда» – и кишвар хеле зарур мебошанд.

         Таҳлили инкишофи соҳаҳои алоҳидаро мумкин аст бо тадқиқотҳои  ба асосҳои иқтисодӣ ё таносуби байни соҳаҳои бунёдӣ ва хизматрасони минтақаҳо идома ёбад.

         Соҳаҳое, ки махсусгардонӣ ба онҳо алоқаманд аст, асоси ташаккулёбӣ ва рушди минтақаҳои алоҳида ба ҳисоб мераванд.

         Барои муайян намудани соҳаҳои махсусгардонӣ дар минтақа истифода бурдани нишондиҳандаҳои зерин мумкин аст:

  • коэффитсенти ҷойгирсозии соҳаи мавриди назар дар минтақаи муайян, ки ҳамчун нисбати вазни қиёсии ҳамон соҳа дар кишвар ҳисоб карда мешавад;
  • коэффитсенти истеҳсоли маҳсулоти минтақа ба ҳар сари аҳолӣ.Коэффитсенти истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ ҳамчун нисбати вазни қиёсии соҳаҳои иқтисоди минтақа дар таркиби дахлдори соҳаи кишвар ба вазни қиёсии аҳолии минтақа ба аҳолии кишвар, ҳисоб карда мешавад;
  • коэффитсенти махсусгардонии байниноҳиявӣ, ки ҳамчун нисбати содироти маҳсулоти соҳа аз минтақаи  мазкур ба мубодилаи байниноҳиявӣ дар кишвар, ҳисоб карда мешавад.

         Агар коэффитсенти ҷойгирсозӣ ва истеҳсоли маҳсулот ба  ҳар сари аҳолӣ барои соҳаҳои алоҳида аз як воҳид зиёдтар бошаду маҳсулоти онҳо ба миқдори қобили мулоҳиза ба хориҷи минтақа бароварда шавад, он гоҳ ин соҳаҳо соҳаҳои махсусгардонии минтақа ба шумор мераванд.

         Рушди соҳаҳои махсусгардонии минтақаҳо набояд аз рушди соҳаҳои дигари иқтисод ҷудо баррасӣ гардад. Аз ин рӯ, таҳлили рушди минтақа дар назар дорад, ки тадқиқоти комплексӣ будани рушд ҳамчун рушди ба ҳамдигар алоқаманди соҳаҳо дар ҳудуди минтақа, анҷом дода мешавад, ки дар асоси ин тадқиқот истифодаи тамоми гуногуншаклиҳои шароити маҳал қарор мегирад.

         Соҳаҳои ба ноҳия хизматрасон ҳамчун соҳаҳои ёрирасон муттаҳид карда мешаванд, ки бояд рушди соҳаҳои махсусгардонӣ ва соҳаҳои дигар, инчунин соҳаҳоеро, ки бевосита эҳтиёҷи аҳолиро қонеъ месозанд, таъмин гардонанд. Рушди истеҳсолоти ба ноҳия хизматрасон бояд бо рушди соҳаҳои махсусгардонӣ ва тағйироте, ки дар эҳтиёҷоти аҳолии ба амал меояд, мувофиқ гардонда шавад.

         Минтақаҳоро ҳамчун комплексҳои аз ҳам ҷудо донистан мумкин нест, зеро онҳо ба ҳам алоқаманданд ва тағйирот дар як минтақа дар минтақаҳои дигар эҳсос карда мешавад.

Дараҷаи кушод будани иқтисодро, одатан, аз тариқи муайян намудани нисбати ҳаҷми мубодилаи мол бар маҷмӯи маҳсулоти тавлидкардашуда муқаррар месозанд.

Саволи 4. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷузъҳои зиёди минтақавӣ таркиб ёфтааст, аз ин рӯ, пеш бурдани сиёсати макроиқтисодии минтақавӣ, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба  мавҷуд будани тафовут дар  фазои иқтисодии ҷумҳурӣ равона гардидааст, бағоят муҳим мебошад.

Баробарсозии рушди иҷмоию иқтисодии минтақаҳо ба он маъно нест, ки дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ соҳаҳои гуногуни иқтисод ва намуди фаъолиятҳо баробар ҷойгир карда шаванд, балки ба он маъност, ки тафовутҳои байниминтақавӣ дар сатҳи инкишофи иқтисодӣ, зиндагонии аҳолӣ кам карда шаванд. Баробар сохтани рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ ба инкишоф ёфтани бозори умумимиллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тамоиолҳои тафовутпазирии (ноҳамгунии) минтақаҳо бо ёрии нишондиҳандаҳое арзёбӣ карда мешаванд, ки сатҳи рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагониро баён месозанд.

Сатҳи рушди иқтисодии кишвар ва минтақа тавассути сарватҳои андӯхтаи миллӣ муайян карда мешавад. Аммо маълумоти омории минтақавӣ танҳо баъзе унсурҳои сарвати миллиро инъикос менамояд ва аз ин рӯ имкон намедиҳад, ки тадқиқотҳои муқоисавии байниминтақавӣ анҷом дода шавад.

Дар солҳои охир низоми омории ҷумҳурӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳисобҳои миллӣ гузашта истодааст, ки мутобиқи он ба сифати муайянкунандаи асосии рушди иқтисодӣ дар сатҳи миллӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар сатҳи минтақавӣ – ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ гирифта мешавад. Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ маълумотҳои расмиро аз рӯи сатҳи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ интишор медиҳад, аммо маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ бинобар мавҷуд будани мушкилоти хусусияти методӣ дошта, ҳанӯз ҳисобу китоб карда намешавад. Ба ғайр аз ин, дар ин маълумотнома нишондиҳандаҳои зиёде дохил карда мешаванд (ба монанди ҳисоби миёнаи душидани шир, ҳисоби миёнаи тухмоварии мурғҳо, ҳисоби миёнаи тароши пашм), ки аслан барои доираи хеле танги мутахассисон лозиманд, дар ҳоле ки нишондиҳандаҳои зиёди хеле муҳим барои умуми ҷомеа, дар бар гирифта намешаванд.

Дар натиҷа, дар ҷумҳурӣ маълумотро дар бораи даромадҳои воқеӣ ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ, бекории воқеӣ, бахши ниҳонии иқтисод, миқёси ҷараёнҳои пулӣ ва ғайра, пайдо кардан ғайримумкин аст.

Минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҳам фарқ мекунанд.

Аз рӯи миқдори маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ тафовути байни минтақаҳои ҷумҳурӣ хеле назаррас аст. Ин тафовутҳо ба таври равшан дар шакли сутунҳои нақшаи баёнӣ нишон дода шудаанд. Миқдори аз ҳама бештари истеҳсолоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (ноҳияи Турсунзода) ва миқдори аз ҳама камтар – дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мушоҳида мерасад.                                                 

         Барои арзёбии тафовутҳои минтақавӣ коэффитсенти вариатсия аз рӯи ин нишондиҳанда ҳисоб карда шуд, ки дар соли 1991-50,9%, дар соли 1995-68,9% ва дар соли 2000-90,0%-ро ташкил медод.

Бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ дар ибтидои солҳои 90-ум беистисно тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифта буд, вале дар ҳар минтақа он хусусиятҳои хоси худро дорад.

  Дар соли 1998 шумораи ноҳия ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо тағйирёбии истеҳсолот ба миқдори ҳисоби миёна (фосилаи 55-85%) наздик будааст, фақат 7,3% – шумораи умумии онҳоро ташкил медод. Вазъият дар оғози соли 2000 як андоза беҳтар гардид, вале ҳанӯз қатъӣ не. Дар соли 1998 дар муқоиса бо соли 1995 миқдори минтақаҳои ба таназзули амиқ гирифторшуда афзоиш ёфт (аз 53,65 то 65,85%), минтақаҳои нисбатан тағйирёбии муносиб дошта коҳиш ёфтааст (аз 25 то 27%).

Агар нишондиҳандаҳои истеҳсолоти саноатии соли 2000-ро бо соли 1991 бо муқоиса гирем, гирифтор будани 63,4% ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ ба касодии истеҳсолии ҷиддӣ аён мегардад.

Миқдори аз ҳама бештари истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар вилояти Суғд ва аз ҳама камтар дар ВМКБ ба даст оварда шудааст.

Минтақаҳои ҷумҳурӣ аз рӯи сатҳи музди кор ҳам аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Коэффитсенти вариатсия аз рӯи ин нишондиҳанда дар соли 1991- 11,8%- ро ташкил медод, дар соли 1995– 21,8%, ва дар соли 2000 – 54,5%, яъне тафовут зиёд мегардад. Ба табақаҳо тақсим шудани минтақаҳо дар нақшаи 3 баён ёфтааст. Дар соли 1991 фарқи байни сатҳи ҳадди аксар ва ҳадди ақал аз сатҳи ҳисоби миёнаи умумиҷумҳуриявии музди кор 1,4 каратро дар соли 1991, 2,4 карат – дар соли 1995, 3,4 карат – дар соли 1999 ташкил додаст, аммо дар соли 2000 ин нишондиҳанда як андоза коҳиш ёфт 3,2 каратро ташкил дод.

Яке аз омилҳои тафовути минтақаҳо аз рӯи сатҳи музди кори миёнаи моҳона – мавҷуд будани фарқ дар таркиби соҳавии иқтисоди минтақаҳо ба шумор меравад.

Дар соҳаи истеҳсолӣ музди кори аз ҳама камро коркунони соҳаи кишоварзию ҷангалпарварӣ ва музди кори нисбатан баландро коркунони дар саноат машғул буда доштанд.

 Дар байни соҳаҳои ғайриистеҳсоли музди кори аз ҳама баландро коркунони муассисаҳои қарздиҳанда ва суғурта ва аз ҳама пастро дар системаи тандурустӣ мегиранд.

         Ба ҳамин тариқ, сатҳи нисбатан баланди музди кор дар ноҳияҳое вуҷуд дорад, ки дар онҳо саноат, инфраструктураи бозаргонӣ тараққӣ ёфта ба соҳибкории муштарак шароит фароҳам омадааст (шаҳри Душанбе, баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ).

         Сатҳи нисбатан пасти музди кор дар минтақаҳоест, ки аз ҳама бештар дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ зарар дидаанд (ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон), инчунин ноҳияҳое, ки аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ аз марказ ҷудо ва дурдаст (ноҳияҳои ВМКБ) мебошанд.

test

Добавить комментарий