Ояндабинӣ, банақшагирии индикативии тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат

С 1. Мафҳум ва моҳияти банақшагирию ояндабинӣ. Ояндабини -ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ.

С 2. Ояндабинии даврҳои бӯҳронҳо – омили муҳими ба тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ мусоидаткунанда.  

С 3. Банақшагирии индикативӣ ва зарурияти омӯзиши он 

С 4. Таърихи пайдоиши банақшагирии индикативӣ

 С 5. Роҳҳои тараққиёт ва намудҳои банақшагирии индикативӣ

Саволи 1. Нақша ва банақшагирӣ яке аз вазифаҳои муҳимтаpини илми идоракунӣ мебошад. Банақшагирӣ-ин ҷараёни интихоби ҳадафҳо ва карорҳое мебошад, ки барои ба мақсад ноил гаштан равона карда мешавад. Ё ба тарзи дигар гӯем банақшагирӣ ин хадафҷӯӣ ё ин ки пеши назар овардани натичаҳоест, ки аз ноил гаштан ба ҳадаф ба даст меояд. Банақшагирӣ дар тамоми давру замонҳо барои ҷомеъаи башар хос буд ва он имконият медод, ки мақсади пешгузошташуда муайян карда шавад ва барои он чораҳои зарурӣ андешида шавад.  Банақшагирӣ ба чандин гурӯҳҳо ҷудо карда мешавад: нақшаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, экологӣ, илмию техникӣ ва ғ.

Нақшаи иқтисодӣ –ин пеш аз ҳама нақшаи истеҳсолот аст, яъне истеҳсоли неъматҳои моддӣ дар назар дошта мешавад. Нақшаи иқтисодӣ инчунин нақшаи тақсимоти маҳсулот, нақшаи боркашонӣ, интиқол ва то ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ расонидани мaҳсулот мебошад. Бинобар ин чунин нақшаро на танҳо маънои истеҳсолу тақсимот, балки инчунин истеъмоли маҳсулотро дар бар мегирад (истеъмоли истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ)

Дар шароити ҳозира, чи дар таҷрибаи мамлакатхои муштаракманофеъ ва чи берун аз он назарияи оянабинии Н.Д. Кондратьев (1892-1938), ки яке аз назарияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок ба ҳисоб меравад васеъ истифода мешавад, ки онро бо чунин тавр тасвир намудан мумкин аст (расми 1):

Хусусияти ояндабинӣ дар бисёр ҳолатҳо аз вақти ба амалоии ҳодиса вобастагӣ дорад, ки аз ин нуқтаи назар он ба қисматҳои зеин ҷудо карда мешавад: кӯтоҳмӯҳлат, миёнамӯҳлат, дарозмӯҳлат ва бисёр хам дарозмӯҳлат. Бояд қайд намуд, ки дар адабиётҳои муаллифон мӯҳлатхои ояндабиниро бо тарзҳои гуногун маънидод намудаанд, ки аз ҳама ба мақсад мувофиқ мӯҳлатҳои зерин муайян карда шудааст: кӯтохмӯҳлат (аз 1 то 3 сол), миёнамӯҳлат (аз 4 то 10 сол), дарозмӯҳлат (аз 10 то 20 сол), бисёр ҳам дарозмӯҳлат (зиёда аз 20-30 сол).

Аз рӯи объект ва ҳудуди ояндабини он ба миқдорӣ ва сифатӣ ҷудо мешавад.

Саволи 2. Яке аз элементҳои мураккаб дар назарияи банақшагирӣ ва ояндабинӣ –ин ояндабинии объектҳои таҳлилшаванда, тағъирёбии давраҳо

  Расми 1. Назарияи ояндабинии Н.Д. Кондратьев ва методологияи

                  банақшагирӣ

(цикл) ва фазаҳои он мебошад, ки ҳангоми ба амалоии бӯҳронҳо ба мушоҳида мерасад. Давраҳо ҳаракати умумии дилхоҳ система дар табиату ҷамъият мебошад, ки дилхоҳ давр ҳангоми пешрафти худ 5 фазро аз сар мегузаронад: бавуҷудоии даври гузашта; барқароршавии инноватсионӣ; тақсимот; тараққиёти мӯътадил; ташаккулёбии системаи нисбатан нав ва пешқадам.  Танҳо баъди ин ҳолатҳо, ивазшавӣ ва гузаштан аз як система ба системаи дигари сифатан нав ё ин ки пошхӯрии системаи амалкунанда ба вуҷуд меояд.  ҳолати дигаре, ки тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии системаҳоро мураккаб месозад –ин пешбинии даврҳои фазаи бӯҳронҳо, тагъирёбии онҳо ва хусусияти оқибатҳои он ва роҳҳои баромадан аз бӯҳронҳо мебошад, ки дар ин ҷо пеш аз ҳама бояд ҳолатҳои зерин ба назари эътибор гирифта шавад:

1. Фазаҳои бӯҳронӣ қисмати асосии тагъирёбии даврии системаи ҷамъиятӣ мебошад. Давомёбии бӯҳронҳо пеш аз ҳама аз намуд ва вақти ҳудуди даврҳо вобастагӣ дорад. Масалан дар доираи даврҳои миёнамӯҳлат фазаи бузург тахминан як маротиба дар даҳ сол ба амал меояд ва 1-2 сол идома меёбад ва дар даврҳои дарозмӯҳлат бошад қариб баъди ду даҳсола ба амал омада 3-5 сол идома меёбад. Боз ҳам бӯҳронҳои дарозамалкунанда дар вақти ивазшавии асрҳо ва даврҳои цивилизатсионӣ ба вуҷуд омада метавонад, ки як чан даҳсолаҳо амал намояд ва тағирётҳои куллиро дар сохтори иқтисодиёт ва ҷамъият ба вуҷуд орад.

2. Бӯҳронҳо метавонанд хусусияти харобкунанда дошта боиси паст рафтани истеҳсолот ва сармоягузорӣ ба капитали асосӣ гардида, сабаби муфлисшавии корхонаҳо гарданд, ки ин ҳолат боиси афзудани шумораи бекорон, паст рафтани даромадҳои реалии қисмати зиёди аҳолӣ гардида, ғайриустувор будани системаи ҷамъиятӣ ба мушоҳида расида ва дар ниҳояти кор боиси ноооромиҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ гардад. 

3. Бӯҳронҳо метавонанд хусусияти хамгироӣ (созидательный) дошта метавонанд барои элементҳои системаи оянда роҳ кушоянд. Дар ин маврид бӯҳронҳо ҳамчун воситаи тозакунанда, ки чизи кӯҳнаро, ки мӯҳлати худро иҷро кардааст нест намуда, метавонад заминаи асосӣ барои тараққӣ намудани системаи оянда гардад.     

4. Давомёбии бӯҳрон аз хусусияти давомёбӣ ва боҳамтаъсирёбии даврҳо, ки дар соҳаҳои гуногун ба амал меояд вобастагӣ дорад. Барои фазаҳои бӯҳронии давраҳои миёнамӯҳлат давомнокии фазаҳои бӯҳронӣ барои 1-2 сол хос буда, баъд аз он давраи депрессия ба вуҷуд омада баъд аз он оживления фаро мерасад, ки дар ин ҳолат сатҳи пастравии истеҳсолот (бо пастравии ММД чен карда мешавад) аз 5-10 % зиёд намегардад. Аммо агар бӯҳрони давраш миёнамӯҳлат бо бӯҳрони давраш дарозмӯҳлат рост ояд он гоҳ он 3-4 сол давом ёфта боиси то 15-20 % пастравии истеҳсолот гардад. Чунин бӯҳрон дар давраи вуҷуд доштани бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ (солҳои 1929-1933) ба мушоҳида мерасид.

5. Бӯҳронҳо дар тағъирёбии системаи иҷтимои сохтори мураккабро фаро мегирад. Ин пеш аз ҳама бӯҳрони иқтисоди мебошад, ки дар навбати худ аз бӯҳрони инвеститсионӣ ва молиявӣ оғоз ёфта боиси муфлисшавӣ, кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот, баланд гардидани дараҷаи бекорӣ, паст гардидани иктидорҳои истеҳсолӣ ва боиси нест гардидани баъзе молҳои ниёзи мардум мегардад. Баландшавии дараҷаи бекорӣ ва паст гардидани сатҳи зисти аҳоли нооромиҳои сиёсиро ба амал оварда ҳатто дар баъзе аз мавридҳо боиси бӯҳронҳои сиёсӣ мегардад дар ниҳояти кор метавонад боиси ивазшавии давлат гардад (масалан дар Германия дар солҳои 30-юм боиси ба дасти фашистон гузаштани давлат гардид).

6. Баромадан аз бӯҳрон дар фазаи депрессия ва дар аввали оживления ба амал меояд. Дар чунин ҳолат баъзе пешравиҳо дар соҳаҳои истеҳсолӣ, дар азнавкунии навоварӣ-инвеститсионии истеҳсолот ба мушоҳида мерасад, ки боиси талабот бо қувваи нави корӣ ва маҳсулотҳои истеъмолӣ ва инчунин талабот бо воситаи истеҳсолот ба мушоҳида мерасад. Ин ба сиёсати зиддибӯҳронии давлат муосидат намуда дар чунин ҳолатҳо консепсияи кейсиани татбиқ карда мешавад, ки аз чунин омилҳо вобастагӣ дорад: балангардидани заказҳои давлатӣ, ташкили корҳои ҷамъиятӣ, баланд гаpрдидани иқтисодиёти ҳарбӣ ва ғ. Ин ҳолат дар ниҳояти кор ба он оварда мерасонад, ки иқтисодиёт ба фазаи инкишофёби (оживлени) ва баъдтар ба балангардии он оварда мерасонад.                   

Саволи 3. Пеш аз оне ки дар бораи банақшагирии индикативӣ маълумот диҳем аввалан мафҳуми банақшагирии стратегиро низ шарҳ додан ба мақсад мувофиқ аст. Банақшагирии стратегӣ ин ҷараёни муайянкунандаи мақсадҳо, инчунин маънои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ бо самтҳои асосии тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимои бо мӯҳлати дароз ё кӯтоҳ ва ягонагии асоси механизми амалигардонии он мебошад. Он ҳисоби омилҳои муҳити беруниро пеш аз ҳама дар назар мегирад, ки аз ин ҷост, ки пешқадам ва гуногунвариант мебошад.   ҳангоми   банақшагирии  стратегӣ  ҳалли  ҳамон масъалаҳое дар назар дошта мешавад, ки хусусияти умумии дигаргуниҳои иқтисодӣ, босуботӣ ва рақобатпазирии иқтисодиёт, сатҳи зисти аҳолӣ, рақобати мудофиавии мамлакат ва ғайраҳоро дар бар мегирад.    

         Банақшагирии индикативӣ, чӣ тавре ки қайд карда шуд асоси воситаи кори оиди амалӣ намудани мақсадҳое мебошад, ки дар нақшаи стратегӣ бо назардошти вазъияти мушахасси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ  гузошта шудааст. Банақшагирии индикативӣ – ҷараёне ташаккули низоми  индикаторҳо мебошад, ки вазъият ва тараққиёти иқтисодиёти мамлакатро, ки бо сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакат мувофиқ аст шарҳ дода бо маҷмӯи чорабиниҳо ба ҷараёнҳои иқтисодӣ-ичтимоӣ таъсиp мерасонад.

Таҷрибаи бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки банақшагирии индикативӣ дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ пеш аз ҳама ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ такья менамояд. Чунин тарзи банақшагирӣ ҳамчун компоненти асосӣ дар низоми танзими давлатии иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, истифодаи он имконият медиҳад, ки ба ҳамомезиши самараноки худтанзимкунии бозор ва танзими марказонидашуда ба амал бароварда шавад.  

Бояд қайд намуд, ки мақоми асосиро дар ба вуҷудоии назария ва амалияи банақшагирии индикативӣ дар солхои 1922-1925 олими рус Н.Д. Кондратьев гузошт, аммо ин назария бо сабабҳои сиёсӣ ва дигар сабабҳо дар таҷриба амалияи худро наёфт. Дар шароити ҳозираи иқтисодиёти бозорӣ асоси амалии банақшагирии индикативӣ аз тарафи К. Ландауер дар китоби «Назарияи иқтисоди миллии банақшагирӣ» (1944) гузошта шуд, ки ҳанӯз дар ҳамон замон чунин ҷиҳатҳои банақшагирии индикативӣ ҷудо карда мешуд:

-нақша дар натиҷаи фаъолияти боиродаю мушаххаси давлат бо якҷоягӣ бо ҳамагуна тарафҳои дахлдор ташаккул меёбад;

-нақшаи қабулшуда бо муҳокимаи кушоду озод, тақозо мекунад, ки принспи қарори пешқадам риoя карда шуда, ба талаботи тамоми ҷомеъа ҷавобгӯ бошад, на ин, ки бо агентҳои алоҳида, ки ба зарари интересҳои умумидавлатӣ оварда расонад;

   -мақсади нақша ва чорабинӣ барои амалигардонии он бояд ҳамин тавр интихоб карда шуда бошад, ки истифодаи самарааш баланд ба даст оварда шавад;

-нақша бояд бо тамоми захираҳо дар тавозун бошад.

Саволи 4. Таҷрибаи банақшагирӣ дар кишвари мо бевосита ба идтиҳоди шӯравӣ мансуб аст, яъне давлате, ки хоҷагии плании марказонидашуда дошт. Собиқ ИҶШС давлате буд, ки моҳияташ хоҷагии ягонаи марказонидашуда буда аз рӯи нақшаи умумидавлатӣ тараққӣ мекард. Банақшагирӣ дар ИҶШС банақшагирии директивӣ (дастурӣ) буд ва план ҳукми қонунро дошт ва аз боло ба поён ҳатман бояд иҷро мешуд.

Банақшагирии индикативӣ нақшае мебошад, ки дар шароити хоҷагии капиталистӣ ва шароити иқтисоди бозоргонӣ сурат мегирад. Бо ибораи дигар ин гуна банaқшагирӣ дар шароите ки моликияти мамлакат пурра давлатӣ нест ва моликияти хусусӣ низ мавқеи муҳимро ишғол менамояд, амал мекунад.

Дар адабиётҳо дар бораи таърихи пайдоиши банақшагирии индикативӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Масалан бо баъзе аз сарчашмаҳои илмӣ ин гунна банақшагирӣ нахустин маротиба дар Франсия дар соли 1946 дар таҳти рохбарии президенти он давpа Де Голл пайдо шуд. Банақшагирии индикативӣ кулли хоҷагии мамлакатро фаро гирифта, дар миқёси корхонаҳо ва ташкилотҳои алоҳида ба мӯҳлати 5 сол сохта мешуд. Аз хамон давра банақшагирии индикативӣ густариш ёфта, махсусан дар давлатҳои рӣ ба тараққӣ дар ҳиндустон, Алҷазоир, Кипр, Камбоҷа, Конго, Гвинея ва ғ. мақоми муҳимро ишғол намуд.

Банақшагирии индикативӣ дар шароити бозор ва вуҷуд доштани корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва омехтаи намудҳои хоҷагидорӣ амал намуда бо воситаи чунин нақшаҳо вазифаҳои умумимиллӣ (ба монанди рушди иқтисодӣ, мубориза ба зидди кашшоқӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва ғ.) ҳалли худро меёбад. Дар мамлакатҳои тараққикарда ин усул истифода шуда ва истифода шуда истодааст, ки  дар ҳар кишвар хусусияти хоси худро доро мебошад. Масалан дар дар Франсия ва Япония –ин нақшаҳои панҷсолаи тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад, дар Ҷумҳурии Чин бошад ин накшаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат ва нақшаҳои солона мебошад ва дар ИМА ин банақшагрии барномавӣ ва низоми контрактӣ мебошад.   

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ банақшагирии индикативӣ аз тарафи мақомотҳои баланди давлати тасдиқ шуда, аммо он ҳамчун роҳнамои сектори хусусӣ амал намуда баъди тасдиқи он ба парлумон ё ба давлат ба банақшагирии директивӣ барнамегардад. Масалан, дар Франсия банақшагирии индикативӣ қувваи конуни давлатиро дорост ва нақша аввалан аз тарафи президент ва баъдан аз тарафи парлумон тасдиқ карда мешавад. Нақшаи тасдиқшуда мақсади умумимиллӣ дошта, барномаи тараққиётиро масалан барои 5 сол дар мегирад. Агар дар панҷсолаи аввал нақша барои барқарор кардани иқтисодиёти баъдиҷангӣ равона мешуд 5-солаҳои минбаъда барои таҷдиди иқтисодиёт, илмӣ-техникӣ, сохтмони манзил барои аҳолӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ равона шуда буданд.   

Дар давлати Россия банақшагирии индикативӣ масалан барои ду баробар зиёд намудани ММД дар 10-солаи ҷорӣ истифода шуда истодааст, ки бо ёрии чунин тарзи банақшагирӣ бояд чунин соҳаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардад:

-идоракунӣ дар сатҳи сохторҳои макроиқтисодӣ;

-идоракунии сохторҳои соҳавӣ ва байнисоҳавӣ;

-идоракунии ҷараёнҳои инноватисонӣ;

-идоракунии алоқаҳои иқтисодии берунӣ.

Барои амалӣ намудани чунин тарзи банакшагирӣ бояд пеш аз ҳама ҳаҷми сармоягузориҳо барои капитали асосӣ, ҷойгиршавӣ ва сохтори талаботи истеъмолӣ, сатҳи даромадҳои пулии аҳолӣ, caҳми даромади буҷа дар ММД ва ғ. ҳисоб карда шавад. 

Саволи 5. Банақшагирии индикативӣ асосан баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тараққии фаъол намуда дар роҳи пешрафти худ бо роххои гуногун тараққӣ намудааст. Дар адабиётҳо аслан се намуди банақшагирии индикативӣ, аз руи хусусияти вақти бамалоӣ ва дараҷаи таъсири механизми банақшагири гурӯҳбандӣ карда мешавад, ки онҳоро ба: конъюктурӣ, сохторӣ ва стратегӣ ҷудо мекунанд. 

Намуди конъюктурӣ яке аз шаклҳои таърихии банақшагирии индикативӣ мебошад, ки таҳти мафҳуми конъюктура маҷмӯи шароитҳо ва омилҳо, ки вазъияти иқтисоди-иҷтимоиро муайян мекунанд фаҳмида мешавад. Вазифаи асосии чунин намуди банақшагирӣ дар беҳдошти конюъктураи иқтисодӣ ва таъмини нисбатан тавозуни тараққиёти иқтисодӣ бо роҳи истифодаи комплексии фишангҳои макроиқтисодӣ ба монанди молиявӣ-буҷавӣ, пули-қарздиҳӣ ва ғайраҳо мебошад. 

Намуди сохторӣ яке аз шаклҳои мукаммали банақшагирии индикативӣ ба ҳисоб меравад, ки тақсимоти фаъолияти планиро дар сатҳи мезо ва макроиқтисодӣ нишон медиҳад. Дар чунин тарзи банақшагирӣ диққати асосӣ ба таъмини сиёсати сохтории давлат дар ҳудуди минтақаҳо, соҳаҳо ва секторҳои иқтисодӣ бо роҳи мувофиқtа намудан бо нақша ва интересҳои корхона ва давлат равона карда мешавад. Зарурияти истифодаи намуди сохтори банақшагирии индикативӣ дар хамон ҳолат ба амал меояд, ки агар сиёсати давлат  дар навбати аввал ба тақсимоти ҳудуди равона карда шавад, Барои муаяйн накмудани чунин параметрҳо чорабиниҳои зерин ба монанди механизми қарзҳои кредитӣ, имтиёзҳои андоз ва дигар чорабиниҳои ёрии давлатӣ дар ҳудуди мақомотҳои идоракунии минтақавӣ ва корхонаҳои хусусӣ истифода мешавад.

Намуди стратегии банақшагирии индикативӣ боз ҳам таҳлили чуқури ҳамаи субъектҳои иқтисоди миллиро талаб мекунад. Хусусияти чунин намуди банақшагирии индикативӣ пеш аз ҳама дар мавқеи васеъи нақшаҳои индикативӣ ва интегратсияи баланди он бо сиёсати дарозмуддати сиёсати иқтисодӣ ба назар мерасад.

Бояд қайд намуд, ки дар базаи банақшагирии индикативӣ механизми таъминоти мақсад ва роҳнамо (ориентир)-и тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии давлат ба вуҷуд меояд, ё ин ки ба таври дигар гӯем давлат ба тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ бо воситаи кооридинатсия ва ахборот таъсир мерасонад на ин ки бо воситаи қарорхо ва фармонҳо. Дар натиҷаи ивазшавии нақша ва ахборот байни давлат ва корхонаҳои хусусӣ схемаи оптималии сатҳи тараққиёти пешниҳодшаванда ба амал меояд. Аз ин нуқтаи назар гуфтан мумкин аст, ки вазифаи асосии банақшагирии индикативӣ –ин ахбороти-роҳнамои мебошад, ки ҳамчун вазифаи мотиватсионӣ ба ҳисоб меравад.

test

Добавить комментарий