Таҳвилгари гумрукӣ

Таҳвилгари гумрукӣ – ин ташкилоти тиҷоратӣ (корхона) мебошад, ки мувофиқи қонунгузорӣ ташкил шуда, ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқиро дорад ва иҷозатнома барои амалӣ гардонидани фаъолият ба сифати таҳвилгари гумрукиро ба даст овардааст.

Таҳвилгари гумрукӣ интиқоли молҳоеро, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, таъмин мекунад.

Мақоми гумрук таҳвилгарони гумрукиеро, ки нияти иҷро намудани чунин вазифаҳоро доранд, дар минтақаи фаъолияти мақоми мазкур ба қайд мегирад. Бақайдгирӣ дар асоси аризаи таҳвилгари гумрукӣ анҷом дода мешавад.

Таҳвилгари гумрукӣ ҳуқуқ дорад молҳоеро, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, бе ҳамроҳии гумрукӣ ва таъмини пардохти пардохтҳои гумрукӣ (гарави молҳо ва воситаҳои нақлиёт, кафолати шахсони сеюм, ба амонат мондани маблағи лозимӣ) интиқол диҳад.

Се шакли таҳвилгарони гумрукӣ мавҷуданд:

  • минтақавӣ (зонавӣ);
  •  минтақавӣ(регионалӣ);
  • умумӣ.

Таҳвилгари гумрукии минтақавӣ (зонавӣ) фаъолияти хешро танҳо дар минтақаи фаъолияти як гумрук ба роҳ мемонад.

Таҳвилгари гумрукии минтақавӣ (регионалӣ) дар минтақаҳои фаъолияти якчанд гумрукҳо, ки ба як раёсати гумрукии минтақавӣ итоат мекунанд, фаъолият мекунад.

Таҳвилгари гумрукии умумӣ фаъолияти худро дар минтақаи фаъолияти якчанд раёсатҳои минтақавии гумрукӣ ё двр твмоми ҳудуди мамлакат амалӣ мекунад.

Барои гирифтани иҷозатнома барои амалӣ гардонидани фаъолият ба сифати таҳвилгари гумрукӣ зарур аст:

а) доштани воситаҳои нақлиёте, ки  таҷҳизотҳояшон ба талаботи таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт (контейнерҳо) барои кашонидани молҳо бо мӯҳр ва тамғаи гумрукӣ (дар оянда – Қоидаҳо, таҷҳизот) ба миқдоре, ки гумруки минтақаи фаъолияти ҷойгиршавии ширкат муайян мекунад, вобаста ба он, ки молҳое, ки бо сабабҳои техникӣ дар чунин воситаҳои нақлиёт интиқол дода мешаванд, бояд танҳо дар онҳо интиқол дода шаванд;

б) бастани қарордод дар бораи суғуртаи фаъолияти худ. Объекти суғуртакунӣ ҷавобгарӣ дар назди мақомотои гумрук ва шахсоне ба ҳисоб меравад, ки молҳояшон интиқол дода мешаванд.

в) дар моликияти шахсӣ доштан ё ба мӯҳлати на кам аз се сол ба иҷора гирифтани шумораи воситаҳои нақлиёте, ки мувофиқи Қоидаҳои таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт таҷҳизонида шудаанд ва дар мӯҳлати 24 соат ба макони барасмиятдарории гумрукӣ дар минтақаи фаъолияти мақомоти гумруке, ки таҳвилгари гумрукӣ ба қайд гирифта шудааст, омада расидани ақаллан як воситаи нақлиётро таъмин мекунад. Ҳамзамон мӯҳлати амали иҷора бояд мӯҳлати амали иҷозатномаро фаро гирад;

г)  пардохтани боҷ барои додани иҷозатнома;

д) дар моликият ё дар истифодабарии пурраи хоҷагӣ доштани фонд (восита) – ҳои асосӣ – бино, иншоот, мошин ва таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар моликият.

Таҳвилгари гумрукӣ вазифадор аст:

  • дастрас намудани молҳо ва ҳуҷҷатҳои онҳо бе расонидани ягон тағйирот ба борҷома ё ҳолати онҳо, ба ғайр аз тағйиротҳое, ки дар натиҷаи кӯҳнашавии табиӣ ё зарар ҳангоми шароитҳои муқаррарии интиқол ва нигоҳдорӣ ба миён меоянд, бе истифодабарӣ бо мақсадҳои дигар ба  ғайр аз интиқол, ба макони аз тарафи мақомоти гумрук муайяннауда ва дар он ҷо истодан баъди расидан;
  • риоя кардан ба мӯҳлат ва масири дастрас намудани мол ва ҳуҷҷатҳои он, ки аз ҷониби мақомоти гумруки фиристонанда муайян карда шудаанд. Мӯҳлати дастрас намудан мувофиқи мӯҳлатҳои муқаррарии дастрас намудан вобаста аз имкониятҳои воситаи нақлиёт, масири муайяншудва ва дигар шартҳои интиқол, аммо на зиёда аз мӯҳлати ниҳоӣ, ки бо ҳисоби на зиёда аз 2 ҳазор км дар як моҳ муқаррар карда шудаанд, муайян карда мешавад.
  • интиқол надодани дигар молҳо ҳамроҳ бо молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарор дошта;
  • таъмин намудани амнияти молҳо;
  • ба мақомоти гумруки таъинот пешниҳод намудани мол ва ҳуҷҷатҳои он ва ҳангоми талаби ин мақомот ба таври воқеӣ нишон додани молҳо;
  • молҳоеро, ки ба макони таъинот дар вақти ғайрикории мақоми гумрук мерасанд, дар минтақаи назорати гумрукӣ ҷой додан;
  • баъди дастрас намуани молҳо бе иҷозати мақоми гумруки таъинот онҳоро бе назорат намондан, ҷои таваққуфгоҳро тағйир надодан, моҳоро холӣ карда аз нав бор накардан, ҷои аввалаи ҷойгииршавии молҳоро тағйир надодан, борҷомаро накушодан, борҷома ва азнав борҷома накардани молҳо, тоза накардан, нобуд накардан ва тағйир надодани воситаҳои ҳаммонандкунии гумрукӣ;
  • ба ҳайати кормандони худ омӯхтани қоидаҳои таҳвили мол таҳти назорати гумрукӣ;
  • бурдани ҳисобдории таҳвилҳо таҳти назорати гумрукӣ ва ба мақоми гумруке, ки он ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод намудани ҳисобот оиди чунин таҳвилҳо;
  • дар ҳолати техникии зарурӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт ва таъмин намудани мувофиқати доимии таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт ба қоидаҳои муҷаҳҳазгардонӣ;
  • таъмин намудани боркунӣ ё азнавборкунии молҳо ба воситаҳои нақлиёти худ, фаровардан ва ё азнавборкунии онҳо бо қувваҳои худӣ ё дар асоси шартнома бо дигар ташкилот ё корхонаҳо;
  • бо талаби мақоми гумруки таъинот дарҳол ё дар мӯҳлати муайяннамудаи ин мақомот таъмин намудани тағйири макони таваққуфгоҳ, боркунӣ ё азнавборкунии молҳо, тағйири ҷои аввалаи ҷойгиршавии молҳо, кушодани борҷома, борҷома ё азнав борҷома кардани молҳо, тағйир додан, тоза кардан ё нобуд кардани воситаҳои ҳаммонандкунӣ;
  • ҳангоми садама ё дигар амали аз қудрат берун андешидани тамоми чораҳо барои таъмини бехатарии мол ва роҳ надодан ба истифодабарии беиҷозати онҳо, дарҳол хабар додан ба мақоми гумруки наздиктарин оиди вазъият, макони ҷойгиршавии молу воситаҳои нақлиёт, таъмин намудани таҳвили мол ба мақоми гумруки наздиктарин ва дигар чораҳоро, ки барои таъмин намудани назорати гумрукӣ аз ҷониби ин мақоми гумрук муайян карда мешаванд, андешидан.

Муносибатҳои мутақобилаи байни таҳвилгар, фиристонанда, қабулкунандаи молҳо ва таҳвилгари гумрукӣ дар асоси шартнома бунёд мешаванд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.