Принсипҳои умумии танзими фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ

Алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ чун ҳар категорияи иқтисодӣ меъёрҳои ҳуқуқиро доро мебошад, ки бо санадҳои қонунгузориву дастурии гуногун ба таври ҳуқуқӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Танзими алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ дар асоси созишномаҳои ҳукуматии дуҷониба ва санадҳои қонунгузории ҶТ оид ба фаъолияти савдои берунмарзиӣ ба амал бароварда мешаванд.

Принсипҳои асосии танзими давлатии фаъолияти савдои берунмарзӣ ба ҳисоб мераванд:

а) сиёсати савдои берунмарзӣ – қисми таркибии сиёсати берунаи мамлакат;

б) ягонагии низоми танзими давлатии фаъолияти савдои берунмарзӣ ва назорат аз болои амалишавии он;

в) ягонагии сиёсати назорати содиротӣ, ки бо мақсади амалигардонии вазифаҳои давлатӣ оид ба таъмини амнияти миллӣ, манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ, инчунин иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқӣ оид ба роҳ надодан ба баровардани яроқи қатли ом ва дигар шаклҳои хавфноки яроқ амалӣ карда мешавад;

г) ягонагии ҳудуди гумрукӣ;

д) афзалияти чораҳои иқтисодии танзими давлатии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ;

е) баробарии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ва таҳти поймолкунӣ набудани ҳуқуқи онҳо;

ж) аз ҷониби давлат ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иштирокчиёни фаъолияти савдои берунмарзӣ;

з) роҳ надодан ба дахолати давлат ва мақомотҳои он ба фаъолияти савдои берунмарзӣ, расонидани зарар ба иштирокчиёни он ва иқтисодиёти мамлакат дар умум.

Сиёсати савдои берунмарзии давлатӣ тавассути истифода бурдани усулҳои иқтисодӣ ва маъмурии танзими фаъолияти савдои берунмарзӣ амалӣ карда мешавад. 

Ба онҳо усулҳои зерин дохил мешаванд:

  • Танзими гумрукӣ-тарифӣ, яъне истифода бурдани тарифҳои воридотӣ ва содиротӣ;
  • Танзими ғайритарифӣ, яъне истифода бурдани квотакунонӣ, литсензиякунонӣ ва ғ.

Танзими дигар намудҳои фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ, ьа монанди ҳамкории байналхалқии инвеститсионӣ, кооператсияи истеҳсолӣ, амалиётҳои асъорӣ ва молиявию қарзӣ, мувофиқи қонун ва дигар санадҳои меъёрии дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.  

Бо мақсади танзими амалиётҳои содиротию воридотӣ, аз он ҷумла барои ҳимояи бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳавасманд гардонидани тағёиротҳои сохтории пешрафт дар иқтисодиёти он, боҷҳои гумрукии воридотӣ ва содиротӣ ҷорӣ карда мешаванд.

Содирот аз ҶТ ва воридат ба ҶТ бе маҳдудиятҳои шуморавӣ амалӣ карда мешаванд.

Махдудиятҳои шуморавии воридот ва содирот, дар ҳолатҳои истисноӣ метавонанд аз ҷониби Ҳукумати ҶТ ҷорӣ карда шаванд, бо мақсади:

  • таъмини амнияти миллии мамлакат; иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқии ҶТ бо назардошти вазъият дар бозори моли дохилӣ;
  • ҳимоя намудани бозори дохилии мамлакат.

Қарори Ҳукумати ҶТ дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шуморавии содирот ва воридот на дертар аз се-шаш моҳ пеш аз ҷорӣ кардани ин маҳдудиятҳо қабул ва расман нашр карда мешаванд.

Тақсимоти квота ва додани иҷозатномаҳо ҳангоми ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шуморавӣ, чун қоида, бо роҳи гузаронидани озмун ё музояда ё гузаронидани амалиёти содироту воридот то лаҳзаи иҷрои маҷмӯии квотаҳо таъмин карда мешавад.

Дар ҳолате, ки ягон маҳсулот ба миқдоре ё шартҳое ворид карда мешавад, ки ба истеҳсолкунандагони чунин молҳо ё молҳои бевосита рақобаткунанда бо он дар дохили мамлакат зарар мерасонад ё хавфи расонидани зарар ба миён меояд, Ҳукумати ҶТ мувофиқи меъёрҳои умумиқабулшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ҳуқуқ дорад чораҳои ҳимоякунандаро то ҳамон сатҳ ва мӯхлате, ки барои бартараф кардани зарар ё хавфи он заруранд, қабул ва ҷорӣ кунад.          

Шаклҳои чунин чораҳои ҳимоякунанда нисбати воридоти молҳо ба ҳисоб мераванд:

  • маҳдудкунии миқдории воридот;
  • боҷҳои гумрукии баландкардашудаи махсус.

                 Манъ ва маҳдуд кардани содирот ва ё воридоти молу хизматҳо вобаста ба манфиатҳои миллӣ муқаррар карда мешаванд, ки иборатанд аз:

  • риоя намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ;
  • ҳифзи зиндагӣ ва саломатии одамон, хифзи олами ҳайвоноту наботот ва муҳити атроф дар умум;
  • ҳифзи мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ аз ғайриқонунӣ баровардан ё ворид намудан, инчунин додани ҳуқуқи моликият ба онҳо;
  • зарурияти бартараф кардани ба анҷом расонидани захираҳои барқарорнашавандаи табиат, агар чораҳои бо он алоқаманд ҳамроҳ бо маҳдуд кардани истеҳсол ва истеъмоли дохилӣ гузаронида шаванд;
  •  таъмини амнияти миллии ҶТ;
  • Ҳимояи вазъи молиявии беруна ва дастгирӣ намудани тавозуни пардохти Ҷумҳурӣ;
  • иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

               Молҳое, ки ба ҳудуди мамлакат ворид карда мешаванд, бояд ба талаботҳои техникӣ, формакологӣ, санитарӣ, бойторӣ, фитосанитарӣ ва меъёрҳо ва талаботҳои экологие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҷавобгӯ бошанд.

Ворид кардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ хатарнок зери назорати махсус қарор дорад. Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад, молҳое, ки:

  • ба талабот ва меъёрҳои дар боло номбаркарда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, ҷавобгӯ нестанд;
  • сертификат, тамға ё аломати мутобиқат, ки бо санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд,  надоранд;
  • ҳамчун молҳои истеъмолии хатарнок, барои истифодабарӣ манъ карда шудаанд;
  • нуқсонҳое доранд, ки барои истеъмолкунандагон хатар доранд.

Молҳои номбаршуда бояд баргашта бароварда ё нобуд карда шаванд.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалигардонии фаъолияти савдои берунмарзӣ нисбати яроқ, техникаи ҳарбӣ ва молҳои таъиноти духела, инчунин риоя кардани ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди паҳн накардани яроқи қатли ом ва дигар намудҳои хатарноки яроқ ва технологияҳои истеҳсоли онҳо дар мамлакат низоми назорати содиротӣ амал мекунад.

Содироти молу хизматрасониҳои дар боло номбаршуда, натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, аз он ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати ҶТ муайяншуда, амалӣ карда мешавад.

Барои гурӯҳи алоҳидаи молҳо барои содирот ва ё воридот инҳисороти давлатӣ монда мешавад.

Инҳисори давлатӣ ба содирот ва ё воридоти гурӯҳи алоҳидаи молҳо дар асоси литсензиякунонии фаъолият оиди содирот ва ё воридоти молҳо амалӣ карда мешавад. Литсензия аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия танҳо ба корхонаҳои воҳид дода мшавад, ки вазифадоранд, додугирифтҳои содироту воридотро дар асоси принсипҳои фаъолияти бовиҷдононаи тиҷоратӣ ва поймол накардани ҳуқуқ ба роҳ монанд. Корхонаи воҳид ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки ба моликияти аз ҷониби соҳибмулк ба вай вобастакарда ҳуқуқи моликиятӣ надорад.

Реҷаҳои махсуси амалигардонии шаклҳои намудҳои алоҳидаи фаъолияти савдои берунмарзӣ савдои наздисарҳадӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд.

Савдои наздисарҳадӣ байни шаҳрвандони ҶТ, ки дар ҳудуди наздисарҳадии ҶТ макони зисти доимӣ доранд ва шахсони хориҷие, ки дар ҳудуди наздисарҳадии дахлдоре, ки бо шартномаҳои байналхалқии ҶТ бо мамлакатҳои ҳамсарҳад муайян карда мешаванд, макони зисти доимӣ доранд, танҳо барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маҳаллӣ ба молҳое, ки дар ҳудуди наздисарҳадии мазкур истеҳсол мешаванд, инчунин молҳое, ки барои истеъмол дар ҳудуди наздисарҳадии дахлдор пешакӣ муайян карда шудаанд, амалӣ карда мешавад.

Нақши асосиро дар танзими фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ва назорат аз болои амалигардонии он ташкили оқилонаи фаъолияти гумрукӣ мебозад, ки сиёсати гумрукии ҶТ, инчунин тартиб ва шартҳои ҳаракати молу воситаҳои нақлиётро тавассути ҳудуди гумрукии ҶТ, ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукиро дар бар мегирад.

        Асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти гумрукӣ аз тарафи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Фаъолияти гумрукиро мақомотҳои гумруки ҶТ, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб мераванд, амалӣ мегардонанд. Низоми мақомоти гумрук дар бар мегирад:

а) кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҶТ;

б) раёсатҳои минтақавии гумрукӣ;

в) гумрукҳо;

г) дидбонҳои гумрукӣ.

Мақомоти гумрук вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • дар коркарди сиёсати гумрукӣ ва амалӣ гардонидани он иштирок мекунанд;
  • риоя кардани қонунгузорӣ дар бахши фаъолияти гумрукиро таъмин карда, барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиёни фаъолияти беруниқтисодӣ ҳангоми амалигардонии фаъолияти гумрукӣ чораҳо меандешанд;
  • манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд;
  • боҷи гумрукӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои гумрукиро меситонанд;
  • риояи тартиби иҷозатдиҳии ҳаракати мол ва воситаҳои нақлиётро тавассути ҳудуди гумрукии ҶТ таъмин мекунанд;
  • ба муқобили қочоқ, вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ ва қонунгузории андозии мутааллиқ ба молҳое, ки аз сарҳади гумрукии ҶТ интиқол дода мешаванд, мубориза мебаранд;
  • омори гумрукии савдои хориҷӣ ва омори гумрукии махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад;
  • Феҳрасти моли фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ (ФМ ФИБ) – ро пеш мебаранд;
  • назорат аз болои содироти маводҳои стратегӣ ва дигар маводҳои ҳаётан муҳим барои манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ мекунанд;
  • назорати асъориро дар доираи салоҳияти худ амалӣ мекунанд;
  • иҷро кардани қисми ба фаъолияти гумрукӣ дахлдори ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунанд;
  • дигар вазифаҳо.

Назорати гумрукӣ аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук бо роҳи тафтиш намудани ҳуҷҷат ва маълумотҳое, ки барои мақсадҳои гумрукӣ заруранд; азназаргузаронии гумрукӣ (азназаргузаронии мол ва воситаҳои нақлиёт, азназаргузаронии шахсӣ); баҳисобгирии мол ва воситаҳои нақлиёт; пурсиши шифоҳии шаҳрвандон; тафтиши низоми баҳисобгирӣ ва ҳисобдорӣ; муоинаи ҳудуд ва бинои анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, анборҳои гумрукӣ, анборҳои озод, минтақаҳои озоди гумрукӣ ва мағозаҳои савдои бебоҷ, дигар ҷойҳое, ки мол ва воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордашта ё фаъолияте, ки назораташ ба ӯҳдаи мақомоти гумрук гузошта шудааст, ҷой доранд; дигар шаклҳое, ки Кодекси гумрукии ҶТ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ кардаанд, амалӣ карда мешавад.

Назорат дар минтақаҳои назорати гумрукӣ, ки дар тӯли сарҳади гумрукии ҶТ ё дигар ҷойҳо ташкил мешаванд, гузаронида мешавад.

test

Добавить комментарий