Эъломиякунонӣ ва Анбори гумрукӣ

Мол ва воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳад гузаронида мешаванд ва ё реҷаи гумрукиашон тағйир меёбанд, инчунин дигар мол ва воситаҳои нақлиёте, ки санадҳои қонунгузории ҶТ муайян кардаанд, бояд ба мақомоти гумрук эъломия карда шаванд. 

Эъломиякунонӣ аз пешниҳод намудани эъломия ба мақомоти гумрук иборат мебошад.

Эъломияи гумрукӣ  (лот. declaratio – изҳорот, эълон) ҳуҷҷате мебошад, ки мувофиқи талаботҳои қонунгузории миллӣ ба расмият дароварда шудааст ва иттилооти зарурӣ доир ба моли сарҳадро убуркунанда, аз он ҷумла, молҳои содир ва воридкунанда, бағоҷи мусофирӣ, бори дастӣ, арзишҳо ва асъорро дар бар мегирад.

Эъломияи гумрукӣ асос барои тавассути сарҳади давлатӣ иҷозат додани воридот, содирот ва транзит ба ҳисоб меравад.

Эъломиякунонӣ бо роҳи дар шакли муқарраркардашуда (хаттӣ, шифоҳӣ, бо роҳи интиқоли электронии маълумотҳо ва ғ.) изҳорот кардани иттилооти аниқ дар бораи мол ва воситаҳои нақлиёт, дар бораи реҷаи гумрукии онҳо ва дигар маълумотҳое, ки барои ҳадафҳои гумрукӣ заруранд, анҷом дода мешавад.

Воситаҳои нақлиёте, ки молҳоро интиқол медиҳанд, якҷоя бо молҳо эъломия карда мешаванд.

Нақлиёти ҳавоӣ дар фурӯдгоҳи вуруд ба ҳудуди гумрукӣ ё фурӯдгоҳи сафар аз ҳудуди гумрукӣ эъломия карда мешаванд. Воситаҳои нақлиёти холӣ ва воситахои нақлиёте, ки мусофиронро мекашанд, ҳангоми убур намудани сарҳади гумрукии ҶТ эъломия карда мешаванд.

Мӯҳлати пешниҳод намудани эъломияҳо наметавонанд зиёда аз 15 рӯз аз рӯзи пешниҳод намудани мол ва воситаҳои нақлиёт ба мақомоти гумрук тӯл кашанд.

Ҳангоми аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани молҳо бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ дар бори дастӣ ва бағоҷи ҳамроҳ аз тарафи шахсон эъломияи гумрукӣ якҷоя бо пешниҳоди молҳо дода мешавад.

Воситаҳои нақлиёти холӣ ва воситаҳои нақлиёте, ки мусофиронро мекашонанд, на дертар аз се соати баъди убур кардани сарҳади гумрукӣ эъломия карда мешаванд. Воситаҳои нақлиёти аз ҳудуди гумрукӣ бароянда бошанд, на дертар аз се соат пеш аз гузаштани сарҳади гумрукӣ эъломия карда мешаванд.

Мӯҳлатҳои нишондодашуда метавонанд бо тартиб ва шартҳои аз тарафи Кодекси гумруки ҶТ муайянкунанда дароз карда шаванд.  

Эъломиякунанда метавонад шахси интиқолкунандаи мол ва воситаҳои нақлиёт ё брокери гумрукӣ бошанд.

Ҳангоми эъломия кардани молу воситаҳои нақлиёт, эъломиякунанда вазифадор аст:

  • эъломиякунонии мол ва воситаҳои нақлиётро мувофиқи тартиби муқарраркардаи Кодекси гумрукӣ гузаронад;
  • бо талаби мақомоти гумрук молу воситаҳои эъломияшавандаро пешниҳод намояд;
  • ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷат ва маълумотҳои иловагие, ки барои ҳадафҳои гумрукӣ заруранд.
  • Пардохтани пардохтҳои гумрукӣ;
  • Ба мақомотҳои гумрукӣ кӯмак расонидан дар гузаронидани барасмиятдарории гумрукӣ, аз он ҷумла бо роҳи амалӣ намудани амалиётҳои боркашонӣ ва дигар амалиётҳо;

               То пешниҳод намудани эъломияи гумрукӣ эъломиякунанда ҳуқуқ дорад таҳти назорати гумрукӣ мол ва воситаҳои нақлиётро муоина ва андоза кунад, бо иҷозати мақомоти гумрук намуна ва нусхаи молҳоро гирад.

Барои намуна ва нусхаҳои молҳо эъломияи ҷудогона дода намешавад, ба шарте, ки онҳо дар эъломияи гумрукӣ, ки барои молҳо дода мешаванд, ворид карда шаванд.

Пешниҳод намудани эъломияи гумрукӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки борои ҳадафҳои гумрукӣ заруранд, якҷоя амалӣ карда шавад. Мақомоти гумрук ҳуқуқ дорад бо мақсади тафтиш намудани иттилооте, ки дар эъломияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардашуда оварда шудаанд, ва дигар ҳадафҳои гумрукӣ маълумотҳои иловагиро талаб намояд.  

Мақомоти гумрук ҳуқуқ дорад мӯҳлатҳо барои пешниҳод намудани ҳуҷҷат ва маълумотҳои намерасидагиро муқаррар намояд.

Тағйир, илова ё гирифтан танҳо амалӣ карда мешавад, то:

  • оғози санҷиши эъломияи гумрукӣ;
  • оғози муоинаи мол ва воситаҳои нақлиёт;
  • маълум намудани шубҳаовар будани маълумотҳои нишондодашуда.

Тағйир ё илова ба эъломияи гумрукӣ наметавонад доираи амали онро маҳдуд ва ё васеъ кунад.

Анбори гумрукӣ

Анбори гумрукӣ бинои пӯшида ё майдони кушоде мебошад, ки барои нигоҳдории молҳо, бағоҷ ва дигар ашёҳо то иҷозат додани онҳо ба дохили мамлакат ва ё берун аз он, яъне то пардохт намудани пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳое, ки вобаста ба ворид ё содир намудани ин ашёҳо ситонида мешаванд, ё ба гумрук пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷозати онҳо тавассути сарҳади гумрукӣ заруранд, пешбинӣ карда шудаанд.

Анбори гумрукӣ – ин реҷаи гумрукие мебошад, ки мувофиқи он молҳои воридшуда таҳти назорати гумрукӣ, бе ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо (ААИ ва акизҳо) ва бе истифодаи чораҳои сиёсати иқтисодӣ (литсензиякунонӣ, квотакунонӣ) нисбати онҳо дар давраи нигоҳдорӣ нигоҳ дошта мешаванд, молҳое, ки барои баровардан таҳти реҷаи гумрукии содирот пешбинӣ карда шудаанд, таҳти назорати гумрукӣ бо пешниҳод намудани имтиёзҳое, ки бо қонунгузории гумрукӣ пешбинӣ карда шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд.  

Анборҳои гуирукӣ ду навъ мешаванд: кушода, ки барои истифодаи ҳар шахс дастрасанд ва пӯщида, ки барои нигоҳ доштани молҳои танҳо гурӯҳи муайяни шахсон пешбинӣ шудаанд.

Анборҳои гумрукӣ метавонанд аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар шахсони ҳуқуқӣ, иттиҳоди шахсон бо номи худ, аммо мақоми шахси ҳуқуқиро надошта, соҳибкорони инфиродии хусусӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шаванд.

Анборҳои гумрукии шакли кушод метавонанд аз ҷониби раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо пешниҳоди гумруке, ки дар минтақаи фаъолияташ бинои барои анбори гумрукӣ пешбинишуда қарор дорад, таъсис дода шавад.                                                                                                                      Ташкил ва истифодаи ин анборҳо мувофиқи Қоидаҳои ташкили анборҳои гумрукӣ аз тарафи мақомоти гумруки ҶТ ва истифодаи чунин анборҳо амалӣ карда мешавад.

Нигоҳдории молҳое, ки ба анбори гумрукии аз ҷониби мақоми гумрук ташкилшуда ҷойгир карда мешаванд, мувофиқи қонунгузории шаҳрвандӣ ва шартномаи нигоҳдорӣ байни гумрук ва шахсе, ки молҳоро ба чунин анбор ҷойгир мекунад, гузаронида мешавад.  

Шартнома барои нигоҳдорӣ дар шакли шаҳодатномаи анбор ба расмият дароварда шуда, аз лаҳзаи ба нигоҳдорӣ супоридани молҳо басташуда ҳисоб карда мешавад.

Нусхаи якуми шаҳодатномаи анбор дар анбори гумрукӣ нигоҳ дошта мешавад ва ҳамчун асос барои аз анбор додани молҳо хизмат мекунад, нусхаи дуюм ба шахсе дода мешавад, ки молҳоро барои нигоҳдорӣ ба анбори гумрукӣ ҷойгир намудааст ва нусхаи сеюм бошад, барои ҳисобҳои молиявӣ истифода карда мешавад.

Варақаҳои шаҳодатномаи анбор ҳуҷҷатҳои ҳисоботи молиявии аниқ ба ҳисоб мераванд.

Аз номи мақоми гумрук ба шаҳодатномаи анбор мудири анбор (муовини ӯ), муовини сармуҳосиби гумрук ва шахсони мансабдоре, ки вазифаҳои аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгарро дар анбори гумрукӣ ишғол мекунанд, имзо карда шуда, бо мӯҳри гумрук тасдиқ карда мешавад.

Ҳангоми ҷойгир намудани молҳо ба анбори гумрукӣ, мақоми гумрук бо назардошти фикри шахсе, ки молҳоро ба анбори гумрукӣ ҷойгир мекунад, онҳоро вобаста аз нархи озоди бозорӣ ба онҳо нарх мемонад. Арзиши гузошташуда дар шаҳодатномаи анбор нишон дода мешавад.    

Мақоми гумрук – соҳиби анбор барои гумм шудан, кам шудан ё вайрон шудани молҳое, ки дар анбори гумрукӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар ҳолате, ки онҳо бо айби мақоми гумрук ба амал омада бошанд, ҷавобгар аст:

  • барои гумм шудан – дар ҳаҷми арзише, ки дар шаҳодатномаи анбор нишон дода шудааст;
  • барои кам будан – ба андозаи арзиши молҳои намерасидагӣ;
  • барои вайрон шудан – дар ҳаҷми маблағе, ки арзиши молҳо паст шудаанд.

Молҳое, ки метавонанд ба дигар молҳо зарар расонанд ё шароитҳои махсуси нигоҳдориро талаб мекунанд, бояд дар иншоотҳои махсуси мутобиқкардашуда нигоҳ дошта шаванд.

Молҳо дар анбори гумрукӣ метавонанд дар тӯли се сол нигоҳ дошта шаванд.

Мӯҳлати нишондодашуда метавонад аз тарафи мақоми гумрук барои шахсони алоҳида маҳдуд карда шавад. Мӯҳлати маҳдудкардашудаи нигоҳдории молҳо – на кам аз як сол.

Молҳое, ки барои баровардан таҳти реҷаи гумрукии содирот ва пешниҳод намудани имтиёзҳо (озод кардан аз боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ё баргардонида додани маблағҳои пардохтшуда), пешбинӣ шудаанд, дар анбори гумрукӣ метавонанд на зиёда аз се моҳ нигоҳ дошта шаванд.

Мӯҳлати мушаххаси нигоҳдории молҳо дар доираи муайяншуда, аз тарафи шахсе, ки молҳоро ба анбори гумрукӣ ҷойгир мекунад, якҷоя бо мақоми гумрук  муайян карда мешавад.

Ҳангоми поён ёфтани мӯҳлати нигоҳдорӣ, ки аз тарафи шахси молҳоро ба анбори гумрукӣ ҷойгирнамуда, якҷоя бо мақоми гумрук муайян карда шудаанд, молҳо бояд бо риояи қонунгузории гумрукӣ аз анбори гумрукӣ бароварда шаванд. Мӯҳлати нишондодашуда метавонад дароз карда шавад. Дар ин вақт шаҳодатномаи нави анбор тартиб дода мешавад.

Ҳангоми анҷом ёфтани мӯҳлати охирини нигоҳдорӣ, молҳо бояд ба дигар реҷаи гумрукӣ гузаронида шаванд ва аз анбори гумрукӣ бароварда шаванд.

Додани молҳо аз анбор дар ҳолате ба амал бароварда мешавад, ки аз тарафи шахси молҳоро ба анбори гумрукӣ ҷойгирнамуда талаботҳои қонунгузории гумрукӣ, аз он ҷумла пардохти пардохтҳои гумрукӣ мувофиқи реҷаи гумрукии баёншуда риоя карда шаванд.

Додани молҳо бо имзои шахсе, ки молҳоро гирифтааст, имзоҳои мудири анбор (муовини ӯ), муовини сармуҳосиби гумрук, инчунин имзо ва мӯҳри шахсии рақамии шахси мансабдоре, ки вазифаи дорои ҷавобгарии моддӣ дар анбори гумрукиро ишғол мекунад ва молҳоро додаст, дар шаҳодатномаи гумрук тасдиқ карда мешавад.

Ҳудуди анбори гумрукӣ минтақаи назорати гумрукӣ ба ҳисоб меравад. Барои ташкили анбори гумрукӣ ба субъекти хоҷагидор доштани иҷозатнома зарур аст. Иҷозатнома барои як ё якчанд иншооти махсус ҷиҳозонидаи ҷудокардашуда, майдонҳои кушод ё дигар ҷойҳо, ки барои нигоҳдории молҳо мувофиқи реҷаи анбори гумрукӣ пешбинӣ шудаанд, дар ҳолате, ки ҳамаи онҳо дар минтақаи фаъолияти як гумрук қарор дошта бошанд, ба шахсе, ки иншоотҳои мазкур аз они ӯ мебошанд, дода мешавад.

Барои гирифтани иҷозатнома соҳибмулки иншоот ариза пешниҳод менамояд, ки дар он шакли анбори гумрукӣ, суроғаи ҳуқуқии он, дигар маълумотҳое, ки барои қабули қарор оиди додани иҷозатнома таъсир мерасонанд, нишон дода мешаванд, пардохт барои додани иҷозатномаро пардохт мекунад, инчунин кафолати бонкро оид ба супоридани пардохтҳои гусрукӣ пешниҳод мекунад.

Барои таҷҳизонидани анбори гумрукӣ чунин талаботҳо пешниҳод карда мешаванд:

Ҷойгиршавии анбори гумрукӣ бояд ба имконияти ба анбор ворид кардан ва баровардани молро бе назорати гумрукӣ роҳ надиҳад ва амнияти молҳоеро, ки дар анбор қарор доранд, таъмин кунад.

Ҳудуди анбор бояд девор карда шуда бошад. Дар ҳолате, ки танҳо як қисми бино ё иншоот анбори гумрукӣ ба ҳисоб мераванд, таҷҳизонидани роҳҳо ба онҳо ва майдонҳои борфарорӣ бояд ба дастрасии шахсони бегона ба молҳое, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, роҳ надиҳад.

Гумрук ҳуқуқ дорад талаботҳои мушаххасро доир ба ҷиҳозонидани анбори гумрукӣ, пешниҳод кунад, аз он ҷумла талабот оиди таъмин намудани воситаҳои маҳкамкунандаи дутарафа, ки яке аз онҳо дар ихтиёри гумрук бошанд.

Соҳиби анбор бояд ҷиҳозонидани моддӣ-техникии анборро, ки барои фаъолияти он кифоя аст, таъмин намояд, аз он ҷумла:

воситаҳои нақлиёти боркунандаю борфароранда;

таҷҳизотҳои анбор;

техникаи ташкилӣ;

мебел.

Барои кормандони гумрук барои амалӣ намудани назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукӣ, бояд биноҳои таҷҳизонида, воситаҳои алоқа ва воситаҳои нақлиёт бе подош ҷудо карда шаванд. 

Пурра кардани ҷиҳозонидан, ба тартиб нигоҳ доштан, посбонӣ намудани анбор ва таъмин намудани реҷаи гузаронидан аз тарафи соҳиби анбори гумрукӣ ва аз ҳисоби ӯ амалӣ карда мешавад.

  • роҳ надодан ба гирифтани молҳое, ки таҳти назорати гумрукӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд, бе назорати гумрукӣ;
  • душвор нагардонидани амалинамоии назорати гумрукӣ;
  • риоя кардани шартҳои иҷозатнома барои таъсиси анбори гумрукӣ ва иҷро кардани талаботҳои мақомоти гумрукӣ, аз он ҷумла дастрасии шахсони мансабдори ин мақомот ба молҳое, ки дар анбор нигоҳ дошта мешаванд;
  • бурдани ҳисобдорӣ (аз он ҷумла автоматикунонидашуда – бо талаби алоҳидаи мақоми гумрук) ва ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани ҳисобот оиди молҳои нигоҳдорӣ шаванда;
  • дар ҳолати аз кор нигоҳ доштан ё боз хондани иҷозатнома таъмин намудани амнияти молҳо ва иҷро кардани тартиби барҳамдиҳии анбори гумрукӣ. 

Соҳиби анбор барои иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ мувофиқи қонунгузории амалкунанда ҷавобгар аст.

Анбори гумрукӣ танҳо барои нигоҳдории молҳои таҳти назорати гумрукӣ қарордошта метавонад истифода бурда шавад.                       Поммолҳои ба анбори гумрукӣ ҷойгиркардашуда, ки бояд сертификатсия карда шаванд, дар давраи нигоҳдорӣ пешниҳод намудани сертификат талаб карда намешавад.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.