Танзими гумрукӣ-тарифии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ

Танзими гумрукӣ – тарифии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ бо истифодаи тарифҳои воридотӣ ва содиротӣ, ки ба низоми умумии пардохтҳои гумрукӣ дохил мешаванд, алоқаманд аст.

Кодекси гумрукӣ шаклҳои зерини пардохтҳои гумрукиро муайян намудааст: боҷи гумрукӣ (тарифи гумрукӣ); андоз аз арзиши иловашуда (ААИ); аксиз; боҷ барои додан ё аз нав барқарор кардани аттестати тахассусӣ оиди барасмиятдарории гумрукӣ; боҷ барои додан ё барқарор кардани иҷозатномаҳо аз тарафи мақомоти гумрук; боҷҳои гумрукӣ барои нигоҳ доштани молҳо; боҷҳои гумрукӣ барои ҳамроҳии гумрукии молҳо; пардохт барои иттилоот ва машварат; пардохт барои қабули қарори пешакӣ; пардохт барои иштирок дар музоядаҳои гумрукӣ; боҷҳо барои додани иҷозатномаҳо аз тарафи мақомоти гумрукӣ ва барқарор кардани амали иҷозатномаҳо.

Дар ин низоми пардохтҳо мавқеи муҳимро боҷи гумрукӣ ишғол мекунад.

Боҷи гумрукӣ – ин пардохти ҳатмӣ мебошад, ки аз тарафи мақомоти гумрук ҳангоми ворид кардани мол ба ҳудуди гумрукии давлат ё ҳангоми содир намудан аз ҳудуди гумрук ситонида мешавад, ҳамзамон тамоми амволи манқул мол ҳисобида мешавад, аз он ҷумла энергияи гармӣ, барқӣ ва дигар шаклҳои энергия.

Боҷҳои гумрукӣ бисёр вақт ба сифати тарифи гумрукӣ истифода бурда мешаванд. Дар айни замон истилоҳи «тарифи гумрукӣ» ба сифати ҳуҷҷате истифода карда мешавад, ки рӯйхати банизомдаровардаи миқдори боҷҳои гумрукиро дар бар мегирад.

Тарифи гумрукӣ шарти ҷудонашавандаи ҳаракати мол тавассути сарҳади гумрукӣ маҳсуб меёбад.

Тарифҳои гумрукиро тамоми мамдакатҳои ҷаҳон доранд. Тарифҳои муосир дар асоси Низоми ҳамоҳангсохтаи тавсиф ва рамзмонии молҳо ба шакл дароварда шудааст, ки истифодаи тарифҳо дар забонҳои гуногун ва таносуб кардани боҷҳо ба молҳои якхеларо осон мегардонад.

Боҷҳо дар тарифи гумрукӣ бо сатҳи рушди иқтисодии мамлакат, дараҷаи коркарди молҳо ва дигар омилҳо муайян карда мешаванд. Чӣ қадаре, ки сатҳи рушди иқтисодӣ паст бошад, ҳамон қадар меъёри боҷҳо баланд мегардад, зеро бо ёрии онҳо соҳаҳои кам рушдкарда аз рақобати тези хориҷӣ ҳимоя карда мешаванд.

Масалан, дар Австрия боҷхо назар ба Швейсария се маротиба баландтаранд. Боҷҳои махсусан баланд (50% ва боло) дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ гузошта мешаванд.

Бо болоравии дараҷаи коркарди молҳо меъёри боҷҳо баланд мешаванд. Боҷҳои нисбатан баланд ба маҳсулоти тайёри меҳнатталаб гузошта мешаванд, зеро рақобати шадиди хориҷӣ дар бозори ин молҳо метавонад ба баста шудани корхонаҳое оварда расонад, ки шумораи зиёди коргар доранд. Ин дар навбати худ ба зиёд гаштани сафи бекорон сабаб мешавад.

Боҷҳо қариб дар тамоми мамлакатҳо ба баланд, миёна, паст тақсим мешаванд, инчунин воридоти бебоҷ низ мавҷуд аст. Як қатор мамлакатҳо, аз он ҷумла мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, нисбати мамлакатҳои ИДМ реҷаи гумрукӣ-тарифии имтиёзнокро истифода мебаранд, яъне преференсия пешниҳод мекунанд.

Преференсия – имтиёзҳои махсус (беҳтар), ки аз тарафи як мамлакат ба дигар мамлакат ба тартиби якҷониба ё дутарафа, бе паҳнщавӣ ба мамлакати сеюм, дода мешаванд. Онҳо аксар вақт дар шакли тахфиф аз боҷи гумрукӣ истифода бурда мешаванд.

Тарифи гумрукӣ аз маҷмӯи ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ (тарифи гумрукӣ) иборат аст, ки нисбати молҳои аз сарҳади гумрукӣ гузаронанда истифода бурда шуда, мувофиқи Феҳристи молии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ (ФМ ФИБ) ба низом дароварда шудаанд. 

ФМ ФИБ  вобаста аз низоми таснифоти молҳо, ки дар таҷрибаи байналхалқӣ қабул карда шудааст, аз тарафи Ҳукумати ҶТ муайян карда мешавад.

Хадафҳои истифодаи тарифи гумрукӣ дар ҶТ ба ҳисоб чунинанд:  

  • такмили сохтори молии воридоти молҳо ба ҶТ, яъне тамоми амволи манқул, аз он ҷумла энергияи гармӣ, барқӣ ва дигар энергия;
  • нигоҳ доштани таносуби лозимии содирот ва воридот намудани молҳо, даромад ва хароҷотҳои асъорӣ;
  • шароит фароҳам овардан барои тағйиротҳои пешравӣ дар сохтори истеҳсолот ва истеъмолоти молҳо;
  •  ҳимояи иқтисодиёт аз таъсири манфии рақобати хориҷӣ;
  • Фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии самараноки ҶТ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

Ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ ягона буда, новобаста аз шахсоне, ки молҳоро аз сарҳади гумрукии ҶТ мегузаронанд, намуди додугирифтҳо ва дигар омилҳо тағйир намеёбанд.

Шаклҳои зерини ставкаҳои боҷҳо истифода бурда мешаванд:

адвалорӣ;

махсус;

омехта.

Ставкаҳои адвалорӣ (лот. ad valorem – аз рӯи арзиш) бо фоиз аз арзиши гумрукии молҳои андозбандишаванда ҳисоб карда мешаванд.

Ставкаҳои махсус бо андозаи муайянкардашуда барои воҳиди молҳои андозбандишаванда ҳисоб карда мешаванд.

Ставкаҳои омехта – ин ставкаҳое мебошанд, ки дар худ ставкаҳои адвалорӣ ва махсусро якҷоя кардаанд.

Барои танзими фаврии содирот ва воридоти молҳо метавонанд боҷҳои мавсимӣ ҷорӣ карда шаванд. Ҳамзамон, ставкаҳои боҷҳои гумрукӣ, к ибо тарифи гумрукӣ пешбинӣ шудаанд, истифода бурда намешаванд. Мӯҳлати амали боҷҳои мавсимӣ наметавонад зиёда аз 6 моҳ дар як солро дар бар гирад.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, ба молҳои воридшаванда, ба таври муваққатӣ метавонанд шаклҳои махсуси боҷҳо истифода бурда шаванд:

махсус;

зиддидемпингӣ;

ҷубронӣ.

  1. Боҷҳои махсус истифода бурда мешаванд:

                а) ба сифати чораи ҳимоявӣ, агар молҳо ба ҳудуди гумрукӣ дар ҳаҷм ва бо шартҳое ворид карда шаванд, ки ба истеҳсолкунандагони чунин молҳо ё молҳои бевосита рақобаткунанда дар дохили мамлакат зарар расонанд ё хавфи расонидани зарар ба миён ояд.

                б) чун чораи ҷавобӣ ба табъиз ва дигар амалҳо аз ҷониби дигар мамлакатҳо ё иттиҳоди онҳо, ки манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳдуд мекунанд. 

  • Боҷҳои зиддидемпингӣ дар ҳолати ба ҳудуди гумрукӣ ворид намудани мол бо нархе, ки нисбат ба  арзиши муқаррарии онҳо дар мамлакати воридот дар лаҳзаи ин воридот, пастанд, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони ватании чунин молҳо зарар расонад ё хавфи расонидани зарар ба миён ояд, инчунин ба ташкил ё мукаммал гардонидани истеҳсоли чунин молҳо дар мамлакат монеа гардад, истифода бурда мешаванд.
    • Боҷҳои ҷубронӣ дар ҳолати ба мамлакат ворид намудани молҳое истифода карда мешаванд, ки дар вақти истеҳсол ё содироташон мустақиман ва ё ба таври ғайримустақим субсидияҳо истифода карда шудаанд, агар чунин воридот ба истеҳсолкунандагони ватании чунин мол зарар расонад ё хавфи расонидани зарар ба миён ояд, инчунин ба ташкил ва васеъ гардонидани истеҳсоли чунин мол монеа ба миён орад.

Ставкаҳои шаклҳои махсуси боҷ, ки дар боло оварда шуданд, аз тарафиҲукумати ҶТ барои ҳар як ҳолат алоҳида муайян карда мешаванд ва андозаи онҳо бояд ба бузургии нархи демпинги пасткардашуда, субсидия ё зарари муайяншуда баробар бошад.

Чӣ тавре, ки қайд карда шуд, ставкаҳои адвалорӣ бо фоиз аз арзиши гумрукии молҳо ҳисоб карда мешаванд.

Арзиши гумрукии мол бо чунин мақсадҳо истифода бурда мешавад:

  • ба мол мондани боҷ;
  • омори гумрукӣ ва иқтисодии берунмарзӣ;
  • истифода бурдани дигар чораҳои танзими давлатии муносибатҳои иқтисодӣ, вобаста ба арзиши молҳо, аз он ҷумла амалӣ намудани назорати асъории додугирифтҳои савдои берунмарзӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои бонкҳо аз рӯи онҳо.

        Арзиши гумрукии молҳои содиротшаванда аз нархи муомилот, яъне нархе, ки амалан пардохт шудааст ё ҳангоми фурӯхтани мол ба содирот бояд пардохт карда шавад, таркиб меёбад.

        Ба арзиши гумрукӣ инчунин хароҷотҳои зерине дохил карда мешаванд, ки аз ҷониби харидор анҷом дода мешаванд, вале ба нархи амалан пардохтшуда ё пардохтшавандаи додугирифт дохил карда нашудаанд:

  • мукофотпулии комиссионӣ ва брокерӣ;
  • арзиши контейнерҳо ва ё дигар зарфи бисёргардиша, агар мувофиқи феҳристи молии фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ он бо молҳои содиршаванда чун як оҳиди ягона ҳисоб карда шавад;
  • арзиши борҷома, аз он ҷумла арзиши маводҳои борҷомакунӣ ва корҳо оиди борҷомакунонӣ;
  • қисми дахлдори арзиши молҳои содиршаванда, ки аз ҷониби фурӯшанда ба харидор ройгон ё бо нархи пасткардашуда барои истеҳсол ё фурӯш ба содирот пешниҳод карда мешаванд, молл ва зихматҳои зерин:

ашёи хом, маводҳо, қисмҳо, нимфабрикатҳо ва дигар маснуоти маҷмӯӣ, ки қисмҳои асосии молҳои содиршаванда ба ҳисоб меравад;

  • асбобҳо, мӯҳрҳо, шаклҳо ва чунин ашёҳои дигар, ки ҳангоми истеҳсоли молҳои содиршаванда истифода бурда шудаанд;
  • маводҳои ёрирасоне, ки ҳангоми истеҳсоли молҳои содиршаванда сарф карда шудаанд;
  • коркардаҳои муҳандисӣ, корҳои таҷрибавӣ-конструкторӣ; ороиш, ороиши бадеӣ, ангораҳо ва нақшаҳо;
  • пардохтҳои литсензионӣ ва дигар пардохтҳо барои истифодаи объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки харидор мустақиман ё ғайримустақим бояд ба сифати шарти хариди молҳои содиркунанда анҷом диҳад;
  • ба харидор мустақиман ё ғайримустақим омадани қисми даромад аз бозфурӯшҳои оянда, додан ё истифода кардани молҳо аз тарафи харидор баъди баровардан аз ҳудуди гумрукӣ;
  • андозҳое (ба истиснои пардохтҳои гумрукӣ, ки ҳангоми пешниҳоди арзиши гумрукӣ супорида мешаванд), ки дар ҳудуди гумрукӣ ситонида мешаванд.

Ҳангоми мавҷуд набудани амалиёти хариду фурӯш нисбати молҳои содиршаванда ё дар ҳолати ғайриимкон будани истифодаи нархи амалиёти хариду фурӯш ҳамчун асос барои муайян намудани арзиши гумрукӣ, ин арзиш ба воситаи аз тарафи эъломиякунанда пешниҳод намудани маълумотҳои баҳисобгирии муҳосибии фурӯшанда – содиркунанда, ки тамоми хароҷотҳои ӯро барои истеҳсол ва  фурӯши моли содироткунанда инъикос мекунад ва фоидае, ки содироткунанда ҳангоми баровардани молҳои монанд аз ҳудуди гумрукӣ ба даст меорад, ё дар асоси маълумотҳои муҳосибӣ дар бораи ба дафтари мудохила даровардан ва аз ҳисоби тавозун баровардани молҳои содиротшаванда муайян карда мешавад.

Дар ҳолати ғайриимкон будани истифодаи маълумотҳои аз ҷониби эъломиякунанда пешниҳодкардашуда арзиши гумрукии молҳои содиротшаванда дар асоси маълумотҳо дар бораи нархҳо ба молҳои монанд ё якхела ё вобаста аз нархгузории арзиш (арзиши аслӣ) – и молҳои содиротшавандаи монанд ё якхела бо назардошти хароҷотҳои дар боло нишондодашуда муайян карда мешавад.

Дар ҷараёни амалӣ намудани чораҳои тарифӣ ва ғайритарифии танзими ҳаракати молҳо тавассути сарҳади гумрукии ҶТ мамлакати тавлиди мол муайян карда мешавад. Он мамлакате шуморида мешавад, ки дар он мол пурра истеҳсол карда шудааст ё ба коркарди зарурӣ мувофиқи меъёрҳои муайянкардашуда фаро гирифта шудааст.  

Ҳамзамон, ҳангоми зарурати ҷудо намудани онҳо бо мақсади муайян намудани пайдоиши мол, таҳти мамлакати тавлиди мол гурӯҳи мамлакатҳо, иттиҳоди гумрукии мамлакатҳо, минтақа ё қисми мамлакат фаҳмида мешавад.

Молҳои пурра дар мамлакати мазкур истеҳсолшуда ба шумор мераванд:

  • канданиҳои фоиданоке, ки дар ҳудуди он ё ҳудудҳои обии он ё дар тунукобаи баҳрии континенталӣ ва дар обҳои баҳрии он истихроҷ карда шудаанд, агар он ҳуқуқҳои истисноӣ барои коркарди ин қаърҳоро дошта бошад;
  • маҳсулоти растанӣ, ки дар ҳудуди он парвариш ё ҷамъоварӣ шудааст;
  • ҳайвоноти зинда, ки дар ҳудуди он тавлид ва парвариш карда шудаанд;
  • маҳсулоте, ки дар ин мамлакат аз ҳайвоноти дар он парваришкарда гирифта шудааст;
  • маҳсулоти дар он истеҳсолшудаи шуғлҳои шикорчигӣ, моҳидорӣ ва баҳрӣ;
  • маҳсулоти пешаи баҳрӣ, ки дар уқёнуси ҷаҳонӣ аз тарафи киштиҳои ин мамлакат ё киштиҳое, ки аз тарафи он ба иҷора гирифта шудаанд (киро карда шудаанд) дошта ё истеҳсол  карда шудаанд;
  • партов ва ашёи хоми дуборае, ки натиҷаи амалиётҳои истеҳсолӣ ё дигар амалиётҳои дар мамлакати мазкур амалӣ намуда ба ҳисоб мераванд:

– маҳсулоти технологияҳои баланд, ки дар фазои кайҳон дар киштиҳои кайҳонии ба ин мамлакат тааллуқ дошта ё аз тарафи он ба иҷора гирифташуда, ба даст омадаанд;

  • молҳое, ки дар мамлакати мазкур танҳо аз ҳисоби маҳсулоти дар боло нишондода истеҳсол карда шудаанд.

Агар дар истеҳсоли мол дув а ё зиёда мамлакатҳо иштирок кунанд, мамлакати тавлиди мол аз рӯи меъёри коркарди кофии он муайян карда мешавад.

Меъёрҳои коркарди кифоя дар мамлакати мазкур чунинанд:

  •  тағйир додани мавқеи молӣ (рамзи таснифотии мол) аз рӯи феҳристи молӣ дар сатҳи тамоми чор аломати аввала, ки дар натиҷаи коркарди мол ба миён омадаанд;
  • иҷро кардани амалиётҳои истеҳсолӣ ё технологии зарурӣ ё камрас барои он, ки мол истеҳсолшуда дар мамлакате ҳисобида шавад, ки ин амалиётҳо ҷой доштанд;
  • қоидаи ҳиссаи адвалорӣ – тағйири арзиши мол, вақте ки ҳиссаи фоизии арзиши маводҳои истисноӣ ё арзиши изофа ба ҳиссаи қайдкардашудаи нархи моли дастрасшаванда мерасад.  

Ҳамзамон, ба меъёрҳои коркарди кифоя нокифоя ҳисоб карда мешаванд: 

  • амалиётҳо оиди таъмин намудани амнияти молҳо дар вақти нигоҳдорӣ ё интиқолдиҳӣ;
  • амалиётҳо оид ба тайёр намудани молҳо барои фурӯш ва интиқолдиҳӣ (тақсими гурӯҳ, ташкили муросилаҳо, ба навъҳо ҷудо кардан, борҷома кардан);
  • амалиётҳои оддии васлкунӣ;
  • омехта кардани молҳо (қисматҳо) бе додани хислате ба маҳсулоти ба дастомада, ки аз таркиботи аввала ба таври назаррас фарқ кунад. 

Дар ҳолате, ки нисбати мол ё мамлакатҳои мушаххаси тавлиди мол шартҳои махсус пешбинӣ нашуда бошанд, қоидаи умумӣ истифода карда мешавад, ки мувофиқи он мол дучори коркарди кифоя қарорёфта ҳисоб карда мешавад, агар тағйироти мавқеи молӣ аз рӯи ФМ ФИБ дар сатҳи яке аз чор аломати аввалин ба миён ояд.

Молҳое, ки дар шакли ба қисмҳо ҷудокарда ё ҷамънакарда вақте ки бо шароитҳои истеҳсолӣ ё нақлиётӣ кашонидани онҳо дар як даста мумкин нест, бо якчанд даста дастрас карда мешаванд, инчунин дар ҳолатҳое, ки дастаи молҳо дар натиҷаи иштибоҳ ба чанд қисм ҷудо карда шудаанд, бо хоҳиши эъломиякунанда ҳангоми муайян кардани мамлакати истеҳсол бояд чун моли ягона ҳисоб карда шаванд. 

Барои тасдиқи тавлиди мол дар мамлакати мазкур мақоми гумрук ҳуқуқ дорад пешниҳод намудани сертификат дар бораи тавлиди молро талаб кунад.

Ҳангоми содирот намудани мол аз ҳудуди гумрукии ҶТ дар ҳолатҳое, ки мувофиқи шартномаҳои дахлдор, қоидаҳои миллии мамлакати воридот ё ӯҳдадориҳои байналхалқӣ пешниҳод намудани сертификат дар бораи тавлиди мол зарур дониста шавад, он аз тарафи мақомоти салоҳиятдор дода мешавад.

Ҳангоми ворид намудани мол ба ҳудуди гумрукии ҶТ, сертификат дар бораи тавлиди мол ҳатмӣ талаб карда мешавад:

  • ба молҳои истеҳсоли мамлакате, ки ҶТ преференсияҳо оид ба тарифи гумрукӣ мерасонад;
  • ба молҳое, ки воридоташон аз мамлакати мазкур бо маҳдудиятҳои миқдорӣ (квотаҳо) ё дигар чораҳои танзими фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ  танзим карда мешаванд;
  • агар ин бо созишномаҳои байналхалқӣ дар бахши ҳифзи муҳити табиии атроф, саломатии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатӣ ва дигар манфиатҳои ҳаётан муҳими мамлакат пешбинӣ шуда бошад;
  • дар ҳолатҳое, ки иттилоот дар бораи тавлиди молҳо дар ҳуҷҷатҳое, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳод шудаанд, мавҷуд набошанд ё мақоми гумрук асос дорад фикр кунад, ки маълумотҳои нодуруст оиди пайдоиши молҳо эъломия карда мешаванд.

Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол бо эъломияи гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо сертификат оиди мамлакати тавлиди мол пешниҳод карда мешавад, ки бояд ба як маъно шаҳодат диҳад, ки моли мазкур аз мамлакати дахлдор истеҳсол шудааст, ва он дар бар мегирад:

  • изҳороти хаттии молфиристонанда дар бораи он, ки мол ба меъёри дахлдори пайдоиш ҷавобгӯ аст;
  • қаноатмандии хаттии мақоми салоҳиятдори мамлакати содирот дар бораи он, ки маълумотҳои дар сертификат пешниҳод шуда, ба ҳақиқат ҷавобгӯ мебошанд;

        Ба таври зарурӣ пешниҳод накардани сертификати барасмиятдароварда ва маълумотҳо оиди истеҳсоли мол барои рад кардани иҷозати он тавассути сарҳади гумрукӣ асос шуда наметавонад.

Аз боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд:

  • воситаҳои нақлиёте, ки интиқоли байналхалқии бор, бағоҷ ва мусофиронро амалӣ мекунанд, инчунин ашёҳои таҷҳизонидан ва таъмин кардани моддӣ-техникӣ, сӯзишворӣ, хӯрока ва дигар амволе, ки барои истифодаи мӯътадили онҳо дар вақти тай намудани роҳ, дар нуқтаҳои таваққуфи марҳилавӣ ё дар хориҷа ба дастоварда, вобаста ба бартараф кардани садама (шикаст) – и воситаҳои нақлиёти мазкур;
  • молҳое, ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ воридот ва ё аз он содирот карда мешаванд, барои истифодаи расмӣ ва ё шахсӣ за ҷониби намояндагони давлатҳои хориҷӣ, шахсони воқеие, ки дар асоси созишномаҳои байналхалқии ҶТ ё қонунгузории он ҳуқуқи бебоҷ ворид намудани чунин ашёҳоро доранд;
  • молҳое, ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ ба сифати ёрии башардӯстона, бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои садама ва фалокатҳо, офатҳои табиӣ,  ворид ва ё аз он содирот карда мешаванд, инчунин китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимии томактабӣ ва табобатии ройгон;
  • молҳое, ки ба сифати ёрии бебозгашт ё ба мақсадҳои хайриявӣ бо шабакаи давлатҳо, ҳукуматҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, аз он ҷумла расонидани кӯмаки техникӣ ба ҳудуди гумрукӣ ворид ва ё аз он содирот карда мешаванд;
  • молҳое, ки таҳти назорати гумрукӣ бо реҷаи транзит тавассути ҳудуди гумрукии ҶТ ҳаракат мекунанд ва барои мамлакатҳои сеюм пешбинӣ шудаанд;
  •  молҳое, ки тавассути ҳудуди гумрукии ҶТ аз ҷониби шахсони воқеӣ интиқол дода мешаванд ва мувофиқи Кодекси гумрукӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ ё дигар фаъолияти тиҷоратӣ пешбинӣ нашудаанд;
  • таҷҳизот, дастгоҳ ва маводҳое, ки ба ҳудуди гумрукӣ барои амалӣ намудани барномаҳо (лоиҳаҳо) – и иҷтимоӣ-иқтисодии мақсаднок, сохтмони манзил барои хизматчиёни ҳарбӣ; ташкил, сохтмон ва нигоҳдории марказҳои азнав омодасозии касбии хизматчиёни ҳарбӣ, шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ ҷавоб дода шудаанд ва оилаҳои онҳо, ки аз ҳисоби қарзҳо ва ёрии молиявии бебозгашт, ки аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ, ҳукумати мамлакатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ мувофиқи созишномаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ, инчунин созишномаҳое, ки бо супориши Ҳукумати ҶТ ба имзо расидаанд, расонида мешаванд, ворид карда мешаванд;
  • нашрияҳои чопии даврӣ ва китобҳо, к ибо маориф, илм ва фарҳанг алоқаманд буда, аз тарафи нашриётҳои воситаҳои ахбори омма ба ҳудуди гумрукӣ ворид ва аз он содирот карда мешаванд;
  • таҷҳизот, аз он ҷумла мошин ва механизмҳо, инчунин маводҳое, ки ба маҷмӯи таҳвили таҷҳизоти дахлдор дохил мешаванд, маснуоти маҷмӯӣ (ба истиснои зераксизӣ), ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ аз ҳисоби қарзҳои аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ мувофиқи шартномаҳои байналхалқӣ ворид карда мешаванд. 

Ба ғайр аз боҷҳои гумрукӣ дар тамоми мамлакатҳо ҳангоми ворид намудани молҳо андоз ва пардохтҳои гуногун ситонида мешаванд. Як қисми онҳо шароитҳои рақобат дар дохили мамлакати воридкунандаро баробар мекунанд, зеро аз молҳои ватании монанд андозҳои ғайримустақим ситонида мешаванд, қисми дигар хусусияти ҳимоягарӣ доранд, (соҳаҳои саноати ватаниро ҳимоя мекунанд), қисми сеюм ҳадафҳои фискалиро таъкиб мекунанд, қисми чорум барои маблағгузории бахшҳои алоҳидаи хоҷагӣ (ҳавасманд намудани содирот, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ ва ғ.) ситонида мешаванд, қисми панҷум барои нигоҳ доштани дастгоҳи гумрукӣ ва ғ.

Маблағи умумии андозҳо ва пардохтҳои иловагӣ ҳангоми воридот бисёр вақт аз маблағи боҷҳои гумрукӣ, ки дар тарифи гумрукӣ муайян карда шудаанд, зиёд мешаванд. Ҳамзамон баъзе пардохтҳо ставкаи қайдкардашуда надоранд ва вобаста аз вазъи бозор ва сиёсати иқтисодии ҳукумат ситонида мешаванд, ки ин ҳолат аксар вақт ба содироткунандагон имконият намедиҳад, то пешакӣ хароҷотҳо оиди барасмиятдарории гумрукии мол дар мамлакати воридкунандаро ҳисобу китоб кунанд.

Дар тамоми мамлакатҳо воситаҳои гуногуни маъмурии батартибандозии воридот: бо роҳи манъ кардани он, мондани ҳадди миқдорӣ, иҷозатномадиҳӣ, фармонҳои мақомоти гумрук, ба молрасонандагон пешниҳод кардани талаботҳои ҳатмӣ ва ғ. Истифода бурда мешаванд.

Ҳамин тавр, дар баробари пурра манъ кардани савдо (одатан бо қарори СММ) бисёр мамлакатҳо бо мақсади ҳифзи зиндагӣ ва саломатии одамон, олами набототу ҳайвонот, инчунин бо фаҳмишҳои маънавӣ ва қонунҳои динӣ манъкуниҳои ҷузъиро ба воридоти молҳои муайян ҷорӣ мекунанд.

Инчунин манъи шартҳо истифода карда мешавад: воридот иҷозат дода намешавад, агар таҳвилгар нишондодҳои муайяни ҳукуматро иҷро накунад. Ба ғайр аз манъҳои доимӣ чораҳои мавсимӣ ва муваққатӣ низ истифода бурда мешаванд. Баробари манъкунии пӯшидаи воридот манъкунии пардапӯш низ истифода карда мешавад, масалан, барои фурӯши чаканаи мол ё даромадани киштиҳои хориҷӣ ба обҳои дохилии мамлакат маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Илова ба маҳдудиятҳои миқдории анъанавӣ дар шакли квотакунонӣ (глобалӣ, инфиродӣ, тарифӣ, мавсимӣ ва ғ.) шакли нисбатан нави он – худмаҳдудкунии «ихтиёрӣ» васеъ истифода бурда мешавад. Худмаҳдудкунии «ихтиёрӣ» амалан зери таҳдиди истифода бурдани чораҳои нисбатан сахт ба гардани воридоткунандагони мол бор карда мешавад. Чунин худмаҳдудкунӣ дар намуди ихтисори таҳвил, паст кардани рушди солонаи онҳо ё баландшавии нархҳо амалӣ мегардад.  

Иҷозатномадиҳӣ низ шаклҳои гуногунро дорост. Дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ҳангоми қадамҳои ҷавобии воридкунанда, бисёр вақт иҷозати воридот тезтар дода мешавад, масалан, агар ӯ ӯҳдадории харидории маҳсулоти маҳаллӣ ё дар бозори хориҷӣ фурӯхтани як қисми молҳоеро, ки дар дохили мамлакат истеҳсол шудаанд,  бар дӯш гирад.

Нақши муҳимро дар хориҷа талаботҳои махсус ба молҳои воридотӣ, пеш аз ҳама дар самти бехатарӣ ва риоя кардани меъёрҳои экологӣ мебозанд, ки риоя кардани ин талаботҳо бо низоми муассисаҳои назораткунанда, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда медиҳанд ё додани онро рад мекунанд, таъмин карда мешавад.

Диққати махсусро қоидаҳои бехатарӣ арзанда мебошанд, зеро онҳо одатан ҳатмӣ ба ҳисоб мераванд ва ба ғайр аз ин, ба истеъмолкунанда расонидани зарар бо нуқсони мол барои таҳвилгар хароҷотҳои калон дар ояндаро ба бор меоранд. Ин пеш аз ҳама ба автомобил ва дучархаҳо, тамоми намудҳои техникаи электронии маишӣ, асбобҳои тиббӣ, доруворӣ, маҳсулоти хӯрока ва ғ. дахл дорад. 

Дар бисёр мамлакатҳо дар солҳои охир қонунҳое қабул карда шудаанд, ки манфиатҳои истеъмолкунандагонро ҳимоя мекунанд ва барои вайрон намудани онҳо ҷазоҳои сахтро пешбинӣ мекунанд. Масалан, дар мамлакатҳои ИА чунин дастур аз соли 1993 ба амал шурӯъ кардааст.

Дастур таҳвилгарони тамоми молҳои истеъмолиро вазифадор месозад, ки ба ба шабакаҳои савдо танҳо маснуоти барои зиндагонӣ ва саломатии одамон (ҳангоми истифодаи дуруст, таъсири эҳтимолӣ ба молҳои дигар ва барои гурӯҳи муайяни одамон, масалан барои кӯдакон) бехатарро пешниҳод кунанд. Мувофиқи дастури мазкур истеҳсолкунанда вазифадор аст, ҳангоми тамғазанӣ дар тамғақоғаз одамонро доир ба тамоми хавфи эҳтимолӣ, к ибо истеъмоли маҳсулоти ӯ алоқаманданд, огоҳ намояд.

Илова бар ин соли 1993 ИА ҳуҷҷати махсусро оид ба назорати мутобиқати молҳои аз мамлакатҳои сеюм воридшаванда ба қоидаҳои бехатарӣ, қабул намуд. Дар асоси он тафтиши махсуси воридоти чунин молҳо дар сарҳадҳои берунаи ИА аз тарафи мақомоти гумрук ба роҳ монда шудааст. Ба охириҳо ҳуқуқ дода шудааст, то молҳои аз ин нуқтаи назар шубҳанок ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳкунанда бо маълумоти зарурӣ надоштаро нигоҳ доранд. 

Таҳвилгарони мол бояд худашон доир ба нобудкунии маснуотҳои собиқи худ ва партовҳои «истеъмолот» фикр кунанд. Дар натиҷаи яке аз талаботҳои нав, ки ба воридкунандагони бисёр молҳо пешниҳод карда мешаванд, сабук кардани имконияти нобудсозии охириҳо, аз он ҷумла бо роҳи коркарди дубора мегардад. Зимнан, бо ҳамин сабаб «эко-тамға»-и махсус пайдо шуда, васеъ паҳн мегардад, ки дар тамғаи молҳои «дӯстона» дар шакли аломатҳои муайян («делфини сабз», «малаки кабудранг», «мурғи қуи сафед» ва ғ.), ки нақши таблиғотро мебозанд, зада мешавад.

Мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ ҳангоми ворид намудани молҳои хоҷагии қишлоқ, хусусан маҳсулоти хӯрока сертификат барои дар таркибаш мавҷуд будани миқдори безарари радиоактивро талаб мекунанд. Аз соли 1995 сар карда, ин мамлакатҳо талабот нисбати воридоти маҳсулоти дорувориро сахттар карданд.

Ҳангоми ворид намудани ҳайвони зинда ё маҳсулоти гӯштӣ ба баъзе мамлакатҳо, дар замони ҳозира пешниҳод намудани ҳуҷҷат дар бораи он, ки фермерон ҳормонҳои тезонандаи рушди ҳайвонотро истифода набурдаанд, зарур аст. Дар вақти ворид намудани маҳсулоти хӯрокворӣ баъзан маҳдудиятҳо барои истифода бурдани рангкунандаҳо, моддаҳои ширинкунанда ва дигар иловаҳо ҷорӣ карда мешаванд.  

Дар роҳи содирот метавонанд талаботҳои ҳатмии гуногун оид ба тамғазанӣ ва нишонагузории молҳо монеа гарданд. Масалан, молҳое, ки ба ИМА ворид карда мешаванд, бояд бо забони англисӣ, бо ҳарфҳои хоно, то лаҳзаи фурӯш  тозанашаванда ва шустанашаванда тамға зада шуда бошанд. Дар Канада низ, навиштаҷотҳо дар борҷома бояд аниқ ва хоно вале аллакай бо ду забони расмӣ – англисӣ ва фаронсавӣ навишта шуда бошанд. Дар Шведсия барои молҳои хӯрокворӣ ва доруворӣ дар борҷома нишон додани таркиб бо забонҳои шведӣ ва финнӣ зарур аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.