Амалиётҳои савдои берунмарзӣ

Савдои берунмарзии молҳо қисми савдои байналхалқӣ ба ҳисоб меравад ва шакли махсуси мубодилаи молро байни харидору фурӯшандаҳои мамлакатҳои гуногун дар бар мегирад.

Таҳти савдо ба даст овардани неъматҳои хоҷагӣ бо мақсади гирифтани фоида аз фурӯши ояндаи он фаҳмида мешавад. Дар низоми тақсимоти ҷамъиятии меҳнат савдо мавқеи мустақилро ишғол мекунад. Он зинаи ҷудонашаванда дар занҷири муносибатҳои ҷамъиятии хоҷагидорӣ, ба ҳисоб меравад, ки ба принсипҳои тақсимоти меҳнат ва мубодилаи молӣ асос ёфтааст.

Моҳияти иқтисодии савдоро аввал метавон чун додани маҳсулоти меҳнати инсон аз як зинаи истеҳсол ба зинаи дигар, ва дуюм, додани ин маҳсулот аз истеҳсолкунандагон ба истеъмолкунандагон, ки бе он ҷараёни истеҳсолоти васеъ номумкин аст, муайян намуд.

Бо принсипи ҳудудият савдо ба дохилӣ ва берунмарзӣ тақсим мешавад.

Таърихан савдои берунмарзӣ чун савдои байни мамлакатҳои наздибаҳрӣ (масалан, байни финикийҳо ва дигарон) ба миён омад. Савдои хушкигард бошад, аз сабаби хароҷотҳои зиёд барои ташкили он ва хатарҳое, ки назар ба кашонидани бор тавассути баҳр чандин маротиба бештар буданд, сусттар рушд мекард.

Савдои берунмарзӣ ба васеъшавии истеҳсолот, ташкил ва рушди роҳҳои алоқа ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам дар байни мамлакатҳо, ба вуҷуд омадани судхӯрӣ, баъдан сармояи тиҷоратӣ, рушди қарздиҳӣ ва суғуртакунии байналхалқӣ мусоидат мекунад.

Савдои беруна ба воридотӣ ва содиротӣ тақисм мешавад. Зиёд шудани содирот аз воридот тавозуни савдои фаъол доштани мамлакатро нишон медиҳад. Зиёд шудани воридот аз содирот бошад, ғайрифаъол будани тавозуни савдоро нишон медиҳад.          Тавозуни савдои фаъол нишондиҳандаи рушди иқтисодии мусбати мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бисёр вақт ҳавасманд намудани содирот принсипи асосии сиёсати иқтисодии мамлакат мегардад. Ин ҳолат, махсусан дар давраи меркантилизм (асрҳои XV – XVIII) хос буд.                                                                          Савдои беруна бо се нишондиҳанда тавсиф карда мешавад: ҳаҷми гардиши моли савдои беруна, сохтори молӣ ва сохтори ҷуғрофӣ.  Амалиётҳои савдои беруна амалиётҳои асосӣ ва ёрирасонро дар бар мегиранд.                                                                                               Амалиётҳои асосӣ амалиётҳои шартномавӣ оиди хариду фурӯши молҳо ё мубодилаи молҳо (бартер) мебошанд, ки дар шартномаҳои савдои беруна қайд карда шудаанд.                                                            Амалиётҳои ёрирасон барои ба таври бояду шояд иҷро намудани амалиётҳои асосӣ кӯмак мекунанд. Онҳо амалиётҳои интиқол ва ирсол намудани бор, суғуртакунии бор, маблағгузории амалиётҳои савдои беруна, ҳисоббаробаркунӣ байни содирот ва воридоткунандагон, кафолати ӯҳдадориҳои мутақобили онҳо, инчунин амалиётҳои гумрукӣ ва дигар амалиётҳо, аз он ҷумла, карордоди агентӣ бо миёнаравон, таҳвилгарони молҳои содиротӣ ва фармоишгарони молҳои воридотӣ, бо ташкилот ва агентиҳои таблиғотӣ, ки вазъи бозорро меомӯзанд, дар бар мегиранд.                                                                                                Вобаста ба мушкил будани амалиёти асосӣ воридот ва содироткунандагон мустақилона ё бо ҷалби ширкат ва ташкилотҳо барои як амалиёти асосӣ то 10 ва зиёда амалиётҳои ёрирасонро иҷро мекунанд.          Ҳисоббаробаркунӣ байни иштирокчиёни қарордодҳои савдои беруна одатан бо воситаҳои пулии худӣ ва ё қарзӣ гузаронида мешаванд.                Бо мақсади кам кардани хароҷоти асъор барои воридоти гурӯҳи калони таҷҳизот аз ҷониби корхонаҳо дар таҷрибаи байналхалқӣ додугирифтҳои ҷубронӣ васеъ истифода бурда мешаванд, ки мувофиқи он қарзҳое, ки аз тарафи ширкатҳои бузурги хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд, бо таҳвили маҳсулот пардохт карда мешаванд.   Инчунин қисман пардохт намудан бо воситаҳои пулӣ низ мумкин аст.                                            Ба кам кардани хароҷотҳои пулӣ додугирифтҳои бартерӣ (мубодилаи мол), ки як мол ба моли дигар бе иштироки воситаҳои пулӣ чун воситаи пардохт, дар ҳаҷми муайяннамудаи шароитҳои бозори ҷаҳонӣ, мубодила карда мешаванд, таъсири калон мерасонанд.                                                         Роҳ ёфтани молҳо ба бозори дигар мамлакатҳо хам аз ҳудуди мамлакати худ, ҳам бо роҳи ташкили истеҳсоли молҳо дар хориҷа бо истифодаи шаклҳои гуногуни кооператсияи байналхалқӣ, иштироки саҳмӣ дар сармояи ширкатҳои хориҷӣ, инчунин ба воситаи дар хориҷа ташкил намудани корхонаҳои хусусӣ, мумкин аст.                                                  Амалиётҳои содиротию воридотӣ одатан дар маҷмӯи чорабиниҳо, ки интиқол, ирсол, нигоҳдорӣ, тайёр кардан ва коркарди молҳо, суғуртакунии онҳо, пардохтҳо ва ғайраро дар бар мегиранд, амалӣ карда мешаванд. Ҳангоми ҳаракати худ, аз як мамлакат ба дигар мамлакат, молҳо метавонанд, то расидан ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ, чандин маротиба соҳиби худро иваз намоянд.                                                                         Зарурияти кам кардани хароҷот ба амалиётҳои номбаршуда, барои ҷудокунии ин вазифаҳо ба шаклҳои мустақили фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуд, ки гурӯҳҳои махсуси ташкилотҳои миёнаравӣ (ассотсиатсияҳои гуногуни савдои беруна, хонаҳои савдо, палатаи савдо-саноат ва ғ) бо он машғуланд.                                                             Мукаммалгардонии сохтори содирот пеш аз ҳама, аз таназзули идомадори истеҳсолот, ба рақобат тобовар набудани бисёр соҳаҳои коркард, аз даст додани як қатор бозорҳои фурӯши техника душвор мегардад. Аз тарафи дигар мамлакатҳо монеаҳои табъизӣ нисбати молҳо ва хизматрасониҳои алоҳидаи ИДМ, ки дар рақобат бартарӣ доранд, нигоҳ дошта мешаванд.                                                                                              Рушди ояндаи муносибатҳои савдоии беруна бо дурнамои ба Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ворид гаштани ҶТ сахт алоқаманд аст. Мувофиқи мақсад будани ба СУС  ворид гаштан, пеш аз ҳама, бо зарурияти таъмин намудани тавозуни ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо дар бахши савдои байналхалқӣ, эҳтиёҷот ба рушди алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ бо асосҳои дар ҷаҳон қабулгардида барои мамлакати мо муайян карда мешавад.    Чунончӣ, ин чораҳои табъизии аз тарафи мамлакатҳои ғарб нисбати содироти Тоҷикистон ҳоло амалкунандаро бартараф мекунад ва реҷаи нисбатан мусоиди миллӣ барои молу хизматҳои мо дар хориҷаро таъмин мекунад.                                                                                                       Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ИДМ ба СУС дохил шуда, имконият пайдо мекунанд, ки мушкилиҳои иқтисодӣ-савдоии худ бо шариконашонро ба ин форуми байналхалқӣ бароранд ва ҳалли онҳоро дар асоси тамаддун ба даст оранд, зеро айни замон маросимҳои зиддидемпингӣ танҳо ба муқобили Россия зиёда аз 40 донаро ташкил мекунанд, ки аз нисф зиёди онҳо, бо баҳодиҳии МВЭС Россия беасос мебошанд ё хислати табъизӣ доранд. Қоидаҳои СУС иҷозат медиҳанд, ки бозори дохилӣ бо баланд бардоштани боҷҳо ва ҳатто ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои миқдорӣ ба воридот ҳимоя карда шавад, агар чунин воридот ба истеҳсолоти миллӣ зарар расонад ё хавфи расонидани зарар ба миён ояд.                                                  Барои амалиётҳои савдои беруна одатҳои гардиши расмӣ аҳамияти муҳим доранд.                                                                                                             Одати гардиши расмӣ – ин одати байналхалқие мебошад, ки назар ба одатҳои ҳуқуқии аз ҷиҳати юридикӣ ҳатмии байналхалқӣ гардиши иқтисодии берунмарзиро танҳо дар ҳолате танзим мекунанд, ки иштирокчиёни ин муносибат дар бораи чунин танзимкунӣ мувофиқа карда бошанд. Ба таври дигар, одати гардиши расмӣ ба шартномаи савдои беруна вақте истифода бурда мешавад, ки агар ҷонибҳо ҳангоми бастани шартнома дар ин бора ба қарор омада бошанд.                                                      Соли 1980 дар Вена Конвенсияи СММ оиди шартномаҳои хариду фурӯши байналхалқӣ қабул карда шуд, ки бо номи Конвенсияи Вена (Vienna Sales Convention) маълум аст.                                                      Моддаи 9 конвенсияи мазкур чунин пешбинӣ дорад:

  • ҷонибҳо бо одате, ки нисбати он қарордод бастаанд ва таҷрибае, ки онҳо дар муносибатҳои худ муқаррар кардаанд, алоқаманд мебошанд;
  • ҳангоми мавҷуд набудани мувофиқа дар дигар бора, чунин ҳисобида мешавад, ки ҷонибҳо нисбати шартнома ё бастани он истифода намудани одатеро зимнан дар назар доштанд, ки онҳо медонистанд ё бояд медонистанд, ва одате мебошад, ки дар савдои байналхалқӣ маълум ва аз ҷониби тарафҳои шартномаҳои монанд дар бахши дахлдори савдо ҳамеша риоя карда мешавад.

Одатҳои гардиши расмӣ дар бахши алоқаҳои беруниқтисодӣ дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии ғайриҳукуматӣ тафсир карда мешаванд. Қоидаҳои байналхалқии тафсири истилоҳоти савдо – “ИНКОТЕРМС” (International (Сommercial TERMS 1990), ки аз ҷониби Палатаи савдои байналхалқӣ кор карда баромада шудаанд, ба ин мисол шуда метавонанд.

Ин қоидаҳо доираи васеъи масъалаҳоро, аз он ҷумла фарқияти шартҳои таҳвил ҳангоми шарти СИФ ва шарти франко-вагонро фаро мегиранд. Ҷонибҳо ҳангоми бастани шартнома, метавонанд, амали ин қоидаҳоро дар муносибатҳои худ паҳн кунанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.