Моҳият ва мундариҷаи иқтисодии сайёҳӣ

Пайдоиши сайёҳӣ чун мол ташаккули асоси моддӣ-техникии дахлдор, мавҷудияти кадрҳои баландихтисос оид ба хизматрасонии сайёҳон ва идоракунии мақсадноки субъектҳои хоҷагидори сайёҳиро талаб намуд. Ҳамаи ин зарурияти мутобиқгардонии ташкилии сайёҳиро ба соҳаи мустақили хоҷагии халқ ба миён овард.

Туризми байналхалқӣ имрӯзҳо яке аз бахшҳои ба таври динамикӣ рушдкунандаи фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ гаштааст, ки дар бисёр мамлакатҳои дунё ба соҳаи зудрушдкунандаи савдои бузург табдил ёфтааст. Ба ҳиссаи тиҷорати туризм қариб 6% маҷмӯи маҳсулоти миллии ҷаҳон, 7% маҷмӯи сармоягузориҳо, 11% хароҷотҳои истеъмолии ҷаҳонӣ ва 5% ҳамаи даромадҳои андозӣ рост меоянд. Дар соли 2001 ҳар 16-ум ҷои корӣ дар ҷаҳон ба соҳаи туризм рост меомад. Ҳиссаи туризми байналхалқӣ қариб 7% содироти ҷаҳониро ташкил мекунад. Ин маънои онро дорад, ки аз рӯи даромади аз содирот бадастоянда, туризм баъд аз даромадҳо аз содироти нафт ва маҳсулоти нафтӣ ва даромадҳо аз содироти автомобил, мавқеи сеюмро ишғол мекунад. Мувофиқи пешгӯии Созмони байналхалқии сайёҳӣ ҳиссаи туризм дар ташкили маҷмӯи маҳсулоти миллии ҷаҳон дар соли 2008 ба 11-12% хоҳад расид.

Тиҷорати сайёҳӣ соҳибкоронро бо сармояҳои ибтидоии камтарин, мӯҳлати тези хароҷотбарории онҳо, талаботи доимӣ ба хизматрасонии сайёҳӣ ва сатҳи баланди даромаднокии хароҷотҳои анҷомдода ҷалб месозад.

Туризм (фр. Tourisme, tour – саёҳат, сафар) чун маҳсули тараққиёти тамаддун ба миён омадааст. Туризм – ин пеш аз ҳама хурсандӣ, қонеъ гардонидани шавқу ҳавас мебошад.

Дар давраи муайяни рушди иқтисодиёт, вақте ки талабот ба сайру саёҳат зиёд шуд, истеҳсолкунандагони хизматрасонӣ низ барои чунин сайру саёҳатҳо пайдо шуданд. Ин ба ташаккули намуди махсуси мол – туризм оварда расонд. Ҳамин тавр, туризм аввал чун мол ба вуҷуд омад, ки онро дар бозори истеъмолӣ фурӯхтан ва харидан мумкин буд. Туризм чун мол дар шакли хизматрасонӣ (моддӣ ва ғайримоддӣ) амалӣ карда мешавад.

Истеҳсолкунандагони хизмат, ки барои хизматрасонӣ ба сайёҳон (одамони саёҳаткунанда) пешбинӣ шудаанд, ба соҳаи «туризм» мутаҳид шуданд. Туризм моли зарурияти аввала барои зиндагӣ ба ҳисоб намеравад ва аз ин рӯ, барои инсон танҳо ҳангоми сатҳи даромади муайяни ӯ ва сатҳи муайяни боигарии ҷамъият, ба талаботи зарурӣ мубаддал мегардад.

Соли бавуҷудоии туризм дар мамлакатҳои ИДМ соли 1885 ҳисоб карда мешавад. Дар ин вақт дар Санкт-Петербург якумин калонтарин ташкилоти сайёҳии Россия, бо номи «Муассиса барои саёҳатҳои ҷамъиятӣ ба тамоми мамлакатҳои олам» – и Липсон ташкил карда шуд. 15 марти соли 1885 дар Санкт-Петербург туринг-клуби Россия (Ҷамъияти сайёҳон-велосипедистон) ва дар соли 1901 ҷамъияти ягонаи россиявии сайёҳон ташкил карда шуданд. Аз соли 1899 то соли 1914 маҷаллаи «Сайёҳи рус» аз чоп мебаромад. Дар озмуни эълоннамудаи ин маҷалла барои муайян намудани мафҳуми сайёҳ Р. де Пак ғолиб баромад, ки нависта буд: «Туризм – ин маҳорати сайру гашт кардан мебошад. Мумкин ин маҳоратест, ки бояд ба даст овард, ин илмест, ки онро бояд омӯхт ва дар он машқ кард. Ба абре, ки дар фазо ҳаракат мекунад, гулҳои табиат, садоҳои гуногун мароқ зоҳир кардан, ҳис кадани паҳлӯҳои ҳаррӯза ва пурнақши ҳиссиёти қарор доштан дар ҳавои кушод ва аз онҳо пурра лаззат бурданро бояд тавонист. Ба ин каме ифтихори инсонӣ ҳангоми дарк намудани ғалаба барои бартараф кардани монеаҳоро илова кунед ва шумо дар бораи ин эҳсоси комилан нав ва гуворои ҳолати қалби худ тасаввурот пайдо мекунед.»

Мафҳуми аниқи туризм бояд ба тавсифномаҳои иқтисодии зерин асос ёбад:

  • туризм маҳсули ҳаракати одамон бо хатсайрҳои гуногуни сайёҳӣ мебошад;
  • туризм ҳамеша аз ду унсур таркиб ёфтааст: сафар ба нуқтаи таъинот ва таваққуф дар он ҷо;
  • сафар маънии баромадан аз мамлакат (ё минтақа)-еро дорад, ки сайёҳ доимо зиндагӣ мекунад:
  •  туризм – ин ҳаракати муваққатии сайёҳ бо хатсайри сайёҳӣ мебошад, яъне сайёҳ баъди чанд муддате ба макони зисти доимиаш бармегардад.
  • туризм – ин сафаре мебошад, ки фаъолият барои гирифдани фоидаро дар бар намегирад.

Мафҳуми муосири туризм, ки аз ҷониби СММ қабул карда шудааст, аз он иборат аст, ки туризм – ин истироҳати фаъол мебошад, ки ба мустаҳкам гаштани саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии инсон таъсир мерасонад ва бо ҳаракат дар берун аз макони зисти доимӣ алоқаманд аст.

Туризм бо ҳаракати муваққатии аҳолӣ аз як минтақа (ноҳия, шаҳр, мамлакат) ба дигараш тавсиф карда мшавад, ки он бо иваз намудани макони зист алоқаманд намебошад. Туризм – ин ҳузуру ҳаловате мебошад, ки бо сафар бо мақсадҳои истироҳат, табобат, иштирок дар вохӯриҳои корӣ, илмӣ ва ғ. алоқаманд аст.

Омилҳое, ки талабот ба туризмро ба миён меоранд, метавонанд ба се гурӯҳи асосӣ муттаҳид карда шаванд: маърифатӣ, минтақавӣ, иқтисодӣ.

Ба гурӯҳи омилҳои маърифатӣ майлу рағбат ба тамошои ҷойҳои таърихӣ, фарҳангӣ, хоҷагӣ ва табиию иқлимӣ дохил мешаванд.

Ба ҷойҳои тамошои таърихӣ-фарҳангӣ ёдгориҳои археологӣ ва таърихӣ, осорхонаҳо, нигористонҳои адабӣ, театрҳо ва дигар объектҳоро метавон ворид кард.

Инчунин одатҳо, либос, ошхона ва дигар зуҳуроти эҷодиёти халқ, ки чун ёдгориҳои этнографӣ тавсиф карда мешаванд, майлу рағбати махсусро ба миён меоранд.

Ба ҷойҳои тамошобоби табиӣ-иқлимӣ шароитҳои мусоиди иқлим (ҳарорати мӯътадили ҳаво, зиёд будани рӯзҳои офтобии хушк ва бебод), манзараҳои зебо (ҷангал, баҳр, кӯл, кӯҳҳо, ғорҳо) – ро метавон ворид намуд. Шароитҳои иқлимӣ ва ҷуғрофӣ барои рушди варзиши тобистона ва зимистона шароит фароҳам меоранд. Минтақаҳое, ки ба табобат ва солимгардонии сайёҳон мусоидат менамоянд, диққати махсусро ҷалб мекунанд.

Ба ёдгориҳои хоҷагидорӣ гуногунии шаклҳои пешбурди хоҷагӣ дохил карда мешаванд.

Ба гурӯҳи омилҳои минтақавӣ рӯйдодҳо дар минтақаи мазкур, масалан фестивал ва кинофестивалҳои театрӣ, мусиқӣмусобиқаҳои варзишии гуногун (олимпиадаҳо, бозиҳо, спартакиадаҳо, мусобиқаҳо ва ғ.), намоишгоҳҳо, карнавалҳо, ярмаркаҳо ва ғ, ки метавонанд сабабгори аз минтақа дидан намудани сайёҳон гарданд, дохил карда мешаванд.

Ба гурӯҳи омилҳои иқтисодӣ шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодии саёҳат дохил мешаванд. Ба онҳо бахши хизматрасонӣ, системаи нақлиёт, бахши савдои чакана ва корхонаҳои хӯрока, аз он ҷумла мағозаҳо барои сайёҳони хориҷӣ, ки молҳоро бо нархи арзон ба фурӯш мебароранд, мансубанд. 

Туризм дохилӣ ва байналхалқӣ мешавад. Иштирокчии туризми байналхалқӣ сайёҳи хориҷӣ ном дорад.

Истилоҳи «сайёҳи хориҷӣ» (дар шартномаҳои байналхалқӣ – фақат «сайёҳ») таҳаввулоти дуру дарозро гузоштааст, ки дар айни замон ба анҷом нарасидааст.

Ибтидои онро тавсияҳои Кумитаи коршиносони Лигаи Миллатҳо гузошт, ки мувофиқи он «ҳар касе сайёҳ ҳисоб карда мешавад, ки на кам аз 24 соат дар мамлакате қарор мегирад, ки дар он зиндагонӣ намекунад». Ин мафҳуми сайёҳи хориҷӣ норавшан аст ва ба тамоми хориҷиёне (муҳиҷирон, мусофири транзитӣ, ҷинояткор, зархарид, гуреза), ки дар дигар мамлакат на кам аз 24 соат қарор доранд, истифода карда мешавад, аз ин рӯ он нодуруст мебошад.

СММ мафҳуми сайёҳи хориҷиро чандин маротиба муҳокима намудааст.

Мувофиқи мафҳуме, ки аз ҷониби Конвенсияи римии СММ оид ба  туризми байналхалқӣ ва сайру гашт, дар соли 1963 қабул карда шудааст, донишҷӯён ва хонандагоне, ки дар хориҷа қарор доранд, ҳамчунин сайёҳ ҳисоб карда мешаванд.  

Гурӯҳҳои асосии зерини сайёҳон муайян карда шудаанд:

  • шаҳрвандоне, ки барои дилхушӣ, бо сабабҳои оилавӣ, барои табобат ва ғ. сафар мекунанд;
  • шаҳрвандоне, ки ба маҷлисҳо, анҷуманҳо (илмӣ, маъмурӣ, варзишӣ ва ғ.) сафар мекунанд;
  • шаҳрвандоне, ки бо корҳои хизматӣ сафар мекунанд;
  • шаҳрвандоне, ки тавассути баҳр сафар мекунанд, ҳарчанд ба мӯҳлати кам аз 24 соат.

Сайёҳ ҳисоб карда намешаванд:

  • шаҳрвандоне, ки ба мамлакат барои ҷустӯҷӯи кор тибқи шартнома ё бе шартнома ворид мешаванд;
  • шҳрвандоне, ки дар мамлакат барои зисти доимӣ меистанд;
  • аҳолии минтақаҳои наздисарҳадӣ, ки дар як ҷониби сарҳад зиндагонӣ мекунанд ва дар ҷониби дигари сарҳад кор мекунанд.

Чунин мафҳуми сайёҳи байналхалқӣ аз ҷониби Иттифоқи байналхалқии ташкилотҳои расмии сайёҳӣ эътироф карда шуда буд.

Аммо бисёр мамлакатҳо дар сатҳи байналхалқӣ тафсири аниқ ва ягонаи истилоҳи «сайёҳ»-ро кор кара наборамаданд ва аз ин рӯ предмети шартномаҳои байналхалқӣ оиди ҳамкориҳои онҳо дар бахши туризми байналхалқиро низ муайян нанамуданд.

Ҳамзамон қонуни ФР «Дар бораи асосҳои фаъолияти сайёҳӣ дар ФР» чунин мафҳуми сайёҳро овардааст: «Сайёҳ – шаҳрванде мебошад, ки мамлакат (макон)-и будубоши муваққатиро бо мақсадҳои солимгардонӣ, маърифатӣ, корӣ-касбӣ, варзишӣ, динӣ ва ғ. бе машғул шудан ба фаъолияте, ки даромад меорад дар мӯҳлати аз 24 соат то 6 моҳ пай дар пай ё на кам аз як шабгузаронӣ дидан мекунад».

Туризм чун мол дар шакли хизматрасонӣ пешниҳод карда мешавад.

Хизматрасонии туризм чун дигар хизматрасонӣ амали дорои арзиши истеъмолии муайян мебошад, ки дар таъсири  муфид инъикос меёбад ва чун қоида, дар лаҳзаи зоҳир гаштани худ ин ё он талаботи одамонро қонеъ мегардонад. Ҳамзамон хизматрасонӣ метавонад бо ашё яъне бо ёрии мол ё дар ҷараёни кор кардани худи меҳнати зинда расонида шавад (моддӣ ва ғайримоддӣ).

Ду усули нишондодашудаи истеҳсоли хизматрасонӣ ду намуди худи хизматрасониро низ боис мегарданд. Намуди якуми хизматрасонӣ – ин чунин хизматрасониҳое мебошанд, ки бо молҳои истеъмолӣ сарукор дошта, тавассути мол ифода карда мешаванд. Расонидани чунин хизмат аз рӯи мундариҷаи худ аз ҷараёни меҳнат дар истеҳсолоти моддӣ ягон фарқе надошта, бо он шабоҳат дорад, зеро дар ин ҷо тамоми панҷ унсури ҷараёни меҳнат: воситаи меҳнат, предмети меҳнат, худи меҳнат (яъне фаъолияти мақсадноки инсон), технология ва ташкили он ба назар мерасанд. Ин ба мо имконият медиҳад, то хизматрасониҳои навъи якумро  моддӣ (истеҳсолӣ) ном барем. Мисоли чунин навъи хизматрасонӣ хизматҳо оид ба истеҳсоли маҳсулоти хӯрока барои сайёҳ шуда метавонанд.

Намуди дуюми хизматрасонӣ – ин хизматрасониҳое мебошанд, ки амали онҳо бевосита ба инсон ё шароитҳои ӯро иҳотакунанда равона карда шудааст. Хизматрасониҳои ин намуд ба маҳсулоти моддӣ алоқамандӣ надоранд. Ташкили ин хизматҳо бо истеъмолашон рост меояд. Хизматрасониҳои мазкур ғайримоддӣ (ғайриистеҳсолӣ) ба ҳисоб мераванд. Ба онҳо хизматрасониҳои роҳхатҳои сайёҳӣ, хизматрасонии сайёҳон дар меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои хӯрока, хизматрасониҳо оиди ташкили баромадҳои консертӣ ва ғ. дохил мешаванд. Чун ҳар як моли дигар хизматрасонии ғайримоддӣ ягонагии арзиш ва арзиши истеъмолиро нишон медиҳад.

Ба сифати арзиши истеъмолӣ меҳнат эҳтиёҷи мушаххаси одамонро қонеъ мегардонад. Истеъмоли чунин хизматрасонӣ маънии онро дорад, ки хизматрасоние, ки ин меҳнат пешниҳод мекунад, арзиши истеъмолии махсус дорад ва чун ҳар як моли дигар арзиши истеъмолии мазкур хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад, зеро меҳнат на ба сифати мол, балки ба сифати фаъолият расонида мешавад.

Хизматрасониҳои ғайримоддӣ арзишеро доро мебошанд, ки баробарарзиш ба меҳнати ҷамъиятии барои истеҳсоли онҳо зарурӣ мебошад.  

Дар вақти мубодилаи хизмат ба хизмат, чун ҳангоми ҳар мубодилаи мол ба мол хизматрасониҳои баробарарзиш мубодила карда мешаванд. Хизматрасониҳои ғайримоддӣ соҳиби арзиш буда ҳатман бояд арзиши мубодилавӣ дошта бошанд. Барои истеҳсолкунандагони чунин хизматрасониҳо онҳо мол ба ҳисоб мераванд. Барои ҳамин онҳо арзиши истеъмолӣ доранд пас, ҳам хароҷоти истеҳсолот ва ҳам арзиши мубодилавиро доро мебошанд.  

Дар ҷараёни истеҳсоли хизматрасониҳои ғайримоддӣ ҳам меҳнати мушаххас ва ҳам меҳнати абстрактӣ, ки бо онҳо ҳам арзиш ва ҳам арзиши истеъмолӣ ба вуҷуд меоянд, сарф карда мешаванд.

Тамоми фаъолияти субъекти хоҷагидори сайёҳӣ бо пешниҳод намудани хизматрасониҳои гуногун ба сайёҳон алоқаманд мебошад. Сайёҳон ба сифати истеъмолкунандагони хизматрасониҳое, ки субъектони хоҷагидор истеҳсол мекунанд, баромад мекунанд.

Субъектони хоҷагидори сайёҳӣ се вазифаро иҷро мекунанд:

а) истеҳсол кардани хизматрасонии туризм;

б) фурӯхтани ин хизматрасониҳо;

в) ташкили истеъмоли хизматрасониҳои мазкур.

Дар ҷараёни фурӯхтан ва ташкили истеъмоли хизматрасониҳо хизматрасонӣ ба сайёҳон ба миён меояд, зеро фаъолият оид ба фурӯш ва ташкили истеъмолот – ин ҷараёни хизматрасонӣ мебошад. Мавҷудияти ҳамаи ин се вазифаҳо имконият медиҳанд, ки ҳамаи субъектони хоҷагидори сайёҳӣ ба соҳаи ягона – туризм муттаҳид карда шаванд.

То имрӯз дар тавсифоти амалкунандаи соҳаҳои хоҷагии халқ соҳаи туризм мавқеи истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии аниқро надорад. Ин натиҷаи дар замони муосир номутобиқ будани принсипи соҳавии сохтори низоми таснифотии истеҳсолоти ҷамъиятӣ бо шароитҳои фаъолияти иқтисодиёти бозорӣ ба ҳисоб меравад.

Вусъат ёфтани инқилоби илмӣ-техникӣ ба он оварда мерасонад, ки фаҳмиши кӯҳнаи «соҳа» оҳиста-оҳиста аз байн меравад. Барои иқтисодиёти бозорӣ рушди соҳаҳои ҷудокардашуда на он қадар хос аст, ки фаъолияти маҷмӯаҳои байнисоҳавии диверсификатсияшуда хос аст.  

Дар вақти диверсификатсияи рушдкунандаи истеҳсолоти ҷамъиятӣ меъёри соҳа нақши функсионалии ӯ дар қонеъ гардонидани талаботҳои ҷамъият мегардад. Аз ин рӯ дар таркиби соҳаҳои бахши иҷтимоӣ, ки талаботи аҳолиро ба воситаҳои истеъмолот (молҳо ва хизматрасонӣ дар якҷоягӣ) қонеъ мегардонад, маҷмӯи соҳаҳои зурсохтори иҷтимоӣ-маишӣ ҷудо шуда меистад, ки туризм низ ба он дохил мешавад. Меъёрҳои соҳа аллакай на моддӣ будани маҳсулот, балки таъиноти он мегардад. Аз ин рӯ, туризм, ки дар он ҳам маҳсулоти истеъмолот (хӯрока, савғотиҳо ва ғ.) ва ҳам хизматҳо (ҷойгир кардан дар меҳмонхонаҳо, хизматрасонӣ ва ғ.) истеҳсол карда мешавад, ба ин маънӣ меъёрҳои ягонаи функсионалӣ дорад.

Мавқеи туризм дар таркиби соҳаҳои хоҷагии халқро аз рӯи мавқеъҳои зерин бояд баҳо дод:

Туризм – ин маҷмӯи байнисоҳавии диверсификатсияшудаи зерсохтори иҷтимоӣ-маишӣ мебошад. Хусусияти туризм бо дурангии таъиноти он дар иқтисодиёти мамлакат муайян карда мешавад.

Туризм арзиши моддии навро дар шакли хизматрасонӣ ба вуҷуд меорад ва ба фурӯш мебарорад, инчунин хизматҳои ғайримоддиро барои хизматрасонии сайёҳон низ тайёр ва ба фурӯш мебарорад, аз ин рӯ он вазифаҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро доро мебошад.

Ҷараёни хоҷагидорие, ки дар соҳаи туризм амалӣ мешавад, ҷараёни истеҳсолӣ-хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.

test

Добавить комментарий