Низоми нишондиҳандаҳои рушди туризм

Ташаккул ва рушди туризм чун соҳа бо низоми нишондиҳандаҳои муайян тавсиф карда мешавад.

Нишондиҳандаҳои рушди соҳаи туризм ҳам ҳаҷми миқдории фурӯши хизматрасонии сайёҳӣ ва ҳам тарафи сифатии он, инчунин нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти истеҳсолӣ-хизматрасонии субъектони хоҷагидори сайёҳӣ (агентиҳо, бюро, ширкатҳо, маҷмӯаҳо, кооперативҳо ва ғ.) – ро инъикос мекунанд.

Низоми нишондиҳандаҳои рушди туризм нишондиҳандаҳоеро дар бар мегирад, ки тавсиф мекунанд:

ҳаҷми ҷараёни сайёҳӣ;

вазъият ва рушди пояи моддӣ-техникии туризм; фаъолияти молиявӣ-иқтисодии ширкати сайёҳӣ; инкишофи туризми байналхалқӣ.

Ҷараёни сайёҳӣ – ин доимӣ омадани сайёҳон ба мамлакат ё минтақаи мазкур мебошад. Ба нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи селаи сайёҳӣ мансубанд: шумораи умумии сайёҳон, аз он ҷумла муташаккил ва ғайримуташаккил; шумораи рӯзҳои саёҳат (миқдори шабгузаронӣ, рӯзҳо); давомнокии миёнаи будубоши сайёҳон дар мамлакат, минтақа.

Нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи вазъият ва рушди пояи моддӣ-техникии туризм иқтидори онро дар мамлакат ё минтақаи мазкур нишон медиҳанд.

Ба онҳо дохил мешаванд: фонди катҳои хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, базаҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои санаторияҳо ва ғ., инчунин миқдори катҳое, ки аз тарафи аҳолии маҳаллӣ пешниҳод карда мешаванд, миқдори ҷойҳо дар толорҳои савдои муассисаҳои хӯрока барои сайёҳон дар театрҳо ва дигар муассисаҳои намоишӣ; миқдори ваннаҳо дар табобатгоҳҳои обӣ ва дигар объектҳои ҳифзи саломатӣ, ки барои сайёҳон ҷудо карда шудаанд ва ғ.  

Нишондиҳандаҳои фаъолияти молиявӣ-иқтисодии ширкати сайёҳӣ дар бар мегиранд: ҳаҷми фурӯши хизматрасонии туризм ё даромад аз фурӯши хизматрасонии туризм, нишондиҳандаҳои истифодаи қувваи корӣ (ҳосилнокии меҳнат, сатҳи хароҷот барои пардохти меҳнат ва ғ.); нишондиҳандаҳои истифодаи фондҳои истеҳсолӣ; арзиши аслии хизматрасониҳои туризм; фоида; фоиданокӣ; нишондиҳандаҳои вазъи молиявии ширкати сайёҳӣ (пардохтпазирӣ, бозоргирӣ, устувории молиявӣ, худтаъминшавии асъорӣ ва ғ.).

Нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи вазъият ва рушди туризми байналхалқӣ алоҳида ҷудо карда мешаванд. Ба онҳо дохил мешаванд:

  • шумораи сайёҳоне, ки аз мамлакатҳои хориҷӣ дидан намудаанд. Он аз рӯи шумораи гузаштани сарҳади давлатӣ муайян карда мешавад;
  • шумораи рӯзҳои саёҳат бо сайёҳони хориҷӣ;
  • ҷамъи маблағи хароҷотҳое, ки сайёҳон дар давраи сафарҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд.

Рушди туризм ва афзоиши ҳаҷми хизматрасонии он рафтори баркашидашударо талаб мекунад, зеро натиҷаҳои иҷтимоии қарорҳои қабулшаванда баланд аст.

Рушди туризм барои ҳар як мамлакат ё минтақа ҳам бартарият ва ҳам камбудиҳо дорад.

Ба бартариятҳо дохил мешаванд:

  • афзоиши воридоти маблағ ба минтақа, аз он ҷумла воридоти асъори хориҷӣ;
  • афзоиши маҷмӯи маҳсулоти миллӣ;
  • ташкили ҷойҳои корӣ;
  • ташкили сохторҳои истироҳат, ки ҳам барои сайёҳон ва ҳам барои аҳолии маҳаллӣ истифода шуданашон мумкин аст; ҷалб намудани сармоя, аз он ҷумла сармояи хориҷӣ.

Камбудиҳои рушди туризм чунинанд:

  • талаботи зиёд ба молу хизматҳо ба миён меояд; нархҳо дар бозори маҳаллии молу хизматҳо ба захираҳои табиӣ, замин, манзил ва ғ. баланд мешаванд;  
  • ҳангоми воридоти сайёҳӣ ба хориҷа баромадани маблағ афзоиш меёбад;
  • муаммоҳои иҷтимоӣ ва экологии манфӣ ба миён меоянд.           Рушди беназорати туризм метавонад тавозуни экологии мамлакатро бад гардонида, услуб ва сифати зиндагии аҳолии маҳаллиро тағйир диҳад.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.