Ташкили фаъолияти сайёҳӣ

Дар ҳар мамлакат ба рушди туризм диққати зиёд дода мешавад. Ҳамзамон ташкили фаъолияти сайёҳӣ бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад, талаботҳо бошанд, дар стандартҳои давлатӣ оварда шудаанд:

ГОСТ 28681-90 «Сиандартизатсия дар бахши хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ» (ҳолатҳои асосӣ);

ГОСТ Р50645-94 «Хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ. Таснифоти меҳмонхонаҳо»; ГОСТ Р50644-94 “Хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ. Талаботҳо барои таъмини бехатарии сайёҳон ва иштирокчиёни экскурсияҳо”; ГОСТ Р50681-94 “Хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ. Банақшагирии хизматрасониҳои сайёҳӣ”; ГОСТ Р50890-94 “Хизматрасонии сайёҳӣ-экскурсионӣ. Хизматрасониҳои сайёҳӣ. Талаботҳои умумӣ” ва ғ.                  Фаъолияти сайёҳӣ аз фаъолияти туроператорӣ, турагентӣ ва дигар фаъолият барои ташкили саёҳатҳо иборат аст;

Таҳти фаъолияти туроператорӣ фаъолият оиди ташкил, ба бозор баровардан ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ фаҳмида мешавад, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр, туроператор – ин субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродие мебошанд, ки бо кор карда баромадани хатсайрҳои сайёҳӣ машғул буда, фаъолияти онҳоро таъмин мекунанд, таблиғотро ташкил мекунанд, ба турагентҳо барои баровардани роҳхат ва ба фурӯш баровардани роҳхатҳо нархҳоро ба саёҳатҳо муайян мекунанд.

Туроператорҳо дар саноати сайёҳӣ нақши махсусро мебозанд. Онҳо маҳсулоти сайёҳиро (ҷой дар тайёраҳо, ҳуҷра дар меҳмонхонаҳо ва дигар хизматрасониҳо) ба даст оварда, дастаи хизматрасониҳои туризмро ташкил мекунанд ва онро мустақиман ё ғайримустақим ба истифодабарандагони гуногун – сайёҳон бо мақсади ба даст овардани фоида мефурӯшанд. Туроператор метавонад хизматрасониҳои туризмро ҷудо-ҷудо фурӯшад. Ин амал ё бо мақсади фоида ё бо дигар зарурият анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати якум, вақте ки туроператор дастаи хизматрасониро ташкил мекунад, ӯ ба сифати истеҳсолкунандаи маҳсулоти сайёҳӣ баромад мекунад. Ин дуруст аст, агар хизматрасониҳои харидоришударо маҳз мувофиқи таъинот бе ягон шарт истифода баранд. Дастаҳои хизматрасонии сайёҳӣ, ки бо номи турҳои инклюзивӣ маълуманд, аз якдигар бо унсурҳои таркибӣ фарқ мекунанд.   

Дар ҳолати дуюм, ки туроператор хизматрасониҳои туризмро ҷудо-ҷудо мефурӯшад, ӯ ба сифати дилери яклухтфурӯши хизматрасониҳои туризм баромад мекунад.

Арзишмандии туроператор аз қобилияти суғуртакунии ӯ аз пастшавии арзиш  ва ба миқдори зиёд харид амудани хизматрасонии туризм, ки барои ташкили дастаҳои хизматрасонии сайёҳӣ заруранд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ барои сайёҳ дастрасанд, иборат мебошад. 

Таҳти фаъолияти турагентӣ фаъолият барои пешбарӣ ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ фаҳмида мешавад, ки аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ё шахсони ҳуқуқӣ дар асоси иҷозатнома амалӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, турагент – ин субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродиест, ки саёҳатҳоро аз рӯи хатсайрҳои сайёҳӣ, ки туроператорҳо кор карда баромадаанд, харидорӣ намуда, аз рӯи онҳо роҳхат мебарорад ва ин роҳхатҳоро ба фурӯш мебарорад.

Туроператор ва турагент бо саёҳат ва маҳсулоти сайёҳӣ сару кор доранд. Саёҳат маҷмӯи хизматрасонӣ барои ҷойгиркунӣ, интиқол, хӯроки сайёҳон, хизматрасониҳои экскурсионӣ, инчунин хизматрасониҳои роҳбалад-тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳое, ки вобаста аз мақсади саёҳат расонида мешаванд, иборат аст.

Дар туризми муташаккил саёҳат (тур) – ин воҳиди аввалаи фурӯши туризм чун мол мебошад. Саёҳат маҷмӯи ба фурӯшравандаи хизматрасониҳои туризм чун воҳиди том аст. Он шакли обунавии пардохти хизматрасонии туризм ба ҳисоб меравад.

Маҳсулоти сайёҳӣ – ин ҳуқуқ ба саёҳат (тур) мебошад, ки барои фурӯш барои сайёҳ пешбинӣ шудааст. Дар иқтисодиёти туризм инчунин дигар мафҳуми маҳсулоти сайёҳӣ истифода карда мешавад, ки мувофиқи он маҳсулоти сайёҳӣ – ин категорияи иқтисодие мебошад, ки дар бар мегирад:

  1. саёҳат (тур)-ҳое, ки аз рӯи мақсадашон (маърифатӣ, солимгардонӣ ва ғ. ) муттаҳид карда шудаанд;
  2. намудҳои гуногуни хизматрасониҳои сайёҳӣ-экскурсионӣ (ҷойгиркунонӣ, хӯрока, нақлиётӣ ва ғ.);
  3. молҳои таъиноти сайёҳӣ-хотиравӣ (харитаҳо, руқъаҳо, савғотиҳо, асбобу анҷомҳои сайёҳӣ ва ғ.).

Ташкил ва фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ махсусиятҳои худро доранд.

Туроператор ҳуқуқ ба хизматрасониҳои ба саёҳат (тур) дохилшавандаро дар асоси шартнома бо шахсоне, ки хизматрасониҳои алоҳидаро пешниҳод мекунанд ё бо туроператор оид ба қабули сайёҳон, ки пешниҳод намудани тамоми хизматрасониҳои ба саёҳат (тур) воридшавандаро таъмин мекунад, ба даст меорад. Ҳангоми пешбарӣ намудани маҳсулоти сайёҳӣ туроператор ва турагент барои мӯътамад будани иттилоот дар бораи маҳсулоти сайёҳӣ ҷавобгар мебошанд.

Фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад. Шартнома дар шакли хаттӣ баста мешавад. Ба шартҳои муҳими шартнома дохил мешаванд:

  • иттилоот дар бораи туроператор ё турагент (фурӯшанда), аз он ҷумла дар бораи иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳӣ, суроғаи ҳуқуқӣ ва маълумотҳои бонкӣ;
  • маълумот дар бораи сайёҳ (харидор) ба андозае, ки барои фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ заруранд;
  • иттилоот дар бораи туроператор, аз он ҷумла дар бораи иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти сайёҳӣ, суроғаи ҳуқуқии он ва маълумотҳои бонкӣ;
  • иттилооти дуруст дар бораи хосиятҳои истеъмолии маҳсулоти сайёҳӣ, аз он ҷумла иттилоот дар бораи нақшаи будубош ва хатсайри саёҳат, дар бораи шартҳои бехатарии сайёҳон, натиҷаҳои сертификатсиякунонии маҳсулоти сайёҳӣ;
  • вақт ва санаи оғоз ва анҷоми саёҳат, давомнокии он;
  • тартиби вохӯрӣ, гузаронидан ва ҳамроҳӣ кардани сайёҳон;
  • ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии тарафҳо;
  • нархи чаканаи маҳсулоти сайёҳӣ ва тартиби пардохт намудани он;
  • шумораи камтарини сайёҳон дар гурӯҳ, мӯҳлати ба сайёҳ хабар додани он, ки саёҳат бо сабаби пурра нашудани гурӯҳ анҷом дода намешавад;
  • шартҳои тағйирдиҳӣ ва бекоркунии шартнома, тартиби танзими баҳсҳои бо ин сабаб ба миён омада ва барқарор кардани зарарҳои тарафҳо;
  • тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани даъво ба сайёҳон. Ҳар яке аз ҷонибҳо ҳуқуқ дорад тағйирдиҳӣ ё бекоркунии шартномаро бо сабаби ба таври куллӣ тағйир ёфтани вазъияте, ки ҷонибҳо шартномаро бастаанд, талаб кунад.

Ба чунин тағйиротҳои куллии вазъият дохил мешаванд:

  • бад шудани шароитҳои саёҳат, тағйир ёфтани мӯҳлатҳои амалӣ намудани саёҳат;
  • ҷамъ нашудани шумораи камтарини сайёҳон ба гурӯҳ, ки дар шартнома нишон дода шудааст ва барои гузаронидани саёҳат зарур аст;
  • афзоиши пешбининашудаи тарифҳои нақлиётӣ;
  • ҷорӣ кардани боҷу андозҳои нав ё баланд кардани боҷу андозҳои амалкунанда;
  • якбора тағйир ёфтани қурби асъори миллӣ.                                 Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеаи таҳвили маҳсулоти сайёҳӣ роҳхати сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи сайёҳро ба хизматрасониҳои ба дохили саёҳат (тур) воридшаванда ва воқеаи расонидани онҳоро тасдиқ мекунад, ваучери сайёҳӣ ном дорад. 

Ваучер (англ. voucher – забонхат) ҳуҷҷати аз тарафи ширкати сайёҳии хориҷӣ ба сайёҳ (гурӯҳи сайёҳон) додашуда мебошад, ки дар асоси он ба ӯ (онҳо) хизмат расонида мешавад ва ҳисоббаробаркунӣ бо ширкати сайёҳӣ ба амал бароварда мешавад. Он кафолати ба ширкати сайёҳӣ пардохт намудани арзиши хизматрасониҳое ба ҳисоб меравад, ки ба сайёҳони хориҷӣ дар дохили мамлакат расонида шудааст. Ваучер чунин маълумотҳои ҳатмиро доро мебошад: ном ва суроғаи ширкати сайёҳӣ, рақами гурӯҳ, шумораи сайёҳон дар гурӯҳ, мӯҳлати будубош дар мамлакат, хатсайри сафарҳо, ному насаби роҳбари гурӯҳ, санаи баровардани ваучер, имзо ва мӯҳрҳои ширкати сайёҳӣ. Ваучер бо сайёҳ (гурӯҳи сайёҳон) дар тамоми ҳудуди мамлакат ҳаракат мекунад. Хизматрасониҳое, ки дар ваучер нишон дода нашудаанд, бо ҳисоббаробаркунии нақдӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар асоси ваучер ба ширкати хориҷӣ ҳисоб барои пардохт пешниҳод карда мешавад.

Барои сафар ба бисёр мамлакатҳо доштани виза талаб карда мешавад.

Виза – ин қайд дар шиноснома (мӯҳри муасиса ё консулгарӣ) мебошад, ки ба соҳиби шиносномаи хориҷӣ ҳуқуқи ворид шудан ва аз он баромаданро медиҳад. Виза метавонад яккарата ва бисёркарата бошад.

Визаи яккарата барои воридоти якдафъаина ба мамлакат ба мӯҳлати муайян дода мешавад.

Визаи бисёркарата ҳуқуқи бе маҳдудият убур намудани сарҳадро дар муддати муайяни вақт (сол, се сол ва ғ.) медиҳад.

Аз рӯи таъинот визаҳо хизматӣ (расмӣ, шахсӣ), меҳмонӣ, бо ҳуқуқи кор кардан, иммигратсионӣ, ва сайёҳӣ мешаванд. Визаи сайёҳӣ – ин қарори дидан намудан аз мамлакат бо мақсадҳои сайёҳӣ дар муддати муайяни вақт ба мӯҳлати муайян-ба мӯҳлати сафар ё саёҳат (тур) мебошад.

Сайёҳе, ки бо ин виза ба мамлакат ворид шудааст, ҳуқуқи машғул шудан бо кори пардохтшавандаро надорад ва бояд дар мӯҳлати нишондодашуда мамлакатро тарк кунад.

Бо додани виза асосан шӯъбаҳои консулии сафоратхона ё консулгариҳои генералӣ оид ба минтақаҳо машғул мебошанд. Барои додани виза боҷ ситонида мешавад.

Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон иҷозатномадиҳӣ ва стандартизатсияи фаъолияти туроператорӣ ва турагентӣ ва объектҳои саноати сайёҳӣ, инчунин сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ гузаронида мешавад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.