Бозори байналхалқии хизматрасонӣ ва шароити ташкили он
Ташаккули бозори байналхалқии мукаммали молҳо ва пурии он ба афзоиши талабот ба хизматрасонӣ оварда расониданд, ки ин рушди пуршиддати бозори байналхалқии хизматрасониро ба миён овард.
Хизмат – ин амали дорои арзиши истеъмолии муайян мебошад, ки дар самараи муфид инъикос ёфта, чун қоида дар лаҳзаи бавуҷудоии худ ин ё он талаботи инсонро қонеъ мегардонад. Ҳамзамон, хизмат метавонад бо ашё яъне бо ёрии мол, ё дар ҷараёни фаъолияти худи меҳнати зинда расонида шавад.
Ду усули истеҳсоли хизмат ду намуди худи хизматро низ сабаб мегардад.
Намуди якуми хизмат – ин чунин хизматҳое мебошанд, ки тавассути мол расонида мешаванд ва бо молҳои истеъмолӣ сару кор доранд. Расонидани чунин намуди хизмат бо мундариҷаи худ аз ҷараёни меҳнат дар истеҳсолоти моддӣ ягон фарқе надорад. Дар ин ҷо тамоми панҷ унсури меҳнат дида мешаванд: воситаи меҳнат, предмети меҳнат, технология, ташкил ва худи меҳнат чун фаъолияти мақсадноки инсон. Ин асос медиҳад, ки чунин хизматрасониҳоро моддӣ (истеҳсолӣ) номем.
Намуди дуюми хизмат – ин хизматҳое мебошанд, ки амалашон ё бевосита ба инсон ё бо шароитҳои ӯро иҳотакунанда равона карда шудаанд. Чунин намуди хизматҳо бо маҳсулоти моддӣ алоқаманд набуда, истеҳсолашлн аз истеъмолашон ҷудонашаванда мебошад. Ташкили ин хизматҳо бо истеъмолашон иттифоқ меафтанд. Чунин намуди хизматҳо ғайримоддӣ (ғайриистеҳсолӣ) ба ҳисоб мераванд.
Савдои байналхалқии хизматҳо назар ба савдои молҳо хусусиятҳо зеринро дорад:
– на дар сарҳад, балки дар дохили мамлакат бо ҳолатҳои дахлдори қонунгузории дохилӣ танзим карда мешаванд. Набудан ё мавҷудияти воқеаи убури сарҳад намудани хизмат наметавонад (чун асъоре, ки бо он ин хизмат пардохт карда мешавад) меъёри содироти хизмат гардад;
- хизматҳо нигоҳ дошта намешаванд. Онҳо истеҳсол ва якбора истеъмол карда мешаванд. Аз ин рӯ қисми зиёди хизматҳо ба алоқаи мустақими байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони худ асос меёбанд;
- истеҳсол ва фурӯши хизматҳо назар ба бахши истеҳсолот ва савдои моддӣ ҳимояи бештари давлатиро бархурдор аст. Нақлиёт, алоқа, хизматҳои молиявӣ ва суғуртавӣ, илм, маориф, ҳифзи саломатӣ дар бисёр мамлакатҳо комилан ё қисман дар моликияти давлат аст ё таҳти назорати қатъии он қарор дорад;
- савдои байналхалқии хизматҳо бо савдои молҳо дар алоқамандии зич қарор дорад ва ба он таъсири сахт мерасонад. Масалан, таъсири хизматҳо ба савдои молҳои илмталаб, ки ҳаҷми калони хизматрасонии техникӣ, хизматҳои иттилоотӣ ва машваратии гуногунро талаб мекунанд, бузург аст;
- на ҳама намуди хизматҳо чун мол метавонанд предмети савдо гарданд. Хизматҳое, ки аксаран ба истеъмолоти шахсӣ ворид мешаванд, наметавонанд ба гардиши хоҷагии байналхалқӣ кашида шаванд. Ояндаи бузург дар савдои байналхалқии хизматҳо дар туризм, ҳифзи саломатӣ, маориф, фарҳанг ва санъат мавҷуд аст.
Дар шароите, ки бозори байналхалқӣ бо ҳаҷми молӣ пур шуда рақобат дар он шиддат гирифтааст, хизматрасониҳо барои соҳибкорон, ба монанди менеҷмент, аудит, инжиниринг, эккаутинг, лизинг, франчайзинг ва ғ. аҳамаияти калонро касб намудаанд. Бозори байналхалқии хизматрасонии муосир номгӯи васеи хизматҳо оид ба мусоидат намудан дар фаъолияти роҳбарӣ (менеҷмент) – ро пешниҳод мекунад, ки махсусан дар ҳолати барпокунии объектҳои саноатӣ «таҳти калид», вақте ки дар муддати вақти дароз бо мутахассисон таъмин намудани корхона зарур аст, паҳн гардидааст.
Предмети амалиётҳои содиротӣ-воридотӣ инчунин хариду фурӯши маҳсули фаъолияти зеҳнӣ: иҷозатнома, ноу-хау, патентҳо, барномаҳо барои МЭҲ ва ғ. ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон қарордодҳои додугирифт ҳам барои аз тарафи харидор ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи ихтироотҳои алоҳида ва ҳам барои муштаракан ба истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо бо фурӯши мутақобилан судманди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар оянда баста мешаванд.
Бе супоридани унвони моликият кори пудратӣ амалӣ карда мешавад, яъне қарордод барои иҷрои кори муайян бо супориши фармоишгар. Предмети пудрат одатан корҳои иктишофии геологӣ, лоиҳавӣ-муҳаққиқӣ, сохтмонӣ ва васлгарӣ, таҷдид ва навкунии объектҳои саноатӣ ва ғ. мегарданд.
Фармоишгар метавонад бо як контрагент шартнома бандад, ки ӯ дар кор иштирок намудани дигар ширкатҳо – пудратчиёни ғайриасосиро ташкил мекунад, ё бо якчанд контрагентҳо барои иҷро намудани корҳои гуногун муносибат барқарор мекунад. Барои амалӣ намудани лоиҳаҳои махсусан калон ширкатҳо ба консорсиумҳо муттаҳид мешаванд.
Консорсиум – иттиҳоди муваққатии субъектони хоҷагидори мустақил барои якҷоя амалӣ намудани амалиёти тиҷоратии муайян мебошад.
Консорсиуми содиротӣ иттиҳоди савдои берунмарзӣ мебошад, ки барои мусоидат намудан дар амалиётҳои содиротии корхонаҳои ба он дохилшаванда, ташкил карда мешавад. Хизматҳои асосии консорсиуми содиротӣ чунинанд:
- ташкил намудани иштироки корхонаҳо дар ярмарка ва намоишгоҳҳо; ба хориҷа фиристонидани намояндагони корхонаҳо; таблиғот ва омӯзиши бозорҳои беруна;
- суғуртакунӣ ва маблағгузории қарзҳои содиротӣ;
- ҷустуҷӯи шарикони хориҷӣ; тайёр намудан ва ба забонҳои хориҷӣ тарҷума кардани ҳуҷҷатҳои шартномавӣ; марказонидани низоми алоқа (масалан, пешниҳод намудани телекс ва почтаи электронӣ) ва ғ.
Пудрат инчунин ҳангоми гузаронидани корҳои НИОКР ва дар бахши фаъолияти машваратӣ-муҳандисӣ васеъ истифода бурда мешавад.
Муносибатҳои пудратии доимӣ бисёр вақт ба кооператсияи истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии мустаҳкам, ташкили корхонаҳои муштарак оварда мерасонанд.
Кооператсияи истеҳсолии байналхалқӣ байни субъектони хоҷагидор аз ҳама бештар дар асоси мубодилаи ашёи хом, маводҳо, таҷҳизот, воситаҳои таъминоти барономавӣ, мутахассисон ва ғ. ба миён меояд.