Франчайзинг

Франчайзинг (англ, franchise – имтиёз, ҳуқуқ) – низоми супоридан ё фурӯхтани иҷозатнома ба технология ва тамғаи молӣ мебошад.

Ассотсиатсияи байналхалқии франчайзинг IFA (International Franchise Association) франчайзингро чун муносибатҳои давомёбанда муайян мекунад, ки мувофиқи он франчайзер ҳуқуқҳои истисноии машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин кӯмак дар омӯзиш, маркетинг, идоракуниро, ки ба шартномаи литсензионӣ асос ёфтаанд,  бар ивази ҷуброни молиявӣ аз франчайзиат ба ӯ медиҳад.

Дар адабиёти ватании мо франчайзингро инчунин бо истилоҳҳои франчайзинг, франшизинг ва френчайзинг ишора мекунанд.

Моҳияти франчайзинг дар он аст, ки ширкат (франчайзер), ки дар бозор обрӯи баланд дорад, бо шартҳои муайян ба ширкате (франчайзиат), ки ба истеъмолкунандагон маълум нест, ҳуқуқ яъне иҷозатнома (франчайз) медиҳад, ки фаъолияташро бо технология ва бо тамғаи молии франчайзер ба роҳ монад ва барои ин ҷубронпулӣ (даромад)-и муайянро ба даст меорад.                                                                                                                Франчайзер – ин соҳиби франчайз мебошад, ки ширкати асосӣ (ширкати модарӣ)-и низоми франчайзинг ба ҳисоб меравад.

Франчайзиат – ин гирандаи франчайз мебошад. Бо шартномаи франчайз ҳуқуқи фаъолият одатан барои ҳудуди муайян ва ба мӯҳлати муайян пешниҳод карда мешавад.

Ҳамин тавр, аз ҷониби ширкати бузурги “модарӣ” ба ягон ширкат пешниҳод намудани иҷозатнома барои истеҳсоли молҳо ва дигар намуди фаъолият зери тамғаи фирмавии ин ширкат дар ҳудуди муайян ва ба мӯҳлати муайян амалӣ мешавад.

Имтиёзи тиҷоратӣ франчайзинг мебошад. Ҳамин тавр, “бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ як ҷониб (соҳиби ҳуқуқ) ӯҳдадор мешавад, ки ба ҷониби дигар (истифодабаранда) бар ивази подош ба мӯҳлати муайян ё бе нишон додани мӯҳлат ҳуқуқи дар фаъолияти соҳибкории истифодабаранда истифода бурани маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноиро, ки ба соҳиби ҳуқуқ тааллуқ доранд, аз он ҷумла ҳуқуқ ба номи ширкат ё нишонаи тиҷоратӣ, ба иттилооти тиҷоратии ҳифзшаванда, инчунин ба нишонаи молӣ, нишонаи хизматрасонӣ ва ғайраро пешниҳод намояд.”.

Аз ин рӯ мувофиқи қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ франчайзер – ин соҳиби ҳуқуқ, франчайзиат бошад, истифодабаранда мебошад.

Қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ истифода намудани маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноӣ, шӯҳрати корӣ ва таҷрибаи тиҷоратии соҳиби ҳуқуқро дар ҳаҷми муайян (масалан, бо нишон додани ҳаҷми камтарин ва ё зиёдтарини истифодабарӣ) бо нишон додан ё бе нишон додани ҳудуди истифодабарӣ, мувофиқи соҳаи муайяни фаъолияти соҳибкорӣ (фурӯши молҳое, ки аз соҳиби ҳуқуқ гирифта шудаанд ё аз тарафи истифодабаранда истеҳсол карда шудаанд, амалӣ намудани дигар фаъолияти тиҷоратӣ, иҷро намудани кор, расонидани хизмат)-ро пешбинӣ мекунад.

Ҷонибҳои қарордоди имтиёзи тиҷоратӣ метавонанд ташкилотҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бошанд.

Шарти асосии франчайзинг: мувофиқати ноу-хауи франчайзер бо сармояи франчайзиат мебошад.

Франчайзиат ду вазифаро иҷро мекунад:

а) пешниҳоди сармоя барои ташкили корхонаи тичоратӣ;

б) идора кардани корхонаи тиҷоратии худ.

Ҳамин тавр, унсури муҳими франчайзинг нақши франчайзиат чун сарчашмаи сармоя ба ҳисоб меравад.

Франчайзинг – ин тиҷорати ҷуфтӣ аст. Аз як ҷониби он ширкати хуб инкишофёфта ва аз тарафи дигар – шаҳрванд, соҳибкори хурд, ширкати хурд қарор доранд. Ҳар ду ҷониб бо шартномаи франчайз ба ҳам алоқаманданд.

Франчайз – ин шартномае мебошад, ки дар он шартҳои тиҷорат инъикос ёфтаанд. Дар адабиёт шартномаи мазкур инчунин бо истилоҳи “франшиза” ёдоварӣ карда мешавад, ки умуман нодуруст аст. Истилоҳи “франшиза” аз фаронсавӣ пайдо шудааст. Он дар суғуртакунӣ истифода бурда шуда, мундариҷаи иқтисодии комилан дигарро дорад.

Шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ, чун қоида, дар шакли хаттӣ баста мешавад ва дар мақомоте ба қайд гирифта мешавад, ки шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии мувофиқи қарордод чун соҳиби ҳуқуқ баромад кунандаро ба қайд гирифтааст.

Агар соҳиби ҳуқуқ ба сифати шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар мамлакати хориҷӣ ба қайд гирифта шуда бошад, шартнома дар мақомоте ба қайд гирифта мешавад, ки шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродии ба сифати истифодабаранда баромадкунандаро ба қайд гирифтааст.

Шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ метавонад пешбинӣ намояд, ки истифодабаранда ҳуқуқ дорад маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноии ба ӯ пешниҳодшаванда ё як қисми онро бо шарти субконцессия, ки бо соҳиби ҳуқуқ мувофиқа карда шудааст ё дар Шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ муайян карда шудааст, ба дигар шахсон диҳад. Дар шартнома метавонад ӯҳдадории истифодабаранда барои дар мӯҳлати муайян, ба шахси муайян додани ҳуқуқи истифодабарии ҳуқуқҳои нишондодашуда бо шартҳои субконцессия пешбинӣ шуда бошад. Шартномаи субконцессия наметавонад ба мӯҳлати зиёдтар аз мӯҳлати шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ, ки дар асоси он баста шудааст, баста шавад.

Соҳиби ҳуқуқ (франчайзер) мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ҳуқуқҳои муайянро ба худ қабул менамояд. Масалан, соҳиби ҳуқуқ ӯҳдадор аст:

  • ба истифодабаранда ҳуҷҷатҳои техникӣ ва тиҷоратиро супорад ва дигар иттилоотеро, ки барои истифодабаранда барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба ӯ додашуда заруранд, пешниҳод кунад, инчунин ба истифодабаранда ва коргарони ӯ оид ба масъалаҳои ба амалинамоии ҳуқуқҳои мазкур алоқаманд дастурамалҳо диҳад;
  • иҷозатномаҳои бо шартнома пешбинишударо бо таъмин намудани барасмиятдарории онҳо бо тартиби муайяннамуда ба истифодабаранда супорад.  

Агар бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, соҳиби ҳуқуқ ӯҳдадор аст:

  • ба қайд гирифтани шартномаи имтиёзи тиҷоратиро таъмин намояд;
  • ба истифодабаранда кӯмакҳои техникӣ ва машваратии доимӣ расонад, аз он ҷумла кӯмак дар омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон;
  • сифати мол (кор, хизматрасонӣ)-ҳоеро, ки дар асоси шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ истеҳсол мешаванд, назорат намояд.

Бо назардошти хислат ва махсусиятҳои фаъолияте, ки истифодабаранда мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ амалӣ менамояд, истифодабаранда вазифадор аст:

  • ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти бо шартнома пешбинишаванда номи ширкат ва ё нишонаи тиҷоратии соҳиби ҳуқуқро ба тарзи дар шартнома нишондодашуда истифода намояд;
  • мутобиқати сифати молҳои истеҳсолшаванда, хизмарсонӣ ва кори иҷрошаванда мувофиқи шартнома аз тарафи худро бо сифати чунин молҳо, кор ва хизматрасонӣ, ки бевосита аз ҷониби соҳиби ҳуқуқ истеҳсол мешаванд, таъмин намояд;
  • риоя намудани дастур ва нишондодҳои соҳиби ҳуқуқ, ки ба таъмин намудани мутобиқати хислат, усул ва шартҳои истифодаи ҳуқуқҳои истисноӣ, аз он ҷумла нишондодҳое, ки ба ороиши дохилӣ ва берунии биноҳои тиҷоратие равона карда шудаанд, ки аз ҷониби истифодабаранда ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои мувофиқи шартнома ба ӯ пешниҳодшуда истифода карда мешаванд;
  • ба харидорон (фармоишгарон) расонидани тамоми хизматрасониҳои иловагӣ, ки онҳо метавонистанд ҳангоми ба даст овардани мол (кор, хизмат) бевосита аз соҳиби ҳуқуқ ба он умед банданд;
  • сирри истеҳсолоти соҳиби ҳуқуқ ва дигар иттилооти тиҷоратии махфиро, ки аз ӯ ба даст овардаанд, ифшо накунанд;
  • шумораи мувофиқашудаи субконсессияҳоро пешниҳод намоянд, агар чунин ӯҳдадорӣ бо шартнома пешбинӣ шуда бошад;
  • бо усули назаррас харидорон (фармоишгарон)-ро огоҳ намояд, ки ӯ номи фирмавӣ, нишонаи тиҷоратӣ, тамғаи молӣ, тамғаи хизматрасонӣ ва дигар воситаҳои фардикунониро дар асоси шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ истифода мебарад.

Бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ метавонанд пешбинӣ карда шаванд:

  • маҳдуд намудани ҳуқуқи ҷонибҳо мувофиқи ин шартнома, масалан, ӯҳдадории соҳиби ҳуқуқ дар бобати ба дигар шахсон надодани чунин маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноӣ барои истифода дар ҳудуде, ки ба истифодабаранда мустаҳкам карда шудааст, ё аз чунин фаъолияти худ дар ҳудуди мазкур худдорӣ намояд;
  • ӯҳдадории истифодабаранда дар бобати бо соҳиби ҳуқуқ рақобат накардан дар ҳудуде, ки амали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ нисбати фаъолияти соҳибкорие, ки бо истифода бурдани ҳуқуқҳои истисноии ба соҳиби ҳуқуқ тааллуқдошта аз тарафи истифодабаранда амалӣ карда мешавад, паҳн мегардад;
  • даст кашидани истифодабаранда аз гирифтани чунин ҳуқуқ аз рақибон (рақибони эҳтимолӣ)-и соҳиби ҳуқуқ бо шартномаҳои имтиёзи тиҷоратӣ;
  • ӯҳдадории истифодабаранда, ки бо соҳиби ҳуқуқ макони ҷойгиршавии биноҳои тиҷоратӣ, инчунин ороиши дохилӣ ва берунии онҳоро, ки ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои истисноии бо шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ бадастоварда истифода бурда мешаванд, мувофиқа намояд.  

Шартҳои маҳдудкунанда метавонанд бо талаби мақоми зиддиинҳисорӣ ё шахси манфиатдор бекор карда шаванд, агар ин шартҳо бо назардошти вазъи бозори дахлдор ва ҳолати иқтисодии ҷонибҳо ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ мухолифат дошта бошанд.

Шартҳое, ки ҳуқуқи тарафҳоро мувофиқи шартномаи имтиёзноки тиҷоратӣ маҳдуд мекунанд, камаҳамият мебошанд, зеро:

  • соҳиби ҳуқуқ ҳуқуқ дорад нархи фурӯши мол ё хизматеро, ки истифодабаранда истеҳсол мекунад, муайян намояд ё ҳадди болоӣ ва поёнии ин нархҳоро муайян кунад;
  • истифодабаранда ҳуқуқ дорад ба гурӯҳи муайяни харидорон (фармоишгарон) ё танҳо ба харидороне (фармоишгарон), ки дар ҳудуди дар шартнома муайянкардашуда зиндагӣ мекунанд, мол фурӯшад, кор иҷро намояд ё хизмат расонад.

Соҳиби ҳуқуқ ба талаботҳое, ки ба истифодабаранда, доир ба ҷавобгӯ набудани сифати молҳо (кор, хизматрасонӣ), ки аз ҷониби истифодабаранда мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, ҷавобгарии иловагӣ дорад.

Аз рӯи талаботҳое, ки ба истифодабаранда ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулоти соҳиби ҳуқуқ пешниҳод карда мешаванд, соҳиби ҳуқуқ бо истифодабаранда якҷоя ҷавоб мегӯяд.

Истифодабаранда баъди ба анҷом расидани мӯҳлати шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ барои бастани шартнома ба мӯҳлати нав бо ҳамон шартҳои пешина ҳуқуқ дорад.

Ҳангоми муфлис эълон намудани соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ низ қатъ карда мешавад.

Ба дигар шахс гузаштани ягон ҳуқуқи истисноие, ки ба маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноии ба истифодабаранда пешниҳодгардида дохил мешаванд, асос барои тағйир ва ё қатъ кардани шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба шумор намеравад. Соҳибҳуқуқи нав дар он қисмати ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки ба ҳуқуқи истисноии гузашаташуда дахл доранд, ҷониби шартнома мегардад.

Дар ҳолати марги соҳибҳуқуқ тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳо мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ ба меросхӯр мегузаранд, ба шарте, ки меросхӯр ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда бошад, ё дар мӯҳлати шаш моҳи баъди кушодани мерос ба чунин сифат ба қайд гирита шавад. Дар акси ҳол шартнома қатъ мегардад.

Амалӣ намудани ҳуқуқ ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои соҳибҳуқуқи фавтида то аз ҷониби меросхӯр қабул намудани ин ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ё то ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудани меросхӯр аз ҷониби идоракунандае, ки аз тарафи нотариус таъин карда мешавад, амалӣ карда мешавад. Ҳангоми аз ҷониби соҳибҳуқуқ тағйир додани номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии худ, ки истифодабариашон ба маҷмӯи ҳуқуқҳои истисноӣ дохил мешаванд, агар истифодабаранда қатъ намудани шартнома ва рӯйпӯш намудани зарарро талаб накунад, шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ нисбати номи фирмавӣ ё нишонаи тиҷоратии нав амал мекунад. Дар ҳолати давом кардани амали шартнома истифодабаранда ҳуқуқ дорад кам кардани маблағи подошеро, ки ба соҳибҳуқуқ дода мешавад, талаб кунад.   

Агар дар давраи амали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ мӯҳлати амали ҳуқуқи истисноӣ, ки истифодааш мувофиқи иншартнома пешниҳод шудааст, ба итмом рассад ё чунин ҳуқуқ бо дигар асос қатъ гардад, амали шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ давом мекунад ба истиснои ҳуқуқи қатъшуда, истифодабаранда бошад, агар дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ дорад кам кардани маблағи подоши соҳибҳуқуқро талаб кунад. 

Бартариятҳои франчайзинг чунинанд:

Барои франчайзер – ин имконияти:

  • зиёд гардонидани корхонаҳои савдо (нуқтаҳои савдо, яъне ҷойҳои фурӯши молу хизматҳо) бо сармоягузориҳои камтарин, зеро франчайзиат низ ба ин бизнес сармояи худро мегузорад;
  • зиёд гардонидани даромад (фоида) аз ҳисоби кӯшишҳои франчайзиат. Азбаски франчайзиат соҳибмулки корхона ба ҳисоб меравад, ӯ барои зиёд шудани фоидаи бизнес кӯшиши бештар менамояд;
  • паст кардани сатҳи хароҷоти истеҳсолот ва муомилот ба як воҳиди гардиши мол, зеро франчайзиат чун соҳибкор худ тамоми хароҷотҳо оид ба таъмини корхонаи тиҷоратии худ (маоши кормандон, иҷорапулӣ ва ғ.) – ро мепӯшад;
  • васеъ намудани шабакаи тақсимоти мол ё хизматрасонии худ аз ҳисоби ба франчайзер вобаста кардани франчайзиат, зеро франчайзиат, чун қоида ӯҳдадор аст, ки таҷҳизоти ба худ заруриро аз франчайзер ё ба воситаи ӯ харидорӣ намояд;

барои франчайзиат – ин имконияти:

  • соҳибкори мустақил шудан;
  • зери нишони савдои эътирофшуда пеш бурдани бизнеси худ;
  • истифода бурдани шаклҳои аллакай таҷрибанамудаи соҳибкорӣ; таблиғоти муштарак;
  • омӯзиш ва кӯмак аз тарафи франчайзер;
  • ба даст овардани бисёр намудҳои бизнеси литсензионӣ бо нархҳои нисбатан паст;
  • як қисми сармоягузориҳоро маблағгузорӣ намуда аз ин фоида ба даст овардан.                                                                                                  Франчайзинг баъзе камбудиҳоро низ доро мебошад, ки рушди онро нигоҳ медоранд.

Камбудиҳои франчайзинг чунинанд:

барои франчайзер – ин:

  • мушкил будани назорат аз болои фаъолияти франчайзиат, зеро франчайзиат коргари кирояи франчайзер ба ҳисоб намеравад ва франчайзер бевосита ба он роҳбарӣ намекунад;
  • имконияти аз даст додани номи нек ва шӯҳрати худ аз кори бади франчайзиат;
  • хавфи аз франчайзиат гирифтани иттилоот ва ҳисоботи муҳосибии нодуруст;
  • имконияти ба миён омадани ҳадафҳои муқобил бо франчайзиат, ки ба бизнес комилан таъсир мерасонад, чунки франчайзер наметавонад шартнома бо франчайзиатро бекор кунад, то он даме, ки ӯ шартҳои шартномаро вайрон накунад.

Барои франчайзиат – ин:

  • назорат аз ҷониби франчайзер, ки ба франчайзиат барои худнишондиҳӣ дар бизнес камтар имконият мемонад;
  • хатари бадном шудан ва аз даст додани обурӯи худ дар натиҷаи кори бад ва аз даст додани обурӯи франчайзер ё дигар франчайзиатҳо;
  • хатари тағйир ёфтани сиёсати франчайзер ба ҷониби барои франчайзиат бад, масалан ҳангоми иваз намудани франчайзерҳо;
  • хароҷотҳои зиёд барои хизматрасонии франчайзер. Масалан, ба харидории таҷҳизоте, ки франчайзиат бояд танҳо аз франчайзер харидорӣ намояд, дар вақте ки дар дигар фурӯшанда он метавонад арзонтар бошад.

Франчайзинг дар навбати аввал дар соҳаҳое қобили истифода мебошад, ки ҳиссаи калони хизматҳо бо хизматрасонии ҳайат (хӯроки умумӣ, хоҷагии меҳмонхона, хизматрасониҳои нақлиётӣ, хизматрасонии маишӣ, хизматҳои таъмир ва ғ.) хос аст.

Дар хориҷа маҳз ҳамон соҳаҳое, ки корхонаҳои бо шартномаҳои франчайз фаъолияткунанда афзалият доранд, бо сармоягузории сермаҳсул тавсиф карда мешаванд.

Вақте ки ставкаҳои фоизи қарзҳо баланданд ва сармоя норасо мебошад, ба франчайзерҳо, ки барои рушди бизнеси худ аз сармояи франчайзиат вобастагӣ доранд, пайдо намудани франчайзиатҳое, ки қобилияти пешниҳод кардан ё дастрас намудани сармояи лозимиро доранд, душвор мебошад. Норасоии сармоя ва ставкаҳои баланди фоиз танҳо он низомҳои франчайзингро маҳдуд намекунанд, ки сармояи нисбатан камро барои ташкили корхонаи савдо талаб мекунанд, танҳо он низомҳое, ки қобилияти истифода бурдани бозори сармояи саҳҳомиро доранд ва он низомҳое, ки ҷараёни дохилии нокифояи маблағи нақдро ҳосил мекунанд.

Усули анъанавии маблағгузорие, ки аз ҷониби франчайзиат истифода бурда мешаванд, дар омезиши захираҳои худи онҳо ва қарзҳои бонкӣ, инчунин воситаҳои аз гарави амвол бадастомада иборатанд. Дар дигар ҳолатҳо сармояи талабкардашаванда аз воситаҳои худи шаҳрвандон чандин маротиба зиёданд. Онҳо дар ҳолате метавонанд соҳибкор шаванд, ки агар франчайзер дар коркарди барномаи пайдо намудани маблағгузории ғайрианъанавӣ иштирок кунад ё кӯмак расонад.

Дар хориҷа чунин сарчашмаҳои сармоягузориро бо роҳҳои зерин пайдо намудан мумкин аст:

а) франчайзер қитъаи заминро харида, ба саҳмдорон онро мефурӯшад. Саҳмдорон қитъаи заминро мувофиқи шарт ва нақшаи франчайзер обод мекунанд. Баъд франчайзер қитъаҳои ободкардашударо барои корхонаҳои савдои худ ба иҷора гирифта, ба франчайзиат ба субиҷора медиҳад;

б) ташкили «ширкатҳо барои сармоягузорӣ ба бизнеси хурд». Чунин ширкатҳо метавонанд ба корхонаҳои хурд қарз диҳанд ва сармояи худро ба онҳо дар шакли саҳмияҳо гузоранд. Дар ҳолате, ки франчайзер ба сифати кафили ҷалб намудани ин ширкатҳо баромад кунад, ба қарзи франчайзиати ӯ маҳдудиятҳои муайян ҷорӣ карда мешаванд (масалан, фоизи қарз муайян карда мешавад, ки франчайзиат метавонад барои харидории мол ва хизматҳои франчайзер истифода намояд ва ғ.);

 в) пешниҳодҳои оммавӣ оиди ташкили ҷамъиятҳои масъулияти маҳдуд барои сохтмони якчанд муассисаҳои савдо, ки ба франчайзиатҳо ба иҷора дода мешаванд;

г) идора кардан ба амволи ғайриманқул ва пеш бурдани фаъолияте, ки аз ҷониби франчайзиат қатъ гардонида шудааст. Асоси маблағгузорӣ дар ин ҷо истифода бурдани амволи ғайриманқул (бино ва қитъаи замин) ба ҳисоб меравад;

д) таблиғоти муштарак;

е) омӯзиш ва кӯмаки аввала ва минбаъда аз ҷониби франчайзер;

ж) арзиши нисбатан пасти ба даст овардани бисёр намудҳои бизнеси литсензионӣ;

з) имконияти маблағгузорӣ намудани қисми сармоя.

Франчайзинг воситаи сафарбаркунии сармоя ба ҳисоб меравад.

Он сармоягузориҳоро аз шумораи зиёди сармоягузорон ҷалб менамояд, ки кӯшиш мекунанд соҳиби фаъолияти шахсии худ гарданд ва ҷамъи сармоягузориҳо аз маблағе, ки метавонист аз сарчашмаҳои анъанавӣ ба монанди сармояи саҳҳомӣ ё сармояи ҷалбкардашуда (қарзӣ) ҷамъ оварда шавад, чандин маротиба зиёд мебошад.

Ду навъи асосии франчайзинг вуҷуд доранд:

молӣ;

бизнес-формат.

Франчайзинги молӣ бо фурӯши гурӯҳҳои молии франчайзер ба франчайзиат, пардохтҳои аз франчайзиат рӯёнанда ва бо шартҳои пардохт алоқаманд аст.

Дар ҳолатҳои алоҳида он бо пардохти хизматрасониҳои кафолатӣ ва рӯёнидани хароҷотҳои таблиғоти муштарак муносибат дорад.  

Франчайзинги молӣ дар адабиёти ватанӣ баъан бо истилоҳи «франчайзинги маснуотҳо» ишора карда мешавад. Ҳангоми франчайзинги молӣ франчайзер мувофиқи шартномаи франчайз ҳуқуқи фурӯши мол ва хизматрасониҳоро дар бозори муайян ё дар ҳудуди муайян ба франчайзиат медиҳад. Франчайзиат бошад, дар навбати худ ӯҳдадор мегардад, ки молҳоро танҳо аз франчайзер харидорӣ менамояд.

Франчайзинги бизнес-формат аз расонидани гурӯҳи хизматрасониҳо ба франчайзиат аз ҷониби франчайзер иборат аст: супурдани истеҳсолот, ноу-хау, омӯзиши он, ки чӣ тавр ин фаъолиятро ба роҳ монад, таҷрибаи андӯхташуда, тасдиқи ғояҳои муваффақ (лоиҳаҳои таҷрибавӣ, ки аллакай дар амал ҷорӣ карда шудаанд), таҳлили макони ҷойгиркунӣ (баҳо додани ҷойҳои мавҷуда ва пешниҳодҳо дар бораи чойҳои нав), нишонаҳои молӣ, нишонаҳои хизматрасонӣ, номи фирмавӣ, хизматрасонии доимӣ ва ғ.  

Франчайзинги бизнес-форматро дар адабиёти ватанӣ инчунин бо истилоҳҳои «франчайзинги гардон» ва «франчайзинги корӣ» ишора менамоянд.

Бо ин навъи франчайзинг франчайзиат дастгирии франчайзерро дар тамоми давраи амали шартнома соҳиб мегардад.

Франчайзинги бизнес-формат подоши ибтидоӣ барои пешниҳод намудани франчайзро меситонад. Ин метавонад пардохти якдафъаина ё пардохт бо қисмҳо барои франчайз, омӯзиш, интихоби майдони сохтмони корхона ва дигар хизматҳо бошад. Ҳангоми франчайзинги бизнес-формат талаб карда мешавад, ки франчайзиат ба фонди таблиғотии дар ихтиёри франчайзер буда, аъзоҳаққӣ супорад. Франчайзер метавонад ба франчайзиат фондҳои асосиро ба иҷора диҳад, маблағгузориро пешниҳод кунад, инчунин ҳуқуқ дорад ба сифати таъминкунанда барои франчайзиатҳои худ баромад кунад.

Даромади франчайзер аз подоши якдафъаинаи аввалае, ки ба ӯ пардохт карда мешавад ва аз маблағҷудокуниҳои доимӣ, яъне пардохтҳои ҷорӣ (фоиз аз гардиш ё аз маҷмӯи даромад ва ғ.) таркиб меёбад. Иловатан тамоми сармояҳое, ки барои оғози кори корхонаи савдо заруранд, бояд амалӣ карда шаванд.

Подош мувофиқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибҳуқуқ метавонад дар шакли пардохтҳои яккарата ё даврии муқарраркардашуда, ҳисса аз маблағи фурӯш, нархи иловагӣ ба нархи яклухти молҳое, ки ба соҳибҳуқук барои фурӯши оянда фурӯхта мешаванд ё дар шакли дигар, ки бо шартнома муайян карда шудааст, пардохт карда шавад.

Сарчашмаҳои даромадҳои франчайзер инчунин ба ҳисоб мераванд, фоидаҳо аз: ба франчайзиат ба иҷора додани амволи ғайриманқул, таҷҳизот; қарздиҳӣ; ба гарав додани моликият, ба франчайзиат фурӯхтани мол ва хизматҳо; фурӯхтани мол ба корхонаҳои савдои чакана, ки ба франчайзер тааллуқ доранд; харидҳо ва фурӯшҳои корхонаҳои савдои чаканаи франчайзиат.

Дар мамлакатҳои ИДМ истифодаи франчайзинг дар нимаи дуюми солҳои 80-ум, дар вақти ба фурӯш баровардани молҳои ширкатҳои хориҷӣ ба воситаи соҳибкории муштарак оғоз ёфт.

Имрӯзҳо ба меъёрҳои аслии франчайзинг муассисаҳои зудхизматрасонии  “Макдоналдс”, мағоза ва дастгоҳҳои автоматии фурӯши обҳои ташнагишикани ширкати “Кока- Кола”, истгоҳҳои хизматрасонии автомобилҳои “Волво”, “Мерседес-Бенс” ва ғ. чавобгӯ мебошанд.

Баъди онҳо муассисаҳои савдо ва муассисаҳое ҷойгир гаштаанд, ки дилерон ва дистрибюторони ваколатдори таъминкунандагон-шарикони хориҷии худ ба шумор мераванд.

Бранд – стратегия – ин кор карда баромадани обрӯи субъекти хоҷагидор (яъне франчайзер) дар асоси дар бозор пешбарӣ намудани бранди он мебошад.

Дар чопи русӣ истилоҳи “бранд” – ро бо калимаи нодуруст (тарҷумаи сунъӣ) – и брэнд ишора мекунанд.

Бранд (анг. brand-нишона, тамғаи фабрикӣ) маҷмӯи хосиятҳои моддӣ ва ғайримоддии мол (хизмат) – ро дар бар мегирад, ки тасаввуроти истеъмолкунандаро ба вуҷуд оварда мавқеи суюъекти хоҷагидор (корхона) – ро дар бозор муайян мекунанд.

 Ба хосиятҳои моддии мол (хизмат) дастгоҳ, сохт, шакл ва ғ. мансубанд.

Хосиятҳои ғайримоддии мол (хизмат) устуворӣ, ҳузуру ҳаловат, хизматрасонии кафолатӣ, нишонаи молӣ, нишонаи хизматрасонӣ, услуби ширкат, таблиғот, нарх ва ғайраро дар бар мегиранд.

Ҳамаи ин хосиятҳо якҷоя шуда, симои нисбатан пурраи мол (хизмат) – ро ташкил менамоянд ва истеъмолкунандаро водор мекунанд, ки дар бозор аз байни ҳамаи мол (хизмат) – ҳои монанд маҳз ҳамин мол (хизмат) – ро интихоб намояд.                                                                                                Бранд имконияти мушаххасгардонии ҳар мол (хизмат) – ро дар сатҳи нусхаи барномавӣ медиҳад, ки нишонаҳои асосии он якбора сатҳи дастоварди техникӣ ва такмили сифат, таъиноти мол (хизмат), ороиши эстетикӣ, дизайни борҷома, ороиши ҷойҳои фурӯши мол ё пешниҳод намудани хизматрасонӣ (раста, витирина, дохили бино, нақлиёт ва ғ.), сатҳи ҳаловат, сифати хизматрасонии кафолатӣ, сатҳи ҳимояи суғуртавӣ ва ғ. ба ҳисоб мераванд. 

Бранд- стратегия дар бар мегирад:

  • таҳлили вазъи бозории мол (хизмат);
  • банақшагирии баровардани мол (хизмат) – и нав;
  • чорабиниҳои ташкилӣ (омӯзиши талабот, кор карда баромадани услуби ширкат, гузаронидани корҳои таблиғотӣ ва ғ.);
  • қабули қарор дар бораи баровардани миқдори муайяни мол (хизмат) бо сифати мазкур бон архи муқарраркардашуда;
  • ташкили истеҳсол (баровардан) – и мол (хизмат) ва савдои онҳо, ташкили хизматрасонӣ.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.