Реинжиниринг
Дар давраҳои охир дар бозори байналхалқии хизматрасониҳо намуди нави хизматрасонӣ – хизматрасонии реинжиниринг пайдо шуд, ки аз ҷониби ширкатҳои реинжинирингии хориҷӣ расонида мешавад. Реинжиниринг (англ, re-engineering) – ин хизматрасониҳои муҳандисӣ-машваратӣ оид ба бозсозии низоми ташкил ва идораи ҷараёнҳои истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва инвеститсионии субъекти хоҷагидор бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва устувории молиявии он мебошанд. Реинжиниринг ду намудро доро мебошад: реинжиниринги бӯҳронӣ ва реинжиниринги тараққиёт. Реинжиниринги бӯҳронӣ ба ҳалли муаммоҳои бӯҳронии субъекти хоҷагидор равона карда мешавад. Он дар ҳолатҳое истифода карда мешавад, ки натиҷанокии фаъолияти молиявӣ-тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ-савдоии субъекти хоҷагидор доимо паст мегардад, рақобатпазириаш якбора паст шуда, раванди муфлисшавӣ ба миён меояд ва маҷмӯи чорабиниҳо барои бартараф кардани ин бӯҳрон заруранд. Имрӯз бисёр субъектони хоҷагидори истеҳсолӣ ба реинжиниринги бӯҳронӣ эҳтиёҷ доранд ва ин якчанд сабабҳои худро дорад:
- дар сохтори муосири ташкил ва идораи ширкатҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳо ҳоло бисёр нишонаҳои режими кӯҳна мавҷуданд, ки ба хароҷоти зиёдатии захираҳои меҳнатӣ, молиявӣ ва моддӣ оварда мерасонанд;
- унсурҳои нави ҷараёни бизнес дар сатҳи коркард қарор дошта суст инкишоф меёбанд. Реинжиниринги тараққиёт дар он ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки динамикаи рушди сохтори амалкунандаи ташкил ва идоракунии ҷараёнҳои истеҳсолӣ-тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ паст шуда, аллакай ба сатҳи ниҳоии ба даст овардани фоида расидааст. Чунин намуди реинжиниринг барои ширкатҳои савдо хос аст. масалан, агар пештар фурӯши молҳо бо пешпардохт меъёр ҳисоб карда мешуд, имрӯзҳо аллакай тамоюли ба роҳ мондани алоқаҳои шарикона бо контрагентҳо бо принсипи қарзҳои молӣ, қарзҳои тиҷоратӣ (яъне ҳисоббаробаркунӣ бо додани мӯҳлат барои пардохт) ба назар мерасад. Қарзи молӣ – ин ба моликият дигар ҷониб гузоштани мол аз тарафи ҷониби дигар мебошад. Қарзи молӣ барои шарикони яклухтфурӯши хурд ва минтақавӣ, ки сармояи гардон надоранд, ё бо он таваккал карданӣ нестанд, муфид мебошад. Схемаи қарзҳои молӣ ва схемаи консигнатсионӣ сиёсати молиявии боз ҳам сахттар ва баҳисобгирии муҳосибии аниқро назар ба схемаи пешпардохт талаб мекунанд. Дар ҷараёни азнавташкилкунии низоми идоракунии субъекти хоҷагидор дар асоси реинжиниринг гузариш аз бизнес-ҷараён ба реинжиниринги бизнес – ҷараён ба миён меояд. Бизнес-ҷараён амали ҳайати роҳбарикунанда дар ҷараёни хоҷагидориро дар бар мегирад. Реинжиниринги бизнес-ҷараён – ин беҳтар гардонидани низоми идоракунии ҷараёнҳои хоҷагидорӣ мебошад. Ширкатҳои инжинирингиро, ки бо реинжиниринг машғуланд, метавон ба чор намуд ҷудо намуд. Намуди якум – ин ширкатҳо-машваратчиёни хориҷӣ мебошанд. Онҳо пеш аз ҳама хизматрасониҳои аудиторӣ инчунин хизматрасониҳо барои идора кардани селаҳои иттилоотӣ бо ёрии компютерҳо ва таъминоти барномавии худро пешниҳод мекунанд. Намуди дуюм – ин ширкатҳои консалтингӣ мебошанд, ки чун интегратори системавӣ кор мекунанд. Ин ширкатҳо танҳо дар сатҳи болоии идоракунии субъекти хоҷагидор метавонанд кор кунанд ва аз қоидаҳои баҳисобгирӣ ва технологияи ҷорӣ намудани онҳо дур мебошанд. Вазифаи асосии онҳо дар барпо кардани тамсилаҳои беҳтарин бо ёрии барномаҳои хориҷӣ ва ҷорӣ намудани низоми гардиши ҳуҷҷатҳо мебошад. Чунин ширкатҳо дар идоракунии молия таҷриба надоранд. Онҳо аз рӯи принсипи лоиҳавӣ фаъолият мекунанд ва қобилияти қарорҳои тиражиро надоранд. Намуди сеюм – ин ширкатҳое мебошанд, ки лоиҳаи корхонаи идеалиро тайёр менамоянд, яъне лоиҳаи бизнеси беҳтаринро пешниҳод мекунанд. Аммо ин ишркатҳо худашон наметавонанд ин лоиҳаро амалӣ намоянд ва барои дар ҳаёт амалӣ намудани он тавсияҳо низ намедиҳанд. Намуди чорум – ин ширкатҳое мебошанд, ки бо дар амал татбиқ намудани реинжиниринг машғул мебошанд. Вазифаи асосии онҳо – ин зудтар ҷорӣ намудани натиҷаҳои лоиҳаи азнавташкилкунии низоми идоракунии субъекти хоҷагидор, бо мақсади бартараф кардани вазъи бӯҳронии бамиёномада ва баъдан пешниҳод намудани низоми беҳтари идоракунӣ мебошад.