Лизинг

Лизинг (англ, lease – аренда) – шакли иҷораи дарозмуддат мебошад, ки бо ба истифода супоридани таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва дигар амволи манқул ва ғайриманқул, ба ғайр аз қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ, алоқаманд аст.                                                                                             Амалан, лизинг шакли таъминоти моддӣ-техникӣ бо иҷора ва қарздиҳии якҷоя мебошад.                                                                                               Дар ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ лизинг чун мафҳуми “иҷораи молиявӣ” иштирок мекунад.                                                                                       Дастурамал дар бораи лизинг онро чунин муайян мекунад:                                Лизинг – ин чунин намуди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки ба сармоягузории воситаҳои молиявии озод ё ҷалбкардашуда равона карда шудааст, ки мувофиқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) иҷорадиҳанда ӯҳдадор мегардад, то амволи дар шартнома нишондодаро аз фурӯшандаи муайян харидорӣ намуда, ин амволро ба иҷорагиранда (лизинггиранда) бар ивази пардохт ба истифодаи муваққатӣ барои мақсадҳои соҳибкорӣ диҳад.               Предмет (объект) – и лизинг ҳар ашёи ғайриистеъмолӣ шуда метавонад, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, ба ғайр аз қитъаҳои замин ва дигар объектҳои табиӣ.                                                               Лизингдиҳанда – ин субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродӣ мебошад, ки фаъолияти лизингиро, яъне мувофиқи шартнома ба лизинг додани амволе, ки махсус барои он ба даст оварда шудааст, амалӣ мекунад.         Лизинггиранда – ин субъекти хоҷагидор ё соҳибкори инфиродӣ мебошад, ки мувофиқи шартномаи лизинг амволро ба истифода мегирад.           Фурӯшандаи амволи лизингӣ – ин субъекти хоҷагидор – истеҳсолкунандаи мошин ва таҷҳизот, дигар субъекти хоҷагидор ва ё шаҳрванде мебошад, ки амволи предмет (объект)-и лизинг баҳисобравандаро мефурӯшад.                                                                                     Лизингдиҳанда мувофиқи шартномаи лизинг ӯҳдадор мегардад, ки амволи аз ҷониби лизинггиранда нишондодаро аз фурӯшандаи аз тарафи ӯ муайянкарда ба даст оварда, ин амволро ба лизинггиранда бар ивази пардохт барои истифодаи муваққатӣ бо мақсадҳои соҳибкорӣ месупорад. Ҳамазамон, лизингдиҳанда барои интихоби предмети лизинг ва фурӯшанда ҷавобгар нест.                                                                                                               Лизингдиҳанда ҳангоми дастрас намудани амвол барои лизинггиранда бояд фурӯшандаро огоҳ намояд, ки амволи мазкур барои ба иҷораи молиявӣ додан, ба шахси муайян, пешбинӣ шудааст.                                                         Хавфи нобудшавӣ ё вайронкунии тасодуфии амволи ба иҷора гирифташуда, дар лаҳзаи ба лизинггиранда супоридани амвол ба ӯ мегузарад, агар дар шартномаи лизинг дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад. Лизинггиранда ҳуқуқ дорад бевосита ба фурӯшандаи амволе, ки предмети шартномаи лизинг ба шумор меравад, талаботҳои худро, ки аз шартномаи хариду фурӯши байни фурӯшанда ва лизингдиҳанда нисбати сифат ва пуррагии амвол, мӯҳлати таҳвили он, ва дар дигар ҳолатҳои ба таври бояду шояд иҷро накардани шартнома аз ҷониби фурӯшанда ба миён меоянд, пешниҳод кунад. Лизинггиранда низ чун харидор ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ дорад, ба истиснои ӯҳдадории пардохт намудани амволи бадастовардашуда. Аммо лизинггиранда наметавонад бе розигии лизингдиҳанда шартномаихариду фурӯш бо фурӯшандаро бекор кунад.                                           Нисбати харидор лизинггиранда ва лизингдиҳанда чун қарздиҳандагони ҳамраъй баромад мекунанд, яъне ҳар яки онҳо ҳуқуқ дорад ба фурӯшанда талаботҳояшро пурра пешниҳод кунад. То пешниҳод намудани талабот аз тарафи қарздиҳандаҳои ҳамраъй фурӯшанда ҳуқуқ дорад, ӯҳдадориҳо ба хар кадоми онҳоро мувофиқи салоҳдиди худ иҷро кунад.                                                                                                                               Лизингдиҳанда дар назди лизинггиранда барои аз ҷониби фурӯшанда иҷро намудани талаботҳое, ки аз шартномаи хариду фурӯш ба миён меоянд, ҷавобгар нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҷавобгарӣ барои интихоби фурӯшанда бар дӯши лизингдиҳанда мебошад, агар дар шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад. Агар ҷавобгарӣ барои интихоби фурӯшанда бар дӯши лизингдиҳанда бошад, лизинггиранда ҳуқуқ дорад талаботҳои худро, ки аз шартномаи хариду фурӯш ба миён меоянд, ҳам ба лизингдиҳанда ва ҳам ба фурӯшанда, ки ҷавобгарии якҷоя мебаранд, пешниҳод кунад.

Лизинг ду намудро доро мебошад: молиявӣ ва амалиётӣ:

Лизинги молиявӣ (financial lesing) аз ҷониби лизинггиранда дар тамоми давраи амали шартномаи лизинг пардохт намудани маблағҳоеро пешбинӣ мекунад, ки арзиши истеҳлоки амволро пурра ё қисман, инчунин фоидаи лизингдиҳандаро мепӯшонанд.

Баъди анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартнома лизинггиранда метавонад:

  • предмети лизингро ба лизингдиҳанда баргардонад;
  • шартномаи нави лизингро бандад;
  • предмети лизингро бо арзиши боқимонда харад.

Лизинги амалиётӣ  (operation lesing) ба мӯҳлати камтар аз давраи истеҳлокии амвол баста мешавад. Баъди анҷом ёфтани мӯҳлати амали шартнома предмети лизинг ба соҳибаш баргардонида мешавад ё аз нав ба иҷораи молиявӣ дода мешавад.                                                                                       Лизинггиранда лизинги амалиётиро чун қоида дар ду ҳолат интихоб мекунад.                                                                                                                                  Якум, вақте ки амволи ба иҷора гирифташаванда ба ӯ танҳо барои иҷро намудани кори яккарата ё барои амалӣ намудани як лоиҳаи фаръӣ зарур аст. Дуюм, вақте ки амволи ба иҷора гирифташаванда аз ҷиҳати маънавӣ ниҳоят зуд истеҳлок мешавад ва лизинггиранда тахмин мекунад, ки баъди ба анҷом расидани мӯҳлати амали шартномаи лизинг (лизинги амалиётӣ) чунин амволи муосир ва нисбатан самараноктар пайдо хоҳад гашт.                                 Лизинг ду шакли асосиро доро мебошад: мустақим ва баргарданда.                  Лизинги мустақим чунин аст: субъекти хоҷагидор таҳвилгар (ё истеҳсолкунанда) – и амволи лизингии ба худаш заруриро пайдо менамояд ва дар ин бора бо нишон додани ҳама хосиятҳои техникӣ ва иқтисодӣ ба ширкати лизингӣ хабар медиҳад. Ширкати лизингӣ бо субъекти хоҷагидор шартнома мебандад, ки мувофиқи он ширкат ба таҳвилгар арзиши амволро пурра пардохт менамояд ва ин амволро ба субъкти хоҷагидор ба иҷораи дарозмуддат медиҳад. Ҳамзамон ширкати лизингӣ бо таҳвилгар доир ба дастрас намудани амвол шартнома мебандад.                                                              Лизинги мустақим вақте афзалият дорад, ки субъекти хоҷагидор ба аз нав таҷҳизонидани иқтидори техникиии мавҷудбуда эҳтиёҷ дорад.                          Лизинги баргарданда ба даст овардани захираҳои молиявии иловагӣ таҳти гарави амволи фармоишгар мебошад. Лизинги баргардандаро метавон чун алтернативаи амалиётҳои қарзӣ ном бурд. Моҳияти он дар он аст, ки лизинггиранда амволи худро ба ширкати лизингӣ мефурӯшад ва ҳамон замон ин амволро аз ширкат ба иҷораи дарозмуддат мегирад. Шартномаи лизинги баргарданда ба тамоми давраи хизмати муфиди амвол паҳн мегардад ва дар оянда боз ба лизинггиранда гузаштани ҳуқуқи моликият ба амволро пешбинӣ мекунад. Ҳамин тавр, субъекти хоҷагидор ҳангоми лизинги баргарданда воситаҳои молиявиро ба даст меорад, ки кафолати баргардониданашон амволи худи ӯ мебошад, ки ба ширкати лизингӣ ба гарав гузошта шудааст.           Ҳангоми бастани шартномаи лизингӣ ҷанбаи асосии молиявӣ пардохти лизингӣ ба шумор меравад. Он аз намуди амвол, мӯҳлати лизинг, ҷадвали пардохтҳо ва дигар шартҳои шартнома вобаста мебошад. Пардохти лизингӣ руйпӯш кардани хароҷотҳои пурраи лизингдиҳанда бо назардошти фоидаи мӯътадилро дар бар мегирад. Одатан маблағи он қайд кардашуда мебошад ва дар тӯли тамоми давраи амали шартнома пардохт карда мешавад. Аммо дар шароитҳои таваррум дар шартнома ба таври ҳатмӣ имконияти бознигарӣ намудани бузургии фоизи лизингӣ монда мешавад.

Вариантҳои гуногуни пардотҳо метавонанд бошанд. Агар вазъи молиявии мизоҷ дар давраи авали азхудкунии таҷҳизот пардохт намудани хароҷотҳои зиёдкардашударо имконият диҳад, он гоҳ ҳангоми ҳамон шартҳои лизинг имконияти сарфакунӣ дар пардохти фоизҳо пайдо мегардад. Динамикаи баръакси пардохтҳои лизингӣ низ метавонад вуҷуд дошта бошад, вақте ки мизоҷ бо сабаби вазъи номусоиди молиявӣ дар бораи мӯҳлат додан дархост кунад. Аммо мавқуф гузоштани пардохти лизингии якум ба афзоиши маблағи фоизҳои дар охири давра гирифташаванда, оварда мерасонад. Ҳангоми муайян намудани ставкаҳои лизинги байналхалқӣ, ба ғайр аз ҷанбаҳои сирф молиявӣ имтиёзҳои андозӣ ва дигар имтиёзҳо ба инобат гирифта мешаванд, ки бо қонунгузориҳои як қатор мамлакатҳо ба сармоягузорон ва соҳибони намудҳои ҷудогонаи амвол пешниҳод карда мешаванд. лизинг бо қарзи молӣ монандӣ дорад. Аммо агар ҳангоми қарзи молӣ истифодабарандаи мол якҷоя бо гирифтани мол соҳиби ҳуқуқи моликият бо мӯҳлат барои пардохти арзиши он гардад, ҳангоми лизинг ин ҳуқуқ то пурра пардохт намудани предмети лизинг аз ҷониби лизинггиранда дар дасти лизингдиҳанда мемонад. Аз ин рӯ пардохтҳои лизингӣ ин пардохтҳо барои қарз мебошанд, ки дар шакли молӣ гирифта шудааст.

Ҳамин тавр, лизинг чун яке аз вариантҳои иҷора баҳо дода мешавад, барои ҳамин пардохтҳои лизингӣ пардохтҳои иҷоравӣ мебошанд. Тартиб, шартҳо ва мӯҳлати пардохт намудани иҷорапулӣ бо шартномаи иҷора (дар айни ҳол шартномаи лизинг) муайян карда мешавад.

Иҷорапулӣ ба тамоми амволи иҷорагирифташуда дар умум ё алоҳида барои ҳар қисми таркибии он дар намудҳои зерин муқаррар карда мешавад:

а)  пардохтҳои дар маблағи устувор муайян карда шуда, ки як дафъа ё ба таври даврӣ пардохт карда мешаванд;

б) ҳиссаи муайянкардашуда аз маҳсулот, даромаде, ки дар натиҷаи истифодаи амволи ба иҷора гирифташуда ба даст омадааст;

в)  аз ҷониби иҷорагиранда пешниҳод намудани хизматрасониҳои муайян;

г)  аз ҷониби иҷорагиранда ба иҷорадиҳанда ба моликият ё ба иҷора супоридани амволе, ки бо шартнома муайян карда шудааст;

д)  бар дӯши иҷорагиранда гузоштани хароҷотҳо барои беҳтар намудани моликияти ба иҷорагирифташуда, ки дар шартнома нишон дода шудаанд.

Ҷонибҳо дар шартномаи иҷора метавонанд омезиши шаклҳои нишондодашудаи пардохти иҷора ё дигар шаклҳои пардохти иҷораро пешбинӣ намоянд.                                                                                                       Андозаи иҷорапулӣ, агар дар шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад,  бо қарордоди ҷонибҳо дар мӯҳлате, ки дар шартнома нишон дода шудааст, аммо на зиёда аз як маротиба дар як сол метавонад тағйир дода шавад. Аз ҷониби қонун мӯҳлатҳои камтарини бознигарии андозаи пардохти иҷора барои намудҳои алоҳидаи иҷора, инчунин барои иҷораи намудҳои алоҳидаи моликият метавонанд пешбинӣ карда шаванд.                         Ичорагиранда (лизинггиранда) дар ҳолати бо сабабҳои аз ӯ новобаста бад шудани ҳолати моликият ё шароитҳои истифодабарии бо шартномаи иҷора (лизинг) пешбинӣ шуда, агар дар шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, метавонад кам кардани пардохтҳои иҷораро талаб кунад. Дар ҳолати аз ҷониби иҷорагиранда (лизинггиранда)  вайрон намудани мӯҳлати пардохти иҷора, иҷорадиҳанда (лизингдиҳанда) ҳуқуқ дорад, ки агар мувофиқи шартнома дигар ҳолат пешбинӣ нашуда бошад, аз ӯ дарҳол пардохт намудани иҷорапулиро талаб кунад. Ҳамзамон, иҷорадиҳанда ҳуқуқ надорад зиёда аз ду мӯҳлат пай дар пай пеш аз мӯҳлат пардохт намудани иҷорапулиро талаб намояд.                                                                      Ҳангоми ҳисоб кардани андозаи умумии пардохтҳои лизингӣ лизингдиҳанда мувофиқи шартнома ба он маблағи хароҷотҳои воқеии худ ва фоидаи банақшагирифташавандаро дохил мекунад. Ба таркиби пардохтҳои лизингӣ одатан дохил карда мешаванд:

• истеҳлоки моликияти лизингӣ дар тамоми мӯҳлати амали шартномаи лизинг;

  • ҷуброни пардохтҳои лизингдиҳанда барои воситаҳои қарзии аз тарафи ӯ истифодашуда;
  • андозаи подоши комиссионӣ;
  • пардохт барои хизматрасониҳои иловагии лизингдиҳанда (таҳвил, ба кор даровардани таҷҳизот, омӯзиши ҳайат ва ғ.).

Дар шартномаи лизинг метавонанд ҳам андозаи ҳар як унсурҳои ба нархи шартнома дохилшаванда ва ҳам маблағи умумии пардохтҳои лизингӣ бе ҷудо намудани он ба унсурҳои алоҳида пешбинӣ карда шаванд.                     Ҳангоми бастани шартнома ҷонибҳо метавонанд маблағи муқарраршудаи пардохтҳоро муайян намоянд ё танҳо дар бораи алгоритми ҳисоб кардани онҳо ба мувофиқа оянд. Ҷонибҳо инчунин усули ҳисобкунӣ ва ҷадвали анҷом додани пардохтҳоро муайян намоянд.                                             Омили муҳими бурдбории бизнеси лизингӣ интихоби сохтори дурусти ташкилии ширкати лизингӣ ва омодагии баланди касбии ҳайати кормандони он ба ҳисоб мераванд.                                                                          Бизнеси лизингӣ – ин яке аз намудҳои мураккабтарини фаъолияти соҳибкорӣ мебошад, ки дар он муносибатҳои иҷоравӣ, унсурҳои мабдағгузории қарзӣ таҳти гарав, ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои қарзӣ ва дигар механизмҳои молиявӣ ҷалб карда шудаанд. Ширкати лизингӣ бо миқдори зиёди хадамотҳои таҳлилӣ, таъминоти маркетингӣ ва ҳуқуқии мустаҳкам ҳамкории назаррас бо муассисаҳои бонкӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва сохторҳои ҳукуматии минтақавӣ шинохта мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.