Ноу-хау

Ноу-хау

Қисми муҳими алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ мубодила дар шакли дониш, таҷриба ва иттилооти илмӣ-техникӣ ба ҳисоб меравад. Ин мубодила ноу-хау мебошад. 

Ноу-хау (англ, know-how – медонам чӣ тавр) –  маҷмӯи донишҳои техникӣ ва сирри тиҷоратӣ мебошад.

Ноу – хау бо хосияти техникӣ дар бар мегирад:

  • намунаҳои таҷрибавии бақайд гирифта нашудаи маснуот, мошин ва дастгоҳҳо, қисмҳои алоҳида, асбобҳо, ҷиҳоз барои коркард ва ғ.;
  • ҳуҷҷатҳои техникӣ – формулаҳо, ҳисобҳо, нақша, нақшаи натиҷаи таҷрибаҳо, рӯйхат ва мундариҷаи корҳои илмӣ-татқиқотии гузаронидашуда ва натиҷаҳои онҳо; ҳисобҳое, ки дар технология ё истеҳсолоти мазкур истифода бурда мешаванд;
  • маълумотҳо дар бораи сифати маводҳо; барномаҳои таълимӣ барои омодасозии ҳайати кормандон;
  • тавсияҳое, ки маълумотҳо дар бораи сохтор, тайёркунӣ ё истифодаи маҳсулот, таҷрибаи истеҳсолӣ ва тавсифи технологияро дар бар мегиранд;
  • нишондодҳои амалӣ доир ба дизайн; дастурамалҳои техникӣ, маълумотҳо дар бораи банақшагирӣ ва идоракунии истеҳсолот;
  • донишу маҳоратҳо дар бахши ҳисобдории муҳосибӣ, оморӣ ва молиявӣ, фаъолияти иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;
  • донишҳои қоидаҳои гумрукӣ ва савдо ва ғ. 

Ба ноу-хау бо хосияти тиҷоратӣ дохил мешаванд:

  • базаи маълумотҳои суроғавӣ;
    • картотекаи мизоҷон;
    • картотекаи таҳвилгарон;
    • маълумотҳо дар бораи ташкил ва самаранокии истеҳсолот, ҳаҷми барориши маҳсулот;
    • маълумотҳо дар бораи ташкили фурӯш ва паҳнкунии маҳсулот;
    • усулҳо ва шартҳои таблиғот;
    • маълумотҳо дар бораи омӯзиши ҳайати кормандон ва ғ.

Назар ба сирри истеҳсолот ноу-хау патент кунонида намешавад, чунки аксаран аз усуллу маҳоратҳои муайян иборат мебошад. Ноу-хау барои ҷараёни истеҳсолии муайян моликияти ин ё он шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ ба ҳисоб меравад ва аз ин рӯ объекти хариду фурӯш мегардад. Чун қоида, ноу-хау ба сифати мол чун идомаи фурӯши патент ва иҷозатномаҳо ба ҳисоб рафта, онҳоро ҳамроҳӣ мекунад, аммо метавонад мустақиман низ ба фурӯш бароварда шавад. Ба даст овардани ноу-хау якҷоя бо харидории ичозатнома ба роҳ мондани истеҳсолотро осон ва арзонтар мегардонад ва супоридани нисбатан пурра сирри истеҳсолотро таъмин менамояд.                                             Фурӯши ноу-хау махсусиятҳои худро дорад. Барои баҳо додан ба ноу-хау харидор бояд бо моҳияти он қисман шинос шавад, ҳамзамон фурӯшанда таваккал мекунад, ки ноу-хауро нафурӯхта инҳисор ба онро аз даст диҳад. Дар ин ҳолат соҳибмулк барои шиносоӣ маълумотҳоеро медиҳад, ки бо патент ҳимоя карда нашудаанд, ба истиснои лаҳзаҳои калидие, ки имконият медиҳанд ноу-хау мустақилона истифода карда шавад. Агар ин бо ягон сабаб мумкин бошад, ба ҷонибҳо тавсия дода мешавад, ки барои шиносоии пеш аз фурӯш бо ноу-хау шартномаи пешакӣ банданд. Дар ин шартнома махфияти иттилоот ва ҷавобгарӣ дар ҳолати истифодабарии ноу-хау бе харидории он шарҳу эзоҳ дода мешавад.                                                             Ҳангоми муайян намудани нархи ноу-хау дар хотир доштан зарур аст, ки он бо фоидаи ояндае, ки истифодабаранда ба даст меорад,  руйпӯш карда мешавад, дар акси ҳол ӯ фоидаи кам ба даст меорад ё умуман фоида ба даст намеорад. Вазифа осон мегардад, агар дорандаи ноу-хау ҳисобнамоии иқтисодӣ-техникиро бо ноу-хау ва бе ноу-хау гузаронад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ нархи ноу-хау 5% фоидаи ояндаро ташкил мекунад, аммо ҳолатҳое мавҷуданд, ки он ба 20% мерасад.                                                               Якчанд усули пардохт намудани ноу-хау мавҷуданд. Асосии онҳо:  а) Роялти (англ, royalty – плата за недра, ҳақмузди муаллифӣ) – тадриҷан пардохт намудан баробари нишондиҳандаҳои муайян ҳангоми истифодабарии он. Роялти асосан бо пайванд кардан ба нишондиҳандаҳои афзоиши фоида ё рушди барориши маҳсулот ҳисоб карда мешавад. Он дар охири ҳар соли амали шартномаи литсензионӣ, шурӯъ намуда аз лаҳзаи барориши маҳсулоти тайёр пардохт карда мешавад. Шакли ҳисобкунӣ аз маблағи фурӯш вақте истифода бурда мешавад, ки фоидаи воқеиро муайян намудан душвор аст. Ҳаракати нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ пардохти роялти аз рӯи меъёри фиксажкардаро ниҳоят гарон мекунанд. Аз ин рӯ, ҳангоми бастани шартномаҳои дарозмуддат ставкаҳое истифода бурда мешаванд, ки аз рӯи солҳо тафриқа карда шудаанд;                                                             б)      пардохти умумӣ (нем. – пурра гирифтан) – пардохти пешакӣ муайянкардашудаи яккарата. Пардохтҳои умумӣ вақте истифода карда мешаванд, ки муайян намудани самараи амали ноу-хау мушкил ё арзиши иҷозатнома на он қадар баланд бошад.пардохтҳои умумӣ одатан дар ғайриистеҳсолӣ истифода карда мешаванд. Моҳиятан онҳо нархи воқеии иҷозатномаро нишон медиҳанд. Подош дар намуди пардохти умумӣ ба сармоя гардонидани роялти, яъне пардохти пеш аз мӯҳлати яккаратаи он ба ҳисоб меравад;                                                                                                        в)        “каст плас “ (англ, cost plus – нарх ҷамъи) – пардохтҳо барои хизматрасониҳои иловагӣ аз рӯи нархҳои мувофиқкардашуда илова ба нархҳои пешакӣ муайян кардашуда.                                                                Аломати асосии ноу-хау махфияти он, яъне махфӣ будани иттилооти мазкур ба ҳисоб меравад. Одатан ноу-хау бо гузашти вақт арзиши тиҷоратии худро гумм мекунад ва ба гурӯҳи васеи шахсон дастрас мегардад.        Тиҷоратикунонии ноу-хау дар таҷрибаи байналхалқӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ноу-хау объекти мустақили додугирифтҳои литсензионӣ (иҷозатномаҳои бепатент) ба ҳисоб меравад. Бисёр ширкатҳо назар ба патенткунонӣ дар асоси иҷозатнома ба сифати ноу-хау супоридани ихтироот, ҷараёнҳо ва усулҳои навро  афзалтар медонанд.                                          Таъмин намудани ҳуқуқҳои соҳиби ноу-хау, пеш аз ҳама аз шартҳои ба таври возеҳу равшан овардашудаи шартнома вобаста мебошад.                                 Дар амалия се намуди асосии шартномаҳои литсензионӣ ташаккул ёфтаанд: иҷозатномаи оддӣ, истисноӣ ва пурра.                                                             Бо шартномаи иҷозатномаи оддӣ литсензиар бо шартҳои муайян истифода намудани ноу-хауро иҷозат медиҳад, ҳамзамон ӯ ҳуқуқи мустақилона истифода намудан ва бо иҷозатномаҳо бо чунин шартҳо пешниҳод намудани онро ба дигар шахсон дар дасти худ нигоҳ медорад. Шартномаи иҷозатномаи оддӣ дар он соҳаҳое васеъ истифода карда мешавад, ки маҳсулоти истеҳсолшаванда аниқ ба ҳисоб гирифта намешавад ва ба он талаботи зиёд мавҷуд аст, масалан, ҳангоми истеҳсоли доруворӣ, маҳсулоти хӯрока ва ғ.                                                                                                     Мувофиқи шартномаи иҷозатномаи истисноӣ ба иҷозатномагиранда ҳуқуқ барои истифодаи сирри истеҳсолот дар доираи дар шартнома пешбинишуда дода мешавад ва иҷозатномадиҳанда аллакай наметавонад иҷозатномаҳои дигарро бо чунин шартҳо ба дигар ширкатҳо диҳад. Аммо ин иҷозатномадиҳандаро аз ҳуқуқи мустақилона истифода намудани объекти иҷозатномаи мазкур ва ба дигар шахсон додани иҷозатномаҳое, ки бо шартҳои иҷозатномаи якум зиддият надоранд, маҳрум намекунад.                  Мувофиқи шартномаи иҷозатномаи пурра иҷозатдиҳанда ба иҷозатгиранда тамоми ҳуқуқҳоро барои истифодаи сирри истеҳсолот дар давоми тамоми мӯҳлати амали шартнома гузашт мекунад. Ҳамзамон худи иҷозатномадиҳанда дар давоми ин мӯҳлат ҳуқуқи истифода бурдани иҷозатномаро аз даст медиҳад. Шартномаи иҷозатномаи пурра одатан дар вақте истифода бурда мешавад, ки иҷозатномадиҳанда на барои мустақилона истифода бурлани ихтироот ва на барои гузаронидани корҳои тиҷоратӣ оиди амалӣ намудани ихтироот дар бозори дигар харидорони эҳтимолӣ имконият надорад.                                                                                         Соли 1988 дар конференсия дар Оттава (Конференсияи Оттава) аз ҷониби намояндагони 55 давлат Конвенсия дар бораи лизинги молиявии байналхалқӣ қабул шуда буд.                                                                                          Ҳадафи он – ба шакл даровардани танзими ҳуқуқии муносибатҳое мебошад, ки дар алоқамандӣ бо амалӣ намудани амалиётҳои лизинги молиявии байналхалқӣ ба вуҷуд меоянд. Конвенсия он амалиётҳоеро танзим мекунад, ки лизинггиранда ва лизингдиҳанда дар мамлакатҳои гуногун қарор доранд ва мӯҳлати лизинги таҷҳизот ба мӯҳлати истеҳлоки он наздик меояд.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.