Системаи бонки СВИФТ

СВИФТ

СВИФТ (SWIFTSocelety for Wordwige Interbank Financial Telecommunications) – ҷамъияти байнибонкии байналхалқии телекоммуникатсияҳои молиявӣ. Соли 1973 дар Брюссел аз ҷониби намояндагони 240 бонкҳо барои 15 мамлакат бо мақсади соддатар кардан ва ба як шакл даровардани ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ, суръат бахшидани интиқоли ҳаҷми калони иттилоот ҳангоми паст кардани эҳтимолияти бавуҷудоии хатогиҳо ташкил карда шудааст.                                             СВИФТ аз охири соли 1977 фаъолона амал намуда, барои алоқа бо шабакаҳои бонкҳо дар мамлакатҳои гуногун радифҳои маснӯи заминро истифода мебарад, ки дар ҳар кадоми ин мамлакатҳо дастгоҳи терминалии хусусии дар компютери фардӣ ҷойниршуда мавҷуд аст, ки тавассути консентратори додашудаҳо ба воситаи хатҳои телефонӣ бо МЭҲ пайваст карда шудааст.                                                                                                                Имрӯз СВИФТ зиёда аз 3700 институтҳои молиявӣ (бонкҳо, идораҳои брокерӣ, фирмаҳои дилерӣ, ширкатҳои суғурта ва ғ.) – ро аз 92 мамлакат фаро мегирад. Ҳаҷми ҳаррӯзаи иттилооте, ки бо шабакаи СВИФТ интиқол дода мешавад, қариб 2 млн. паёмро ташкил мекард. Сабаби маъруфияти СВИФТ дар он аст, ки ин шабака дастрас намудани паёмро ба тамоми гӯшаи дунё дар муддати 5-20 дақиқа бо сатҳи баланди махфият ва эътимод таъмин мекунад.                                                                                                             Дар соли 1993 СВИФТ дар амал ҷорӣ намудани Интерфейсҳои насли навро эълон намуд, ки ба худ номи SWIFTALLIANCE-ро гирифтанд.                         Интерфейс (англ, interface) – низоми ба шакл даровардашудаи алоқа ва сигналҳо мебошанд, ки дастгоҳҳои низоми ҳисоббарор бо ҳамдигар пайваст карда мешаванд.                                                                                                               SWIFTALLIANCE ба системаҳои кушод асос ёфта, ба тамоми талаботҳои муассисаҳои молиявӣ ҳамчун майдонбарои тамоми воситаҳои алоқаи молиявӣ ҷавобгӯ мебошад. Системаи мазкур осонии истифодаи системаи мавҷудбудаи ST200, азамати истифодаи системаи ST400 ва иқтидори гузарониши сиситемаи ST500 – ро таъмин мекунад. Коркарди бисёйрпроссесории додашудаҳо, имконияти ҳамгироӣ бо дигар шабакаҳо, интиқоли иттилооти графикӣ, таъминоти барномавии тамсилавӣ ва ҷавобгӯ будан ба меъёрҳои системаҳои кушод ба дурнамои умумии СВИФТ мутобиқ мебошанд.                                                                                                                Тавассути СВИФТ компютерҳо иттилооти стандартии молиявӣ ва бонкиро, ки ба 7 гурӯҳи паём тақсим мешаванд ва зиёда аз 70 типи онҳоро дар бар мегиранд, интиқол медиҳанд. Ҳар як тип ба он равона карда шудааст, ки талаботтҳои таҳвили додашудаҳоро пурра ва аниқ инъикос намояд. Матни паём аз ҳошияҳо иборат мебошад, ки баъзеашон ҳатмӣ ба ҳисоб мераванд. Баъзе ҳошияҳо метавонанд поён карда шаванд ё бо рамз ифода карда шаванд, аммо ҳамаи онҳо пешакӣ рақамгузорӣ карда шудаанд.   Ҳошияҳои ҳатмӣ иттилоотеро дар бар мегиранд, ки барои коркарди дурусти паём заруранд. Иттилооти иловагӣ ҳангоми зарурат дар ҳошияҳои гайриҳатмӣ (опсионӣ) ҷой дода мешавад.                                                                   Ҳар як паём сарлавҳа, матн, тасдиқнома ва анҷом дорад.                                   Барои ишора намудани асъорҳо аломати ҳарфии сенишонагӣ истифода бурда мешавад. ду ҳарфи аввал мамлакатро нишон медиҳанд, ҳарфи охирон бошад, асъори мамлакати мазкурро, масалан: доллари америкоӣ – USD; фунт-стерлинги англисӣ – GBP; франки белгиягӣ – ВЕР; песетаи испанӣ – ESP; лираи итолёвӣ – ITI; доллари канадагӣ – CAD; маркаи олмонӣ – DEM; рубли русиягӣ – RUR; франки фаронсавӣ – FRF; франки швейсариягӣ – CHF; йенаи ҷопонӣ – JPY.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.