Фанни Иқтисоди миллӣ

Низоми пардохтҳо дар мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон

Ба ғайр аз СВИФТ ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ инчунин тавассути системаҳои байнибонкӣ, ба монанди системаҳои «Федвайр» (ИМА), ЧИПС (ИМА), ШМКС (Швейсария), СФС-БЯ (Ҷопон) метавонанд амалӣ карда шаванд.                                                                              «Федвайр» – ин низоми интиқоли воситаҳои пулӣ ва қоғазҳои қиматнок ба маблағҳои калон мебошад. Он ба Системаи захиравии федералии ИМА тааллуқ дорад ва аз ҷониби он идора карда мешавад. бо мақсади гузаронидани амалиётҳои «Федвайр» 12 бонкҳои захиравии федералӣ байни худ пайваст карда шуда, чун воҳиди том амал мекунанд. Интиқоли воситаҳои пулӣ ва қоғазҳои қиматнок тавассути системаи «Федвайр» чунин сурат мегирад:                                                                                                                   интиқоли воситаҳои пулӣ тавассути «Федвайр» дар шакли ҳисоббаробаркуниҳои умумӣ дар вақти ҷорӣ амалӣ карда мешавад, ки фиристонандаи воситаҳо тащаббускори интиқол мегардад. Системаи «Федвайр» системаи интиқолҳои қарзӣ ба шумор меравад. Дар умум муассисаҳои қарзӣ (аз он ҷумла шӯъба ва идораҳои агентии бонкҳои хориҷӣ дар ИМА), ки дар ягон бонки федеролии захиравӣ суратҳисоби захиравӣ ё клирингӣ доранд, метавонанд системаи «Федвайр»-ро барои фиристодан ва гирифтани пардохтҳо мустақиман истифода баранд.                                                   Иштирокчиёни «Федвайр» метавонанд воситаҳоро ба суратҳисоби дигар муассиса дар бонки федеролии захиравӣ ҳам ба манфиати муассисаи қабулкунанда ва ҳам ба манфиати ҷониби сеюм, масалан, муассиса-корреспондент, корпоратсияҳо ё шахсони инфиродӣ интиқол намоянд. Интиқолҳои пулии «Федвайр» асосан барои амалӣ намудани пардохтҳои бо қарзҳои байнибонкӣ алоқаманд то рӯзи кории навбатӣ, амалиётҳо аз рӯи  ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ, пардохтҳо байни корпоратсияҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок истифода бурда мешаванд.                                                                                                                Воситаҳо ба воситаи «Федвайр» танҳо бо хоҳиши муассиса-фиристонанда (пардохткунанда) фиристода мешаванд. Паёмҳои пардохтии «Федвайр» бо шабакаи алоқае, ки 12 бонкҳои захиравӣ ва муассисаҳои амонатии дар бонки захиравӣ суратҳисобдоштаро муттаҳид менамояд, ба ҳар сӯ фиристода мешаванд. Азбаски интиқолҳои пулии «Федвайр»  дар лаҳзаи аз тарафи муассиса-гирандаи онҳо комил мегарданд, Низоми федеролии захиравӣ пардохти онҳоро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, ҳар овердрафт дар давоми рӯз аз рӯи суратҳисоб дар бонки федеролии захиравие, ки интиқоли пулии «Федвайр»-ро иҷозат додаст, НФЗ аз рӯи хавфи қарзӣ аз ҷониби ин муассиса тасдиқ менамояд.     

Овердрафт аз мувозинати манфӣ дар суратҳисоби ҷории мизоҷ иборат буда, чун қарзи бонк ба мизоҷ баромад мекунад.                                                        Дар ИМА низоми ҳисоббаробаркуниҳои клирингии байнибонкӣ ва пардохтҳои ЧИПС самаранок фаъолият мекунанд.                               ЧИПС (CHIPSClearing House Interbank Payments System) – ин шабакаи компютерикунонидашудаи хусусӣ барои трансфертҳои долларӣ мебошад, ки дар реҷаи «мустақим» («он-лайн») амал мекунанд.                            «Он-лайн»— (англ, on line — на линии) маънии реҷаи мустақими вақтро дорад, яъне вақти фиристодани воситаҳо, дар он маконе, ки нуқтаи ибтидоии интиқол қарор дорад. Он ба Ассотсиатсияи палатаҳои клирингии Ню-Йорк тааллуқ дорад.                                                                                                   Низоми электронии ЧИПС аз соли 1971 ба фаъолият оғоз намуда, механизми клирингии амалкунандаро, ки ба ноқилҳо (интиқолдиҳандаҳо)-и қоғазӣ асос ёфта буд, иваз намуд.                                                                                 Мафҳумҳои зерини клиринг мавҷуданд:

  • низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ барои мол ва қоғазҳои қиматнок, ки дар ба ҳисоб гирифтани талабот ва ӯҳдадориҳои мутақобила асос ёфтааст;
  • тартиби ҳисоббаробаркуниҳо тавассути палатаи баҳисобгирӣ мебошад, ки дар назди тамоми харидорон аз рӯи амалиётҳои биржавӣ ба сифати фурӯшандаи муттаҳидкардашуда баромад мекунад ва иҷро кардани шартномаҳои басташударо кафолат дода, иштирокчиёнро аз зарарҳои молиявии эҳтимолӣ суғурта мекунад;
  • баҳисобгирии мутақобилаи пардохтҳо бо чекҳо дар доираи як давлат.                                                                                                                    

        Дар Швейсария низоми клиринги байнибонкии Швейсария шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Он пардохтҳои ниҳоӣ ва беҷавобро бо франки швейсариягӣ бо истифодабарии воситаҳое, ки дар Бонки миллии Швейсария нигоҳ дошта мешаванд, амалӣ менамояд.                                                   ШМКС ягона системае ба ҳисоб меравад, ки дар байни бонкҳои швейсариягӣ пардохтҳои электрониро мегузаронад. Ҳисоббаробаркуниҳо ба ҳар пардохтҳо аз рӯи суратҳисоби иштирокчиён дар асоси инфиродӣ (бо роҳи дебет кардани суратҳисоби бонке, ки супориши пардохтро медиҳад ва кредит кардани суратҳисоби бонки қабулкунанда) гузаронида мешаванд. ШМКС низоми ҳам пардохтҳои калон ва ҳам пардохтҳои хурд мебошад ва андозаи пардохтҳо маҳдуд карда намешаванд.                                                                 Ҳадафи фаъолияти ШМКС аз паст кардани хавфҳои қарзӣ, бартараф кардани овердрафтҳо аз рӯи жироҳисобҳо дар БМШ, суръат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо ва сабук кардани вазифаи бонкҳо дар идоракунии пули нақд, иборат мебошад.                                                                                            Жиро (итол. giro — доира, гардиш) намуди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад, ки ба воситаи чекҳои ҳисоббаробаркунӣ амалӣ карда мешавад. Чунин ҳисоббаробаркуниҳо дар шакли ба ҳисобгирии талабот ва ӯҳдадориҳои мутақобила гузаронида мешаванд. Воҳиди ҳисоббаробаркунӣ дар жироҳисоббаробаркуниҳо жирочек, яъне ҳуҷҷат дар бораи гирифтани маблағ аз суратҳисоби низоми миллии жироҳисобҳо, ба ҳисоб меравад.                  Жиросистема – ин системаи пардохтҳо тавассути жироҳисобҳо, яъне тавассути суратҳисобҳо дар шӯъбаҳои почтавӣ мебошад, ки дар бисёр мамлакатҳои аврупоӣ ва Ҷопон амал мекунад. Ҳар шахс метавонад суратҳисоб кушода, аз он воситаҳои пулиро ба дигар дорандагони чунин суратҳисобҳои почтавӣ интиқол диҳад. Система одатан зинаи марказӣ мебошад, ки ба суръат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳо имкон медиҳад.            Дар Ҷопон низоми шабакаи молиявии Бонки Ҷопон фаъолият мекунад. Он соли 1988 бо мақсади амалӣ намудани интиқоли электронии маблағ дар байни муассисаҳои молиявӣ, аз он ҷумла Бонки Ҷопон, ки онро идора мекунад, ташкил карда шудааст. НШМБҶ дар реҷаи «он-лайн» кор мекунад.     Муассисаҳои молиявӣ барои дастрасӣ пайдо намудан ба хизматрасониҳои НШМБҶ дар бахши интиқоли маблағ, бояд дар Бонки Ҷопон суратҳисоб дошта бошанд.                                                                                     Низоми НШМБҶбо чунин мақсад истифода бурда мешавад:

  • интиқоли маблағ дар байни муассисаҳои молиявӣ, к ибо бозори пулии байнибонкӣ алоқаманданд ва бо гузаронидани амалиётҳо бо қоғазҳои қиматнок машғул мебошанд;
  • интиқоли маблағ дар доираи як муассисаи молиявӣ (интиқолҳои дохилиширкатии маблағ);
  • ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи мавқеъҳо, ки дар натиҷаи фаъолияти низомҳои клирингии дар идоракунии хусусӣ қарордошта ба миён меоянд;
  • интиқоли маблағ байни муассисаҳои молиявӣ ва Бонки Ҷопон (аз он ҷумла, интиқоли мабалағҳои хазинадорӣ).

        Интиқолҳои маблағе, ки НШМБҶ амалӣ мекунад, одатан кредитӣ ба ҳисоб мераванд, аммо барои интиқолҳои дохилиширкатӣ онҳо метавонанд инчунин дебетӣ бошанд.          

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *