Суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

Суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

  1. Моҳият ва намудҳои суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ
  2. Намудҳои алоҳидаи суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

1. Моҳият ва намудҳои суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

Суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ – ин муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ оиди ҳимояи манфиатҳои моликиятии давлатҳо, субъектони хоҷагидор ва шаҳрвандон ҳангоми ба вуҷуд омадани воқеаҳои муайян (ҳолатҳои суғуртавӣ) аз ҳисоби фондҳои пулие мебошад, ки аз ҳисоби пардохт намудани ҳаққи суғуртавӣ (яъне пардохтҳо) аз ҷониби онҳо ташкил мешаванд.                                                                                                            Ҳаққи суғуртавӣ (пардохт) – ин пардохт барои суғуртакунӣ мебошад, ки мувофиқи полиси суғуртавӣ суғурташаванда ӯҳдадор аст ба суғуртакунанда пардохт намояд.                                                                                                              Полиси суғуртавӣ (фаронс. police-, аз итол. polizza – забонхат, квитансия) – шартномаи хаттӣ дар бораи суғуртакунӣ (ё азнавсуғуртакунӣ) мебошад, ки аз ҷониби суғуртакунанда ба сифати шаҳодатнома дар бораи суғуртакунӣ дода шудааст.                                                                                           Дар ҷараёни суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ ду субъект иштирок мекунанд: дорандаи полис ва суғуртакунанда.                                              Дорандаи полис (суғурташаванда) – ин субъекти хоҷагидор ё шаҳрванд мебошад, ки манфиати суғуртавиро инъикос мекунад, ҳаққи суғуртавиро пардохт мекунад ва бо қувваи қонун ё шартномаи дутарафа (шартномаи суғуртавӣ) бо ширкати суғуртавӣ ба муносибатҳои мушаххаси суғуртавӣ медарояд.                                                                                                                   Дорандаи полис шахсе эътироф карда мешавад, к ибо муассисаи суғурта шартномаи суғуртакунӣ бастааст ё бо қувваи қонун суғуртакунанда ба ҳисоб меравад.                                                                                                            Суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ маънии суғуртакунии хавфҳои беруниқтисодиро дорад ва аз маҷмӯи намудҳои суғуртакуние иборат аст, ки ҳимояи манфиатҳои иштирокчиёни ватанӣ ва хориҷии ин ё он шакли ҳамкориҳои байналхалқиро таъмин мекунад.                                              Суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ суғуртакунии шахсӣ, суғуртакунии моликият ва суғуртакунии масъулиятро дар бар мегирад.                 Суғуртакунии шахсӣ маънии амалӣ кардани ҳимояи суғуртавии шаҳрвандонро дорад. Ба сифати объекти муносибатҳои суғуртавӣ дар суғуртакунии амволӣ намудҳои гуногуни моликият ва манфиатҳои амволӣ баромад мекунанд. Таъиноти иқтисодии суғуртакунии амволӣ барқарор кардани зараре ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи ҳолати суғуртавӣ ба миён омадааст.                                                                                                                        Объекти муносибатҳои суғуртавӣ дар суғуртакунии масъулият масъулият дар назди шахсони ҳуқуқӣ ё воқеии сеюм дар натиҷаи ҳаракат ё беҳаракатии дорандаи полис (яъне суғуртакунанда) ба шумор меравад. Бар хилофи суғуртакунии амволӣ, ки ба дорандаи полис (суғуртакунанда) моликияти шахсии шаҳрвандон, субъектони хоҷагидор ва манфиатҳои амволии онҳо тааллуқ дорад, ва бар хилофи суғуртакунии шахсӣ, ки дар ҳолати фаро расидани воқеаҳои муайяни бо ҳаёт ва саломатӣ алоқаманд, гузаронида мешавад, ҳадафи суғуртакунии масъулият ҳимояи суғуртавии манфиатҳои зараррасонандаҳои эҳтимолӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ҳар як ҳолати суғуртавӣ инъикоси мушаххаси пулии худро меёбанд. Суғуртакунии масъулият муқаррар кардани маблағи суғурта ва шаҳрванд ё субъекти хоҷагидори суғуртакуннандаро, ки бояд товон пардохт карда шавад, пешбинӣ намекунад.                                                                                                     

  • Намудҳои алоҳидаи суғуртакунии алоқаҳои иқтисодии берунмарзӣ

7.2.1. Суғуртакунии тиббии сайёҳон. Суғуртакунии тиббӣ асосан хароҷотҳои зерини сайёҳро руйпӯш мекунад:

  • тиббӣ;
  • касалхона;
  • ба интиқол тавассути нақлиёти ёрии таъҷилӣ;
  • барои дастрас намудани дорувориҳо;
  • барои нигоҳубини беморон, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё бемории ногаҳонӣ ба миён омадааст;
  • барои интиқоли ҷасад дар ҳолати вафот кардан дар хориҷа;
  • дар ҳолати зарурати ба мамлакати худ баргашта бурдани бемор.             Агар синни суғуртакунанда аз 65 баланд бошад, тарофаи дучанд ситонида мешавад. шахсони аз синни 70 сола боло суғурта карда намешаванд. Суғуртакунӣ бе муоинаи тиббӣ гузаронида мешавад.          7.2.2. Суғуртакунӣ барои обу ҳавои бад барои суғуртакунии хавфи тиҷоратӣ (масалан, ҳангоми ташкили чорабиниҳои консертӣ-варзишии калон) аз обу ҳаво (борон, бориши барф, ҳарорат ва ғ.) пешбинӣ карда шудааст.

        7.2.3.  Суғуртакунии делкредере. Делкредере (аз лот. del creadere – ба эътимод) – ин кафилӣ барои иҷрои шартнома ва ҳимояи суғуртавӣ аз хавфҳои қарздории дебиторӣ аз рӯи таҳвилҳо ба фармоишгарони дохилӣ ва хориҷӣ ба мӯҳлати на зиёда аз 180 рӯз. 

        7.2.4. Суғуртакунии амонатҳо. Яке аз намудҳои суғуртакунӣ ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби бонкҳо амалӣ карда мешавад ва он ба амонатгузорон баргардонидани амонатҳои онҳоро дар ҳолати муфлис эълон кардани бонкҳо кафолат медиҳад.

        7.2.5. Суғуртакунӣ аз хавфҳои асъорӣ – ин суғуртакунӣ аз зарарҳо дар натиҷаи тағйири қурбҳои асъорӣ мебошад. Ду усусли суғуртакунӣ аз хавфҳои асъорӣ вуҷуд доранд:

        а) шартҳои асъорӣ (шартҳои махсус);

        б) амалиётҳои форвардӣ (шартнома дар бораи дар оянда ворид шудани асъор аз рӯи қурби форвардии пешакӣ муайянкардашуда).                                   7.2.6. Суғуртакунии инвеститсияҳои хориҷӣ аз хавфҳои гуногун (интиқол – трансферти асъор, мусодара, вайрон кардани шартҳоиқарордод, ҷанг ва нооромиҳо).

        7.2.7. Суғуртакунии масъулияти соҳибони воситаҳои нақлиёт.

        2.8. Суғуртакунии хавфҳои иқтисодӣ.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.