Нохияи Ванҷ

Мундариҷа

Сарсухан

БОБИ 1. ҲОЛАТИ УМУМӢ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА

1.Тавсифи умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳия;

1.2. Соҳаи кишоварзӣ;

1.3. Бахши соҳибкории хурду миёна,саноат ва сохтмон;

БОББИ 2. ТАҲЛИЛ ВА БАҲОДИҲИИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА

2.1. Инфрасохтор;

2.2. Соҳаи иҷтимоӣ;

2. 3. Соҳаи сайёҳӣ;

2.4. Маблағгузории барномаи рушди ноҳия;

Хулоса.

Сарсухан

Ноҳияи Ванҷ яке аз ноҳияҳои зебоманзар ва куҳсор мебошад,ин ноҳия дар вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон мабошад. Чунонеки маълум аст ин ноҳия куҳсор мебошад мадуми ин минтаҳо ба чорводори ва кишоварзи машғул мебошанд, ва даромади асосии ин ноҳия аз ҳамин соҳаҳо мебошад.

Дар ҷараёни таҳияи Барномаи мазкур мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, кишоварзӣ, сохтмон, инфрасохтор, иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, бахши хусусӣ ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҷалб гардида, он тамоми бахшҳои иқтисодию иҷтимоиро дарбар гирифта, ҳамчун воситаи дарёфти мақсади асосӣ – баланд бардоштани сати зиндагии аҳолии ноҳия дар давраи панҷ соли охир хизмат хоҳад кард.

Барномаҳои соҳавии сарчашмаҳои маблағгузориашон нисбатан аниқ ба Барнома ворид карда шудаанд, ки онҳо солҳои 2011-2015-ро дарбар мегиранд.

Барномаи таҳияшуда дар доираи кушоди мутахассисон, аз ҷумла бо иштироки намояндагони тамоми табақаҳои аҳолии ноҳия муҳокима мешавад.

Барномаи мазкур аз қисматҳои зери иборат мебошад:

Қисми 1 тавсифи мухтасар ва таҳлили ҳолати умумии ноҳия, аз ҷумла тамоили рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар панҷ соли охир;

Қисми 2 баҳои ҳолати ҷории ноҳияи Ванҷ соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, инфорасохтор ва муҳити зист, стратегияи рушди соҳаҳои мазкурро дар 5 соли оянда ва баҳои захираҳои мавҷуда барои амаликунии онҳо;

Қисми 3 тасвири системаҳои ташкилӣ, амаликунӣ, мониторинг ва баҳодиҳии барноами рушди ноҳияро дарбар мегирад.

БОБИ 1. ҲОЛАТИ УМУМӢ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚА

  1. Тавсифи умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳия;

Ноҳияи Ванҷ бо масоҳати 4430,5 км² дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвоз ва Язгулом воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Тавилдара, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар шимолу шарқи ҷануб бо ноҳияи Рӯшон, дар ғарб бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ва вулусволии Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад. Аз ноҳияи Ванҷ ба ҷанубу ғарби он рӯдҳои Ванҷ ва Язгулом гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.

Сарзамини ин ноҳия ду водии нисбатан васеи Бадахшонро дар бар мегирад ки дар миёни қаторкӯҳҳои Дарвозу Рӯшон ҷойгир шудаанд. Яке аз ин водиҳо дараи рӯди Ванҷ аст ки беш аз 150 км дарозо дошта аз пиряхҳои Хирсону Абдуқаҳҳор оғоз мегирад. Дигар водӣ дараи рӯди Язгулом аст ки дар миёни қаторкӯҳҳои Язгулому Рӯшон ҷой гирифта аст. Баландии водӣ аз сатҳи дарё аз 1500 то 5000 метр мебошад.   Масофаи роҳ дар маркази Ванҷ то шаҳри Душанбе 387 км ва то шаҳри Хорӯғ 171км-ро ташкил медиҳанд.

http://vanjiman.com/images/nohyavanj.jpg

ХАРИТАИ НОҲИЯ:

Ноҳия дорои 6 чамоат аст: Водхуд (7 деҳ), Жовид (9 деҳ), Ванҷ(11деҳ) Рованд (12деҳ) Техарв (8деҳ) Язгулом (6деҳ) ва 1 шаҳрак мебошад.

Ҳиссаи тақсимоти аҳолии ноҳияи Ванҷ дар сатҳи ҷамоатҳо дар диаграммаи 1 оварда шудааст.

Диаграммаи 1. Ҳиссаи тақсимоти аҳолии ноҳияи Ванҷ дар сатҳи ҷамоатҳо (фоиз)

Маълумотҳои таърихӣ ноҳия: Мардуми Ванҷ ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши ванҷӣ вожаҳои забони паҳлавӣ ва порсии қадим ва вижагиҳои забони порсии садаҳои IX – XIV ҳамчунон пойдоранд ва то кунун, вожаҳои ноби забони тоҷикӣ вирди забони мардуми ин сарзамин аст, ки ин ганҷро аз дурдасти таърих то имрӯз зинда ҳифз кардаанд.  Ванҷ аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Дар байни ривояту қиссаҳои зиёде, ки аз ободию ҳосилхезии хоки Ванҷ, алалхусус хоки Водхуд паҳн шудааст, боз як чиз лоиқи ёдоварист. Аз рӯи мазмуни он, гӯё дар замонҳои қадим марди асилзодаю хеле донишманде, барои он, ки тахти Бухороро ишғол накунад, таҳти фишори беисти шоҳ қарор гирифта буд. Ӯ ночор ба тарафи кӯҳистон фирор кар- да, қарор дод, ки дар куҷое хоки ҳосилхезтар ёбад, он ҷоро қароргоҳи доимии худ интихоб хоҳад кард.

Ноҳияи имрузаи Ванҷ 29 марти соли 1933 дар вилояти автономи Бадахшон.и куҳи ташкил шудааст.

Шароити иқлим ва захираҳои табиӣ. Иқлими ноҳия континентӣ буда, тобистонаш гарми бебориш зимистон бошад хунуки камборф мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар тобистон 200 -240c, гарм мешавад, зимистон бошад -80 то -40с хунук мешавад.

Ноҳия дорои табиати зебо, обу ҳавои тоза ва чашмаҳои гуногуни шифобахш аст, аз ҷумла мавзеъҳои туристи ёдгориҳои таърихии ба самтҳои гуногуни фаъолияти туристӣ, куҳнавардӣ, туризми куҳӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ ва истироҳатӣ мусоидат менамоянд.

Дар ноҳия захираҳои хоми минералҳо, зар, тилло, волфрам, нуқра, гидроэнергетика ва ангиштсанг мавҷуд аст. Айни замон коркарди ангишт, тилло, ва заргарӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷадвали 1. Шумораи аҳолӣ ва хоҷагиҳои хонагии ноҳия

Номгўи ҷамоатҳо

Шумораи хоҷагиҳои хонагӣ

Шумораи аҳолӣ

Водхуд

 

1941

Жовид

 

3750

Ванҷ

 

9804

Рованд

 

4975

Техарв

 

3036

Язгулом

 

5414

Ҳамагӣ дар ноҳия

 

28920

.

Ҷадвали №2Афзоиши демографии аҳолии ноҳияи Ванҷ

солҳо

Таваллуд

шумораи

фавт

Муҳоҷират

Афзоиши воқеӣ

афазоиш бо %

шумораи умумии аҳолӣ

омад

Рафт

2009

490

136

100

200

  

30,7

2010

679

111

170

140

568

18,5

30,8

2011

676

84

350

310

592

19,1

31,1

Тамоюлҳои асосии иқтисодиву иҷтимоӣ. Ноҳияи Ванҷ аграрӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи саноат нисбатан суст ба роҳ монда шудааст ва яке аз ноҳияҳои дотатсионӣ дар вилояти Бадахшони куҳи ба ҳисоб меравад. Хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти ноҳия мебошад. Рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро зиёда аз 98,8 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар деҳот зиндагӣ мекунад.

Таҳлили вазъияти умумии ноҳия (SWOT)

Тарафҳои қавӣ

Тарафҳои заиф

  • Мавқеи географии мувофиқ
  • Захираҳои табиӣ, аз ҷумла канданиҳои фоиданок;
  • Мавҷуд будани корхонаи азими саноатӣ;
  • Иқлими мусоид барои парвариши растанипарварӣ ва чорводорӣ;
  • Мавҷуд будани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори дохилию берунӣ;
  • Мавҷуд будани захираҳои меҳнатӣ дар ноҳия;
  • Мавҷуд будани табиати гуногунранги ҷалбкунанда барои рушди сайёҳӣ;
  • Мавҷуд будани барномаи миёнамўҳлати рушди ноҳия.
  • Кадрҳои баландихтисос;
  • Инфрасохтор иҷтимоӣ;
  • Мардуми заҳматкаш ва меҳнатдўст ва меҳмоннавоз;
  • Роҳбарияти ташкилотчӣ;
  • Ба роҳ намондани коркарди канданиҳои фоиданок;
  • Ба иқтидори пурра кор накардани корхонаҳои саноатӣ;
  • Ҷараёни сусти татбиқи ислоҳоти соҳаҳо;
  • Корношоям системаҳои объёрикунанда;
  • Набудани нуқтаҳои қабул ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа;
  • Набудани ҷойҳои кории зарурӣ ва музди меҳнати ночиз;
  • Суст ба роҳ мондани кори тарғиботиву реклама оид ба соҳаи сайёҳӣ;
  • Ҳолати бади (таъмирталаби) роҳҳои маҳаллӣ;
  • Характери дотатсионӣ доштани буҷети ноҳия.

Имкониятҳо

Хатарҳо

  • Мавҷудияти талаботи беруна ба маҳсулоти кишоварзии ноҳия;
  • Мавҷудияти талаботи беруна ба маҳсулоти саноати ноҳия;
  • Дар барномаҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ ва маблағгузорӣ намудани сохтмон ва азнавсозии мактабҳо ва беморхонаҳо;
  • Мавҷудияти шоҳроҳи транзитии Душанбе -Чанак
  • Оғоз намудани сохтмони роҳи автомобилгарди Панҷакент- Айнӣ- Кўҳистони Мастчоҳ:
  • Ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ барои рушди соҳаи маъдантозакунӣ;
  • Муҳоҷирати аҳолии ноҳия ба дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
  • Мавриди амал қарор гирифтани тақсимоти замини наздиҳавлигӣ;
  • Дастрас будани қарзҳо.
  • Таъсири офатҳои табии (обхезӣ, чола, хушксолӣ, тарма, ярч ва ғайра);
  • Сатҳи пасти рушди иқтисодӣ;
  • Тағйир ёфтани нархҳои маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар берун аз он;
  • Ба фуруш нарафтани тамоку;
  • Вайроншавии заминҳои киштшаванда;
  • Нокифоя будани ҷойҳои корӣ, аз ҳисоби баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ;
  • Ташрифи микдори ками сайёҳон;
  • Нотамом мондани сохтмони роҳ бо сабаби сари вақт таъмин набудани маблағҳои молиявӣ;
  • Таъсири манфии бўҳрони иқтисодӣ ба раванди рушди маҳаллӣ;
  • Фоизи баланди қарзҳо.

2. СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Нақши кишоварзӣ дар иқтисодиёти маҳаллӣ. Ноҳияи Ванҷ яке аз минтақаҳои аграрию саноати ба ҳисоб рафта, хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти ноҳия мебошад.

Кишоварзӣ соҳаи қадимии аҷдодӣ буда, пешрафти истеҳсолоти он омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар аст. Рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ дорад, зеро зиёда аз 96,4 фоизи аҳолии ноҳия дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар бахши кишоварзӣ.Дар доираи татбиқи ислоҳоти бахши кишоварзӣ дар заминаи хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 116 адад хоҷагиҳои деҳқони (фермерӣ), 1 адад хоҷагии давлатӣ, 15 адад кооперативҳои истеҳсолӣ ташкил шудааст. Шумораи умумии хоҷагиҳои хонагӣ дар ноҳия 15293 ададро ташкил медиҳанд, аз он саҳмдорон дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия 15450 нафар аз ҷумла.

Хулоса

Иrтисоди миллbмаxмeи иrтисодиёти мамлакат буда, дар заминаи истиrлолияти сиёсb ва дигар унсурҳои пайвастаи давлати миллb ташаккул меёбад. Таъмини истиrлоли воrеии сиёсb, иrтисодb, низом ва фарҳангии кишвар бо ҳифзу равнаrи муносибатҳо бо xомеъаи мамолики олам, бунёди xумҳурии озод, мустаrил, демократb, ҳуrуrбунёд, дунёвb ва пешрафта, ташаккули фазои ягонаи иттилоотb дар саросари кишвар – ин омилҳое мебошанд, ки таҳкими иrтисоди миллиро устувор месозанд.

[амин тариr иrтисоди миллb ифодакунандаи манфиатҳои иrтисоди миллие мебошад, ки ба маънои манфиатҳои ҳамаи шаҳрвандон, ҳамаи сокинони давлати миллbновобасти аз миллаташон мебошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.