Назарияи истеҳсолот

  1. Нақши истеҳсолот дар низоми иқтисодӣ
  2. Омилҳои истеҳсолот
  3. Гурӯҳбандии оптималӣ ва самаранок истифодабарии омилҳои истеҳсолот

Истеҳсолот – ин ҷараёни истифодабарии омилҳои истеҳсолот бо мақсади истеҳсоли молҳои зарурӣ ва иҷроиши хизматрасонӣ мебошад. Натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ, яъне таъсири инсон ба омилҳои истеҳсолот, неъматҳои моддӣ ва маънавиро ба вуҷуд меорад. Истеҳсоли неъматҳои моддӣ бештар дар дар соҳаи саноат, кишоварзӣ, сохтмон ва ҳоказо ба амал меояд. Дар соҳаи хизматрасонӣ, маориф, тандурустӣ, маданият, истеҳсоли неъмат маънавӣ сурат мегират. Дар дилхоҳ ҷамъият истеҳсолот танҳо барои истеъмолот, яъне барои қонеъ сохтани талаботи инсон хизмат мекунад. Муносибати байни ҷомеа ва табиат дар истифодаи манобеи табиӣ дида мешавад. Дар илми иқтисод зери мафҳуми манобеъ маҷмӯи элементҳои гуногун фаҳмида мешавад, ки дар ҷараёни истеҳолот ширкат меварзад.

Намудҳои зерини менобеъ вуҷуд дорад:

  • манобеи табиӣ;
  • манобеи моддӣ;
  • манобеи меҳнатӣ;
  • манобеи молиявӣ;
  • манобеи иттилоотӣ.

Муносибати истеҳсолӣ пеш аз ҳама муносибати технологиро дар бар мегирад, ки хусусиятҳои онҳоро техника, технология ва имконияти ҷисмониву ақлонии шахс муайян мекунад.

Технология ин тарзу усули истеҳсоли молу хизматҳо мебошад.

Табиист, ки технологияи муосир дар натиҷаи комёбиҳои илмию техникӣ ба даст меояд, ба ҳаҷми истеҳсолот таъсири худро мерасонад. Технологияи пешрафта барои усулҳои нави истеҳсолот роҳ кушода, имкон медиҳад, ки миқдори муайяни манобеъ ҳаҷми бештари маҳсулот истеҳсол функсияи истеҳсолӣ вобастагӣ дорад. Агар дар раванди истеҳсолот тамоми омилҳои истеҳсолот истифода шаванд, функсияи истеҳсолот намуди зеринро мегирад:

Q=f (Land, Laӣouқ, Kapital, Technology)

Дар аксари маврид функсияи истеҳсолот бо истифода аз ду омил сармоя ва меҳнат истифода мешавад, ки намуди зеринро дорад:

Q=f (L, K)

Илми иқтисодӣ дар назар дорад, ки функсияи истеҳсолот таносуби байни ҳаҷми истеҳсол ва миқдори омилҳои истеҳсолотро муайян менамояд. Вобаста ба ин дар илми иқтисод нишондиҳандаҳои зерин иқтисодӣ ҳисоб карда мешавад.

Меҳнатѓунҷоиш (трудоемкость)

Сармояѓунҷоиш (капиталоемкость)

Боздеҳи меҳнат (трудоотдача)

Боздеҳи сармоя (капиталоотдача)

Lѓунҷоиш=L/Q, Kѓунҷоиш=K/Q

Боздеҳи L=1/Lѓунҷоиш=1/L/Q=Q/L

Боздеҳи K=1/Kѓунҷоиш=1/K/Q=Q/K

Ҳамин тавр функсияи истеҳсолот гуфта, робитаи технологии байни хароҷот ва ҳаҷми маҳсулот дар назар дошта мешавад. Функсияи истеҳсолот метавонад бо истифода аз омилҳои доимӣ ва таѓйирёбанда ба вуҷуд оварда шавад. Барои муайян кардани ҳаҷми истеҳсолот аз мафҳуми дигари иқисодӣ, ки каҷхаттаи баробарии миқдор (изоквант) истифода мебаранд.

Изоквант аз ду реша “изо”-баробар, “квант”-миқдор иборат мебошад.

Изоквант каҷхаттае мебошад, ки маҷмӯи муайяни бандубасти (комбинация) манобеъро инъикос мекунад, ки дар он натиҷаи истеҳсолот баробар аст.

Ба таври дигар изоквант нишон медиҳад, ки ҳамон як миқдори маҳсулот ба роҳҳои чунин, яъне комбинатсияи ду омили истеҳсолот ба даст меояд. Функсияи истеҳсолии изоквант намуди зеринро дорад.

f(K, L)=Q0-Const

Графики изоквантро дар ҳамвории координатӣ тасвир мекунем.

3.Гурӯҳбандии оптималӣ ва самаранок истифодабарии омилҳои истеҳсолот

Омилҳои истеҳсолот қобилияти боҳамвобастагӣ мебошанд, ки бо хусусиятҳои гуногуни истеъмолии маҳсулот асос меёбанд. Дар натиҷа, истеҳсоли маҳсулот ва ё неъмат дар ҳолати истифодабарии омилҳои гуногун дар асоси якҷоякунӣ ва таносубҳои гуногуни омилҳои истеҳсолот имконпазир аст.

Чунин ҳамивазшавӣ ва тағйирёбии миқдорӣ барои истеҳсолоти муосир хос аст. Ивазшавии омилҳо на танҳо бо хусусияти эҳтиёҷотҳо ва хусусиятҳои конструктивии маҳсулот, балки бо маҳдудияти захираҳо аз як тараф ва самаранокии истифодабарии онҳо аз тарафи дигар асоснок карда мешаванд.

Молистеҳсолкунанда (соҳибкор) чунин технологияи истеҳсолотро интихоб мекунад, ки дар он омили истеҳсолоти камёфт ва ё нисбатан арзиши баланд дошта камтар истифода бурда мешавад. Ба туфайли ҳамин ҷиҳат дар ҳаёти ҷамъиятӣ биноҳои бисёрошёна дар ҳолати маҳдудияти замин, ивазшавандаҳои синтетикӣ, моделҳои зиёди мошинҳои сӯзишвориро сарф кунанда пайдо шудаанд.

Тарзҳои алтернативии ба даст овардани миқдори додашудаи маҳсулот бо воситаи истифодабарии комбинатсияҳои гуногуни захираҳо (омилҳои истеҳсолот) бо функсияи истеҳсолот ифода карда мешавад. Бо ибораи дигар муносибати байни ҳар як номгӯи омилҳои истеҳсолот ва ҳаҷми имконпазири ҳадди ақали маҳсулоти истифода мешуда, функсияи истеҳсолиро ифода мекунад. Функсияи истеҳсолӣ вобастагии технологиро байни хароҷот ва барориши маҳсулот ифода мекунад.

Ба сифати тағйирёбандаҳои новобастаи функсияи истеҳсолӣ бузургии омилҳои истифодашаванда ва ба сифати тағйирёбандаҳои вобастагӣ дошта бошад бузургиҳои ҳаҷми барориши маҳсулот баромад мекунанд.

Ба таври математикӣ функсияи истеҳсолӣ дар намуди зерин баромад мекунад:

ки дар ин ҷо Q – бузургии ҳаҷми барориш; ƒ – шакли вобастагии функсионалӣ байни омилҳои истеҳсолот ва ҳаҷми барориш; Х – бузургии омилҳои дар истеҳсолот истифода шаванда.

Шакли мукаммалгаштаи функсияи истеҳсолӣ изокванта мебошад.

Изокванта – каҷхаттае, ки имкониятҳои комбинатсияи омилҳои истеҳсолотро нишон медиҳад, ки ҳаҷми доимии (ягонаи) бароришро таъмин мекунанд.

Дар модели дуомила (капитал – К ва меҳнат – L) ҳар як изокванта ҳаҷми бароришро (Q) барои ҳар як комбинатсияи алоҳидаи омилҳои истеҳсолот нишон медиҳад. Ҳамаи маҷмӯаи изоквантаҳое, ки оид ба вариантҳои имконпазири амалигардонии истеҳсолот тасаввурот медиҳанд, картаи (маҷмӯаи) изоквантаҳо номида мешаванд.

Бузургие, ки миқдори зарурии тағйирёбии як омилро дар вобастагӣ аз тағйирёби воҳиди омили дигар ҳангоми нигоҳдории ҳаҷми барориш ифода менамояд, меъёри интиҳоии ивазшавии технологӣ (МҚTS – maқginal қate of technical suӣstitution) номида мешавад.

Бо ибораи дигар меъёри интиҳоии ивазшавии технологии капитал бо меҳнат (МҚTSLK) бузургиро нишон медиҳад, ки онро ҳар як воҳиди меҳнат дар ҳолати таъмини ҳаҷми барориши додашуда иваз карда метавонад. Бузургии он ба нисбияти маҳсулоти интиҳоии капитал ба маҳсулоти интиҳоии меҳнат () баробар аст.

Дар вобастагӣ аз бузургии МҚTSLK якчанд намуди функсияҳои истеҳсолиро аз ҳам ҷудо кардан мумкин аст. Дар назарияи иқтисодӣ аз ҳама ҳам функсияи истеҳсолии машҳур ин функсияи Кобб – Дуглас мебошад, ки номи муаллифони худ ногузорӣ карда шудааст:

ки дар ин ҷо А – коэффитсиенти мутаносибӣ, ки бузургии он аз K, L ва Q вобаста мебошад; α ва β – коэффитсиентҳои чандирнокие, ки чӣ тавр афзоишёбии маҳсулотро дар ҳолати афзоишёбии омили истеҳсолот ба як воҳид нишон медиҳад.

Махсусияти таҳлили фаъолияти корхона аз давраи вақт вобастагӣ дорад, ки дар тӯли он функсияи истеҳсолӣ амал мекунад. Одатан давраи кӯтоҳмуддат (дар давоми он омилҳои истеҳсолот доимӣ боқӣ мемонанд) ва давраи дарозмуддатро (марҳилае, ки барои тағйиротҳо дар ҳама омилҳои истеҳсолот кифоя мебошад) ҷудо мекунанд.

Дар дурнамоии дарозмуддат фирма имконияти натанҳо комбинатсияи омилҳои истеҳсолот, балки тағйирдиҳии миқдори омилҳои истеҳсолоти истифодашавандаро дорад, яъне имконият дорад масштабҳои (ҳаҷми) истеҳсолотро тағйир диҳад.

Тағйирёбии омилҳои истеҳсолот бо таносубҳои ягона ба натиҷаҳои гуногун оварда метавонанд.

Таносуби байни тағйирёбии нисбии ҳаҷми хароҷоти омилҳои истеҳсолот ва тағйирёбии нисбии ҳаҷми барориш самара аз масштаб (хаҷм) номида мешавад.

Барои функсияи Кобб – Дуглас тағйирёбии ҳаҷми барориш аз бузургиҳои дараҷавии α ва β вобаста аст.

Агар самараи доимӣ (тағйирнаёбанда) аз масштаб вуҷуд дорад. Яъне ҳангоми афзоиши миқдори омилҳои истеҳсолот, масалан ба 10%, ҳаҷми барориш низ ба 10% афзоиш меёбад.

Агар самараи мусбӣ (афзоишёбанда) аз масштаб вуҷуд дорад. Бо ибораи дигар, ҳангоми афзоиши миқдори омилҳои истеҳсолот ба 10% ҳаҷми истеҳсолот аз 10% зиёдтар афзоиш меёбад.

Агар самараи манфӣ (камшаванда) аз масштаб вуҷуд дорад. Яъне ҳангоми афзоиши миқдори омилҳои истеҳсолот ба 10%, ҳаҷми барориш аз 10% камтар афзоиш меёбад.

Ҳамин тавр дар вобастагӣ аз характери тағйирёбии таносубҳои қайд карда шуда, самараи мусбӣ, доимӣ ва камшаванда аз масштабро фарқ мекунанд.

Самараи доимӣ (тағйирнаёбанда) аз масштаб – хусусияти ҷараёни истеҳсолотест, ки дар он ҳаҷми барориши маҳсулот бо таносубҳои ба хароҷоти омилҳо баробар тағйир меёбад.

Самараи мусбӣ (афзоишёбанда) аз масштаб – хусусияти ҷараёни истеҳсолотест, ки дар он ҳаҷми барориши маҳсулот бо таносубҳои зиёдтар нисбат ба хароҷоти омилҳои истеҳсолот ба миён меояд.

Самараи манфӣ (камшаванда) аз масштаб – хусуситяи ҷараёни истеҳсолотест, ки дар он ҳаҷми барориши маҳсулот нисбат ба хароҷоти омилҳои истеҳсолот бо таносубҳои камтар афзоиш меёбад.

Амали самара аз масштаб танҳо бо давраи дарозмуддат алоқаманд аст, зеро айнан дар ин давра тағйирёбии ҳамаи омилҳои истеҳсолот ба назар мерасад. Бинобар ҳамин характери он бо чунин хусусиятҳо асоснок нест: якум, бо амал намудани қонуни камшавандаи боздеҳ (ҳама омилҳои захиравӣ тағйирёбандаанд); дуюм, бо шиддатнокии истифодабарии ягон омили алоҳида (тағйирнопазирии таносуби омилҳоро дар назар дорад).

Ба сифати сарчашмаҳои сарфа аз масштаб инҳоро ҷудо кардан мумкин аст:

  • амал намудани омили андозадор (истеҳсоли фурӯзонакҳои 100 ватта хароҷоти 2,5 маротиба зиёдро нисбат ба истеҳсоли фурӯзонакҳои 40 ватта талаб намекунад);
  • афзоиши ҳосилнокӣ аз ҳисоби тақсимоти амиқи меҳнат;
  • имкониятҳои калони истифодабарии техника ва технологияҳои нав;
  • истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ;
  • махсусгардонӣ дар идоракунӣ;
  • реклама ва маркетинг (бозоршиносӣ).

Ба сифати омилҳои ба афзоиши самара аз масштаб зиддият мекарда инҳоро ҷудо кардан мумкин аст:

  • афзоиши эҳтимолияти пайдоиши ҷойҳои хурд ва садамаҳо;
  • афзоиши мушкилиҳо дар идоракунӣ ва мутобиқаткунӣ;
  • афзоиши хароҷотҳои нақлиётӣ ва хароҷот барои фурӯш;
  • афзоиши хароҷотҳои маъмурӣ;
  • баландшавии нархҳо ба захираҳо.

ҚОНУНИ КАМШАВАНДАИ ҲОСИЛНОКИИ (БОЗДЕҲИ) ИНТИҲОӢ ВА АФЗОИШИ ХАРОҶОТИ ИЛОВАГӢ.

Бо баробари афзоиши хароҷот, ҳаҷми маҳсулот то ҳудуди муайян афзоиш меёбад. Маҳсулоти бо ин тарз ба вуҷуд оварда шуда бошад, маҳсулоти интиҳоӣ номида мешавад. Ин маҳсулот дар асоси ҳосилнокии интиҳоии захираҳо истеҳсол шуда, ҳамчун нисбияти афзоиши маҳсулот ба афзоиши захира муайян карда мешавад.

Ҷараёни пастшавии каҷхаттаи афзоиши ҳосилнокӣ дар назарияи иқтисодӣ ҳамчун қонуни камшавандаи ҳосилнокӣ ва ё камшваии боздеҳ маълум аст.

Бо ибораи дигар, ҳангоми афзоиши як намуди хароҷот ва бузургии доимии дигар хароҷотҳо даврае мерасад, ки дар он миқдори иловагии хароҷоти намуди додашуда ба афзоиши маҳсулоти умумӣ мусоидат намекунад.

Лекин қонуни камшавандаи ҳосилнокиро мутлақ шуморидан зарур нест. Ин қонун ҳангоми мавҷудияти ду шароит амал мекунад:

  • доимии ақалан яке аз омилҳои истеҳсолот;
  • мавҷуд набудани пешравии илмӣ – техникӣ.

Амал намудани қонуни камшавандаи ҳосилнокии омилҳо нишон медиҳад, ки имкониятҳои афзоиши барориши маҳсулот ҳангоми доимӣ будани ақалан як омили истеҳсолот, маҳдуд аст. Бо вуҷуди ин бояд дар назар дошт, ки дар аввал, қонуни камшавандаи ҳосилнокии омилҳо танҳо дар шароити давраи кӯтоҳмуддат қобили тадбиқ мебошад ва дуюмин, шиддатнокии амал намудани ин қонун бо хусусиятҳои технология дар ҳар як истеҳсолот алоқаманд мебошад.

Истифодабарии технологияҳои нисбатан пешрафта, имконият медиҳад, ки дар чаҳорчӯбаи давраи кӯтоҳмуддат барориши зиёди маҳсулот бо миқдори омили додашуда ва ё камтар, маънои амал намудани қонуни камшавандаи боздеҳро надошта, танҳо характери таъсири онро тағйир медиҳад.

МАҲСУЛИ ИСТЕҲСОЛОТ.

Молистеҳсолкунанда (соҳибкор) имконият дорад, ки комбинатсияҳои гуногуни омилҳои истеҳсолотро истифода барад. Нишондоди интихоби комбинатсияи омилҳои истеҳсолот – ин хароҷоти камтарини истеҳсолӣ мебошад.

Масъалаи интихоби якҷоякунии омилҳои истеҳсолот дар амал чӣ тавр ҳал карда мешавад?

Барои ин нишондиҳандаҳои вобастагии маҳсулотҳои умумӣ, миёна ва интиҳоӣ аз яке аз омилҳои истеҳсолоти тағйирёбанда истифода мешаванд, бо баробари ин таъсири дигар омилҳои доимӣ ба ҳисоб меравад.

Маҳсулоти умумӣ (маҷмӯавӣ) аз омили тағйирёбанда (ТРх) – ин ҳаҷми умумии барориш дар ҳолати додашудаи омили тағйирёбанда.

Маҳсулоти миёнаи омили тағйирёбанда (АРх) – ин ҳаҷми барорише, ки ба воҳиди омили тағйирёбанда мувофиқат мекунад.

Маҳсулоти интиҳоии омили тағйирёбанда (МРх) – ин афзоиши ҳаҷми маҳсулоте, ки аз ҳисоби афзоиши воҳиди омили тағйирёбанда ба даст оварда мешавад.

Истифодабарии афзоиши маҳсулот барои таҳлил аёнияти исботро пурзӯр мекунад, зеро қисми боқимонади маҳсулоти истеҳсолшуда бетағйир мемонад.

Ҳамин тавр дар натиҷаи алоқамандкунии омилҳои истеҳсолот маҷмӯаи неъматҳои моддӣ офарида мешавад. Нисбияти миқдории ҳаҷми неъматҳои моддӣ (маҳсулот) ба меҳнати барои истеҳсоли онҳо сарф шуда, ҳосилнокии меҳнатро тавсиф мекунад. Мувофиқан, нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнатро дар намуди зерин ифода кардан мумкин аст:

(Q – миқдори маҳсулоти офаридашуда дар намуди шайӣ ва ё пулӣ; М – хароҷоти меҳнат (масалан, одам – соат ва ё шумораи коргарони дар истеҳсолоти додашуда машғул шуда).

Нишондиҳандаи меҳнатғунҷоиши маҳсулот, ки нишондиҳандаи баръакси ҳосилнокии меҳнатро ифода мекунад барои таҳлил васеъ истифодабурда мешавад, яъне:

Нисбияти миқдории неъматҳои моддӣ (маҳсулот) ба капитал, ки барои истеҳсолот истифода мешавад, нишондиҳандаи боздеҳи капиталро тавсиф мекунад. Мувофиқан, нишондиҳандаи боздеҳи капиталро дар намуди зерин ифода кардан мумкин аст:

Инчунин нишондиҳандаи капиталғунҷоиши маҳсулот истифода мешавад, ки баръакси бузургии боздеҳи капиталро ифода мекунад, яъне:

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.