Андухти сармояи инсони

  1. Мафҳум ва сохтори сармояи инсонӣ
  2. Самтҳои асосии сохтори сармояи инсонӣ

1. Инсон қувваи асосии истеҳсолкунандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба ин ақидаи Марксистӣ ҳамаи иқтисодшиносон аз ҷумла монетаристон, неоклассикон. Маҳз инсон омилҳои асосии истеҳсолот замин, сармояро ба кор медарорад. Қобилияти соҳибкории он системаҳои технологияи тараққикардаи истеҳсолотро ташкил намуда ашёҳои барои худ ва ҷомеаро истеҳсол менамояд. Аммо ба худи инсон назарияи иқтисод дар солҳои наздик 30-40 сол пеш аҳмияти хос дод. Аммо ин гуфтаҳо маънои онро надорад, ки дар иқтисодиёт ба омӯзиши одам машѓул набуданд, балки мақсади тадқиқоти назарияи иқтисод на худи инсон балки музди меҳнат, яъне даромади ӯ буд. Бо мурури замон бо пурқувват шудани илмҳои ҷаҳон хусусан назарияи иқтисод ақида оиди инсон ба таѓйиротҳои хеле калон дучор шуд ва он ба пайдоиш ва серистеъмол гардидани мафҳуми сармояи инсонӣ замина гузошт. Ягон истлоҳи дигар иштироки одамро дар истеҳсол ва умуман дар пешрафти иқтисодиёт ба таври пурра ва аниқ нишон дода наметавонад.

Сармояи инсонӣ ин андозаи қобилияти даромадоварӣ мебошад, ки дар одам таҷассум ёфтааст.

Сармояи инсонӣ қобилият ва истеъдоди модарзод инчунин маълумот ва ихтисоси омӯхтаро ба худ дохил мекунад.

Саромягузорӣ ба сармояи инсонӣ ин амалиёти дилхоҳест, ки маҳорати ақлонӣ ва ҷисмонии шахсро баланд мекунад.

Мазмуни асосии назарияи сармояи инсонӣ ин эътироф намудани одам ҳамчун обекти гузошта шудани сармоя, ҳамчун обекти фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Сухан дар бораи он меравад, ки маблаѓгузорӣ ба одам дар қатори маблаѓгузорӣ ба дигар омилҳои истеҳсолот фоидаовар мебошад.

Ҳамин тавр сармояи инсонӣ мафҳуми хело васеъ ва ҷамъияти мебошад, зеро ин мафҳум иштироки бевоситаи инсонро дар ҷараёнҳои иқтисодӣ нишон медиҳад.

2. Самтҳои асосии сохтори сармояи инсонӣ ин хароҷот барои маълумот, барои ривоҷ ва дастгирии соҳаи тандурустӣ, барои дастрас кардани ахбор ва ҳиҷрати қувваи корӣ аз якҷо ба ҷои дигар мебошад.

Маълумот қисми асосӣ ва таркибии сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Онро ё воситаи асосии дарёфти қувваи кории тахассуснок мебошад, ки аз ӯҳдаи корҳои вазнин ва душвор меборояд. Ҳамин тавр тахассус ин дараҷа ва навъи соҳибихтисоси корманд буда мавҷудияти дониш, маҳорат ва малакаест, ки барои иҷрои амали муайян зарур аст. Дар баробари он тахассус тавсифи кориест, ки вобаста аз сифати қувваи корӣ иҷроиши окрро талаб мекунад.

Ба мафҳуми тахассус пеш аз ҳама дараҷаҳои гуногуни маълумот дохил мешавад. Маълумоти ибтидоӣ, миёна, касбӣ техникӣ, миёнаи махсус ва олӣ.

Аз ҳама оддитар ҳисоб кардани тахассус аз рӯи маълумот собиқаи корӣ ва доимии кор дар якҷо муайян мебошад. Ин алоқамандиро ба таври зайл нишон додан мумкин аст.

Маълумот Собиқаи корӣ Музди меҳнат

Вобастагии байни даромади одамонро аз рӯи маълумотнокии онҳо дида мебароем.

18-20 25-30 40-45 50-60 65-70 (Таѓйироти даромади аҳолӣ аз рӯи маълумотнокӣ)

Самти дуюми сармоягузориҳо ба сармояи инсонӣ ин нигоҳдории тандурустӣ мебошад.

Тандурустӣ – қувваи кориро аз рӯи таваллуди одам то синну соли ба нафақа баромадан ва баъд аз он ҳамроҳӣ мекунад.

Хароҷот – барои соҳаи тандурустӣ мӯхлатти қувваи кориро дар истеҳсолот дароз мекунад. Ба системаи тавсифи тандурустӣ мафҳумҳои беморшавӣ, маъюбият ва ѓайри қобили амал будан дохил мешавад.

Самти сеюм сармоягузориҳо ба сармояи инсонӣ ин хароҷот барои таъмини зудҳаракатии қувваи корӣ мебошад. Зудҳаракатии қувваи корӣ зуҳуроти афзоянда буда ҳам дар ҷомеа ва ҳам дар иқтисодиёт мавқеи худро дорад.

Хулоса – ҳамин тавр саломатии худи аҳолӣ давомноки барзиёди умумиҳослиноки баланди меҳнат буда аз суханҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ фоидаовар, боздеҳи дарозмуддат ва доимо зиёдшаванда дорад.

Васеънамоии истеҳсолот дар давраи дарозмуддат

Дар давраи дарозмуддат фирма метавонад истеҳсолотро аз рӯи технологияи интихоб карда бо роҳи зиёд намудани ҳаҷми ҳамаи омилҳо васеъ кунад, ки ин афзоиши масштаби истеҳсолотро дар назар дорад:

  • боздеҳи доими аз масштаб дар ҳолати афзоиши барориш дар ҳаҷми m мартиба ба назар мерасад;

Расми 8.4. Боздеҳии доимӣ аз масштаб

  • боздеҳи камшаванда аз масштаб дар ҳолати афзоиши барориш дар ҳаҷми k ба назар мерасад, ки дар ин ҷо 0<k<m;

Расми 8.5. Боздеҳии камшаванда аз масштаб

  • боздеҳи афзоишёбанда аз масштаб дар ҳолати афзоиши барориш дар ҳаҷми k ба назар мерасад, ки дар ин ҷо k>m;

Расми 8.6. Боздеҳии афзоишёбанда аз масштаб.

Дар охир бояд қайд намуд, ки афзоиши оптималии фирма танҳо дар давраи дарозмуддат имконпазир аст.

Хароҷотҳои истеҳсолот дар давраи кӯтоҳмуддат.

Ҳар як фирма пеш аз оғоз кардани истеҳсолот бояд муайян намояд, ки ба кадом фоида ноил мегардад. Барои ин фирма бояд талаботро омӯзад ва муайян намояд, ки бо кадом нарх маҳсулоти истеҳсолкардаашро мефурӯшад, инчунин фирма бояд даромади пешбинишударо бо хароҷотҳо муқоиса кунад.

Биннобар ҳамин пеш аз қаубли қарор оиди чи қадар маҳсулот истеҳсол кардан, фирма бояд хароҷотҳои худро таҳлил намояд.

Хароҷоти истеҳсолӣ – ин пардохтҳо барои омилҳои истеҳсолии ба дастовардашуда мебошад.

Ин маънидодкунӣ аз тарафи иқтисодчиёни гуногун аз мавқеъҳои гуногун ва бо мақсадҳои гуногун мушоҳида карда мешаванд.

К.Маркс омӯзиши хароҷотро бо мақсади тадқиқи хусусиятҳои истисмори меҳнати кироя, ки дар арзиш ифода ёфтааст алоқаманд мекард. Ба ақидаи Маркс, барои истеҳсоли мол ҷамъият бояд ҳам меҳнати зинда ва ҳам меҳнати дар арзиши таҷҳизот, ашё ва ғайраҳо таҷассумёфтаро сарф намояд. Ин хароҷотҳои меҳнат арзиши молро ифода мекунанд, ки онро Маркс хароҷотҳои ҷамъиятӣ номидааст. Даромади пулие, ки баъд аз фурӯши мол ба дастоварда мешавад истеҳсолкунанда хароҷотҳои худро рӯйпӯш мекунад. Меҳнати иловагиро соҳибкор пардохт намекунад. Аз ин ҷо бар меояд, ки хароҷотҳои соҳибкор (истеҳсолкунанда), яъне хароҷотҳои истеҳсолии он аз хароҷоти ҷамъиятӣ (арзиши мол) ба бузургии меҳнати иловагии пардохт нагашта кам аст. Ба ақидаи Маркс айнан меҳнати иловагии пардохт нагашта сарчашмаи фоида мебошад. Мувофиқи назарияи марксистӣ фоидаи истеҳсолкунанда берун аз хароҷотҳои қарор дорад.

Ба ғайр аз хароҷотҳои истеҳсолӣ Маркс хароҷотҳои муомилотро ҷудо мекард, яъне хароҷотҳое, ки бо ҷараёни фурӯши молҳо алоқаманд аст. Дар таъсисёбии арзиши мол ҳама хароҷотҳои муомилот иштирок намекунанд, балки он қисми онҳо иштирок мекунад, ки давоми ҷараёни истеҳсолотро дар соҳаи муомилот дар назар дорад (кашонидан, нигоҳдорӣ, ба қутиҳо ҷойкунӣ ва ғайра). Аз ин ҷо бар меояд, ки дар назарияи марксистӣ на ҳама хароҷотҳо дар нархгузорӣ иштирок мекунанд.

Нисбат ба К. Маркс иқтисодчиёни муосир хароҷотро аз нуқтаи назари хоҷагидор мушоҳида мекунанд. Онҳо гумон доранд, ки соҳибкор новобаста аз хароҷотҳо даромадро интизор аст. Дар ин асос тарафдорони ин консепсия ба хароҷотҳо фоидаи соҳибкорро дохил мекунанд, зеро ба ақидаи онҳо даромади соҳибкор ин пардохт барои хавфи соҳибкорӣ мебошад. Дар назарияи муосир фоидаи муқаррарии миёна ба хароҷот дохил карда мешавад, ва хароҷотҳои иқтисодӣ номида мешаванд. Нисбат ба ин назарияи Маркс гумон дошт, ки суммаи хароҷотҳои истеҳсолӣ (С+V) дар якҷояги бо фоида (Р) нархи истеҳсолиро ташкил мекунад.

Хароҷоти фирмаро дар ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши молҳо ва хизматҳо дида мебароем. Пеш аз ҳама ба хароҷотҳои аслӣ ва алтернативӣ назар мекунем, чунки ҳар дуи ин намуди хароҷотҳо аз тарафи фирма дар ҷараёни фаъолияти онҳо ҳисоб карда мешаванд. Ба хароҷотҳои аслӣ ҳамаи хароҷотҳои фирма барои пардохти омилҳои истеҳсолот дохил карда мешавад. Омилҳои классикии истеҳсолот меҳнат, замин (захираҳои муқаррарӣ) ва капитал дохил мешаванд. Иқтисодчиёни муосир майл доранд боз омили дигарро ҷудо намоянд – қобилияти соҳибкорӣ. Ҳамаи хароҷотҳои аслии фирма ба баратраф намудани омилҳои итсеҳсолоти истифодашуда мувофиқат мекунанд. Яъне дар ин ҷо пардохти меҳнат дар намуди музди меҳнат, замин – дар намуди рента, капитал – дар намуди хароҷотҳо барои фондҳои асосӣ ва гардон, инчунин пардохти қобилияти соҳибкорӣ дар назар дошта шудааст. Суммаи ҳамаи хароҷотҳои аслӣ ҳамчун арзиши аслии маҳсулот, фарқи байни нархи бозорӣ ва арзиши аслии маҳсулот бошад ҳамчун фоида баромад мекунад.

Бояд қайд намуд, ки суммаи хароҷотҳои истеҳсолӣ, агар ба онҳо танҳо хароҷотҳои аслӣ дохил карда шаванд, паст шуданаш мумкин аст, ва мувофиқан фоида аз сатҳи аслӣ баланд шуданаш мумкин аст. Барои таҳлил ва аниқтар асоснок кардани фаъолияти фирма бояд ба хароҷотҳо на танҳо хароҷотҳои аслӣ балки хароҷотҳои алтернативиро низ ҳамроҳ кардан зарур аст. Хароҷотҳои алтернативӣ (арзиши алтернативӣ) ин истифодабарии захираҳои аз они худи фирма мебошад. Ин хароҷотҳо ба пардохтҳои фирма ба дигар ташкилотҳо дохил намешавад. Масалан, агар соҳиби замин рентаро пардохт наменамояд, балки мустақилона заминро коркард карда ӯ аз гирифтани рента (иҷорапули аз замин) даст мекашад. Масалан, соҳибкор пулҳои худро ба истеҳсолот равона карда, наметавонад ин пулҳои худро ба бонк барои гирифтани фоиз гузорад. Ба эътибор гирифтани хароҷотҳои аслӣ ва алтернативӣ имконият медиҳад, ки фоидаи фирма дурустар баҳо дода шавад. Фоидаи софи иқтисодӣ ҳамчун фарқи байни даромад аз фурӯши маҳсулот ва ҳамаи хароҷотҳо (аслӣ ва алтернативӣ) муайян карда мешавад.

Фарқи байни хароҷотҳои аслӣ ва алтернативиро дарк намуда мумкин аст, ки мафҳуми фоидаро аз нуқти назари илми иқтисодӣ дарк намоем.

Фоидаи муҳосиботӣ (фоидаи молиявӣ) бо худ фарқи байни даромади умумии (даромад аз фурӯши) фирма ва хароҷотҳои аслӣ мебошад. Дар таҷриба фирмаҳо айнан бо ин намуди фоида дучор мешавад.

Фоидаи иқтисодӣ ин фарқи байни даромади умумии (даромад аз фурӯши) фирма ва ҳамаи хароҷотҳои (аслӣ ва алтернативии) фирма мебошад.

Фоидаи муқаррарӣ–ин фоидае, ки ба хароҷотҳои алтернативӣ баробар аст, барои истеҳсолот аз тарафи соҳибкор маблағгузорӣ карда шудааст. Масалан, барои истеҳсолот 1 млн. сомони гузошта соҳибкор фоидаро дар ҳаҷми 7% ба даст меоварад. Агар дар ҳамин ҳолат мизони фоиз 7% ташкил кунад, фоидаи ба даст овардашуда муқаррарӣ номида мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.