Фанни Иқтисоди миллӣ

Намудҳои тиҷорати электронӣ

2.1. Музояда (аукцион)-и электронӣ. 

Яке аз хусусиятҳои махсуси Интернет муттаҳид шудани муштариён аз ҳар гуна минтақаҳои ҷуғрофӣ, ҳавас зоҳир намудани онҳо мебошад. Ин гурӯҳи одамон истеъдоди хизматрасони  музоядагӣ доранд.

Музоядаи электронӣ – ҷараёни тиҷорат кардан, дар асоси технологияи иттилоотии муосир, ки муносибати байни контрагентҳо бо қонунҳои махус назорат карда мешавад. Хусусияти хоси музоядаи электронии савдо он мебошад, ки дар вақти фурӯхтани амвол нархи охиринро дар савдои рақобати кушод муайян мекунад.

Музоядаи электронӣ – бозори махсус бо спектри пешниҳоди васеи тиҷорат, масалан,  намунаи коммуникатсия, ҷузҳо, захираи  ашёи хом, талабнома дар тендерҳо ва ғайра мебошад.

Дар ҳама музоядаҳои электронӣ муносибатҳои бозорӣ байни харидорон ва фурӯшандагон ҷой доранд.

Иштирок дар тиҷорат барои он харидорон ё фурӯшандагоне имкон дорад, ки ба қайд гирифта шудаанд.

Барои ин иштирокчиён шакли бақайдгириро пур мекунанд.

Ба иштирокчиён кафолат дода мешавад, ки ахбори характери махфӣ доштаро танҳо ба контрагентҳо аз рӯи шартнома (баъд аз ба охир расидани савдо) дастрас намоянд.

Баъд аз бақайдгири иштирокчиён ба воситаи почтаи электронӣ онро дастрас мекунанд.

Савдо аз рӯи мавқеъ дар музоядаи электронӣ бо вақти маҳдудшуда мегузарад, ки фурӯшанда муайян мекунад. Вақти пӯшида шудани савдоро намоиши мол нишон медиҳад.

Дар намоишдиҳии мол ба савдои электронӣ фурӯшанда вазифадор аст:

  • сифат кардани моле, ки ба намоиш гузошта шудааст;
  • додани тасвири мол, додани  руҷӯъ (ссылка) ба дигар сомона ба сурати мол;
  • нишон додани табақот (категория) – куҷо хоҳиши  ҷой кардани молро дорад;    
  • муайян кардани нархи ибтидоӣ;
  • муайян кардани  қадами музояда, бо ба назар гирифтани нарх;       – аз назар гузаронидани лоти худ, барои санҷидани мавҷудияти хабари фаврӣ;

Барои  идоракунии ҷараёни тиҷорати дар музоядаи электронӣ қоидаҳои бисёр тартиб додаанд.

Музоядаи электронӣ  модели идеалии нархгузориро пешниҳод мекунад.

Вай  натанҳо гуфтугузорро  дар вақти нархгузорӣ, инчунин имконияти савдокуниро низ нишон медиҳад. Ин музоядаро барои одамон шавқовар мекунад.

Баъд аз тамомшавии фурӯш фурӯшанда аз почтаи электронӣ маълумот мегирад, маълумот дар бораи харидор. Вай дар навбати худ маълумот мегирад, ки ғолиби музояда шудааст ва маълумот дар бораи фурӯшандаро низ пайдо менамояд.

Инкишофи музоядаи электронӣ якчанд омилҳо дорад: ҷалб кардани миқдори зиёди харидорон ва фурӯшандагон дар натиҷаи мавҷуд набудани сарҳади минтақавии алоқаи дутарафаи интерактивӣ барои фурӯшандагон ва харидорон; додани имконияти муфассал барои баёнкуни ва тасвири мол.

Аз ҳисоби пешниҳодкуни ҳадафҳо ба музоядавӣ ва амалӣ ҷудо карда мешавад :

  • Чизҳои истеъмолӣ. Ҳамин тавр, музоядаҳо шаффофии бозор ва нархгузории осонро таъмин мекунанд;
  • Молҳо ва хизматҳо бо мӯҳлати маҳдудшуда, масалан, ҷой барои мусофирон дар ҳавопаймо ё молҳои пештар истеҳсолшуда соҳиби мӯҳлати аниқи амалигашта буданаш лозим аст. Музоядаҳо харидоронро ҷалб мекунанд ва ба фурӯшандагон иҷозат медиҳанд, ки нархҳои гуногунро гузоранд;
  • Молҳои талаботашон маҳдудшуда, масалан намунаи санъати тасвирӣ, чизҳои колекционишуда. Музоядаҳо ба нархгузории ин молҳо ёрӣ медиҳанд. Дар як ҷой ҷамъ кардани фурӯшандагон ва харидорон, онҳо сегменти бозорро ташкил мекунанд ва сатҳро таъриф мекунанд.

Дар асоси истифодабарии қоидаҳои савдо музоядаро ба якчанд гурӯҳ ҷудо мекунанд:

  • бритонӣ (стандартӣ) бештар вомехӯрад. Фурӯшанда нархи аввалро таъин мекунад; дар ҳолате ки нархи баландтарин муайян мешавад, савдо боздошта мешавад.
  • голландӣ (пасгарданда)- савдо аз нархи баландтарин оғоз меёбад, то ба поён рафтани нарх.
  • пешниҳоди як вақта – харидорон дар шакли хаттӣ нархро муайян мекунанд, бехабар аз пешниҳоди рақобатчиёни дигар. Ғолиб он нафаре, ки нархро баландтар пешниҳод кардааст;
  • пешниҳоди пӯшида – харидорон пешниҳодҳои пӯшида мекунанд ва дар вақти муайяншуда ғолиб молро бо нархи баландтарин мехарад.
  • Мағозаҳои якхела – барои фурӯхтани моли миқдораш маҳдудбуда. Барои амалӣ кардани савдо якчандто музоядаҳо гузаронида мешаванд, ки дар он аз ҳар намуди мол як нусхагӣ намоиш дода мешавад. Савдо то он вақт идома меёбад, ки тамоми нусхаҳои мол фурӯхта шавад ё ин ки савдогар таклифҳои боқимондаро бекор кунад.

Нархе, ки бо он нусхаи аввалини мол фурӯхта шуд барои нусхаҳои боқимонда баландтарин ҳисобида мешавад.

  • Дучанда – таклиф, дар яквақт аз ду тараф пешниҳод карда мешавад, яъне аз тарафи савдогар ва харидор, барои муқаррар намудани мувозинати нарх. Ин ҳолатро аксар вақт дар биржаҳои электронӣ дидан мумкин аст.    

Новобаста бо роҳҳои гуногун гузаронидани савдои электронии музояда ба онҳо схемаи «табии» нархгузорӣ амалӣ мегардад. Барои ҳамин ҳам музоядаҳои электрониро ҳамчун бонки маълумотҳо барои бавуҷудории нархи натиҷабахш ва татбиқи имкониятҳои  потенсиалии бозор, барои  ташкилотҳои тиҷоратӣ, ки дар муҳити  истеҳсолӣ,  фурӯши мол ва  хизматрасонӣ  дида мебароянд.    Айнан имкониятҳои натиҷабахш бавуҷуд овардани нарх ҳамчун нуқтаи интиқол (отправная точка) хизмат кардааст, барои ташкили шумораи бисёри музоядаҳо  дар назди  магозаҳои  электронӣ. 

Нисбати молҳо тавсияҳое  мавҷуданд, ки барои савдои музоядавӣ ба воситаи шабакаи  Интернет мувофиқ ҳастанд: 

  • Молҳои компутерӣ. Қисми зиёди харидорони потенсиалӣ ин намуд  молҳои  Интернетро истифода мебаранд, барои молҳои нав музояда ҳамчун боби баҳогузории талабот хизмат мекунад ва муайянкунандаи  нархи мусоидтарини бозор мебошад.
  • Молҳои нави замонавӣ барои бозор. Шавқу рағбати  истифодабарандагони Интернет нисбати навидҳо ва навигариҳои технологӣ  зиёд аст.

Чӣ хеле ки қайд кардем, музояда ба баҳогузории талабот ба молҳо ва муайян намудани нархи мусоидтарин имконият медиҳад.

  • Молҳои нархгузошташуда – молҳое, ки шакли вайрони молӣ доранд, ки онро ба сабаби доштани нуқсон ва ба монанди он харидор баргандондааст. Музояда бо нархи кам имконият медиҳад барои амалӣ кардани фурӯши чунин молҳо.
  • Молҳои камталаб (камистеъмол), ки бо сабабҳои гуногун нархашон паст шудааст (масъалан молҳои мавсимӣ). Дар ин ҳолат истифодаи музояда бо нархи паст мақсаднок аст. 
  • Пешқадамони вақтҳои охири фурӯш. Пас аз танг карда баровардан аз тарафи пешқадамони нав. Музояда имконият медиҳад, ки аз захирашавии молҳои электронӣ дар анборҳо бомуваффақият раҳоӣ ёбанд.
  • Молҳои колексионӣ истифодабарандагони худро доранд, дар байни онҳо хусусан рақобатчиён барои азхудкунии мол мавҷуданд.
  • 2.Порталҳои корпоративӣ

Порталро ҳамчун web-сомона муайян кардан мумкин, барои шахсони алоҳида (мизоҷон ва коргарони ташкилотҳои тиҷорати) чунин имкониятҳоро фароҳам меоварад :

  • Якҷоя намудани ахбор ва дастрас намудани ахбори муҳим барои ин аудитория.
    • Ҳамкорӣ ва хизматрасонии коллективӣ.
    • Дастрас кардан ба хизматрасонӣ ва пешниҳодҳо барои шахсони интихобшуда, дар асоси пешниҳоди қатъии шахсигардонӣ.

Барои табақабандии порталҳо чунин муқаррарот мавҷуд аст:    -Мегапорталҳо (горизанталӣ, оммавӣ) – нусхаи аслии Интернетпорталҳоро пешниҳод мекунад, ба ҳамаи муроҷиат кунандагони интернет-омма, на ба гурӯҳи шахсони махсус ва бо мақсадҳои муайян, мисол Rambler,Yahoo.

Чунин порталҳо зуд-зуд боиси пешравии системаҳо мегарданд. Ин порталҳо барои истифодабарандагон васеъ сохта шудааст, зеро ки он дар маълумот ва хизматрасонӣ аз тарафи онҳо акс ёфтааст.Аз рӯи қоида ин маълумотҳо хислати умумӣ дорад (мисол, хабарҳо оиди воқеъаҳои сиёсӣ, ҳаёти маданӣ) мутаносиб ба пешниҳоди хизматрасониҳо мебошад (почтаи электронӣ). Чунки доираи фаъолияти ин ташкилотҳои тиҷоратӣ бо ВАО дучор мешаванд. Дар вақтҳои охир дар бисёр давлатҳои ғарб наздикшавии онҳоро дидан мумкин аст (медиа-ташкилотҳо мегапорталҳоро харидори мекунанд, ё инки баръакс). Чунин порталҳо яке аз роҳҳои анъанавии дастраснамоии медиа-маълумотҳо шуда истодааст.

  • Порталҳои вертикалӣ – ба гурӯҳи шахсони алоҳида хизмат мерасонад, ё ки бозорҳо (мисол, бозори автомобилӣ, агентии сайёҳӣ). Дар баъзе холатҳо порталҳои вертикалиро субпортал низ меноманд. Ҳамаи истифодабарандагони интернет, ки дар интернет нишаста кор мекунанд ин амалро татбиқ кардаанд. Ва ҳар як бозор зиёда аз як портали вертикалӣ дорад. Шумораи порталҳои вертикалӣ бо суръат зиёд шуда истодааст.
    • Порталҳои навъи В2В – барои он сохта мешаванд, ки ташкилотҳо бо ҳам ҳамкорӣ кунанд ва ё амалиётҳои ташкил кардаашонро ба охир расонанд. Чунин порталҳо ба мизоҷон механизми васеи тиҷорати электрониро пешниҳод мекунад (мисол: гузаронидани музояда, амалӣ гардонидани харид);
    • Порталҳои корпоративӣ – барои шахсони мақсади муайян дошта, ташкилотҳои бузург ва корпоратсияҳо аз рӯи чорчӯба сохта мешаванд.

Онҳо барои коргарон, мизоҷон ва ҳамкорони як корхона сохта шудаанд. Истифодабарандагони ин намуд портал вобаста ба нақшашон имконияти дастрасшавӣ ба хизматҳо, таклифҳоро доранд.

  • Порталҳои корпоративӣ – сомонае, ки воситаи Web- саҳифаро мекушоянд. Барои таъмини вуруди инфиродигардонидашуда (персонифицированного доступа) гуфтан мумкин, ки матрисаи вуруд (матрица доступа)фароҳам оварда шудааст,ки дар он имкониятҳои истифодабарии ин ё он ташкилотҳо, базаи ахбор ва хизматрасони ҳар як қисми ташкилот нигаҳдорӣ мешавад.
    • Порталҳои корпоративӣ ва интернети аз якдигар бо дарбаргирии шумораи истифодабарандагон фарқ мекунанд, ки онҳо бо мақсадҳои кории худ хизмат мерасонанд. Порталҳои корпоративӣ барои истифодабарандагони як ташкилот пешниҳод карда шудааст ва мақсади онҳо фоида ба даст овардани ташкилот дар холате, ки интернетпорталҳо барои доираи васеи истифодабарандагон пешбини карда шудааст ва мақсади онҳо фоида овардани провайдерҳои портал ва ҳамкорон мебошад, ки ин порталҳо пешбинӣ кардаанд. 

Порталҳои корпоративи аз рӯи хусусиятҳои худ чунинанд:

  • Горизонталӣ, ки тамоми ҳаҷми маълумотро дарбар мегирад, илова ва ҷараёнҳои ташкилот;
    • вертикалӣ, ҷамъшавӣ дар ҷараёни махсусгардонидашуда тиҷоратӣ, вазифаҳо ва иловаҳо.

Хислатҳои асосии порталҳои корпоративӣ чунинанд:

  • дастрасии тамоми манбаҳои маълумотҳо ба коргарони ташкилот, бо як интерфейс.
    • имконияти амалӣ кардани ҷустуҷӯи маълумоти лозима.
    • имконияти нашркунии маълумоти истифодабаранда.
    • дастгирии кори колективӣ.
    • ҳайати муайяни истифодабарандагон.

Барои бо кор таъмин кардани порталҳои корпоративӣ вазифаҳои зеринро амалӣ кардан лозим аст: 

  • даъвати мизоҷон, барои сохтани гурӯҳи доимии истифодабарандагони порталҳо ва таъмини мониторинги фаъолияти онҳо бо ёрии системаи бақайдгирӣ ва тақсимот.
    • ҳуқуқи воридшавӣ. Онҳоимконияти идоракунӣ бо гурӯҳи истифодабарандагон ва маълумоти шахсиро ба ихтиёри онҳо дар асоси нимруҳ (профил)пешниҳод мекунанд.
    • иттилоотро визуалӣ ва индекатсия кардан. Ин вазифа ҳамчун дастраскунандаи маълумот бо якчанд манбаи маълумот хизмат мекунад. Маълумотро бо роҳи мониторинг ва хабардиҳӣ пешкаш кардан мумкин аст. Қисми зиёди маълумотро бо роҳи мониторинг дастрас менамоянд.

Огоҳӣ дар мадди аввал бо ёрии занги телефонӣ ё пейҷер амалӣ карда мешавад. Порталҳои корпоративӣ ҳарду усулро истифода мекунанд.

  • таъмини бехатарӣ, барои ҳивзи ахбор аз дохилшавии ғайри қонунӣ чи аз дохили ташкилот ва чи берун аз он, барои таъмини бехатарии истифодабарии порталҳои таъминкунанда ба ҳамкорон ва фармоишгарон хизмат мекунад.
    • маҳдудкунии ҳуқуқи воридшавӣ ва шахсикунонӣ, таъминкунандаи шахсони алоҳида бопешниҳоди ахбор ва иловаҳо, хизмати корпоративӣ ва каналҳои информатсионӣ. Профили истифода барандагон дар марҳилаи ба лоиҳагирии система бо ёрии «матритсаи воридшавӣ» дар натиҷаи бозсозӣ ё ин ки администратори система, ё ин ки худи истифодабаранда муайян мегардад.
    • интегратсияи иловаҳо, имкониятдиҳандаи дараҷаи мантиқӣ, тиҷоратро бе тағйирот гузошта ба воситаи браузер аз ҳарҷо навигарии ахборотро инъикос менамояд. Масъалаи интегратсияи анъанавӣ – ин ҷалб намудани иловаҳои нав ё ин ки иваз намудани модернизатсияи кӯҳнаҳояш ҳал карда мешавад.

2.3 Майдонҳои тиҷорати электронӣ

Зиёдшавии ҳаҷми системаи тиҷоратии В2В ба пайдошавии e-marketplaces ё ин ки ба майдонҳои тиҷорати электронӣ меоварад. Пешниҳодкунандаи фазои бозори вертуалиро барои ба роҳ мондани тиҷорати электронӣ дар соҳаи муомила ва ба фурӯш овардани маълумот дар бораи маҳсулот, хизматрасонӣ, инчунин дастгирии роҳи алоқаи байни фурӯшандагон ва харидорон муайн кардан мумкин аст. 

Майдони тиҷорати электронӣ – навъи бисёр мураккаби миёнарав мебошад, чунки ба ғайр аз мубодилаи маълумоти шахсӣ онҳо имконияти амалӣ шудани шартномаҳои хариду фурӯш ва ба иштирокчиён кафолати амалӣ гаштани чунин шартномаҳоро медиҳанд.

Асоси вазифаҳои иқтисодии майдони тиҷоратии электронӣ додани музд ба ҳар як шартнома, яъне ҷамъоварии комиссионӣ. Вобаста аз ҳаҷми трансаксия ва вобастагии соҳавии андозаи ҷамъоварии комиссионӣ аз 1 то 10% аз суммаи шартнома тағйир меёбад. Комиссия аз трансаксия – моддаи якуми фоида ба дастоварии ҳар як ташкилоти тиҷоратӣ мебошад. Моделҳои ба даст овардаи фоидаро аз трансаксия бо роҳҳои гуногун ба даст овардан мумкин аст, мисол, гирифтани фоизи муайян одатан дар асоси фармоиш барои харидорӣ. 

  • Ба ғайр аз ин комиссия бо трансаксия метавонад фурӯшанда ё харидорро пардохт намояд. Майдонҳои тиҷорати электронӣ инчунин метавонанд вазифаҳои зеринро иҷро намоянд:
    • фурӯши таъминоти барномавӣ. Одатан даромад аз фурӯши ин мол аз пардохти худи моли литсензионӣ ва компонентҳои такроршавандаи даромад бо хизматрасоние, ки одатан 15-20% пардохт барои литсензияро ташкил медиҳад, алоқаманданд. Ба ғайр аз ин бисёри ташкилотҳои фурӯшандаи таъминоти барномавӣ литсензияи худро чунин месозанд, ки аз истифодабарии зиёди маҳсулоти барномавии худ фоида ба даст оваранд.

Хизматрасонии касбӣ. Ташкилотҳои тиҷоратие, ки ба фурӯши таъминоти барномави машғуландхизматрасонии онҳо одатан ба кор андохтани барнома ва омӯзиши истифодабарандаҳо мебошад.

Ҷойгиркунии реклама. Даромадро аз пардохти ҳазорҳо тамошодиҳии муроҷиати рекламавӣ сарпараст (спонсор) ба даст меорад.Барои баъзе майдонҳои вертикалӣ, мисол VerticalNet аз аввал реклама қисми зиёди гардиши спонсорро ташкил медод. Аммо ҳамин, ки истифодабарандагони майдонҳои тиҷорати электронӣ зиёд шуд, вай барои ба дастоварии дигар намудҳои фоида роҳ меҷӯяд, мисол комиссия барои трансаксия ва обунакунӣ, реклама бошад моддаи дуюми фоидагирӣ мешавад.

Ташкили обунашавӣ. Қисми зиёди провайдерҳо майдонҳои савдои дар вақти реалӣ (on-line) фаъолият доштаро, барои дарёфт кардани ахбороти лозима тавассути обунашавӣ ба роҳ мемонанд. Мисол барои пардохти ҳармоҳаи PcOrder ва TechnologyNet ба харидорон имконияти дастрас намудани маълумоти лозимӣ оиди молҳои компутерӣ ва паҳнкунандагони он фароҳам меоварад.

Porchasepro дар навбати худ хизматрасонӣ барои ба қайдгирии ҳаққиаъзогии ҳарсоларо пешкаш менамояд. Пайдоиши ин ё он намуди майдонҳои тиҷоратӣ аз дараҷаи таъсири харидорон ва фурӯшандагони ин соҳа вобастааст. Пайдоиши ин ё он намуди майдонҳои савдо аз дараҷаи таъсири харидорон ва фурӯшандаҳо иборат аст. Аз рӯи ин таснифот се намуди майдонҳои савдои электронӣ ҷудо карда мешаванд:

1.Майдонҳое, ки онро харидор месозад. Ташкилотҳои калони тиҷоратӣ метавонанд майдони тиҷоратии худро барои ҷалб намудани таъминотчиён зиёд созанд. Ин ҳуҷҷат вобаста ба талаботи ташкилотҳои калон дароптимизатсияи ҷараёни харидорӣ, васеъшавии алоқаи тиҷоратӣ ва хатҳои таъминотӣ пайдо шудааст.

2.Майдонҳое, ки онро фурӯшандагон ташкил мекунанд. Дар қатори харидорони калон фурӯшандагони калон низ дар ҷараёни пайдошавии марказҳои тиҷоратӣ нақши муҳимро мебозанд. Ин бо сабабҳои гуногуни толибони тарҷума дар Интернет вобаста бо ҳамкорон ба вуҷуд меояд. Ин намуд майдонҳо пайвастшавии зичро бо бизнесҷараёни дохили ташкилот ва имконияти автоматикунонии ҷараёни мубодилаи маълумотҳо бо контрагентҳо медиҳанд ва ба паст намудани нарх ва сарфа намудани вақт, имконият фароҳам меорад.

3.Майдонҳои тиҷоратӣ аз тарафи сеюм сохташуда (ташкилотҳои технологӣ, ассотсиатсия, бонкҳо ва дигар субъектҳои бозор), барои он даъват шудаанд, ки фурӯшандагон ва харидоронро ба ҳам пайваст намоянд. Одатан чунин майдонҳо аз тарафи шахсоне сохта мешаванд, ки дар ин сектори тиҷорат ҷои худро ёфта метавонанд ва оиди ҷараёнҳои бизнесии мавҷуда фаҳмиш доранд.

4.Мағозаҳои электронӣ

Мағозаи электронӣ – ин системаи автоматишудае, ки хизматрасониро дар асоси базаи тиҷорати электроникунонидашуда амалӣ мекунад, мағозаҳои ҳозиразамон бо намуди хизматрасонии анъанави:

  • Намоиш ва хислатҳои маҳсулот, гирифтан ва коркарди фармоишҳо.
    • Пешкаш намудани хизматрасониҳои техникӣ, дастраснамоии мол ба харидор ва монанди ин.

Мағозаи электронӣ – ин сомонаи махсусест, ки бо ёрии он дар сохти интерактивӣ харидорӣ намудан ё фурӯхтани мол ва хизматрасонӣ, шиносоии пешакӣ бо маълумот оиди маҳсулот ба роҳ монда мешавад. Фарқияти мағозаи электронӣ аз мағозаҳои анъанавӣ дар он аст, ки вай метавонад имконияти васеи интихоби мол ва хизматрасониро пешниҳод намояд, пешкаш намудани маълумоти пурра оиди хусусиятҳои молҳо. Аз ҳисоби истифодаи технологияи замонавии компутерӣ тараққӣ карда истодааст, яъне муомилаи фардӣ ба ҳар як харидор аз ҳисоби таҷрибаи кор бо он. Мағозаи электронӣ ба соҳиби худ имкониятҳои зеринро медиҳад:

  • сохтани номгӯйҳои электронӣ ба молҳои ба бозор пешниҳод шаванда ва ё хизматрасоние, ки доимо дар хати Интернет дастрас аст.
    • ташкили шабонарӯзии фурӯши маҳсулот.
    • мустақилона идора намудани корҳои мағоза, зуд-зуд нав кардани маълумот оиди молҳои пешкашшаванда ва хизматҳо. Автоматикунонии системаи қабули фармоишӣ,  e-mail номаҳо дар бораи амалиётҳои фармоишӣ ба харидорон ба таври автоматӣ фиристода мешавад. Савдои бисёрасъора (долларҳо ва рублҳо) бо истифодаи қурби пулҳои дохилӣ. Тайёр намудани системаи автоматикунонии интихоби мол (чакана ва яклухт). Ташкили кор дар системаи «бизнес-бизнес» барои хизматрасонӣ ба филиалҳои дурдаст ва ҳамкорони тиҷоратӣ. Таъмини алоқаи баргарданда барои татқиқоти маркетингӣ дар бозор ва сохтани базаи ахбори мизоҷон. Гузаронидани таҳлили кори мағоза дар асоси омор, ташкили автоматӣ дар ҷараёни кори мағоза. Дастгирии рекламавии натиҷабахш ба тиҷорати худ. Илова намудани як ё якчанд системаи пардохти онлайни барои амалӣ кардани ҳисобат. Ташкили хизматрасонӣ ва дастраснамоии мол. Пайвасткунии онлайни(имконияти мулоқот бо харидор дар вақти воқеӣ). Пайваст намудани системаи дохилкунии навидҳо ба сомона.
    • сохтани e-mail–и паҳнкунандаи навидҳои дар мағоза пайдошуда.

-гузаронидани интеграсия бо системаи офисӣ ба монанди анбор ва муҳосибот, барои ҷараёни автоматикунии гузаронидани маълумот ба базаи ахбори мағозаи тиҷоратӣ.

Мағозаи электронӣ – ба харидор чунин имкониятҳоро медиҳад:

  • амалӣ намудани шартномаи хариду фурӯш дар ҳолатҳои ба худ қулай.
    • таъмини пардохт бо яке аз усулҳои дастрас дар ҳолати мавҷуда.
    • гирифтани хабар бо e-mail оиди тасдиқи фармоиши ҷойгиршуда.
    • пайбарии доимии ҳолати ҳозираи фармоиши ҷойгиршуда дар сохти on-line ё ин ки e- mail. 

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *