Фанни Иқтисоди миллӣ

Бехатарии пардохт дар Интернет

Коркунии системаҳои пардохтӣ дар интернет танҳо дар шароити бехатарӣ имконпазир аст. Ҳалли муаммои бехатарӣ ба системаҳои криптографӣ ва рақамӣ (шифрӣ) асос ёфтааст, ки он конфиденсиалӣ, аутентификатсия ва яклухтиро таъмин мекунад:

  • конфиденсиалӣ – ахборот бояд ҳифз карда шавад аз дастрасии ғайриқонунӣ ҳам ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳам ҳангоми додугирифт. Бо тарзи шифрӣ таъмин карда мешавад;
  • аутентификатсия – бо имзои рақамии электронӣ ва сертификат таъмин карда мешавад ;
  • яклухтӣ – ахборот бояд аз дигаргунии ғайриқонунӣ ҳифз карда шавад, ҳам ҳангоми нигаҳдорӣ, ҳам ҳангоми додугирифт. Он бо имзои рақамии электронӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамаи системаҳои рақамӣ (шифрӣ) дар асоси методологияи муайян кор мекунанд, ки он аз як ё якчанд алгоритмҳои рақамӣ (шифрӣ), формулаҳои математикӣ, системаи идоракунии калидҳо иборат аст.

Дар таҷриба ду намуди асосии алгоритмҳои криптографӣ вуҷуд доранд :

  • классикӣ ё симметрӣ – он асосан калидҳои пӯшидаи махфиро истифода мебарад, яъне шифркунӣ ва дешифркунӣ бо воситаи як калид ба амал оварда мешавад ;
  • асимметрӣ, ки дар он алгоритмҳо бо калидҳои кушод, яъне як калиди кушод ва як калиди пӯшида истифода мебаранд.

Алгоритми шифркунии симметрӣ калидҳои ҳаҷман на он қадар калонро истифода мебаранд ва метавонанд ҳаҷми калони ахборотро шифр намоянд.

Криптосистемаҳои ассимметрӣ аз ду калид истифода мебаранд, ки онҳо байни ҳам бо воситаи як қоида вобаста мебошанд.

Кафолати бехатарии системаҳои пардохтӣ стандартҳои бехатарӣ ба ҳисоб мераванд.

Яке аз чунин стандартҳои бехатарӣ протоколи SSL(Secure Socket

Layer) ба ҳисоб меравад, ки он шифркунии ахборотро, ки тариқи Интернет додугирифт карда мешавад, таъмин мекунад. Стандарти SET

(Secure Electronic Transactions) он аз тарафи корхонаҳои Visa ва Master Card коркард карда шуда, бехатарӣ ва конфиденсиалии шартномаҳоро бо воситаи кортҳои пластикӣ таъмин мекунад.

Протоколи SSL-ин стандарт дар асоси криптография бо калидҳои кушод амал менамояд. Протоколи ҳифзи ахборро таъмин мекунад, ки он дар шабакаи TCP/IP додугирифт карда мешавад, аз ҳисоби шифркунӣ ва аутентификатсияи сервер ва мизоҷон. Ин чунин маънӣ дорад, ки тамоми ахборот шифр карда мешавад. Асоси системаи бехатарии стандарти SET – алгоритмҳои криптографии DES ва RSA ташкил медиҳад. Хусусияти асосии SET – ин регламентатсияи истифодабарии системаи бехатарӣ, ки он аз тарафи системаҳои пардохтии байналмиллалӣ гузошта мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *