Суғурта дар Интернет

Зери мафҳуми суғурта системаи муносибатҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад, ки он истифодабарии фондҳои мақсадноки воситаҳои пулиро барои рӯйпӯш кардани хароҷот ҳангоми ҳолатҳои нохушро дар назар дорад. Хизматрасонии суғуртавӣ иштироки ду тарафро дар назар дорад: суғурташаванда ва суғуртакунанда.

Суғурташаванда – – шахси ҳуқуқӣ ё ҷисмонӣ, ки шартнома мебандад оид ба саривақт супоридани пардохти суғуртавӣ.

Суғуртакунанда – шахси ҳуқуқӣ, маълумотдор, ки барои фаъолияти суғуртавӣ иҷозатномаи давлатӣ дорад. Вай мувофиқи шартнома барои пардохти маблағ ба шахси суғурташаванда ҳангоми ҳолатҳои нохуш ӯҳдадор аст.

Дар бораи суғурта суғуртакунанда ҳамчун фурӯшандаи мол – хизматрасонии суғуртавӣ баромад мекунад. 

Харидорони хизматрасонӣ – шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ мебошанд, ки онҳо дар ҷараёни суғуртакунӣ иштирок мекунанд.

Интернет-суғурта – ин тарзи нави ташкили бизнеси суғуртавӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми истифодабарии он муҳит бетағйир мемонад.

Мафҳуми Интернет-суғурта – ин комплекси чорабиниҳои ташкилӣиқтисодӣ барои қонеъ кардани талаботи мизоҷон дар ҳифзи суғуртавӣ аст.

Аз ин ҳолат бармеояд:

  • тарзҳои нави ташкили ҳамкорӣ бо ми ёнравҳои суғуртавӣ, ташкилотҳо, ҷамъиятҳои суғуртавӣ;
  • муайян кардани имкониятҳои нави пешкаши хизматрасонӣ барои мизоҷон;
  • ташкили захираҳои нави ахборӣ.

Ба Интернет гузаронидани қисми бизнеси корхонаи суғуртавӣ ба мизоҷон чунин имкониятҳо медиҳад:

  • тартиби маълумот пурра оиди сугуртакунанда ва хизматрасонии

ӯ;

  • мустақилона ҳисоб кардани пардохтҳо бо ёрии веб-ҳисобкунак;
  • истифода бурдан аз онлайн машварат;
  • додани ариза барои бастани шартномаи суғуртавӣ дар намуди электронӣ;
  • бастани шартномаи суғуртавӣ ва супоридани мукофот (премия) тариқи Интернет;
  • додани маълумот оиди ҳолати суғуртавӣ тариқи интернет. 
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.