Фаъолияти соҳибкорӣ ва фоида

Бизнес, моҳият ва шаклҳои ташкили он

1.Соҳибкор ва мафҳуми соҳибкорӣ

2.Бизнес ва намудҳои он

Сохибкор- ин шахси масъуле мебошад, ки ба уҳдаи худ тавакалҳои корхонаро мегирад. Сохибкориро мумкин аз руи 2 асос гурӯҳбандӣ намуд: миқёс ва хусусияти фаъолият:

  1. Аз руи миқёс фаъолияти масъул ба намудҳои зерин тақсим мегардад.

   А) Соҳибкори инфиродӣ- фаъолияти гуногунии як шахс ва оилаи он ( нуқтахои тиҷоратӣ , дорухонаҳои на он қадар калон ва ғайра)

Б)  Соҳибкории коллективӣ – бо ягон кори фоидаовар коллектив машғул аст ба он бизнеси хурду миёна дохил мегардад. Бизнеси бузург – ҳамчун қоида ҷамъиятҳои бузурги аксионерӣ мебошанд, ки дар он ҳазорон нафар коргарон фаъолият менамоянд.

 2- Аз рӯи хусусият  меҳнати соҳибкори якчанд шаклҳоро доро мебошад . соҳибкори ғайри тиҷоратӣ бо фуруши маҳсулот барои боигари алоқаманд нест.

  Фаъолияти тиҷоратӣ ё бизнес . Ба он дохил мешавад:  Бизнеси ғайриистехсолӣ-варзишӣ тахассуси фаъолияти кансерни ва ғайра;  бинеси  тиҷоратӣ- дар корхонаҳои тиҷорати ;бизнес дар соҳаи хизматрасонӣ. Мисол: сервиси саёҳӣ , корхонаи ҳуқуқӣ ; бизнеси истеҳсолӣ – кори даромадии он дар саноат , хоҷагии қишлоқ, сохтмон ва ғр.

      Вазифаҳои сохибкор-  дар адабиёти ҷаҳонии бозорӣ 3 вазифаи соҳибкори ба қайд гирифта шудааст. Яке  аз онҳо –захиравӣ. Барои ҳар гуна фаъолияти хоҷагидорӣ омилҳои материалӣ зарур аст ( воситахои истеҳсолот) ва коргарон бо донишҳои кофи вазифахои 2-уми он-ташкилот. Масъалаи он таъминамои пайвастшавии чунин омилҳои истехсолот, ки барои ба дастории мақсади гузошташуда мусоидат мекунад. Вазифаи сеюми сохибкорон эчодкорӣ бо навоварихои ташкили хоҷагидорӣ алоқаманд аст.

         Бизнес аз вожаи англисии «business»  гирифта шуда, маънои кор, фаъолият, шуғлро ифода менамояд, ки ягон навъи даромад ва   фоидаро таъмин карда тавонад. Аз ин лиҳоз дар адабиёти иқтисодӣ  таҳти бизнес- масъулияти шахсҳои алоҳида, оила, гурӯҳ, ташкилот ва давлат, ки дар асоси ҷавобгарии шахсӣ, ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, тавакалии молу чиз, воситаҳои пулӣ истифодаи сарвату неъматҳои табиат барои тавлиди маҳсулот, хизматрасонӣ ба даст овардани фоида нигаронида шуда бошад, фаҳмида мешавад. Аз ин тавсифот хулоса бармеояд, ки бизнес ҳамчун тадбир ва фаъолият фақат дар чорчубаи  моликияти хусусӣ, мавҷуд будани фишангҳои озоди тиҷорат- мустақилият, ҳавасмандӣ, манфиат, ангезаи меҳнатӣ, худтаъминкунӣ, ташаббус, ҷустуҷӯй, тавакалӣ ва ғр. имконпазир аст.

         Аҳамият ва афзалияти бизнес дар он аст, ки:

-ба он ҳар нафаре, ки  ба майлу рағбат ва шавқу ҳавас дорад( берун аз вақти корӣ) шуғл варзида метавонад;

-ҳар як шахс ба ягон намуди кор ё фаъолияте банд мешавад.Барои ин мақсад ягон ҷои кори илова талаб карда намешавад;

-барои ашхосони шуғлварзида, он ҳамчун манобеъи иловагию доимии даромад хизмат мекунад;

-эҳтиёҷ ба ниёзи мардум ба баъзе неъматҳову хизматҳое, ки(таъмир,маводҳои хурока…) тавлид ва адои онҳо аз ҷониби корхонаҳои махсусгардонидашуда начандон қулай бошад, аз тарафи нафарони алоҳида таъҷилан дар як давраи кӯтоҳ бо сифати нисбатан баланд иҷро карда мешаванд.

         Барои бизнесмени ҳақиқӣ будан шароитҳои воқеӣ: интихоби озоди доираи фаъолият; мулоҳизаи корӣ; мустақилияти иқтисодӣ; оптимизм (зиндадилӣ) ва ғр. заруранд.

         Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки бизнес ва соҳибкорӣ гуё аз бисёр ҷанба хусусият, принсип, омил,шароиту сабабҳои ташкил ба ҳам мусоидат менамоянд.

         Новобаста аз хислату аломатҳои умумӣ байни онҳо (бизнес  ва соҳибкорӣ) фарқият вуҷуд дорад. Бизнес ҳамчун моҳият ва соҳибкорӣ –шакли зуҳури он тавсиф карда мешавад. Доираи фаъолияти  бизнес васеъ ва доираи фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд буда,охирон ҳамчун унсури муҳимтарини бизнес қадр карда мешавад.

         Ба ғайр аз он, бизнес ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ, яъне ҷалб кардан ва истиодан ва истифода кардани  воситаҳои худӣ дар асоси ҷавобгарӣ ва таваккалӣ тасаввур карда мешавад.

         Дар адабиёти иқтисодӣ тибқи аломатҳои ҳаҷми фирма- бизнеси хурд, бизнеси миёна ва бизнеси калонро тафриқа месозанд.

         Дар мамлакатҳои инкишофёфтаи Ғарб ба таври васеъ ҳамчун шакли нисбатан маъмули бизнеси хурд, системаи франчайзинг (franchise- имтиёзнок) ва соҳибкории венчурӣ ( аз venture-таваккал кардан) истифода карда мешавад.

         Франчайзинг- низоми корхонаи хурде мебошад, ки барои дар як мавзеъ ва давраи муайян истифода кардани тамғаи (маркаи) фабрикавии корхонаҳои бузургтаринро дар фаъолияти худ ташкил мекунанд. Ба онҳо имконияти гузашткуниҳо дар нарх, дар боркашонию таъминот бо молҳо, ба даст овардани  таҷҳизот, қарз ва ғайра бештар дода мешавад.

         Фирмаҳои венчурӣ- ҳамчун шакли ташкилотҳои  тиҷоратӣ барои коркард ва навовариҳои техникию технологӣ, таҳлилу тадқиқи илмӣ, инкишоф ва такмил додани раванди итстеҳсолот, тарз ва услуби риояю тарҳрезӣ дар шароити бозор истифода карда мешаванд. Мақсади асосии фирмаҳои венчурӣ- ба вуҷуд овардани навоварию ихтироотҳо, омӯхтани тақозо ба маҳсулоти нав, сари вақт иҷро намудани фармоишҳо ва ғр. Асосан дар ШМА.

         Бизнеси миёна- ҳамчун фаъолияти корхонаҳои миёна дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ амал мекунад. Он начандон устувор буда,дар рақобат бо бизнеси хурд ва бизнеси калон омада ба он ҳамроҳ, ё шикаст хурда аз байн меравад.

         Бизнеси калон, нисбат ба бизнеси хурд ва  миёна устувор буда, дар иқтисод  мавқеи асосиро ишғол мекунад. Он ҳамчун маҷмӯи корхонаҳои бузург- ширкат тресту концерн, конгломерат, фирмаӣ ва ғр. Дар иқтисод метавонанд вазъи монополӣ дошта бошад, бозорро тақсим ва онро бо молҳои арзон саршор намоянд, талаботи одамонро таъмин созанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.