Ракобат ва Монополия
«Ракобат ва Монополия»
- Саволҳо Рақобат: намудҳо ва нақши иқтисодии он
- Монополия: ҷой ва нақши он дар бозор
1. Ракобат аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш ракобати байни иштироккунандагони хочагии бозорӣ, барои шароити беҳтари истеҳсолот хариду фуруши молҳо мебошад. Муборизаи дорандагони моли хусуси барои тоқатпазирии иқтисодист ва руштёбии ин конуни бозор ба хисоб меравад.( Бехтар фахмидани ракобати онро бояд бо манаполия бояд мукоиса намуд. ) ракобатро мумкин аст аз руи якчанд асос гурухбанди намуд:
а) аз рӯи миқёси тараққиёт
б) хусусият
в) усулҳои рақобат
Аз рӯи миқёс тараққиёти рақобат чунин аст:
- Индивидуалӣ – як иштирокунанда барои ишғол намудани ҷои беҳтар интиҳои бехтари шароитҳои хариду фурӯши мол кушиш менамояд.
- Маҳалӣ ( дар байни ягон намуд дорандагони мол дар худуди махдуд гузаронида мешаванд .
- Соҳавӣ( дар яке аз соҳаҳои бозор барои гирифтани даромади бештар мубориза меравад)
- Байнисоҳавӣ ( рақобати намояндагони соҳаҳои гуногуни бозор барои ба тарафи худ ҷалбнамоии харидорон барои гирифтани даромади зиёд)
- Байналхалқӣ ( муборизаи корхонаҳо, иттиходияҳои хоҷагидорӣ ва давлатҳои гуногун дар бозори ҷаҳонӣ )
Аз рӯи хусусияти тараққиёти рақобат он ба рақобати озод ва танзимшаванда ҷудо мешавад.
Аз руи усулҳои гузаронидани рақобати бозорӣ он ба: 1-ум нархӣ ва ғайри нархи чудо мешавад, яъне нархи – мавқеи бозории рақибон ба воситаи пастшавии нархо вайрон мегардад, ғайринархӣ бошад ( бо дастгирии болоравии шароити маҳсулот , хизматрасонии беҳтари харидорон ва ғайра)
Ракобати озод аввал маънои онро дорад, дар бозор даромадагони зиёди мол мавчуд буда мустакилона оиди истехсолот ва сифати мол фаъолият менамоянд . ягон кас дар бозор махдуд нест.
1-Ракобати бозори аз руи натичахои худ вобаста аз микдори иштироккунандагони он фарк менамояд.
Рақобат- ин муносибатҳои иқтисодии байни молистеҳсолкунандагонро меноманд. Мафҳуми рақобат ҳаводиси иқтисодиро дахл менамояд. Вай инчунин нишон медиҳад, ки байни ин ҳодисаҳо ҷараёнҳои иқтисодӣ, зиддият- муқобил истодан, ҳарифи муборизаи ҳамдигарӣ ва амсоли инҳо мебошад.
Шаклҳои рақобат:
- рақобати мукаммал (озод низ мегӯянд)
- монополия
- рақобати монополӣ
- олигополия
1)Дар соҳаҳое амал мекунад, ки истеҳсолкунандагони моли якхела наметавонанд бевосита ба нархҳо таъсир расонанд. Ба таври дигар онро бозори рақобати озод низ меноманд. Хусусиятҳои асосии он:
а) шумораи зиёди харидорон ва фурушандагон;
б) моли фурухташаванда якхела аст ва харидор метавонад танҳо моли якхеларо харад;
в)назарияи нарх ва хариду фуруш бисёр хароб аст,бинобар он доим дар тағйирёбист;
г) харидорон ва фурушандагон ба ин бозор метавонанд озодона ворид гашта, ҳамин гуна метавонанд озодона аз он бароянд.
1.Монополия аз калимаи юнони гирифта шуда маънояш *манос-танхо* *полио-мефурушам* — сохиби моликият шахсе мебошад , ки кисми зиёди бозорро ба максади боигари забт менамояд .
2. Монополия- хусусияти хоси ин бозор дар он аст, ки дар ин танҳо як фурушанда метавонад молҳои ҳархеларо пешниҳод намояд ва ҳаҷми пешниҳод пурра зери назорат аст. Барои ворид нагаштан ба бозори монополӣ чунин маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад:
а) вуҷуд доштани литсензия- яъне ҳуқуқи фуруши мол дар бозор.Литсензия инчунин ҳуқуқи баровардани молро аз як мамлакат ба мамлакати дигар таъмин мекунад;
б)Хаққи муаллифӣ;
в) нишонаи молӣ;
г) потент.
3.Рақобати монополӣ- Маънои монополия яккаҳукмронӣ дар истеҳсолот аст. Корхонаҳои истеҳсолӣ дар пешниҳод ва тавлидоти моли муайян мавқеи ҳукмрониро пеш гирифта, кушиш мекунад, ки танҳо моли худашро ба фурӯш барорад.
4. Олигополия — Хусусияти хоси ин бозор дар он аст, ки мавқеи монополиро дар дасти худ нигоҳ дошта, корхонаҳои як соҳаро дар бар мегирад. Дар олигополия бештар маҳсулоти якхела ё ин ки қисмҳои як намуди маҳсулотро истеҳсол мекунанд. Олигополия бештар дар соҳаҳои саноат, саноати коркард, вазнин ва савдои яклухт амал мекунад.
- Дар бозори иктисоди гурухбандии гуруххои монололия ба таври зерин чудо мешавад:
1 Бо бахисобгирии дарачаи забтии иктисодиёт чунин намудхои ташкилотхои монополи чудо шуда меистад.
Дар микёси соҳаи муайяни монополияи пурра . Дар ин холат як фурушанда фаъолият менамояд ва дастраси ба бозор барои ракобати имконпазир пушида аст.
2 Дар вобастаги аз хусусият ва сабабхои мавчудаи намудхои зерини манаполияро фарк менамояд:
Монополияи табии ва сохиби ин намуд монополия дорандагон ва моликиятхои хочагидори мебошанд, ки дар ваколати онхо элементхои комёб ва озод ташкил нашаванда мебошад. (Мисол: металхои комёб заминхои махсуси ангурпарвари ) ин чунин ба инчо як каттор инфрасохторхои сохави дохил мешавад, ки барои хамаи чамъият ахамияти мухим дорад. Наклиёти рохи охани , мачмуи харбию саноати ва гр) .
Монополияхои ЛЕГАЛИ- дар асоси конун ташкил мегардад . Ба онхо чунин шаклхои ташкилотхои монополияиро дохил намудан мумкин аст.
А) Системаи потенти . Зери мавхуми потен шаходатномат аз тарафи хукумат додашуда оиди хукук барои истифодабарии кашфиётие сохташуда фахмида мешавад. Ин чунин патент хуччате хисобида мешавад , ки барои машгули тичорат, хунарманди хукук медихад;
Б) хукуки муалифи , ки мувофики он дорандагони моли зехни барои фуруш ё бисёрномаии кашфиётхои худ дар мудати тамоми хаёт ё мол хукук мегиранд.
В) нишонахои тичорати – расмхои махсус ном символхои ки молро муаррифи месозанд, хизматрасони ё фирмаро нишон медихад ( ба ракибон истифодабарии нишонахои моли ба кайд гирифта шуда манъ аст) .
Монополияи сохташуда – бо ин ном ( ки ин ташкилотхоро аз монополияхои табии чудо менамояд) . Иттиходияи корхонахое дар назар дошташудааст, ки барои ба дастгирии даромадхои монополияги ташкил гардидаанд. Ин монополияхо махсус сохтори бозоро ташкил медиханд .
— онхо барои дохил шудан ба бозори сохави барои фирмахои нав мешаванд.
— ба корхонахое, ки ба иттиходияхои монополияги дохил нагардиданд, барои дастраси ба манбаи ашё махдуди ба вучуд меоранд.
-дар мукоиса бо фирмахои нав , дарачаи хеле баланди техналогияро ба вучуд меорад;
-сармояи зиёдро истифода менамоянд, ки аз рушди микёси истехсолот самкараи зиёд медихад;
— фирмахои навро бо ташкилнамудани рекламаи хуб гузошташуда намак месозанд. Монополияи сохтави як каттор шаклхои муайянро ба вучуд меорад: картел, концерн, , синдикат, прест.
Картел- иттифоки якчанд корхонахои як сохаи саноати мебошад, ки дар он иштироккунандагони моликияти худро барои воситахо ва махсулоти истехсолот нигох дошта,маҳсулоти сохташударо худашон дар бозор бо хиссаи баробар мефурушанд .
Синдикат-як каттор иттиходияхое мебошанд, ки махсулоти як намударо таёр менамоянад: дар ин чо моликият барои шароитхои материали хочагидори аз пушти иштироккунандагони иттиходия нигох дошта мешавад, махсулоти бисёр бошад, хамчун дастоварди умуми ба воситаи корхонаи аз тарафи онхо ташкилгардида фурухта мешавад.
Трест- монополияе мебошад, ки дар он молокияти хусусияти гурухии додашудаи сохибкорон барои воситахои истехсолот ва махсулоти тайёр ташкил карда мешавад.
Канцерн – иттифоки корхонахои расман мустаким ( асосан аз сохахои гуногуни саноат тичорат,наклиёт ва бонкхо мебошад) дар доираи оне,ки фирмаи асоси назорати молиявиро аз болои хамаи иштироккунандагон ташкил менамояд.
Консерцион-созишномаи мувакатии байни якчанд бонкхо ё корхонахо оиди рафтори якчояи амалиётхои молияви ва ё тичорати микёси бузург мебошад.