Механизми бозор ва унсурҳои он

Механизми бозор ва унсурҳои он

  1. Арза,моҳият, хусусият ва  омилҳои он

 2. Қонуни арза ва  хусусиятҳои он

         Бароим бунёд ва ташкил шудани бозор унсурҳои дигар, ба монанди арза (пешниҳод)- и неъматҳо, молу маҳсулот, хадамот, сарвату дороӣ, пулу чизҳои қимматнок ва ғайра низ  зарур мебошанд. Маҳз бо туфайли  аз ҷониби ашхоси алоҳида (хоҷагиҳои хонадорӣ, бизнес, давлат…) пешкаш гардидани воситаҳои зарурӣ ва харида гирифтану истеъмол кардани онҳо аз тарафи субъектҳои иқтисодӣ (шахс, оила, коллектив, корхона ва ғайра), бозор дар маънои ҳақиқиаш ташкил карда мешавад.

         Бозор худ механизме мебошад, ки харидорон (эҳтиёҷмандон, ниёзмандон, талабгорон) ва фурушандагон (пешниҳодгарон)-и молу хадамотро ба ҳам пайваст менамояд.

         Тақозо бе бозору арза ва арза  бе тақозою бозор вуҷуд дошта наметавонад. Дар он ҷое, ки арзаи молҳо набошад, бозор низ мавҷуд нест ва тақозо ба чизи набуда пайдо намешавад.

         Арза нафақат раванди дарк ва таҳлили ҳодисаҳои маҳдуду ягона ва қонеъ гардонидани талаботҳои шахсию гурӯҳӣ, балки низоми комили мураккаби иқтисодӣ, комплекси неъматҳову хадамот, талаби ҷомеаву ҷаҳони имрӯзаро дар назар дорад. Аз нигоҳи бозори муосир, арзаи молҳо аз сӯзан то қувваи коргарӣ, самолёту ракетаро дар бар мегирад. Кунун, дар ҷаҳон чизе нест, ки он барои хариду фурӯш пешниҳод карда нашавад. Аз ин лиҳоз, доира, ҳаҷм ва меъёри он  интиҳо надорад. Нишондиҳанда ва омилҳои ба он таъсиррасонанда низ бешуморанд. Масалан, ҳаҷми тақозо, миқдори молу маҳсулот, хадамот, сифати онҳо, ҳаҷми захираҳои иқтисодӣ, дараҷаи истифода ва ҷойгиршавии онҳо нисбат ба бозор, захираҳои ашёю сармоя, дараҷаи истифодаю навкунии онҳо, ҷорӣ кардани  навовариҳову ихтироотҳо, навсозию сармоягузорӣ, ҳаҷми пасандозу андӯхт ва таносуби истифодаи онҳо барои  такрористеҳсол, этикаю эстетика ( хулқу зебогӣ)-и  хизматрасонӣ, миқдори муттахассисону кормандони илмию техникӣ ва ғайра.

         Арза вобаста ба хислат ва меъёрҳои бозор, шакл ва дараҷаи таҳаввули онҳо ҳархела ташкил меёбад. Масалан, дар шароити бозори рақобати озод масъалаи ҳамаҷониба қонеъ гардонидани талабот сирати манфӣ дошта, эҳтимолияти он ҳам пасттар мебошад. Чунки дар ин ҷо фурӯшандагон (пешниҳодгарон)-и номаълум ва бешумори молҳо иштирок намуда, молу маҳсулоти худро  ба фурӯш мебароранд. Онҳо дар бораи харидорон (талабгорон), шумораю дархосту  ҳаҷми харид маълумоти кофӣ надоранд. Миқдори молҳо ба таври тахминӣ, тибқи хариду фурӯқши муқаррарӣ ва нархҳои миёна баргузор мегардад. Харидорон дар ин шароит ба пешниҳодкунандагони молҳо тобеанд ва мувофиқи миқдори молҳои воридшаванда ва пасту баландшавии нархҳои бозорӣ амалиёт мегузаронанд.

         Хуллас, бозори рақобати озод ҷое мебошад, ки воҳидҳои бозор ба он озодона ворид гашта, ба рақобати ҳарифона дучор шуда, озодона аз он берун мераванд. Дар ин бозор меъёри  муайян ва қонунгузориҳое, ки  тавонанд ҳаҷми арзаро муайян созанд, вуҷуд надорад.Ин шакли бозор  афзалиятан, барои давраи рушди токапиталистӣ, низоми суннатӣ, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон хос мебошад. Фарқ фақат дар он аст, ки дар бозорҳои Тоҷикистон молҳо на аз ҷониби истеҳсолкунандагони дохилӣ, балки воридот аз ҳисоби давлатҳои дигар, бо воситаи миёнаравҳои тиҷорат ба роҳ монда мешавад. Он ҳамчун истеъмолгари маҳсулоти саноати дигар мамлакатҳову истеъмолгари маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ( зиёда аз 60-80 фоиз) ва тавлидгари маҳсулоти  саноати сабук ( пахта,равған…) ва ба ҳадди ақал-маҳсулоти саноати ранга баромад мекунад.

         Арза дар шароити рақобати нокомил, алалхусус, рақобати моноплӣ тафовутнок сурат мегирад. Дар ин шакли бозор, ба ҷои тавлидгарону пешниҳодкунандагони зиёд аз як ё якчанд корхонаҳои бузургу фавқулқудрат баромад мекунанд. Як фирма имкон дорад шумораи маълум ва зиёди маҳсулотро (мошинҳои сабукрав, радио,телевизор, мебел..) истеҳсол намояд ва он ҳамчун фурӯшандаи  ягона ё худ пешниҳодгари хизматҳо баромад кунад. Маҳсулоти ин фирма метавонад амсоли дигаре надошта бошад.

         Азбаски капиталист- монополист дар доираи соҳаи худ яккаҳукмрон аст, метавонад тибқи  нерӯ ва қудрати худ нуфузи худро дар бозор ҷорӣ намояд. Миқдори зарурии молҳову  хадамот, сатҳу дараҷаи нарх, меъёр ва таносуби тақозою арза, ҳаҷму нормаи даромаду фоидаи корхонаи худро муайян ва танзим намояд. Дар ин асно бешубҳа  муҳарриқи танзимдиҳандаи  тақозою арзаро манфиати инфиродии тавлидгар (соҳибкор) ташкил медиҳад.

  • Қонуни арза ва  хусусиятҳои он

Арза ҳамчун кули молу хадамоте, ки бизнес (соҳибкорон), хоҷагиҳои хонадорӣ ва давлат метавонанд ё худ имконият доранд ба бозор тибқи нархҳои муайян пешкаш намоянд, ташкил меёбад.

Мавқеи асосиро дар таҳлили назарияи тақозо нарх мебозад. Нарх ба сифати фишанги ҳавасмандгардонӣ аз он дарак медиҳад, ки дар кадом ҳолат ва дар кадом вақт маҳсулот зиёдтар ё худ камтар истеҳсол ва дар кадом миқдор (ҳаҷм) пешкаши харидор гардондан имконпазир мебошад.

Муайян карда шудааст, ки байни арза ва нарх чунин қонуният вуҷуд дорад: чӣ қадаре, ки нархҳо баланд шаванд, ҳамон қадар арзаи молу хадамот афзоиш меёбад; бо паст шудани нарх арзаи онҳо низ камтар мешавад; чӣ қадаре,  ки арза бештар бошад, мувофиқи нарх ҳам  пасттар мегардад ва имконияти зиёдтар харидану қонеъ гардонидани талабот пайдо мешавад; ҳар чӣ қадаре ки миқдори арза афзудан гирад, ҳамон қадар захираҳои он ҷониби харидорон зиёд гашта, талаботи навбатиро ба он камтар мекунад.

Мавҷуд будани ин қонуниятҳо далели он аст, ки байни унсурҳои тақозою арза ва нарх алоқаи доимию устувор вуҷуд дорад ва он ҳамчун қонуни арза ташкил меёбад.

Қонуни арза дар шароити бозор талаб мекунад, ки ҳар як тавлидгар барои зиёдтар ба бозор баровардани мол бояд ҳавасманд бошад; онро мувофиқи нархҳои баланд мубодила кунад, аз бо нархи арзон фурӯхтани молу хадамот худдорӣ намояд.

Аз дигар тараф,  харидор ба он манфиатнок аст, ки харҷи зиёдтар бо нархи пастар теъдоди зиёди чизҳоро ба даст орад. Ин ҷараён, хоҳ нохоҳ, ҳамчун омили боздорандаи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ, ҳамчун тавлидгарону пешниҳодгарони  неъматҳо мегардад. Ҳамин тавр, қонуни арза ва қонуни тақозо ҳамчун муҳаррики ба ҳаракат дароварандаи истеҳсолот ва бозор ташкил меёбад.

Барои таъмин ва  истиқрори фаъолияти корхона ва муозину эътидол  нигоҳ доштани фаъолияти бозор ба соҳибкор зарур меояд, ки он бештар ба корҳои таваккалӣ, навоварӣ, ихтироъкорӣ, навкунии техникаю технология ва ғайра машғул шавад, то ин ки масрифоти худро нисбати нархҳои бозорӣ ба қадри имкон  пасттар намуда, фоидаи бештар ба даст орад. Амалӣ гаштани ин вазифаю мақсад дар чорчӯбаи  чандирӣ ва эътидолии тақозою арза ба миён меояд.

test

Добавить комментарий