Механизми бозор ва унсурҳои он

Механизми бозор ва унсурҳои он

1.Механизми бозор ва хусусиятҳои он

2.Қонуни тақозо ва хусусиятҳои он

            Механизми бозор ин- восита, олот ё худ фишанги иқтисодие мебошад, к ибо воситаи он унсур (шаклу намуд) ва сегментҳои он ба ҳам пайваст карда мешаванд. Сегмент- ҷузъ, қисми мушаххаси бозор, гурӯҳи истеъмолкунандагон, маҳсулот ё корхонае, ки дар асоси амалиётҳои хос ташкил карда мешаванд. Сегментатсия- тақсимбандӣ ё худ қисматкунониҳои бозор тибқи ом илҳои алоҳида.

             Таҳти механизми бозор маҷмӯи амалиёт ва муносибатҳо оиди ҳаракат ва танзим додану ба як мақсад равон кардани фаъолияти ниҳоии субъект ва объектҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад.

             Механизми бозор ҷанбаҳои муҳимтарину муайянкунандаи ҳар як бозори алоҳида, алоқамандӣ ва ба ҳам пайвастшавии унсурҳои асосии онро дар бар мегирад. Чи тавре ки маълум аст, дар адабиёти муосири иқтисодӣ зиёда аз 20 меъёр, 50 шаклу намудҳои намоёну маълум ва 2000 маънидодкуниҳои бозор вуҷуд дорад. Ҳар яке аз ин бозорҳо дорои сохтор ва механизми хосу муайяни худ мебошанд. Новобаста ба хусусият ва хислатҳои фарқкунанда онҳоро аломатҳои якхела ва умумӣ тақозо, арза, нарх, рақобат ва ғайра муттаҳид менамоянд. Кулли ин муносибатҳо механизми бозорро ташкил медиҳанд. Маҳз ин мафҳумҳои иқтисодӣ, дар кадом сатҳ ва дар кадом шакли бозоре, ки набошанд, ҳамчун унсурҳои механизми бозор ва омилҳои дохилӣ, таҳкурсӣ ва ҷавҳари ба ҳаракатдароварандаи онҳо баромад мекунанд.

             Хусусиятҳои механизми бозорӣ дар он аст, ки ҳар як унсури он бо нарх пайваст амал карда, ба раванди тақозою арза таъсир мерасонанд. Аз дигар тараф , бидуни нарх, тақозо ва арза ва арза ба тақозо мустақиман, худсарона таъсир мерасонанд. Ин алоқамандии байни онҳо ҳамчун  қонуни иқтисодии тақозо ва арза сурат мегирад.

             Алоқамандии охирон, ҳамчун муносибатҳои доимию устувори байни тавлидгару истеъмолгар, фурӯшандаю харидор бо воситаи «конъюктура»-и бозор сурат мегирад. Конъюктура- ( аз калимаи лотинӣ «conjuncture»)- пайвасткунӣ, мусоидати вазъият, ҳолат ё худ шароити иқтисодие, ки дар лаҳзаи мувофиқ раванди тақозо ва арза анҷом дода мешаванд. Охирон, бо воситаи нишондиҳандаҳои иқтисодие, ки  ҳолати бозорро тавсиф медиҳанд: тақозо, арза, нарх,ғунҷоиши бозор,қобилияти харидорӣ, ҳаҷми захираҳо ва ғайра муайян карда мешавад.

             Механизми бозор дар чорчӯбаи истифодаи қонунҳои иқтисодӣ: қонуни арзиш, нарх, манфиатнокии интиҳоӣ, фоида, андӯхт, рақобат ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Низоми қонунҳои иқтисодӣ ва механизми бозор ҳамчун «барометр» муҳит ва фазои истеҳсолоту муомилотро муайян мекунад. Ин фазои иқтисодӣ дар асоси механизми рақобат ба амал бароварда мешавад.

             Аз гуфтаҳои боло хулоса  мебарояд, ки механизми бозор дар худ муносибатҳои байни фурӯшандагон, харидорон, истеъмолкунандагон, истеҳсолкунандагон, яъне кули муносибатҳо оиди ташккули  тақозою арзаи молу хадамот, талаботи қобили харидорӣ доштани истеъмолгарон, нарх ва ғайра, ки дар асоси «дастҳои ноайён» ба ҳам пайваст карда мешаванд ифода мекунад. Ҷавҳари марказии онро тақозо, арза, нарх ва рақобат ташкил медиҳанд.

2. Тақозо ҳамчун дархост ва эҳтиёҷоти истеъмолгарон, ки дорои нерӯ ва қобилияти харидорианд сурат мегирад. Одатан се давраи ташаккули тақозои бозорро фарқ мекунанд:

– давраи аввал, тақозо дар шакли эҳтиёҷ (талаб,мӯҳтоҷ, ниёзманд) амал мекунанд, ки аз ҳисси норасогии ягон чиз( ҳисси гуруснагӣ, ташнагӣ, дониш, иттилоот…) шаҳодат медиҳад. Эҳтиёҷ аз табиати физиологии инсон вобаста буда, сирати ҳамаро фарогиранда дорад;

-давраи дуввуми ташаккули тақозои бозориро дархост ташкил медиҳад. Он ҳамчун эҳтиёҷ аз табиати инсон вобаста буда, дар ҳолатҳои мавҷудаи муайян, пайваста ба шахсияти алоҳида ва дараҷаи инкишофи истеҳсолоти ҷамъиятӣ шакли мушаххас мегирад. Ин ҳангоми амалӣ гаштани дархосту талабот зуҳур мегардад. Масалан, шахс ҳангоми фаро расидани вақти хуроки нисфирӯзӣ эҳтиёҷ доштани худро нисбати хӯрока ҳис мекунад. Ҳангоми интихоб  кардану истеъмоли он эҳтиёҷ ба дархост табдил меёбад. Дар якҷоягӣ эҳтиёҷ ва дархост тақозои бозориро ташкил медиҳанд;

-давраи саввум давраи мустақиман ташаккулёбии тақозо буда, ҳамчун раванди ба даст овардани молу неъматҳо бо воситаи мубодила (савдо) сурат мегирад. Таҳти мубодила вазъияти бозореро тасаввур мекунанд, ки дар он субъектҳои гуногун ба ҳам як шуда, байни худ чиз ва хизматҳоеро иваз мекунанд. Ҳангоми мубодила бояд чунин шартҳо риоя карда шавад:

             -иштирокчиёни он на камтар аз ду шахс бошанд;

             -ҳар яке тараф қодир бошад миқдори зарурии чизҳоро таъмин намуда, онро то ба харидор расонад;

             -хар як ҷониб бояд ягон чиз дошта бошад, ки тавонад  байни ҳамдигарт онро иваз ё худ мубодила (доду гирифт) кунад;

             -ҳар ду тараф ҳангоми аҳду паймон мутлақо озоду мустақил бошанд ва ба фаъолияти ҳамдигарӣ дахолат накунанд;

             -ҳар яке аз онҳо имконияти  аз нав бо ҳам вохӯрдан маслиҳату аҳд (шартнома) бастан ва гуфтушунид кардан дошта бошанд.

             Аз ин хулоса бармеояд, ки дар ҳар як бозор ду субюъект- молики чиз (пешниҳодкунанда) ва истеъмолгар (талабгор, дорандаи талабот), яъне фурӯшанда (арза) ва харидор (тақозо) иштирок мекунанд.

             Тақозо раванди доимию устувор, такроршаванда ва ба ҳам алоқаманди байни субъектҳои иқтисодиро оид ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷу дархост ва ниёзмандӣ нисбат ба неъматҳои  иқтисодию ғайрииқтисодӣ ифода мекунад. Дар ин мазмун он ҳамчун қонуни иқтисодӣ сурат мегирад. Он сурати айнӣ (объективӣ) дошта, бидуни хоҳиши субъектҳои иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад.

             Ба сифати қонун сурат гирифтани тақозоро дар: таҳсиси муносибатҳо оиди эҳтиёҷмандӣ, вобастагии он нисбат ба нарх ва ҳаҷми неъматҳои ба бозор пешниҳод кардашаванда, алоқамандии нархи молҳо ва миқдори молҳои харидашаванда, пайдо шудани талабот ба молҳои нав ва аз байн   рафтани он,бо мурури бештар истеъмол (истифода) кардани он ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.

Тибқи дархости қонуни тақозо , миқдори молҳои истеъмолшаванда ба дараҷаи нархҳои онҳо бояд мусоидат намоянд. Чи қадаре ки нархи молу маҳмулот ва хизматҳо баланду тамоюли боло рафтан дошта бошанд, ҳамон қадар онҳо аз ҷониби харидорон камтар харида гирифта мешаванд. Дар ҳолати  бемайлон баланд гардидани нарх ҳаҷми фурӯши молҳою хизматҳо тибқи паст гардидани талабот мувофиқан паст мегарданд.   

Маълум аст, ки агар намуди ин ё он мол дар бозор набошад, талабот ба он меафзояд ва нарх, хоҳ нохоҳ ба он баланд шудан мегирад. Ин вазъиятро мо бештар нисбати молҳои молҳои озуқаворию хӯрокворӣ ҳангоми фасли зимистон ҳис мекунем. Бо фаро расидани фасли тобистон воридшавии молҳо ба бозор паи ҳам афзун мегардад ва нархҳо оҳиста-оҳиста  рӯ ба поён мениҳанд. Вале ин пастшавии нархҳо то ба ҳадди муайян сурат мегирад.Ин ҳадро масрафи истеҳсолоту муомилот (нархи хариди молу маҳсулот, ашё, музди кор, хароҷоти роҳ, борпечонва дигар сарфиятҳои ғайричашмдошт) муайян мекунад. Дар  ин ҳолат молу хадамот ба ҳамон нархе фурӯхта мешавад, ки он ҳамаи хароҷотҳоро рупӯш куна два ба соҳибкор (фурӯшанда) фоидаи муайянро таъмин намояд.

Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки  дар аснои тағироти ҳамаи ҷанбаҳои нарх, хоҳ нохоҳ, пастшавии он таносубан ба баландшавии тақозо оварда мерасонад. Ва баръакс, дар аснои баланд гардидани нарх аз ҳисоби ҳама гунна шарту шароит ва омилҳои мавҷуда, ба мувофиқан паст рафтани сатҳ ва дараҷаи тақозо оварда мерасонад. Ин алоқамандӣ ва ҳамбастагии байни тақозову нарх ҳамчун қонуни тақозо сурат мегирад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.