Фанни Иқтисоди миллӣ

Шаклҳо ва намудхои алоқаҳои бозорӣ

Шаклҳо ва намудхои алоқаҳои бозорӣ

1.Шаклҳои тиҷорат

2.Намудҳои бозор.

3.Маркетинг

 1.Алоқахои бозорӣ аз рӯи нишонаҳои қарордодҳои тиҷоратӣ фарқ карда мешаванд. Ин қарордодҳоро бо тарзи зерин гурӯҳбандӣ кардан лозим аст.

1.Аз рӯи тарзҳои байни иштироккунандагони бозор чунин намудҳои тиҷоратро фарқ менамоянд. Истеҳсолкунанда ё дорандаи мол бевосита моли худро ба истеъмолкунанда мефурӯшад, Истеҳсолкунанда моли фоидаоварро аввал ба миёнарави тиҷоратӣ таъмин менамояд, миёнарав бошад онро ба истеъмолкунанда мефурушад.

2. Вобаста аз намудҳои пардохт шаклҳои зерини тиҷорат ҷудо шуда меистад:

А)тиҷорати бартерӣ;мубодилаи ғайрипулии як намуди мол ба дигар;

Б)фуруши неъмаҳо бо пули нақд ( ё пардохт бо чек). Хамин тариқ аҳоли молҳои лозимиро дар бозорҳои истемолӣ ба даст меоранд;

В) таъмини маҳсулот бо ҳисоби ғайринақдӣ (пардохт бо гузаронидани пул: бо фармоиши харидор бонк аз ҳисоби суратҳисоби он пул ҷудо ме

Г) фуруши мол бо пардохти гузошташуда (истеъмолкунандае, ки аз корхонаи тиҷоратӣ дур зиндагӣ менамоянд, бо роҳи ҷудонамоии пул ба фурушанда моли хостаашро ба даст меорад);

Д) таъмини молҳо бо тарзи кредит (харидор неъмати хостаашро асосан бо пардохти на он қадар калон бо ӯҳдадории пардохтнамоии пулҳои боқимонда дар мӯҳлати гуфташуда ба даст меорад.

Е) пешниҳоднамоии мол ба таври кироя бо пардохти муаяйн (дар ин ҳолат вақти истифодабарии неъматҳо  пардохт мегардад.

3. Бо баҳисобгирии ҳаҷми фуруш ду шакли таъмини молҳо фарқ карда мешавад- фуруши кутара ва тиҷорати чакана.

Фуруши кутара-маҳсулот кутара харидорӣ мегардад. Он ба миёнаравони тиҷоратӣ аз итеҳсолкунандагон дар ярмаркаҳои тиҷоратӣ ва ба воситаи биржаҳои молӣ харидорӣ мегардад.

Фуруши чакана- хариду фуруши неъматҳои истеъмолӣ ба миқдори на он қадар зиёд ба даст оварда мешавад.

     Намудҳои бозор.  Бозор дар яке аз муносибатҳои  муҳим ба хоҷагии натуралӣ муқобил аст. Дар ин хоҷагӣ  ба истеъмолкунанда имконияти интихоби неъматҳои хостаашон пешниҳод намегардад. Бозор бошад ба таъминнамоии дараҷаи озодии иқтисодӣ қодир аст.

Озодии додашуда ба харидорон имконият медиҳад, ки  моли хосташуда аз бисёр дигар молҳо интихоб гардад. Истеъмолкунанда инчунин метавонад он фурушандагонеро дарёб созад, ки беҳтар хизмат расонида метавонад ва  маҳсулоташро бо шароитҳои дастрас мефурушад.

Аз рӯи  дараҷаи тарақии ин ё он озодии хоҷагидории бозор ба се намуд ҷудо намудан мумкин аст:

     А) озод; Б) ғайриқонунӣ; В) танзимкунанда.

Бозори озод дорои озодии иқтисодӣ мебошад. Бо вуҷуди он муайяннамоии «бозори озод» дар ду муносибат аниқият мехоҳад: барои  кӣ ин озод аст? Чунин бозори озод барои иштироккунандагони он мебошад.

Ин бозор аз дахолати давлат ва таъминоти ҳуқуқити кӯҳна озод аст. Вале он тарафи манфии худро дорад.

         Намуди дуюми бозор- ғайрилегалӣ (ғайриқонунӣ)  мебошад. Бозори ғайриқонунӣ  дар худ тиҷорати гуногунро  дар назар дорад- тиҷорати манфӣ. Он ба вайроннамоии қонунҳо ва қоидаҳои хариду фурӯши молҳои оддӣ гузаронида мешавад. Яъне вуҷуд надоштани патентҳои зарурӣ, литсензияҳо дар ҳолати пардохт насохтани ҷамъовариҳои бозорӣ, андозҳо ва ғр. Инчунин ғайриқонунӣ- бозори  сиёҳ ба ҳисоб меравад. Дар он паноҳи молҳое фурӯхта мешавад ки  қонун онҳоро манъ намудааст ( мисол, маводҳои нашъаовар, яроқ ва ғр.)

Ба ин ду намуди бозор хусусиятҳои ғайричашмдошт ва идоранашаванда хос аст.

Сеюм, намуди бозор– танзимшаванда, тобеъи тартиботи муайян, ки бо меъёрҳои ҳуқуқӣ асос ёфтааст ва аз тарафи давлат дастгирӣ меёбад. Чунин тартиб бо сабабҳои объективӣ асос ёфтааст.

         Пеш аз ҳама, нақши муҳимро дараҷаи баланди ҷамъӣ ва муттамарказии истеҳсолот ва васеъшавии миқёсҳои иқтисодиёт бозид. Корхонаҳои пурзур монанди пешина наметавонанд куркурона барои бозори номаълум истеҳсол намоянд.       

Маркетинг-  нақши иқтисодии он  

Маркетинг –(аз каломаи англисӣ гирифта шуда market –бозор, маркетинг- бозоршиносӣ) ин чунин системаи идораи корхонае мебошад , ки истеҳсолотро ба талаботи бозор барои бештар даромад гирифтан  аз  фуруши  молҳо мутобиқ месозад. Ин системаи дар солҳои 1920 дар ШМА ва дар солҳои 1950-1960  дар мамлакатҳои ғарбӣ васеъ паҳн гардид, ки дар он вақтҳо ин мамлакатҳо оиди таъминнамоии маҳсулотҳо мушкилӣ мекашиданд.

     Оиди ташкилнамоии маркетинг  мо ба чор шарти тиҷорати босамар назар менамоем:

         Шарти якум: барои истеҳсолот  маҳсулоте интихоб кардан зарур аст, ки ба харидор  лорзим аст. Мол бояд сифати баланд дошта,  дар бозор рақобатпазир бошад. Ташкил намудани «бозори харидор» дар назар дошта шудааст, яъне молҳое бароварда шавад, ки  истеъмолкунанда барои харидани он розӣ шавад. Ширкати «Бергер кинг» (газакхона) принсипи асосии маркетингиро эълон намуд: «Он чизеро истеҳсол намоед, ки фурухта метавонед, ба ҷои оне ки кушиши фуруши он чизе намоед, ки истеҳсол карда метавонед». Барои иҷроиши ин шартҳо фирма бояд як қатор чораҳо гузаронад:

а) Омӯхтари эҳтиёҷоти бозор, талаботи харидорон;

б)баландбардории сифати мол: беҳгардонии дизайн, аз он ҷумла ранг, ҳаҷм ва  дигар нишонаҳо,психологияи истеъмолгарон ва ғр;

в) интихоби ҷойгиршавии бозор, ки дар он рақобат кам буда, талабьоти қонеънамоии истеъмолгарон заиф  аст. Намуди муайяни молеро интихоб кардан лорзим аст, ки истеҳсоли он мақсаднок  аст.

Шарти дуюми маркетинг:  нархи мол бояд хароҷотҳои               истеҳсолиро рупуш карда тавонад ва ба корхона даромад  биёрад, инчунин барои истеъмолкунанда дастрас бошад. Дар таҷриба нархгузории чандирӣ истифода карда мешавад. Диққати одамонро  даъватҳои «харидани ду мол бо нархи як», «агар маҳсулот  то панҷ дона харидорӣ шавад, шашумаш ройгон аст» Дар ҳолате, ки   инсон бо моли харидоришуда қаноатманд нагардад, маблағи сарфгардида баргардонида мешавад ( молҳои истифодабарандаи зиёд- мошинаи ҷомашӯи, телевизор ва ғр.)

Шарти сеюми маркетинги самаранок: ҳамаи усулҳои пешниҳоднамоии мол ба фурушанда истифода карда шавад, таъсир ба харидорон, ки моли пешниҳодгардида харидорӣ гардад.

Ба ин мақсад истифода мегардад:

– пешниҳоднамоии кредит барои харид ва хизматрасонии баъди харид ( таъмирва ғр.)

-ҳавасмандгардонии таъмини молҳо ва  ҷалбнамоии мизоҷони  доимии корхона бо соҳаи хизматрасонӣ (меҳмонхона, банкҳо,хатсайрҳова ғр.)

-пешниҳоднамоии   бароҳатии қулай барои истеъмолгарон («слони шведӣ» дар ресторанҳо, меҳмонхонаҳо)

-рекламаи профессионалии ба роҳ монда шуда.

Шарти чоруми босамари маркетинг:  муайяннамоии мавқеъ дар бозор ( аниқ намудани кай ва кадом вақт бо фоида фурухтани мол). Риоя накардани ин талаботҳо  ба хатогиҳои қатъӣ оварда мерасонад.   

Ҳамин тариқ, бо шарофати маркетинг фирмаҳо-истеҳсолкунандандагон истеҳсолотро мукамал мегардонанд ва алоқаҳои бозориробо  истеъмолкунандагони молҳои онҳо беҳтар мегардонанд.Ин  ба болоравии ҳаҷм ва меъёри даромад оварда мерасонад.                         

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *