Фанни Иқтисоди миллӣ

Бозор, моҳият, таркиб ва вазифаҳои он

Бозор, моҳият, таркиб ва вазифаҳои  он.

1.Бозор ва нақши он дар фуруши мол ва хизматҳо.

2. Соҳаҳои алоқаманди системаи бозорҳо.

Бозор- ин маҷмӯи қарорҳои хариду фуруши  молҳо ва хизматҳо мебошад. Ба чунин қарордодҳо ҳарруза ҳар  нафар  дучор мегардад. Мисол, хариди озуқа ё пардохти роҳкирои нақлиёт ва ғр.

Нақш ва вазифаҳои бозорро метавон дуруст фаҳмид агар он дар доираи  системаи васеъ- хоҷагии молию-бозорӣ дида шавад. Он аз ду зерсистемаҳо иборат аст:  истеҳсолоти молӣ ва бозор, ки бо ёрии алоқаҳои  бевосита ва бозгашти алоқаманд аст.

Дар навбати худ бозор ба раванди ташкили мол таъсир мерасонад, Алоқаҳои баръакси иқтисодӣ вазифахои махсуси бозорро ташкил медиҳад.

Вазифаҳои аввалиндараҷа аз он иборат аст, ки бозор соҳаи истеҳсолот ва истемолотро алоқаманд менамояд. Бе бозор истеҳсолоти  молӣ ба истеъмолот хизмат расонида наметавонад, соҳаи истеъмолот бошад бе неъматҳои қаноатмандкунандаи талаботҳои  одамон мемонад.

Дигар вазифаи бозор- иҷронамоии нақши сарназоратчигии натиҷаҳои охираи истеҳсолот мебошад.

Ва дар охир. Вазифаи муҳими бозор дар он муайян мегардад, ки мубодилаи бозорӣ ҳамчун тарзи иҷроиши мақсадҳои фурушандагон ва харидорон хизмат мерасонад.

Системаи бозорҳо – ин маҷмӯи ягонаи бозорҳои зиёди таъминоти гуногун мебошад. Чунин маҷмуъ зери таъсири як қатор омилҳо ташкил гардидааст.

Аввал, дар шароити муҳити индустриалӣ ва постиндустриалии истеҳсолот бисёр маротиба муҳити бозорӣ дар равияхои зерин васеъ  гардид:

— истеҳсолоти натуралӣ дар миқёсҳои васеъ ба хоҷагии молӣ табдил ёфт;

-қувваи кори қисми асосии меҳнаткашон предмети хариду фурӯш гашт

-соҳаи неъматҳо ва хизматҳои пардохтии маънавӣ зуд тараққӣ ёфт;

-натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ( коркардҳои илмӣ ва таҷрибавию- конструкторӣ) ба маҳсулоти молӣ мубаддал гашт.

Дуюм, истеҳсолоти муосир миқдори зиёди неъматҳои гуногуни фоидаоварро ташкил менамояд, ки талаботҳои инсони ҳаматарафа тараққикардаро қаноатманд менамояд.

Сеюм,  тараққиёти васеи ҷамъиятҳои аксионерӣ ба он оварда ронид, ки аксияҳо ва дигар қоғазҳои қимматнок дар  бозори махсуси  коғазҳои қиматнок фурухта мешавад. Дар натиҷа, дар нимаи дуюми асри ХХ тақсимоти ҷамъиятии меҳнат аз доираи истеҳсолот баромада, сохаи бозориро фаро гирифт.

2.Соҳаҳои зерин   системаи бозорҳо.

Дар системаи бозорҳо  ба  соҳаҳои зерини бузург ҷудо шуда меистад:

-бозори маҳсулоти истеъмолот ( он ба бисёр  зерсохахо тақсим мешавад, ки неъматҳои истемолӣ ва ғайриистеъмолӣ, бозори манзил ва ғр таъмин месозад);

-бозори воситаҳои истеҳсолот ( дар ин ҷо омилҳои моддии истеҳсолот: таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, биноҳо, сохтмонҳо, ашёҳо, сузишворӣ, электроэнергия ва ғр. Ба даст оварда мешавад;

-бозори хизматҳо ( ба ин ҷо намудҳои гуногуни хизматрасонии коммуналию маишӣ, амалиётҳои молиявию суғуртавӣ, хизматгузориҳои тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ,маънавӣ ва ғр. дохил мешавад);

-бозори меҳнат ( ба кордиҳандагон ва коргарони кироя);

-бозори коркардҳои илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ (маҳсулоти тадқиқотҳои илмӣ, ки барои азхудкунӣ ва истеҳсолот мебошад);

-бозори сармояҳои қарзӣ (соҳаи хариду фурӯши воситаҳои озоди пулӣ, ки ба мақсади истеҳсолот истифода мегардад;

-бозори қоғазҳои қимматнок (аксияҳо, облигарсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки даромад меоранд);

-бозори асъор( идораи миллию байналхалқие, ки ба воситаи онҳо хариду фуруш, мубодилаи воҳидҳои пули асъорӣ ва баҳисобгирии пулӣ бо дигар давлатҳо);

-бозори неъматҳои маънавӣ (соҳаи хариду фурӯши маҳсулоти зеҳнии фаъолияти олимон, нависандагон, рассомон ва ғр.

Бозор истеҳсоли ҳамаи маҷмӯи шароитҳои тараққиёти субъективӣ, материалӣ, илмию-техникӣ, интеллектуалӣ ва молиявиро таъмин месозад.

Системаи бозорҳо:

-маҳсулоти истемолӣ; -меҳнат; -коркарди илмӣ; -қоғазҳои қимматнок;

-неъматҳои маънавӣ; -воситаҳои истеҳсолот; -хизматрасонӣ;

-сарморяҳои қарзӣ; -асъор.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *