Фанни Иқтисоди миллӣ

Мафҳум ва моҳияти мол

Мафҳум ва моҳияти мол

1.Мафҳуми мол ва арзиши он

2.Мол ва ҷанбаҳои асосии он

             Мол, эҳёву ташаккул ва таҳаввули он, мустақиман ба хусусиятҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ вобаста мебошад. Дар шароити хоҷагиҳои натуралӣ аз сабаби маҳдуд будани доираи хоҷагиҳо ва бозор неъматҳои моддӣ дар шакли маҳсулот мубодила (доду гирифт) карда мешаванд.

              Таҳти маҳсулот неъматҳое фаҳмида мешавад , ки талаботи инсонро қонеъ гардонанд. Он метавонад аз ҷониби табиат ҳамчун неъматҳои тайёр (об, меваҳои худрӯй…) ё  худ аз ҷониби  одамон офарида шавад. Бинобар ин, маҳсулот метавонад маҳсули (натиҷаи) меҳнат бошад ва бидуни мубодила талаботи инсонро қонеъ гардонад. Бо ибораи дигар, ҳамаи он чиз (неъмат)_-ҳое, ки барои инсон манфиатнок мебошанд ва одамон онро барои қонеъ гардонидани ниёзхо  ва эҳтиёҷи худ истифода мекунанд, маҳсулот номида мешавад. Одатан, маҳсулот дар доираи хоҷагиҳои натуралӣ , ҳунармандӣ, деҳқонӣ, яъне хоҷагиҳои  бо ном натуралӣ истифода карда мешавад.

          Дар шароити истеҳсолоти молӣ маҳсули меҳнат шакли молӣ мегирад. Дар натиҷаи амиқ гаштани тақсими ҷомеавии меҳнат, густариши тахассуси меҳнат ва мустақилияти молистеҳсолкунандагон доираи талабот васеъ  гашта, зарурат ба мубодила  пайдо мешавад. Аз ин ҷо неъматҳо (маҳсулот) барои қонеъ гардонидани талаботи гурӯхи дигари одамон, ҷомеа ва ғайра пешниҳод карда мешавад.

          Арзиши маҳсулот дар ин ҳолат на барои тавлидгар, балки барои ашхоси дигар аҳамият пайдо мекунад. Бо ибораи дигар, дар шароити истеҳсолоти молӣ қиммати  (арзиш)-и истеъмолии маҳсулоти алоҳида ба қиммат (арзиш)-и ҷавмъиятии маҳсулот табдил меёбад. Охирон, дар мояи андоза ва меъёри тақозо ва арзаи молҳо ба воситаи  бозор сурат мегирад.

         Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки мол ҳамчун  неъмат ё худ маҳсулот бояд натиҷа (маҳсул)-и меҳнат бошад, ягон ҷанба (тараф)-и талаботи инсонро қонеъ гардонад. Новобаста аз масрафи меҳнати тавлидгарон, шумора, дараҷа ва сатҳи ҳосилнокию шиддатнокӣ ва самаранокии меҳнат онҳо барои мубодила (хариду фурӯш) бароварда мешаванд. Дар чорчубаи ин нигоришот шояд чунин таъриф ва тавсифи маъмули мол ба маврид бошад. Мол неъмат ё худ маҳсулотест, ки бо меҳнати тавлидгарон офарида шуда, барои мубодила (хариду фурӯш) қонеъ гардонидани талаби истеъмолгарон пешкаш (баррасӣ) карда мешавад.

        2.  Дар ин ҷо ду ҷанбаи асосӣ- манфиатнок будану қобилияти қонеъ гардондани талабот доштан ва натиҷаи меҳнат будану барои мубодила баровардани пеш аз ҳама ба чашм мерасад. Аз ин ҷиҳат , мутафаккирони олами иқтисод дар мол ду ҷанба (хусусият)-и асосиро фарқ мекунанд:

Қобилияти ин ё он талаби инсонро қонеъ гардондан- арзиши истеъмолӣ;

Омодагӣ барои мубодила (натиҷаи меҳнат будан)-андозаи арзиши мол ё худ арзиши ивазшаванда доштан

          Хусусияти духелаи мол (арзиши истеъмолӣ ва арзиш) дар иқтисоди сиёсии марксистӣ ҳамчун  ихтироот , ё худ яке аз ҷузъиятҳои табаддулоти инқилобии К.Маркс эътироф карда мешавад.

Таҳти арзиши истеъмолӣ асосан манфиатнокии неъматҳо ва хусусияти хоси онҳо, ки қодир астин ё он ниёзу эҳтиёҷи мардумро қонеъ гардонад фаҳмида мешавад. Арзиши истеъмолӣ  метавонад талаботи инсон (субъектҳои иқтисодӣ)-ро мустақим (нон,гӯшт, равған, талаботро ба хӯрдан…), ё худ ғайримустақим (нақлиёт, воситаҳои истеҳсолот…) қонеъ гардонад. Арзиши истемолии мол на барои қонеъ гардонидани талаботи худи истеъмолкунанда, балки қонеъ гардонидани талаботи шахсии дигар )субъектҳои иқтисодӣ) нигаронида мешавад. Аз ин лиҳоз, арзиши  истеъмолии инфиродӣ ва арзиши истеъмолии ҷамъиятиро фарқ мекунанд. Масалан, сарвати ҷомеа ё худ захираҳои иқтисодӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аъзоёни ҷомеа истифода карда мешавад.

Арзиши истеъмолии молҳо аз ҷиҳати сифат (нафънокӣ, хусуситяи истифода) ва миқдор (вазъ, ҳаҷм…) ҳархела буда, бо ҳам муқоисанашавандаанд ва манфиату судмандии якеро ба дигаре иваз кардан мумкин нест. Масалан, нафънокии пойафзол ва костюмро боя гон чиз (асбоб) чен кардан мумкин нест, ё худ костюмро  ба ҷои пойафзол истифода  кардан ҳам номумкин аст. Нонро бо шумора (дона), газворро бо метр, равғанро бо литр, картошкаро бо килограмм, роҳро бо  километр… ҳисобу китоб мекунанд. Дар шакли чиз (натура) яъне миқдор онҳоро ба ҳам қиёс ва чен кардан аз имкон беру наст. Бинобар ин, қиёси онҳо на дар шакли зоҳирӣ (ҳаҷм, вазн, дарозӣ, кг,метр, литр), балки сирати «ботинӣ», яъне менат ба назар гирифта мешавад. Маҳз меҳнат, яъне арзиш- (қиммат)-и молҳо имкон медиҳад, ки молҳо ва манфиатнокии онҳо ба ҳам муқоиса карда шаванд.

Пас, мол ҳамчун мафҳуми иқтисодӣ маҷмӯи муносибатҳои иқтисодиро оиди манфиатнокию қонеъ гардонидани талабот ба неъматҳо, ташаккули хароҷот, истифоджаи захираҳои маҳдудро дар бар гирифта, бо воситаи бозор хариду фурӯш карда мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *