Афкори иктисодии халки точик

Ақидаҳои иқтисодии мутафакирони халқи тоҷик»

1.Вазъи иҷтимои-иқтисодии давраи Сомониён

2. Ақидаҳои иқтисодии мутафакирони халқи тоҷик

.

Мувофиқи нишондодҳои таърихӣ давлатдории тоҷикон дар замони салтанати Тоҳириён (солҳои 821-873) ба миён омада, минбаъд ба салтанати Саффориён (с.873-899) мегузарад ва боиси пойдор шудани салатанати Сомониён (с.899-999) мегардад. Дар охирҳои асри  VII зери таъсири  ҷангҳои шадид масоҳати Осиёи Марказӣ аз тарафи қушунҳои Хилофати Араб забт карда мешавад ва мардумони сарзамин тадриҷан ба шариати дини ислом гаравонида мешаванд. Низомҳои мусулмонӣ дар ибтидо бо машаққату душвориҳо, сонитар бо кӯшишу ҷаҳди зиёдтар дар сарзамин ҷорӣ мегарданд.Пас ба ислом рӯй овардани аксари мардумони сарзамин имконот барои пешрафти минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда ва иқтисодиёт фароҳам оварда мешаванд. Истеҳсолоти кишоварзӣ аз нав ҷон гирифта,ҳунармандӣ ба равнақ мерасад. Тадриҷан бозорҳо ҳам қувват гирифта ба пешрафти тиҷорату истеҳсолот мусоидат кардан мегиранд. Дар тулии даҳсолаҳои зиёд бошад, иқтисодиёт ҳам аз нав барқарор мегардад. Ин ҳама натиҷаҳо бо ҳамон сабабҳо амалӣ мегарданд, ки натанҳо иқтисодиёт пурқувват гашта, пешрафти илму фарҳангро таъмин месозанд, балки худшиносии халқамон ҳам ба зинаи нави камолот мерасад ва боиси ба миён оварда шудани давлати тоҷикон мегардад.

     Зарурати барқарору ҷоннок шудани иқтисодиёт на танҳо аз тақозои дохилии вай  қувват мегирифт, балки зарурати ғанӣ гардонидани молиёт, таъмин кардани андозҳо баҳри Хилофат ва дигар сабабҳо ҳам ба вай  мусоидат мекарданд. Маҳз бо ҳамин сабабҳо низ дар ин даврон зарурати рушди босуръати тиҷорати дохилию берунӣ ба миён оварда мешавад. Тоҷирон ҳам имконияти зери байрақи Хилофати Араб  дар ҳамҷоягӣ муттаҳид гардидани давлатҳои сершуморро, ки имконоти равнақ додани тиҷорати байни онҳоро фароҳам  меоварад, ҳамаҷониба  истифода мебурданд.

     Дар ин даврон илму фарҳанг  ба дараҷаи баланди инкишофи худ расида, боиси ба саҳнаи фаъолият расидани як зумра олимони  барҷасатаю шоирон ,фарҳангиён гардида буд. Илму маърифат дар ин замон аз нав эҳё шуда ҳамчун тамоили аз ҷониби давлатдорон дастгиришаванда фаъолият мебурд.Комёбиҳои беназири мутафакирони  беҳамто ба монанди Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Закариёи Розӣ, Ал Форобӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Низомулмулк, Газзолӣ, Насруддини Тусӣ ва дигару дигарҳо мешиносанд.

         Сарчашмаҳои  беҳамто,  равиш ва низоми шариати ислом дар китоби муқаддаси  «Куръон» низ  ба тасвир оварда шудаанд. Донистани фармудаҳои худованд дар бобати ҳавлидорию тадбири манзил масоили иқтисодии мусулмонон ва ҷомеаи муслимин онро хондану донистан зарур  мебошад.Ба таҳлилу таснифи масоили иқтисод дар Куръони Маҷид гузоришоту тадқиқотҳои зиёде бахшида шудаанд.Ба ин мисол шуда метавонад асари  Р.Комилов, С.Камолӣ бо номи «Сайре  дар андешаҳои иқтисодии ҷаҳони ислом» соли 1996 бо забони тоҷикӣ ,   асари тадқикотгари дигар Усмон Каримов бо номи  «Андешаҳои иқтисодию бозоргонии Абӯҳомиди Газзолӣ» (с.2001) ва Султонмурод Исломов  соли 2001 дар «Таърихи назариёти иқтисодӣ»  ба масоили зайл таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, муаммою масоили зиёди ин ҷабҳаро ба тасвир овардаанд, ки мутолиаи  ин сарчашмаҳо ба шогирдон маслиҳат дода мешавад.

     Яке аз муммоҳои намоёнтарин моликият ҳисобида мешавад. Дар Куръон оварда шудааст, ки мулкҳо ба худованд мутаалиқанд, аммо ба бандагон барои  рӯзгузаронӣ ва фаъолият пешниҳод мешаванд. Хиссае аз мулк ба паёмбари худованд, давлат ҳукумат мансуб мебошад.Одамон ба тасарруфи мулки якдигар ҳуқуқ надоранд. Мулк бояд баҳри беҳбудии ҳаёти худ ва дигарон истифода шавад Бандагони мусулмон аз дороию мулк ва даромади худ бояд закот (молиёт) супоранд. Закот ба дастгирии муҳтоҷону нодорамон масраф карда мешавад. Дини мусулмонӣ  ба ташкили бозору муомилоти беадолатонаю аз рӯи инсоф ташкилшаванда диққати зиёд ҷудо мекунад, чунки маҳз ба туфайли муомилот мардумон ба мақсади худ ноил мегарданд, эҳтиёҷоташонро таъмин мекунанд ва таъминоти муминони дигарро ҳам мусоидату ёрмандӣ менамоянд. Харчанд фоидаи зиёди ба инсоф номувофиқ, аз меъёр баланд мазаммат ва манъ карда шудааст.

2. Ақидаҳои иқтисодии мутафакирони халқи тоҷик

Мо нисбати ақоидоти иқтисодии баъзе аз ин мутафакирон дида мегузарем.

         Закариёи Розӣ дар асарҳои  сершумораш натанҳо табиат, бемориҳо ва муолиҷаи онҳо, давоҳо хислату омодасозии онҳоро муфассал нишон додаст, балки дар баробари ин оиди масъалаҳои иҷтимоли иқтисодӣ низ диққати зиёд ҷудо намуда будааст. Аз таҳлили асарҳои Розӣ  чунин хулосаҳоро  дидан мумкин аст:

1.Олам  донисташавандаю моддӣ абадӣ аст;

2. Таърихи башар ҳам ниҳоят тулонӣ мебошад;

3.Тақсимоти меҳнат боиси инкишоф мегардад;

4. Дар ҳаёти ҷомеа истисмор ҷой дошта метавонад.

         Закариёи Розӣ  оиди инсон ва нафси у диққати ҷиддӣ додаст. Чунки нафси инсонӣ  дар пояи манфиатҳои иқтисодии вай мехобанд. Закариёи Розӣ   бо амин роҳ тадқиқгаронро  ба омӯхтани нафъу  манфиат даъват намудааст. Дар назари мо чунонки пештар огоҳ карда будем. Пешрафти хоҷагидорию иқтисодиёти сарзамин дар даврони Сомониён  боиси ривоҷ ёфтани тақсимоти меҳнат, равнақи ҳунармандӣ пайдо шудани корхонаҳои  ба сехҳои ҳунармандии дертар дар  Аврупо паҳнгардида ҳамчун   сабабгор хизмат карда буданд. 

     Муттафакири дигари даврони Сомониён , Муҳаммад ибни Тархон Фороби (873-950)   ба ҳисоб меравад. Дар баробари асарҳои зиёди  фалсафию иҷтимоӣ инчунин оиди масъалаҳои иқтисодӣ назаре  чанд намудааст. Дар асарҳои  ӯ «Нишондоди роҳҳо ба саодат», «Сиёсати шаҳрвандӣ»,  «Хикматҳои соҳибмансабони давлатӣ»,  «Афкори   маскунони шаҳри некбахтон» ва ғайра, ба ғайр аз ақидаҳои фалсафию иҷтимоӣ инчунин ақидаҳои  иҷтимоию-иқтисодӣ ҷой доранд.

     Нисбати накӯкорию некбахтии одамон вай ҳамон ақидаро таъкид менамояд, ки ҳар касе танҳо  ғами беҳбудию некӯаҳволии худро мехӯрад, ҳеҷ гоҳ некбахт нест. Аз ин боис ҳам ба некбахт ононеро мансуб медонанд, ки ғами мардумонро мехӯранд ва паи некӣ кардан ба дигарон мебошанд. Ба фикри мо ин ҷо ақидаи Форобӣ бо нишондоди   доир ба давлатдории адолатпаноҳона шабоҳат дорад, ҳарчанд роҳу равиш ва марому мазмуни ин ақидаҳо  хосаву ҷудогонаанд.

         Абдурайҳони Берунӣ. Мувофиқи  маълумоти таърихнигорон шумораи асарҳои   Берунӣ   ба 180 номгӯй мерасад, ки  40 номгӯи асарҳояш то замони мо омада расидааст Ду китоби калонҳаҷми ӯ бо номи «Китоб-ут  тафҳим ли авоили саноат-ит-танзим» (Душанбе, «Дониш».1973.-290 саҳ.), «Осор-ул- боқия» (Д.,»Ирфон», 1990.- 432 саҳ.) ба забони тоҷикӣ    чоп карда шудаанд. Дар ин асарҳо ба тасвири масъалаҳои ташаккули шаклҳои фарҳанги ҷаҳонӣ, пайдо шудани мазҳабҳои ҳархела. Муборизаи байни онҳо, пайдошавии олам, ҳаёт, ҳодисаҳои  ҳархелаи табии одату оинҳои ҳиндуён, румиён, яҳудон, тоҷикону форсҳо, арабҳову қибтиён ва дигар маълумот бахшида шудааст. Мо дар ин асари Берунӣ  нишонаву равишҳоли ҳодисаҳои иқтисодиро ҳам дарёфт  намудем. Мувофиқи нишондоди вай, ки ба тасдиқоти шаманиён такя менамояд, олам чор давраи мавҷудиятро дар бар гирифта, тақрибан «ҳазор ҳазор сол» ё ин ки як миллион сол инҷониб вуҷуд дорад.

         Берунӣ навиштааст: «Одамон то ҳангоми афзоиш бо ҳамдигар рафиқи мушфиқ ва дустдори ҳам мемонанд, вале ҳамин  ки миқдори инсон афзуд, боз бадбинӣ, душманӣ, рақобат, ҳасадбарӣ ба вуҷуд меояд, ки мояи шуру ғавғо, бадкорӣ ва ҷангҳо мегардад». Минбаъд Берунӣ саҳифаҳои зиёдеро ба таснифу маънидоди мубодила, бозорҳо, тарзу услуби ибтидоии хариду фурӯш бахшидааст ва намунаҳои овардааш ниҳоят ҷолиб мебошанд.

Муттафакири дигари бузургу  беҳамто ва шӯҳратёфтаи халқамон Абуалӣ ибни  Сино мебошад. Ибни Сино ақидаҳои иҷтимоию иқтисодиашро ҳам дар асарҳои зиёде ба тасвир овардааст. Аммо мо танҳо нисбати рисолаи «тадбири манзил»-и вай андаке таваккуф мекунем. Дар назар доштан зарур аст, ки дар он даврон илми иқтисодӣ бо номи «Тадбири манзил»      корбурд мешуд.

     Яке аз масъалаҳои таҳлилшавандаи рисола афзалияту тафовути инсон номида шуда, муаллиф онро аз ҳама пеш ба тасвир овардааст. Ибни Сино бартариву афзалияти инсонро дар фаъолияти меҳнатии вай мебинад. Яъне одамон меҳнат карда, ба туфайли ин меҳнаташон назар ба тамоми ҷондорҳову махлуқоти рӯи замин бартариҳо пайдо мекунанд. Харчанд рисола зиёда аз ҳазор  сол аз мо навишта шудааст, вай амалан аз меҳнат шурӯъ намуда,мавқеи ҳаётии ин ҳодисаро дар ҳаёту мамот дуруст нишон додаст.

     Ибни Сино ба масъалаҳои хоҷагидорӣ гузашта, нишон додаст, ки танзимгарию  соҳибкорӣ, хоҷагидории ботадбиру сиёсати мутобиқи он масъалаҳои ҷиддӣ мебошанд.Дар асарҳои Ибни Сино нисбати танзимгарию идораи иқтисодиёт ва хоҷагидории мамлакат табақаҳои зайлро ёдрас намудааст:

А) подшоҳони бузург;

Б) фармондорону тобеони онҳо;

В) сарпарастони музофотҳо, идораҳо,

Г) сардорони маҳаллаву қабилаҳо, хонаводаҳо, инҳоро «соҳибони неъмат» низ номидааст,

Д) раият-фақирону муҳтоҷон.

         Дар худи ҳамин ҷо мутафаккир таъкид дорад, ки аз руи дорои сарватмандӣ мардумон ба дороёну соҳибмулкон ва фақирону муҳтоҷон ҷудо карда шаванд. Аз ин нишондодҳо бармеояд, ки мутафаккир табақабандии одамонро аз рӯи миқёси таъсир  ва ҳукмронию дороию сарват пешниҳод карда будааст.

         Хамин тавр , Абуалӣ ибни Сино таснифи масоили «Тадбири манзил” ро давом дода, нишон додаст, ки фармонвари хонавода- мардонанд, мавриди дар сафар будани онон саришати хонавода ва танзимгарӣ ба зиммаи ҷойнишин- зан (бонуи хона) вогузошта мешавад. Тарбияи фарзандон, таъминоти ҳавлӣ, идораи кормандону ғуломон (дастёрон) вазифаҳои муҳим мебошанд. Минбаъд вай масоили дигари ҳавлидориро нисбати касб омузонидани фарзандон, даҳлу харҷи хонавода, интихоб ва  муомила бо хизматгорон, масъалаҳои «раиси хонавода», «коргузор», «корфармо» ва монанди инҳоро ба тасвир овардааст. 

test

Добавить комментарий