Пайдоиши фанни назарияи иктисод

Фанни назарияи иқтисод.

Замина ва марҳилаҳои пайдоиши он

1. Мафҳуми назарияи иқтисодӣ

             2. Вазифа ва мақсадҳои назарияи иқтисодӣ.

1.Иқтисодиёт ба монанди дигар илмҳои замона илмест, ки дорои азхуднамоӣ, санъати  хонадорӣ, хоҷагидорӣ, идора, тарҳрезӣ, бозогонию тиҷорат мебошад. Инсоният  ба туфайли илми иқтисод  раванди хоҷагидории худро танзим намуда, ба қуллаҳои  баланди бозоргонию   тиҷорат  расидааст.

Аз қадиммулайём  инсоният  барои қенеъ намудани талаботҳо ва ниёзмандиҳои худ кӯшиш намуда, барои қонеънамоии онҳо роҳҳои  гуногунро дарёфт  намуда истодааст. Яъне, аз ин бармеояд, ки иқтисодиёт- ин соҳаи фаъолияти одамоне мебошад, ки  дар он неъматҳои моддӣ барои  қонеънамоии инсоният таъмин мегардад. Зери мафҳуми  неъматҳои  моддӣ ҳамаи  он чизе ки барои қонеънамоии одамон лозим аст ,  мақсаду мароми онҳоро дар бар мегирад.

Иқтисод ва муносибатҳои иқтисодӣ баробари ташаккул ва таҳаввули низомҳои иқтисодӣ густариш ёфта, дар махзанҳои таърихию достонҳои афсонавӣ ҳамчун падидаҳои пароканда ва гусаста тасниф шудаанд. Аз ҷумлаи он метавон китоби Зардушт «Авесто», китоби «Архашастра» дар Ҳинди бостон ва садҳо дигаронро номбар кард.

Дар таърихи башарият илми иқтисод аз гирд овардани далелҳову маводҳо ба ҷамовариҳои алоҳидаву  томи мураттаб табдил ёфта, аввал номҳои ҳархела ба худ мегирифт. Вай ба туфайли рисолаи Антуан Монкреттен де Веттевил ( соли 1615) номи «иқтисоди сиёсӣ»-ро ба худ гирифт. Мактабҳои намоёнтарини илми иқтисод инҳо буданд:

-меркантелилизм;

-физиократҳо;

– иқтисоди сиёсии классикӣ;

-марксизм;

-Маржинолизм;

-кейнсчигӣ;

-наоклассикӣ;

-институтсионализм;

-навкейнсчигӣ;

-монетаризм.

Ҳар яке аз ин мактабҳо марҳилаи томи ривоҷи илми иқтисодиро пешниҳод мекунад, афзалият ва зиддияту норасоиҳои худро доранд. Натиҷаи намоёнтарин ҳамоне мебошад, ки  номи «назарияи иқтисод»ро соҳиб гардид Ин ҳодисаҳо дар нимаи асри ХХ-ум сурат гирифт.

Маҳз ба туфайли тиҷорати Шарқу Ғарб ҳама гуна халқҳову мамолик ба ҳамдигар пайваст мешуданд, маҳсули меҳнати ҳамдигарро ошноӣ ва истеъмол менамуданд ва ба истифодаи он комёб мешуданд.

         Аз таърихи Афкори иқтисод маълум аст, ки вожаи иқтисод аз калимаи юнонии «ойкос»-хоҷагӣ ва «номос»- қонун, яъне «ойкономия» ба вуқуъ пайвастааст. Ин мафҳум аз ҷониби Ксенофонт ҳамчун фаҳмиш тибқи  меъёр, қоида ва қонунҳои пеш бурдани хоҷагӣ истифода карда шудааст. Азбаски  дар он замонҳо иқтисод ҳамчун хоҷагиҳои  натуралӣ ва хонавода ба тавсиб мерасид ва робитаҳои иқтисодӣ шакли молӣ дошта, бидуни мубодила сурат мегирифтанд, «ойкономия» на ҳамчун ҳавзаи ҷудогонаи хоҷагии халқ, балки чун  соҳаи нисбатан маҳдуди хонадорӣ тассавур карда мешуд. Аз ин сабаб вожаи «ойкономия»  дар маъзанҳои таърихию вожаномаҳои иқтисодӣ перомуни санъати пеш бурдани хонавода номбар ва шарҳ дода мешавад.

 Тули ҳазорсолаҳо инсоният ин зинаи сукунат то ба зинаи инкишоф рушду камол ёфт. Шакл ва намуди хонаводаю хоҷагидорӣ, давлатдорию ҷаҳондорӣ низ кулан дигаргун гашт. Аз ин рӯ таҳти иқтисод нафақат муносибатҳои байни шахсони алоҳида, оила, гурӯҳҳо, синфҳо, корхона, соҳа, давлат оиди тарз ва услуби хонаводаю хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ, балки муносибатҳои умумибашарӣ перомуни ташаккули равандҳои байналмиллалии истеҳсолот, илму техника, асъор, молия, муҳоҷирати қувваи коргарӣ, ҳамкори доир ба коинот, экология, сарфаю сариштакорӣ ва ғайра дар назар дошта мешаванд.

Илми донишҳои  иқтисодӣ ба пажуҳишгоҳи  ақидаву андеша оиди идораю танзими давлат, истиқрори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, меъёри қонунҳо, ташкили хоҷагӣ, соҳибкорию бизнес, маркетингу менечмент ва ғайра табдил меёбанд

Неъматҳо асосан ба ду қисм тақсим мешавад:

  1. табии– яъне замин, об, ҷангал, канданиҳои фоиданок ва ҳамаи он чизе, ки  табиат шароит фароҳам овардааст.
  2. иқтисодӣ, ки бо дасти инсон фароҳам оварда шудааст.

         Аз ин бармеояд, ки вазифаи асоии иқтисодиёт- ин фароҳам овардани  шароит барои фаъолияти зисту зиндагонии ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Аз ин ҷо мақсади асосии иқтисодиёт  дар ташкил намудани маҳсулотҳо барои фаъолияти хоҷагидории ҷамъият мебошад. Дар ин ҳолат  ду намуди неъматҳои иқтисодӣ тайёр карда мешавад:

предмети истеъмол;

воситаҳои истеҳсолот

2. Вазифаи асосии Назарияи иқтисод

Микроиқтисод макроиқтисод
Таҳлил ва алоқамандии субъект ва ангентҳои иқтисодӣ дар зинаи алоҳидаи тавлидот ва бозор   – дарк ва омӯзиши хоҷагӣ ҳамчун қисми бутуни хоҷагидорӣ; -Таҳлилу тадқиқот ва қонуниятҳои ташаккули равандҳои иқтисодӣ дар миқёси иқтисодиёти миллӣ

         Барои иҷро намудани вазифаҳои асосии иқтисодиёт бояд неъматҳои дуюмдараҷа, воситаҳои истеҳсолот ( пахта, нефт, металл, чубу тахта, дастгоҳҳо ва ғр. Бо ин воситаҳо предмети истеъмолотро истеҳсол намудан номумкин аст. Дар рафти истеҳсолли  неъматҳои иқтисодӣ одамон аз муҳити атрофии табиат маводҳои зарурӣ  ва шомили энергия мегарданд ва дар натиҷа партовҳои нолозими истеҳсол ва истеъмолро боз мегардонанд.

       Бинобар ин, мақсади наздиктарини  иқтисод, омӯхтану маънидоди максъалаҳо ва паҳлуҳои  мухталифи хоҷагидории одамон мебошад.

То замони мо  байни донишмандону иқтисодчиён оиди мавқеъ ва нақшу равандҳои ҳодисаҳои иқтисодӣ андешаву ақидаҳои  гуногун ба назар мерасанд. Таҳти таъсири шароитхои мухталифи таърихӣ, ҷуғрофӣ, маданӣ,  иҷтимоию- сиёсӣ , хусусиятҳои табиию муҳити зист ва ғр. ҳархела сурат мегирад.

Дар адабиёти марксистӣ, таҳти муносибатҳои иқтисодӣ (истеҳсолӣ) муносибатҳо оиди истеҳсол, тақсим, мубодила ва истеъмоли молу маҳсулот дар доираи звеноҳои гуногуни хоҷагии халқ тасаввур карда мешавад. Маҳз мутобиқати  муносибатҳои истеҳсолӣ бо қувваҳои истеҳсолкунанда, инкишофи муозину ботадриҷ, дараҷаи баланди самаранокии истеҳсолот, тазоду тафриқот, рушду таҳаввули иқтисодиву иҷтимоии  давлатҳои миллиро муайян мекунад. Тибқи ақидаи К.Маркс ваҳдати онҳо тарзи истеҳсолотро ташкил медиҳад. Аз ин  лиҳоз  мамлакатҳоро ба мамлакатҳои ақибмонда, пешқадам, инкишофёфта, рӯ ба тарққӣ ва ғайра ҷудо мекунанд. Тамсила (модел)-ҳои амрикоӣ, японӣ, шведӣ, франсузӣ, олмонӣ ва ғайра маҳз дар асоси нерую қудрат, дараҷаи рушду камоли иқтисод тафриқа ва муқоиса карда мешавад.

Аз нуқтаи назари қадршиносӣ нисбат ба замонҳои гузаштаву ҳозира, мақсади иқтисодро, тибқи ақидаҳои муаллифони «Экономикс» ҷамъбаст карда, қайд кардан мумкин аст, ки он барои таъмин кардани рушди иқтисод, шуғли пурраи аҳолӣ, самаранокии баланди иқтисодиёт, дараҷаи баланди истиқрори нарх, озодии иқтисодиёт, тақсими одилонаи даромад, мустақилияти  иқтисод ва тарози «баланси» савдо ва ғайра нигаронида мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.