Бехатари озукавори

Нақша

Муқадима …………………..1-2

1. Бехатари озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон……..2-5

2.Тавозуни озуқаворӣ ………….5-8

Хулоса…………….8-9

Адабиёт…………..9

Мукаддима

«Минтақаи мо дорои захираҳои азим буда, метавонад аз ҷиҳати энергетикӣ, сӯзишворӣ, озуқаворӣ амалан худкифо гардад» Э.Ш. Раҳмонов

Дар Тоҷикистон таъмини бехатарии озуқавории аҳолӣ масъалаи бениҳоят рӯзмарра мебошад. Бинобар ин дар сиёсати давлатии кишвар муаммои таъмини бехатарӣ чун яке аз самтҳои бартаридошта арзёбӣ гаштааст. Бехатарии озуқаворӣ муаммои бисёрҷабҳа буда, аз чунин унсурҳо ташаккул меёбад: ба миқдори кофӣ вуҷуд доштан ва ба таври воқеӣ дастрас будани озуқавории бехавф, мувофиқати он бо ратсиони меъёрӣ ва дастрас будани маводи хӯрокае, ки дар таркибаш намаки йоддор дораду барои саломатии одамон зараровар нест. Проблемаҳои хатари озуқаворӣ дар ҳолати ҳал нагардидани онҳо метавонанд характери доимиро ба худ гирифта, боиси оқибатҳои ногувор, ба мисли таҳдиди бавуҷудоии гуруснагӣ, эпидемия, кӯтоҳ гардидани давомнокии умр, деградатсияи (носолимии) насли наврас ва ғайра гарданд. Муаммои бехатарии озуқаворӣ таҳти назорати ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад, бинобар он мувофиқи пешниҳоди Комиссияи Аврупоии Ислоҳоти Сиёсат ҳуҷҷате бо унвони «Меморандуми ҳамдигарфаҳмӣ» оид ба Барномаи бехатарии озуқаворӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст. Ба хотири аз ҷиҳати илмӣ арзёбӣ намудани ҷиҳатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ, истеҳсолию технологӣ ва экологии ин муаммо дар ҷумҳурӣ соли 2005 бо ташаббуси Барномаи озуқавории умумиҷаҳоии СММ конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки доираи васеи муаммоҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш ва муҳокимаи илмӣ қарор дод). Ба хотири таъмини низоми огоҳонӣ аз иттилоот ва таҳлили вазъияти ҷорӣ аз соли 2004 сар карда дар ҷумҳурӣ дар ҳар як семоҳа «Буллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва нашр мешавад.

  1. Бехатари озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бехатарии озуқаворӣ дастрас будани озуқавориро ба мардуми ҷомеа барои пеш бурдани ҳаёти солим ва фаъолонаи онҳо мефаҳмонад. Таҳти мафҳуми бехатарии озуқаворӣ мавҷудияти маводи хӯрока ба миқдори кофӣ, дастрасии он ба хонаводаҳо, новобаста аз он ки аз бозор мехаранд ё аз дигар манбаъ, имконияти харидорӣ намудан он, инчунин ба миқдори зарурӣ истеъмол кардани хӯрокворӣ дар назар дошта мешавад». Ҳолат, истеъмол, дастрасӣ ва мавҷудияти ғизои озуқа бояд дар ҳамаи зинаҳои ҷамъиятӣ – зинаи хонавода ва шаҳрвандони алоҳида (зинаи микро), зинаи ҷамоатӣ (шаҳрак, ноҳия, вилоят), ки зинаи мезо номида мешавад ва зинаи миллӣ ё глобалӣ, ки зинаи макро номида мешавад, кофӣ бошад. Сифати маводи озуқа маҷмӯи хосиятҳое мебошад, ки дараҷаи барои истеъмол мувофиқ будани маҳсулотро муайян намуда, бо якчанд нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад. Аз ҷумла: нишондиҳандаи пурарзишии маводи хӯрока – хосияти истеъмолӣ (намудҳои таом, лаззат, ранг, бӯй, намуди зоҳирӣ, ҷиҳати ҳазмшавӣ, тезпазию тезҳазмшавӣ); нишондиҳандаҳои биологӣ (ҳайати органикии хӯрок, ҳайати витаминҳо, минералҳо, моддаҳои фаъоли ғизодеҳ); нишондиҳандаҳои аз ҷиҳати санитарию эпидемӣ бенуқсон ва беиллат будани хӯрока; безарарӣ барои саломатӣ (аз бактерия, вирусҳо, моддаҳои заҳрнок, аз ҳашароти зараррасон озод будани маводи хӯрока). Сифати маҳсулоти истеъмолшаванда бояд аз санҷишҳои санитарӣ ба тариқи назорати риояи қоидаҳо ва меъёрҳои тайёр намудани хӯрок, нигоҳдорӣ, кашондан, фурӯши маҳсулот гузаранд. Назорати лабораторӣ ва тозагии хӯрок аз ҷониби хадамоти санитарӣ бояд мунтазам бо роҳи ташхиси микробиологӣ сурат гирад. Буллетени иттилооти оморӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, ки ҳоло таҳия мешавад, мақсад дорад маълумотро оид ба масъалаҳои бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат оид ба мавҷудият ва таъмини хӯрокворӣ, истеҳсоли минбаъдаи он, нишондиҳандаҳои дастрасӣ ва инчунин истеъмолу ҳазмкунии он ҷамбаст намояд. Маълумотҳои саҳеҳ доир ба рафти иҷрои Ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳо доир ба хӯроки аҳолӣ ва гурӯҳҳои гуногуни он, инчунин маълумотҳо дар бораи баланси озуқаворӣ дар доираи мӯҳлатҳои семоҳаҳо ва солҳо аз рӯйи намудҳои асосии озуқа дар Буллетени номбурдаи оморӣ барои солҳои 2004-2006 оварда шуда, мавриди таҳлили иқтисодӣ қарор гирифтаанд. Яке аз дастовардҳои тадқиқоти биотехнологӣ – усули ҳосил намудани организмҳои нав –маҳсулоти аз ҷиҳати генетикӣ ба тағйирёбии ғайриирсӣ асосёфта – «МГТҒИ» мебошад). Ин моддае мебошад, ки тавассути усули муҳандисии ирсӣ ба он генҳои бегона ворид шудаанд. Ингуна моддаро қаблан бо усулҳои анъанавии дурагакунӣ ба даст овардан имконнопазир буд. Ҳоло як қатор навъҳои зироатҳои аз ҷиҳати генетикӣ ба тағйирёбии ғайриирсӣ асосёфта пайдо шудаанд, ки дар бозори маҳсулот ба худ бештар бо роҳи ниҳонӣ роҳ ёфтаанд: – навҳои картошка, пахта, ҷуворимакка, зироати лӯбиёие, ки аз таъсири ҳашароти зараррасон ҳифз шудаанд; – зироати пахта, тамоку, кадуе, ки аз таъсири вирус озод мебошанд; – навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашудаи ҷуворимакка, пахта, қандлаблабу, соя, маъсар ва чанди дигар зироате, ки ба гербитсид тобовар мебошанд; – навъҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашудаи буттамеваҳое, ки ба хусусиятҳои нави ферментӣ соҳиб шудаанд, чунончи, ба ҷои қанд дорои сафедаи махсусе мебошанд, ки барои истеъмол ба беморони касалии қанд безарар аст, катализаторҳое, мӯҳлати нигоҳдории маҳсулотро дароз мекунанд, гормонҳое, ки инкишофи сабзишро вусъат медиҳанд ё суст мекунанд ва ғайра. Пайдошавии маҳсулоти дорои хосиятҳои нави биологӣ барои инсон то чӣ андоза фоидаовар ё зараровар аст, ҳоло посухи якзайли худро наёфтааст. Маълум аст, ки навҳои зироати ирсияташон тағйирдодашуда афзалиятҳои худро доранд, бинобар ин дар ҷаҳон ҳоло тавлиди ингуна маҳсулот сол аз сол зиёд мешавад. Аз рӯйи баъзе маълумотҳо дар дунё кишти зироати МГТҒИ майдони 58,7 млн гектарро фаро гирифтааст, аз ҷумла дар ИМА бошад ба ин мақсад 45 млн. гектар замин ҷудо карда шудааст, 80% истеҳсоли пахта, 60% зироати соягӣ дар асоси технологияи биотехнологӣ сурат мегирад. Дар ҷаҳон қисми зиёди маводи дорувору дар асоси усули биотехнологӣ истеҳсол карда мешавад. Дар Федератсияи Россия дар Маркази меъёргузорӣ ва сертификатсияи Вазорати тандурустии Россия зиёда аз 100 намуди маҳсулоти озуқа ба қайд гирифта шудааст, ки дар асоси маводи генетикии тағйирдодашуда истеҳсол мешавад. Бинобар ин эҳтимолияти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштани озуқаворӣ ва дорувории аз маводи генетикии тағйирдодашуда тайёрмешуда вуҷуд дорад. Масалан ҳоло равғани соя, ки дар мағозаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад, тамғаи «ГМИ» доранд, ба орди соявӣ, маводи хӯрокаи аз ҷуворимакка, картошка ва дигар зироатҳо тайёршуда низ чунин тамғаҳо гузошта шудаанд. Вусъатёбии технологияи «МГТҒИ» дар ҷаҳон хатар ва бехатарии биологиро чун унсури нави бехатарӣ ба миён овард. Хатари биологӣ намуди хатаре мебошад, ки барои саломатӣ ва ҳаёти инсон пайваста ба таъсири унсурҳои табиати биологӣ таҳдид мекунад, бехатарии биологӣ бошад ин муҳофизати ҳар як инсон, ҷомеа ва давлатро аз таҳдиди эҳтимолӣ ва воқеиро дар бар мегирад. Густаришёбии ин хатар ҷомеаи ҷаҳонро водор сохт, ки бо дарназардошти таъсири манфии ин хатар чораҳои пешгириро андешад. Чунончи, соли 2000 дар Монреал ҳуҷҷате қабул гардид, ки «Протоколи Картехан оид ба бехатарии биологӣ» ном дошта низоми байналмилалие мебошад, ки тибқи талаботҳои он ҳифзи муҳити зист ва суръати баланди саноати биотехнологӣ ҳамоҳанг карда мешаванд. Организмҳои наве, ки дар табиат қаблан вуҷуд надоштанд, пайдоиши онҳо хавфи ҷиддиро пешгӯӣ мекунад: ба тариқи сунъӣ ҷорӣ намудани генҳои бегона ҷараёни ба низомдаровардашудаи эволютсияи назорати ирсии ҳуҷайраро вайрон месозад. Пешакӣ муайян намудани рафтори ирсҳои навворидшуда ғайриимкон буда, оқибатҳои ногувори пайдошавии моддаҳои нави барои инсон зараровар, пайдошавии вирусҳои қаблан номаълуми хавфнок, дар ин асос коста шудани муҳити зист ва гуногунии биологии табиат ва ғайра мардумро ба ташвиш овардааст. Аз ин рӯ нисбати «МГТҒИ» ҷиҳатҳои мусбат ва манфии он ақидаҳои мухталиф пайдо шуданд. Як гурӯҳ кашфиёти навро бо имкониятҳои чашмнодидаи инкишофи фаъолияти селексионӣ, рушди истеҳсоли озуқа вобаста кунад, гурӯҳи дигар пурра зидди ин равия ва густаришу истифодаи он буда, таклиф мегузорад, ки қатъ карда шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло иттилооти пурра дар бораи воридоту содирот, истифодаи маводи «МГТҒИ» вуҷуд надорад, бинобар ин дар оянда назорати гумрукӣ, Нозироти давлатии карантин, «Тоҷикстандарт», Нозироти давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ дар ин бахш фаъолияти худро бояд фаъол гардонанд. 1) Шарњи возењтари мафњумњо: Озуќаворї ва ѓизо њамон ваќт аз бехатарї таъмин њисобида мешаванд, ки агар озуќавории мувофиќ (аз љињати миќдор, сифат, бехавфї, аз нуќтаи назари иљтимоию фарњангї маъќул) мављуд ва дастрас буда, њамаи ашхос доимо барои таъмини њаёти фаъол ва солим чунин озуќавориро ќаноатмандона истеъмол ва њазм кунад. Истеъмол ва њазм намудани озуќа нишондињандаи нињоии бехатарии озуќаворї ба њисоб меравад. Дар ин љо сухан дар бораи на танњо интихоби ин ё он намуди озуќа, балки таркиби он, усули тайёр намуда дар байни аъзоёни оила таќсим намудани хўрок, имконияти ќабул ва њазм намудани ин озуќа аз тарафи организми инсон, усули парњезкунї меравад. Ингуна имконият таќозо мекунад, ки озуќа хушсифат буда, иќтидори калориядориаш ба меъёрњо мувофиќ бошад. Дар ќатори ин муњайё будани муњити мусоид барои саломатии инсон, шароити нигоњдории озуќа, оби нўшокии тоза, вазъи саитарї низ дар назар дошта мешавад. Мављуд будан: бехатар ва кофї будани озуќаворї аз љињати миќдор ва сифат. Дастрас будан: њамаи хонаводањо ва њамаи аъзои онњо барои харидорї намудани миќдори зарурии озуќаворї (аз њисоби истењсол, харид ва ёрї) ба ќадри кофї захира (имконот) дошта бошанд. Устуворї: доимо мављуд ва дастрас будан, истеъмол ва њазм кардани хўроквориро мефањмонад. Аз мунтазам дастрас набудани озуќаворї, аз норасоии доимї ё муваќќатии он баъзе ашхос азият мекашад.

  1. Тавозуни озуқавори

Аз иттилооти дар Буллетени бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ овардашуда маълум мешавад, ки ба бехатарии озуқаворӣ ҳосилнокии пасти зироаткорӣ ва маҳсулнокии чорво таҳдид мекунад. Дар солҳои 1990-1997 ҳаҷми истеҳсоли кишоварзӣ дар мамлакат 2 баробар кам гашта буд. Ба беҳбудие, ки дар солҳои минбаъда доир гардид, нигоҳ накарда ҳаҷми истеҳсоли кишоварзӣ соли 2005 ҳамагӣ 85,2% соли 1990-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи кишоварзӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 36,5% соли 1991 то 21,4% дар соли 2005 кам шудааст. Нисбат ба соли 2004 истеҳсоли ғалла, картошка, сабзавот, полизӣ, меваҷот афзуда, аммо ҳаҷми истеҳсоли ангур кам шудааст. Нисбат ба соли 2004 тухмии ғалладона ва лӯбиёӣ, аз он ҷумла гандуми тухмӣ кам захира карда шудааст. Дар соли 2005 воридоти гандум нисбат ба соли 2004-ум 2,2 баробар афзудааст. Умуман воридоти молҳои озуқаворӣ дар соли 2005 нисбат ба соли 2004-ум афзоиш ёфтаанд. Дар соли 2005 индекси нархҳои истеъмолӣ 107,1 фоиз, аз он ҷумла ба молҳои озуқаворӣ 108,3 фоиз, ба молҳои ғайриозуқаворӣ 102,7 фоиз ва ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 109,3 фоизро ташкил додаст. Суръати миёнаи ҳармоҳаи беқурбшавӣ дар бахши истеъмолӣ 0,60 фоиз (дар ҳамин давраи соли 2004-ум 0,46 фоиз буд)-ро ташкил кардааст. Дар соли 2005 аз ҳама бештар қимат шуданд: картошка, биринҷ, омехтаи шири хушк, равғани чорво, шир, гӯшти гов, қанду шакар, себ, моҳии зинда, тухм, нахӯд, гӯшти гӯсфанд, маргарин, макаронҳо ва колбасаи ҷӯшонидашуда. Зимнан, нархи карам, бехпиёз, сабзӣ, орди гандум навъи якум, равғани пахта ва ярмаи марҷумак арзон шуд. Шумораи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол аз рӯйи баҳои пешакӣ дар моҳи декабри соли 2005-ум 2048,4 ҳазор нафарро ташкил додаст, ки аз ҷумлаи онҳо 2004,8 ҳазор (97,9 фоиз) дар иқтисодиёт машғуланд ва 43,6 ҳазор нафарашон мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,1 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро ташкил медиҳад. Дар соли 2005-ум 22,0 ҳазор нафар бо ташаббуси маъмурияти корхонаҳо ба рухсатии иҷборӣ (маҷбурӣ) рафтанд, аз онҳо 19,7 ҳазор нафар (89,5 фоиз) – бе пардохти музди кор, 5,5 ҳазор нафар дар реҷаи ҳафтаи нопурраи меҳнатӣ ва рӯзи нопурраи корӣ кор кардаанд. Сатҳи бекории ба қайд гирифташуда бо назардошти бекории ниҳонӣ 3,4 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодиро ташкил карда, нисбат ба бекории умумӣ зиёда аз ду баробар кам аст. Шумораи умумии бекорӣ аз рӯйи маълумоти тадқиқоти қувваи корӣ дар соли 2005-ум 196,0 ҳазор нафарро ташкил кард, сатҳи бекорӣ ба 7,4 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ баробар аст. Манбаи муҳимтарини даромади пулии хонаводаҳо дар 9 моҳи соли 2005, мисли пештара, – даромади меҳнатӣ ва мадохилот аз фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Нафақахӯрон наздик 74,3 фоизи хароҷоти истеъмолиро барои маҳсулоти хӯрокворӣ сарф мекунанд. Таносуби бештари хароҷоти хонаводаҳо барои хариди маҳсулоти озуқаворӣ ба маҳсулоти нонӣ (25,5%) рост меояд. Дар 9 моҳи соли 2005 дар ҷумҳурӣ истеъмоли нон ва маҳсулоти нонӣ аз 14,8 фоиз меъёри истеъмолии тасдиқкардаи соҳаи тиб зиёд аст. Нисбатан аз кам будани музди кор аҳолӣ маҷбур аст, ки ҷои кори иловагӣ ё манбаи иловагии даромад ҷустуҷӯ кунад, зеро ин яке аз корҳои иловагии даромаднок (ё ҷои кори дуюм) ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти тадқиқоти қувваи корӣ зиёда аз 7 фоизи аҳолии машғул ҷои кори иловагӣ дорад. Ғайр аз ин, боз 20 фоизи аҳолии машғул ҷои кори иловагӣ ҷустуҷӯ мекунад. Аз ҷумлаи онҳое, ки ҷои кори иловагӣ доранд, 80 фоизашон дар хоҷагии ёрирасони шахсӣ, 10 фоизашон ба корҳои инфиродӣ машғуланд. Аз рӯи маълумоти тадқиқоти қувваи корӣ (ТҚК) (моҳҳои июл-августи соли 2004) қариб 3210 ҳазор нафарро муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ташкил медиҳанд. Арзиши маҷмӯи озуқаворӣ, ки барои истеъмолот зарур аст аз рӯйи истеъмоли воқеӣ (тибқи маълумоти тадқиқоти хонаводаҳо дар соли 2003) бо нархи охири моҳи декабри соли 2005 ба ҳар як узви оила моҳе 36,42 сомониро ташкил намудааст, дар сурате, ки меъёри истеъмоли оқилона 86,84 сомонӣ мебошад. Истифодаи маводи озуқаворӣ низ аз ҳолати саломатии аҳолӣ, дониши парҳез ва қоидаҳои тозагӣ, дастрас будан ба хизматрасонии асосии тиббӣ ва ба намудҳои асосии хизматрасонии коммуналӣ, аз ҷумла ба оби тозаю софи нӯшокӣ ва канализатсия вобаста аст. Нисбат ба соли 2004 касалиҳои сил 23,7 фоиз, брутселлёз 14,1 фоиз, касалии шадиди сирояткунандаи рӯда 13,4 фоиз аз он ҷумла касалии исҳоли хунини бактериалӣ 42,3 фоиз афзудаанд. Дар байни касалиҳои шадиди сирояткунандаи рӯда кӯдакони 0-14 сола 96 фоиз, аз он ҷумла касалии исҳоли хунини бактериалӣ 35,8 фоиз, арақаи шикампеч (домана) 40,3 фоизро ташкил кардаанд. Нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодие, ки дар поён пешниҳод шудаанд, вазъи умумии иқтисодиёти мамлакатро барои таҳлили ҳолати бехатарии озуқаворӣ тавсиф менамоянд. Ҷадвали нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1) 2003 2004 2005 Шумораи аҳолӣ (млн.) 6,6 6,8 6,9 ММД-и номиналӣ (млн.сомонӣ) 4757,8 6157,5 7201,1 Аз он ҷумла, ба ҳисоби %: Кишоварзӣ 25,2 21,6 21,4 Саноат 20,9 19,6 18,5 Хизматрасонӣ 38,6 42,3 43,8 ММД ба ҳар нафар аҳолӣ (сомонӣ) 724,0 910,0 1051,2 Афзоиши ММД нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, % 10,2 10,6 6,7 Касри / фоидаи буҷети давлатӣ (ба ҳисоби фоиз нисбат ба ММД) 1,1 -0,2 -1,5 Индекси нархҳои истеъмолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, % 117,1 106,8 107,8 Индекси нархи молҳои озуқаворӣ 115,8 105,0 108,9 Индекси нархҳои хизматрасонӣ 140,8 117,3 109,8 Қурби сомонӣ нисбат ба доллар 3,0606 2,9711 3,1175 Сатҳи бекории расман ба қайд гирифташуда 2,4 2,2 2,0 Шумораи бекорони ба қайд гирифташуда, ҳазор нафар 46,9 38,8 43,6 Ба ҳисоби фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 98,9 90,4 112,4 Музди миёнаи кор (ҳармоҳа, сомонӣ) 44,61 61,81 83,58 Ба ҳисоби фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,0 138,6 135,2 Тарози (баланси) савдо (млн. доллар) -83,1 -276,4 -421,1 Ҳиссаи озуқаворӣ дар воридот, (%) 9,2 9,6 11,7 Ҳиссаи озуқаворӣ дар содирот, (%) 3,3 3,2 3,3 1)Маъхаз: Буллетени иттилоотӣ дар бораи бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1/2006, 2/2006 -Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2006, саҳ. 9 – 10. Тавозуни (баланси) озуқаворӣ Дар танзими давлатии масъалаҳои озуқаворӣ тавозуни озуқаворӣ чун воситаи муҳими иқтисодии ҳосил намудани мувозинат хизмат мекунад. Тавозуни (тароз, баланс) иқтисодӣ дар амалияи банақшагирӣ ва дурнамосозии иқтисодиву иҷтимоӣ таърихи тӯлонии истифодаи худро дорад. Дар давраи Шӯравӣ барои асоснок намудани Нақшаи тараққиёти хоҷагии халқи ИШҶС садҳо балансҳои моддӣ (аз рӯйи ҳамаи намудҳои асосии захираҳои моддӣ), балансҳои захираҳои меҳнатӣ, балансҳои пулӣ (даромаду хароҷотҳои пулии аҳолӣ,баланси маҷмӯи маҳсулоти ҷамъиятӣ, даромади миллӣ, балансҳои байнисоҳавии истеҳсол ва истеъмоли(тақсимоти) маҳсулот) ва ғайра таҳия шуда, барои асосноккунии нишондиҳандаҳои нақша истифода мешуданд. Дар шароити имрӯзаи хоҷагии бозорӣ тавозуни иқтисодӣ аҳамияти худро гум накардаанд. Тавозун худ ҷадвали иқтисодие мебошад, ки аз ду қисм иборат буда, барои ҳосил ва муқаррар намудани мувозинати ин қисмҳо мусоидат мекунад. Қисми аввали тавозун (дар баланси моддӣ) миқдори захираҳои мавҷударо нишон медиҳад, қисми дуюм – тақсимоти (истифодабарии) ин захираҳоро, яъне талаботи мавҷударо нишон медиҳад. Вазифаи ҳаргуна тавозун ба ҳолати мувозинат овардани ҳар ду қисми он мебошад. Азбаски захираҳои мавҷуда ва муқтазо ба он (талабот) дар як вақт байни якдигар худ ба худ баробар намешаванд, зарур меояд, ки фаъолияти иқтисодӣ, ташкилӣ ва давлатӣ вобаста ба таъмини баробарӣ, бамувозинатории қисмҳои баланс доир гардад. Масалан, агар захираҳои мавҷуда аз талабот зиёд бошанд, чораи истифодаи (тақсимоти иловагии) онҳоро дидан лозим мешавад, агар баръакс талаботи мавҷуда аз захираи мавҷуда зиёд бошанд, яъне захираҳо камӣ кунанд, дар он сурат роҳи ҳалли муамморо ҷустуҷӯ намудан зарур мешавад. Дар ин ҳолат ё миқдори талаботро кам кардан, бо маҳсулоти ивазшаванда пӯшондан лозим, ё имконияти зиёд намудани қисми захиравии тавозунро аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли ватанӣ ё, набошад, аз ҳисоби воридот зиёд намудан лозим мешавад. Ҳамин тариқ, зарурати мувозинати миқдории байни захираву талабот, ки дар ҷараёни танзими давлатии объектҳои иқтисодӣ ба миён меояд, танҳо бо истифодаи усули тавозунӣ (балансӣ) пиёда мегардад. Тавозуни озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2002 – 2005, ки аз ҷониби Кумитаи омори ҷумҳурӣ таҳия гаштааст, яке аз тарозҳои воқеии захираҳои моддӣ буда, маълумотҳои дақиқро оид ба миқдори намудҳои асосии озуқа пешкаш менамояд. Ин тавозун дар замимаи 2- китоб оварда шудааст. Мавриди шиносоӣ бо нишондиҳандаҳои тавозун эзоҳоти зеринро ба назар гирифтан лозим мешавад.

Хулоса

Бинобар ин эҳтимолияти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гаштани озуқаворӣ ва дорувории аз маводи генетикии тағйирдодашуда тайёрмешуда вуҷуд дорад. Масалан ҳоло равғани соя, ки дар мағозаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад, тамғаи «ГМИ» доранд, ба орди соявӣ, маводи хӯрокаи аз ҷуворимакка, картошка ва дигар зироатҳо тайёршуда низ чунин тамғаҳо гузошта шудаанд. Вусъатёбии технологияи «МГТҒИ» дар ҷаҳон хатар ва бехатарии биологиро чун унсури нави бехатарӣ ба миён овард. Хатари биологӣ намуди хатаре мебошад, ки барои саломатӣ ва ҳаёти инсон пайваста ба таъсири унсурҳои табиати биологӣ таҳдид мекунад, бехатарии биологӣ бошад ин муҳофизати ҳар як инсон, ҷомеа ва давлатро аз таҳдиди эҳтимолӣ ва воқеиро дар бар мегирад.

Адабиётҳо

  1. Ѓаниев Т.Б. Менељмент к.1-6. Китоби дарсї. Душанбе, Ирфон. 2004-2010с.
  2. Ѓаниев Т.Б. Ташкили менељменти захирањои башарї. Душанбе, дмт, 2011 – 472 с.
  3. Ѓаниев Т.Б., Одинаев Њ.А. ва диг. Менељмент /Дастури таълим. – Душанбе, ДДМТ, 1993.-117 с.
  4. Материалы Республиканской научно – практической конференции «Продовольственная безопасность Республики Таджикистан».-Душанбе: Центр стратегических исследований при Президенте Республики Таджикистан.
  5. Всемирная Продовольственная программа в Таджикистане, 2005.- 263 с.
test

Добавить комментарий