Фанни Иқтисоди миллӣ

МАҚОМИ МУАССИСАИ БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ «Амонатбонк»-и ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.1. Таърихи пайдоиши бонки Давлати амонатгузории «Амонатбонк».

1.2.  Рушди  даромади милли ва болоравии сатҳи зиндагии        шаҳрвандон асоси ташкили амонатҳои пулии шаҳрвандон.

        1. Таърихи пайдоиши «Амонатбонк»

Моҳи марти соли 1885 дар шаҳри Хуҷанд якумин Хазинаи Бонки амонати-қарзи фаъолияти худро сар намуд.

Моҳи декабри соли 1925 якумин Хазинаи захираҳои меҳнати-давлати дар назди Наркоми молия (Наркомфин) таҳти рақами №1341 ТАДЖССР кушода шуд.

Дар моҳи октябри соли 1987 Хазинаи захираҳои меҳнати-давлати Тоҷикистон ба худ номи бонки Ҷумҳурияви  Хазинаи Бонки Амонатии ИШС (СССР)-ро гирифт.

  Бонки амонатгузории Ҷ.Т. соли 1992 дар асоси шӯъбаи ҷумҳуриявии бонки амонатгузории собиқ Идтиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд. Баътар мувофиқи фармони Президенти Ҷ.Т. таҳти рақами №1123 ва 26 ноябри соли 1998 «дар бораи аз нав таъсисдиҳии Бонки амонатгузории Ҷ.Т.» ин бонк ба бонки давлатии амонатгузории Ҷ.Т. табдил дода шуд

   Моҳи ноябри соли 1998 ба Бонки Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми (статуси) Бонки Давлати дода шуд, ки он ҳоло Бонки Давлатии Амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» номида мешавад.

Бонки Давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бонки давлати  ба ҳисоб меравад аз ҳамин сабаб пурра маҳфуз доштани  пулҳои нақд ва дигар дороиҳои қиматбаҳои шахсони воқеи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.

Бонки Давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар тамоми сарзамини Тоҷикистон филиалҳо ва соҳаҳои ҷудогонаи худро дорад. Ба таркиби «Амонатбонк» 5-филиали вилояти: 69-шаҳрию-ноҳияви ва инчунин 499-то оҷонси  (агенство) дорад.

«Амонатбонк» дар асл бонки халқист, ки    барои аҳоли  хизмати комунали ба расмият даровардани қарзҳои фоиданок ба қисми камбизоати аҳоли тақсимоти маблағ ба гурезагон ва муҳоҷирон додани ҷубронпулиҳо бо нишондодҳои пули аз ҳисоби захираҳои ҷудошуда аз тарафи Ҳукумат инчунин пардохти маблағи аҳолиро иҷро мекунад.

Амонатбонк аз рӯи моҳияти худ бонки мардумӣ ба шумор меравад, зеро баробари ҳамарӯза фаъолияти пурмаҳсули худ дар роҳи хизматрасонӣ ба нафақахӯрон, ташкилотхои буҷавӣ, ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ба пасандозҳо, қабули пардохтҳои коммуналӣ аз аҳолӣ, таҳия ва омода сохтани ҳуҷҷатҳо барои додани қарзҳои имтиёзнок ба оилаҳои камбизоат , фурӯши вомбаргҳо ва амсоли инҳо равона гардидааст. Амонатбонк яке аз бонкҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, барои хизматрасонии аҳолӣ махсусгардонида шудааст ва ҳамчун бонки устувор мавқеи мустаҳкамро касб намуда, ӯҳдадориҳои худро дар назди муштариён сари вақт иҷро менамояд. Дар солҳои охир бонк ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Алалхусус ҳолати молияии бонк дар низоми бонкии ҷумҳурӣ мустаҳкам гашт. Бонк иштирокчии Иттифоқи Умумиҷаҳонии Алоқаи Байнибонкии Молиявӣ гардида, ба шабакаи СВИФТ пайваст шуд.

    Дар Ассамблеияи генералии Донишкадаи Умумиҷаҳонии Бонкҳои Амонатгузорӣ, ки санаи 29.10.2004с. дар Брюссел баргузор шуда буд, Амонатбонк ба аъзои Донишкадаи Умумиҷаҳонии Бонкҳои Амонатгузорӣ қабул гардид.

«Амонатбонк» яке аз бонкҳои калонтарин барои гузаронидани амалиётҳо ба шахсони воқеи ҳисоб ёфта дар байни мизоҷони шахсони воқеи обруи беохир пайдо кардааст.

2. Рушди даромади милли ва болоравии сатҳи зиндагии шаҳрвандон асоси ташкили амонатҳои пулии шаҳрвандон.   

Инкишофи бонкҳои амонати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як тараф пайвастаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошад  аз тарафи дигар шиноскунандаи рушди даромади милли дар мамлакати мо мебошад.

Гарчанде дар солҳои аввали соҳибистиқлол нақши Бонки давлатии «Амонатбонк» он қадар назаррас набошад ҳам ба инкишофи иқтисодиёт ва соҳибкори мавқеи васеътарро дар иқтисодиёт пайдо кард.

Бонки  амонати  бо гузориши иқтисодиёти бозор  принсипҳо ва тарзи фаъолияташонро дигаргун сохт. Бонки амонатии имруз  фаъолияташонро дар асоси принсипи ҳисоби-тиҷорати ба амал мебарорад.

Бонки амонатии имруза фаъолияташонро дар асоси муносибатҳои соҳибкори ба роҳ мемонад. Бонки Давлатии Амонатбонк иштирокчи ва ба амалбарорандаи сиёсати пулию-қарзи дар шароити иқтисоди бозори мебошад.

Дар шароити ицтисоди бозори вазифа ва масъулияти бонки амонати вобаста ба муносибатҳои соҳибкории ҳукумрон ба кули  тағир ёфтааст. Бонки амонатгузори  бо қарзтаъминнамои  соҳибкории хурду миёна бевосита иштирок менамоянд.

Амали мазкур инкишофи соҳибкориро таъмин менамоянд Амонатбонки  имруза тарзу усули хизматрасонии шаҳрвандону-соҳибкоронро ба кулли тағир дод.

Бонки амонати на танҳо ба интиқоли маблағ  балки ба хариду фуруши арзи хориҷи  ва қоғазҳои қиматнок машғул мебошад. Ҳар қадаре, ки даромади мили  ва даромадҳои пулии шаҳрвандону соҳибкорон афзояд  ҳамон қадар ҳаҷми пасандозҳо дар бонки амонати зиёд мешавад

             Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» сиёсати фаъолонаи хайриявиро амалӣ менамояд, ки боварии томи мардумро оиди бетараф набудани худ дар  масъалаҳои муҳимми мамлакат ифода менамояд. Натиҷаҳои устувори афзояндаи молиявӣ имкон медиҳанд, бонк барномаҳои хайриявии худро, ки нақши аввалиндараҷа ин кӯмаки иҷтимоии суроғавии ятимони бепарастормонда ва маъюбону иштирокчиёни ҷанг ва меҳнат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бар асари офатҳои табиӣ зарар дидаанд,   васеъ намоянд.

Амонатбонк ҳампайвастагии худро барои анъанаҳои хайриявӣ  дар оянда низ идома дода,  фаъолона рушд додани корхои сарпарастӣ ва барномаҳои хайриявиро дар сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ нигоҳ медорад.

Дар шаҳри Яман Тантанаи мукофотонӣ дар доираи «Форуми байналхалқии сармоягузории давлатҳои Шарқи Наздик, Осиёи Миёна ва Аврупои Шарқӣ» баргузор гашта,  БДА ҶТ «Амонатбонк» сазовори  мукофоти байналхалқии  «European Quality» («Сифати аврупоӣ»)  барои нишондиҳандаҳои сифати баланд ва рақобатпазирӣ бо пешниҳоди    ҳуқуқи  ҷойгиркунии нишони мувофиқ дар ҳуҷҷатгузории касбӣ ва истифодаи  мукофотҳо дар рекламаҳои мақсадноки гуногун,  гардид.

Барои дастовардҳои касбӣ дар ҷаҳони имрӯз ва сифати баланд барои хизматрасонӣ, бонк сазовори мукофоти Байналхалқии «ТНЕ LAURELS OF FAME»  («Лавры Славы») ҷоиз шуд.

Барои эътибори беназир ва  сифати баланди хизматрасонӣ дар соҳаи бонкдорӣ БДА ҶТ «Амонатбонк» сазовори Лауреати байналхалқӣ дар  натиҷаҳои барномаи «Пешвоҳои садсолаи ХХ1» гардида, бо ҷоизаи байналхалқии «GOLDEN JAGUAR» («Ягуари тиллоӣ») мукофотонида шуд.

3. Вазъи  иҷтимои-иқтисодии амонатҳои пули ва нақши бонки давлатии амонатгузори  дар иқтисоди бозори. 

Пасандоз гуфта-як қисми даромадҳои шахсии мувақатан аз истеъмол озоди шаҳрвандону соҳибкорон мегуянд, ки ба бонкҳои амонати пасандоз кардаанд ва  дар дасти шаҳрвандон боқи  мондаро меноманд, ки андухт карда шудааст.

Вазъи иҷтимои-иқтисодии пасандозҳои пулиро муносибатҳои иқтисоди сиёси ва маънавии дар ҷамъият ҷой дошта муайян мешавад. Муносибатҳои истеҳсолии дар ҷамъият ҷойдошта муайянкунандаи сабаби ташкили пасандоз ва характери истифодаи он мебошад. Дар шароити иқтисоди бозори мақсади асосии пасандозкунанда гирифтани даромад аз маблағҳои мувақатан озод мебошад.

Ҳар қадаре, ки сарчашмаҳои даромадҳои шахсии аҳоли  ва суммаи он афзояд ҳамон қадар ҳаҷми маблағи озоди пасандозкардашуда низ меафзояд. Пасандозҳои аҳоли  то ба дараҷае  муаммои маҳдудияти захираҳои молиявиро ҳал намуда истода раванди рушди иқтисодиётро таъмин менамояд.

Пасандозҳои аҳоли  дар «Амонатбонк» то ба як дараҷа муаммоҳои иҷтимои-иқтисодии озодро ҳал менамояд.

                       Амонатгузори бонк шуда метавонад:

  1. Шахсони Ҷумхурии Тоҷикистон;
  2. Шахсони хориҷи.
  3. Шахсони бе шаҳрванд, ки ҷой истиқомати доштаашон Ҷумхурии Точикистон мебошад.

Пасандоз воситахои пулие, ки аз тарафи шахсони воқеъи ва хуқуқи дар бонкхо гузошта мешавад, ки аз хисоб ба аввалин талаби амонатгузор ё гузаштани муҳлат ба фоиз гирифташуда ба воситаи чек ё супоришномаи ба ҷониби сеюм пардохта мешавад.

         Пасандозҳо ҳамчун воситаи қарздихи инчунин бо мақсади пушонидани харочотхо яъне гирифтани даромад истифода мешавад меъёри фоизи пасандозҳои аҳоли

 3 моха6 моха 1сола3сола
 Бо асьори миллиБо асьори хоричиБо асьори миллиБо асьори хоричиБо асьори миллиБо асьори хоричиБо асьори милли 
Мухлатнок 12814122116  
Чамшаванда    21142116
Пасандоз бо маблағи иловаги    21142216
Пешниходшуда12614821142216
Кудакона    21182118
Нафақави-мукофоти  8+5% 8+10%   

Пасандози мухлатнок вобаста аз давомноки мухлати нигохдори намуд ва шарт аз якдигар фарқ мекунад.

  1. Пасандози мухлати он ба муӽлати.

Бо арзи Милли                                       Бо арзи хоричи

3 моха – 12% солона                        3 моха – 8% солона

6 моха – 14% солона                       6 моха – 12% солона

1 сола – 21% солона                       1 сола –  16% солона

    Қабул карда мешавад:

  1. Амонатгузор мешавад фоизхои пасандозро ӽар моӽ ё ин ки дар муӽлати муаянкардашуда гирад. Ба ин намуд пасандоз маблағи иловаги қабул карда намешавад қисман маблағ аз пасандоз ба амонатгузор дода намешавад.
  2. Пасандозхои  чамъшаванда бо мухлат.

 Бо арзи Милли                                                Бо арзи хоричи         

1сола 21% солона                                      1 сола -14% солона

3сола 21% солона                                      3 сола -16% солона

Қабул карда мешавад фоизхои пасандоз бо амонатгузор дар мухлати муаяншуда шартнома дода мешавад.

  • Пасандоз бо маблағи иловаги.

Нигохдори ин пасандоз 1 сола ва 3 сола мешавад.

Бо арзи Милли                                               Бо арзи хоричи

1 сола -21% солона                                       1 сола -14% солона

3 сола -22% солона                                       3 сола -16% солона

4.Пасандози пешниходкунанда мухлати нигох корои пасандоз 3 моха 6 моха 1 сола ва 3 сола мебошад.

Бо арзи Милли                                     бо арзи хоричи

 3 моха – 12% солона                          3 моха – 6% солона

6 моха – 14% солона                          6 моха – 8% солона

1 сола – 21% солона                          1 сола – 14% солона

3 сола – 22% солона                          3 сола — 16% солона

Пасандози кудакона мухлати нигохдори 1сол ва 3 сол мебошад пасандози кудаконаро ба кудакони то сини 16 сола мекушоянд.

Пасандози кудаконро падару модари кудак метавонад рохбари кунад.

  Бо арзи Милли                                                Бо арзи хоричи         

 1 сола -21% солона                                 1 сола -18% солона

2 сола -21% солона                                  1 сола -18% солона

Пасандози нафақави мукофоти ин намуди пасандоз бо шахсони оини нафақави нафақахурони тамоми дарачахо кушода мешавад. Вобаста ба мухлати нигох дори пасандоз мукофот дода мешавад, бо арзи Милли.

6 моха + 8% солона +5 мукофот 1сола +8% солона.+10мукофоти

Ба хама намуди пасандоз шартномаи дутарафа бонк ва мизоч баста мешавад.

Шартнома оиди кушодани хисоби пасандоз дар 2 нусха баста шуда, як нусха ба амонатгузор дода мешавад.

Адабиётҳои истифодабурдашуда:

1.К. Джураев., Ш.Джалилов, З. Энци  Сберегательное дело в Тажикистане. Китоби дарсӣ. Душанбе. 1995 -125 саҳ.

2.Ю.М. Белугин Сберегательное дело «Финансы и статистика»

    Москва-1985.

3.Оинномаи Бонки Давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

4.Исломов  С.И.  Таърихи  афкори иқтисодӣ ва таърихи бонкҳо   200 3.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *