Фанни Иқтисоди миллӣ

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ БОНКИ ДАВЛАТИИ АМОНАТГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Таъмини ҳуқуқии фаъолияти соҳаи «Амонатбонк».

2. Таркиби сохтор ва идораи «Амонатбонк».

1. Таъмини ҳуқуқии фаъолияти соҳаи «Амонатбонк».

Бонки Давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» якҷоя бо бонкҳои тиҷорати дар майдони ҳуқуқи  амал мекунанд ва маҷбур аст дар корҳои ҳаррузааш хавфи калони ҳуқуқиро ба эътибор гирад.

Кодекси граждании Ҷумёурии Тоҷикистон боназардошти муҳлат ва шартҳо ба амонатгузоранда дарҳёолати аввалини талаботи . баргардонидани пули пасандозро кафолат додаст, ки ин шартҳои амонатгузориро нисбати ҳамаи намудҳои пасандоз шароити инвеститсионии бонкҳоро ба таври қати маҳдуд месозад. Консепсияи назария ва сохти ба ҳаёт тадбиқ намудани кафолати давлат нисбати пасандози шаҳрвандон ба таври қонуни ҳалли худро наёфтааст.

Дар қонунҳои амалкунанда яке аз амалиётҳои бонки ин амалиёти ломбарди (багаравмони) додани  қарз   (тилло: нуқра: платина: ва металҳои гуруҳи платины, сангҳои қимматнок).  Дар шакли гудохта шудашуша, хока,  тангаҳо аз металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошанд,ки ҳалли худро наёфтааст  ин яке аз монеаҳои муҳимтарини боздоштани пешравии бонкҳо дар ин  давра аст.  

Қонун дар бораи гарав, ки ҳоло дар Ҷумҳури амал менамоянд ба талаботи имруза ҷавобгуй  нест. Зеро талабҳое, ки ин қонун пешбини  намудааст  на ҳама вақт аз тарафи кормандони идораҳои нотариали риоя карда мешаванд. Дар вақти аз қайд гузаронидани шароитҳои гарав талаботҳо нисбати амволи багаравмондашуда молики он ва шахсони боқимонда  истиқоматкунанда таваҷуҳ  зоҳир карда намешаванд.

Аз ин ҷост,ки амволи ба гаравмондашуда моликияти гаравдиҳанда набуда ба шахси сеюм тааалуқ дорад яъне дар асл шартномаи гарав тавассути боваринома тасдиқ шудааст. Дар ин ҳолат дар шартномаи гарав дар баробари имзои ваколатдиҳанда ва розигии хаттии аҳли оилаи ваколатдиҳанда аз синни 16-сола боло гирифта шавад, ки дар аксарияти вақтҳо ин талабот аз тарафи идорҳёои нотариали  риоя карда намешаванд, ки ин дар вақти баргардонидани қарзҳои бонкӣ мушкилотҳои зиёде ба амал меорад.

Дар Қонуни Ҷумёурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки» моддаҳои 31-32 ба маврид ва актуали оварда шудааст, ки фаъолиятҳои бонкҳоро Бонки Миллии Тоҷикистон тафтиш карда метавонад ва сирри бонкиро кадом амалиётҳои бонки ташкил мекунад ва ин сирро ба мақомотҳои тафтишоти ва судди чи гуна пешниҳод карда мешаванд.

Аммо Конуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Прокуратураи генералии Ҷумёурии Тоҷикистон» Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса»; Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомнома-и Кумитаи назорати давлатии молияви ба ин қонуни амалкунандаи бонкӣ мухолифат мекунанд.

Бинобар он ба Ҳукумати Ҷумёурии Тоҷиикстон ҳамчун муассисаи Бонки Давлатии Амонатгузории  Ҷумёурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пешниҳод намудан лозим аст, ки нуқтаи назари худро нисбати ҳимояи сирри бонк, ки дар моддаи 278-и кодекси  Ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 881-и кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст  ҳимоя намояд ва аз ҳуқуқи цонунгузории худ истифода бурда ба мақомотҳои қонунгузор лоиҳа пешниҳод намояд, ки ба қонунҳои мақомотҳои дар боло зикршуда тағирот дохил кунад, ки талаботҳои дар моддаи 31-32  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиикстон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолиятҳои бонки» аз тарафи ин мақомотҳо риоя карда шаванд.

Дар сурати нигоҳ надоштани сирри бонкӣ аз тарафи бонкҳо муштариён бо бонкҳо пурра ва пурсамар кор карда наметавонанд.

Барои бо мувафақият иҷро намудани вазифаҳои дар пеш истодаи кормандони «Амонатбонк» оиди хизматрасонии навини бонкӣ ҳамаи Вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷиикстон бояд фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикстон «Дар бораи пешбурди дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидориро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми марти соли 2001-ум таёти №542 риоя намоянд.

Мутобиқи ин фармон дар як соли тақвими на бояд зиёда аз як маротиба санҷиш гузаронида шавад аммо бар хилофи ин қонуни зикршуда дар як соли тақвимы вазорату идораҳои номбаршуда пай дар пай якчанд маротиба санҷишҳои беасос мегузаронанд, ки ин ба халалдор гардидани пешравии  кор ва бар хилофи қонунҳои бонкӣ ва амалкунандаи Ҷумҳуриявианд.

Фаъолияти судҳои Тоҷикистон роҷеъ ба баррасии парвандаҳои даъвоии бонкҳо низ беҳбуди  мехоҳанд. Системаи назоратии судҳо ва қонунҳои амалкунанда ба онҳо имкон намедиёанд, ки қарорҳои баробардаашон ҳарчи тезтар иҷро шаванд. Аз ин ҷост, ки қарорҳои судҳо солҳо иҷро намешаванд.

Масъалаҳои дар боло қайдгардида дар ҳамоҳангсози бо Бонки Миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳамчун муассисаи бонк) амали гардида ба мустаҳкам намудани интизоми молияв тақсими ҳисоббаробаркуниҳо ва бо як андоза ба беҳтар нашудани вазъияти макроиқтисоди дар Ҷумҳури  мусоидат менамояд.  

6?5? Таркиби сохтор ва идораи «Амонатбонк»

Роҳбари умумии фаъолияти Амонатбонк-ро Бонки милли базимма дорад.

Ташкил ва сохтори бонки «Амонатбонк» дар асоси тақсимоти маъмурию ноҳиявии дар Ҷумҳурии Тоҷикситон амалкунанда ба роҳ монда шудааст.

Сохтори бонкӣ дар ноҳияҳо амалкунанда ба бонкҳои вилояти ва бонкҳои вилояти бошанд ба Амонатбонк-и Давлатии Тоҷикистон тобеъ мебошанд.

Дар шароити ицтисоди бозори «Амонатбонк» ҳамчун муассисаи қарзи функсияҳои зеринро иҷро менамояд. Роҳбарии амонатбонкҳои дар мавзеъҳои  мамлакат ҷойдошта назорати идораи «Амонатбонк» ва риояи қонунҳо оид ба иқтисодиёт қабулшудаи  Тоҷикистон : Низомнома, фармонҳо ва дастурамалҳое, ки танзими фаъолияти Амонатбонк-ро таъмин менамоянд дида баромадани лоиҳаи умумии нақшаҳои солонаи даромад ва хароҷотҳои бонкҳои «Амонатбонк». Лоиҳаи нақшаи ҷалби пасандозҳои аҳоли  назорати иҷрои самтҳои асосии сиёсати Бонки Давлатии  «Амонатбонк» дар давраҳои солҳои 2005-2008ва то имруз.

Амонатбонк ҳисоботҳо ва тавозуни (баланс) солонаи шуъбаҳои амонатбонкро натиҷаи тафтишотҳоро оид ба фаъолияти амонатбонкҳо масъалаҳои  ҷоринамоии шаклҳои мувофиқи  ҳисоббаробанамоии хизматрасонии хазинавии аҳол интихоб ва  ҷобаҷогузории кадрҳо, ташкили ба ҳисобгирии муҳосиботию омори  ва компютаризасияи  баҳисобгири . Роҳбар оид ба фаъолияти бонкҳои амонатиро дар Тоҷикистон  Бонки Давлатии Амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба амал мебарорад. Дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бошанд шуъбаҳои вилоятию шаҳри ва ноҳияви мебошанд.

Дар навбати худ «Амонатбонк» ба Бонки Миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Тоҷикистон  ҳисоботсупоранда мебошад. Шуъбаҳои бонкҳои амонаты вобаста ба ҳаҷми  корашон ба гуруҳҳо  ҷудо карда шуда ба шуъбаҳои шаҳри  ва  ноҳияви   таъсис дода шуда метавонад.

Шуъбаҳо ба бонки амонатии маркази тобеъ буда вобаста ба кор ва функсияҳои иҷро мекардаашон ба бонкҳои (хазинаҳои) разряди 1 хазинаҳои разряди 2 ва агентии бонкҳои амонати ҷудо мешаванд онҳоро дар шаҳру шаҳрчаҳо, қишлоқёо ва назди корхонаҳо таъсис дода мешаванд.

Адабиётҳои истифодабурдашуда:

1.К. Джураев., Ш.Джалилов, З. Энци  Сберегательное дело в Тажикистане. Китоби дарсӣ. Душанбе. 1995 -125 саҳ.

2.Ю.М. Белугин Сберегательное дело «Финансы и статистика»

    Москва-1985.

3.Оинномаи Бонки Давлатии Амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

4.Исломов  С.И.  Таърихи  афкори иқтисодӣ ва таърихи бонкҳо   200 3.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *