Моҳияти иқтисодии суғурта

Моҳияти иқтисодии суғурта.

1.1. Мақсад, вазифаҳо ва мазмуни фанн. Мавқеи суғурта дар иқтисоди бозорӣ.

Суғурта яке аз ҷузъҳои муҳими иқтисодӣ аст, ки марбут ба форматсияҳои гуногуни иқтисодӣ буда, аммо дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бештар ва пурратар татбиқи худро меёбад. Суғурта ҷузъи системаи молия мебошад.

Дар шароити гузариш аз иқтисоди нақшавии давлатӣ ба иқтисоди иҷтимоии бозорӣ механизми бозории худташкили такрористеҳсолро пурмаҳсул истифода намуда, ба чунин соҳаи соҳибкорӣ, ҳамчун суғурта, баҳо додан ва имконоти суғуртаро барои ҳифзи манфиатҳои амволии шаҳрвандон, муассисаҳо ва давлат истифода намудан зарур мебошад.

Дар мамолики хоҷагии бозоргониашон тараққикарда суғурта бахши стратегии иқтисод маҳсуб меёбад. Мутаассифона суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ба ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди миллӣ табдил наёфтааст. Дар тафаккури бисёр шаҳрвандон ва соҳибкорон фаҳмиши дурусти моҳият ва таъиноти суғурта мавҷуд нест. Дар давраи Иттифоқи шуравӣ, яъне дар системаи ғайрибозории хоҷагидорӣ, ҷуброни зарар аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои ғайричашидошт асосан аз ҷониби давлат пардохта мешуд, барои ин давлат аз буҷа маблағ ҷудо мекард, яъне системаи суғурта нақши ёрирасонро мебозид.

Дар натиҷаи раванди ғайридавлатикунонӣ ва гузаштани қисми назарраси фондҳои асосӣ ба моликияти шахсӣ ва сохторҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори мутараққии суғурта зарурияти объективӣ ба амал омад.

Бозори суғурта мавқеи сазовори худро дар зерсохтори бозории мамлакат бояд пайдо намояд. Ҳангоми дар ҷумҳурӣ мавҷуд будани системаи босуботи кафолатҳои молиявӣ дар шахси ширкатҳои суғуртавӣ, зарари аз офатҳои табиӣ, садамаҳо, сӯхторҳо ва дигар ҳодисаҳои ғайричашмдошт расонидашаванда, ки метавонанд ба қувваҳои истеҳсолии ташаккулёбанда таъсири манфӣ расонида, дар соҳаҳои иқтисодиёт монеа ворид созанд, бояд ҷуброн карда шавад.

Ҳодисаҳои номбаршудаи хислати фавқулоддадошта ва ҳаёти муътадили инсонро вайронсозанда ногаҳонӣ ва пешбининашавандаанд. Яъне ҳаёти одамон, амволи онҳо, арзишҳои моддӣ дар раванди истеҳсолӣ, фаъолияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳамеша мавриди хатари қисман ё пурра нобудшавӣ қарор мегиранд.

Дар ҳаёти муқаррарӣ дар зери мафҳуми таҳти хатар будан на танҳо хавфи имконпазире аз ягон чиз, инчунин таваккали бо бебарорӣ анҷом ёфтани амали ба умеди бурде иҷро кардашаванда, фаҳмида мешавад. Дар суғурта бошад таваккал қатъитар муайян карда мешавад; ин воқеаи имконпазир ё маҷмӯи воқеаҳоест, ки бо ҳуҷуми онҳо ба арзишҳои моддӣ, саломатӣ ва ҳатто ҳаёти инсон хавфи расонидани зарари муайян таҳдид мекунад. (нақшаи 1) Баъдтар ба суғурта доираи наву васеи объектҳо фаро гирифта шуданд: таъиноти моддии шаҳрвандон ҳангоми марги саробони оила, инчунин хавфи бо бебарорӣ анҷом ёфтани ягон амали ба умеди бурде иҷрокардашаванда, гум кардани қобилияти корӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои махсус дар ҳаёти шахсӣ (ба синни муайян расидан, ба нафақа баромадан ва ғ.)

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи муносибатҳои бозоргонӣ дар соҳаи суғурта бештар аз 15 сол аст, ки вуҷуд дорад. Аммо дар ин давра пойдоршавии бозори хизматҳои суғурта суръати пасти тарққиётро дорост.

Шартҳои зарурии бунёди бозори суғурта дар ҳамаи мамолик чунин аст; а) мавҷудияти талаботи ҷомеа ба хизматҳои суғурта;

б) мавҷуд будани суғуртакунандагони қобили ин талаботро қонеъ гардонанда;

в) мавҷуд будани назорати давлатӣ аз болои фаъолияти суғурта.

Маҳз ба туфайли вуҷуд доштани шартҳои асосии номбаршуда, суғурта ба ҳаёти рӯзмарраи ҳар як узви ҷомеа дохил шуда, қисми таркибии иқтисодиёт дар бисёр мамолики ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ИДМ гардидааст.

Аммо мутаассифона аз ин се унсури зикршудаи асосии бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дутои онҳо – талаботи ҷомеа ба хизматҳои суғурта ва назорати давлатӣ аз болои фаъолияти суғуртавӣ комилан вуҷуд надоранд. Баъзе ширкатҳои камшумори суғуртавии мавҷуда (махсусан давлатӣ) дар натиҷаи рақобати носолим бисёр ширкатҳои ғайридавлатии суғуртаро аз байн рабуда, субъекти асосии суғурта ‟ суғурташавандаҳоро дар шахси шаҳрвандон, корхонаҳо, ташкилотҳо ва давлат фаромӯш карда, танҳо манфиати идоравӣ ва тиҷоратии худро афзал медонанд.

Дар тамоми системаҳои суғуртавии ҷаҳон масъалаҳои суғурта манфиатҳои шахсони ҳам воқеӣ ва ҳам ҳуқуқиро дар бар мегиранд. Ҳаҷми талабот инчунин ҳаҷми хизматҳои суғуртавиро муайян мекунад, ки якҷоя бо маҷмӯи сохторҳои давлатӣ ва хусусии суғурта моҳияти бозорро ташакил медиҳад.

Бозори суғурта дорои хусусиятҳои худ буда, гирифтори амали қонунҳои махсус, меъёрҳои қонунӣ ва ҷараёнҳо мебошад, ки моҳияти усулҳои ташкил, банақшагирӣ ва идораи суғурта, инчунин мазмуни фанни « Фаъолияти суғуртавӣ»-ро муайян мекунад. Фанни мазкур масъалаҳои иқтисоди умури суғурта, ташкил ва истифодаи хазинаҳои (фондҳои) суғуртавӣ, усулҳои фаъолияти суғуртавиро дар бозори хизматҳои суғуртавӣ дар бар мегирад.

Суғурта ‟ ин сохтори иҷтимоию иқтисодӣ аст. Бинобар ин дар фаъолияти суғуртавӣ манфиатҳо ва рафтори одамон, қонуниятҳои иҷтимоӣ ва равандҳои бештар муваффақиятҳои ширкати суғуртавиро муайянкунанда хеле муҳиманд. Ҳамчун объекти илм ва фанни таълимии «Умури суғурта» муносибатҳои махсуси иҷтимоию-иқтисодӣ хизмат мекунанд, ки дар истеҳсолот ва ҷомеа аз рӯи намудҳои гуногуни фаъолияти суғуртавӣ бармеоянд.

Мақсаду вазифаҳои асосии фанни мазкур ин омӯзонидани мутахассисони ояндаи соҳаи суғурта барои самаранок истифода бурдани дониши онҳо дар фаъолияти амалии минбаъдаашон мебошад. Фанни таълимӣ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки иқтисодиёт, ташкил, банақшагирӣ ва идораи суғуртаро омӯзанд, муносибатҳои иҷтимоию иқтисодиро дар соҳаи суғурта самаранок танзим намоянд.

1.2. Суғурта- категорияи иқтисодӣ. Функсияҳои суғурта.

Суғурта ҳамчун категорияи иқтисодӣ системаи муносибатҳои иқтисодиро оид ба маҷмӯи муносибатҳои сарбастаи азнавтақсимкунии иштирокчиёне, ки аз ҳисоби пардохти аъзоҳақиҳояшон фонди мақсадноки суғуртавӣ бунёд намуда, онро барои ҷуброни зарари эҳтимолии корхонаҳою ташкилотҳо ҳангоми сар задани ҳодисаҳои фавқулодда, инчунин, ба таъминоти моддии шаҳрвандон ҳангоми ҷой доштани баъзе ҳодисаҳо дар ҳаёти онҳо истифода мекунад, ифода менамояд. Ба маънои дигар, суғурта – тақсими зарари як суғурташуда байни ҳамаи суғурташудагон мебошад.

Суғуртаро ҳамчун категорияи иқтисодӣ аломатҳои зерин ифода мекунанд:

  1. Ҳангоми суғурта муносибатҳои азнавтақсимотии маблағӣ пайдо мешаванд, ки бо мавҷудияти эҳтимолият ва имконоти суғуртавии сар задани ҳолати суғуртавӣ алоқаманданд, ва қобиланд зарари моддӣ ё дигар хел зарар расонанд. Бо ин аломаташ суғурта бо категорияи ҳифзи суғуртавии истеҳсолоти ҷамъиятӣ алоқаманд аст.
  2. Барои суғурта муносибатҳои сарбастаи азнавтақсимкунӣ дар байни иштирокчиёни он, ки ба тақсими ҷамъи маблағҳои зарар дар як ё якчанд субъектҳои суғурташуда алоқаманд аст, хос мебошад. Чунин тақсимоти зарар ба эҳтимолияти он, ки шумораи субъектҳои зарардида, чун қоида, аз шумораи иштирокчиёни суғурта кам аст, асос меёбад, махсусан агар шумораи иштирокчиён хеле зиёд бошад.
  3. Барои ташкили тақсими зарар фонди суғуртавии маблағи таъиноти мақсаднок таъсис дода мешавад, ки он аз ҳисоби аъзоҳақии иштирокчиён ташаккул меёбад. Азбаски маблағи ин фонд танҳо дар байни иштирокчиёни бунёдкунандаи он истифода мешавад, андозаи ҳаққи суғурта ҳиссаи ҳар яки онҳоро дар тақсими зарар ифода мекунад. Бинобар ин доираи иштирокчиён ҳар қадар васеъ бошад, андозаи ҳаққи суғурта ҳамон қадар кам мешавад ва суғурта ҳамон қадар дастрас ва самаранок мегардад. Агар дар суғурта миллионҳо суғурташавандаҳо иштирок намоянд ва садҳо миллион объектҳо суғурта шуда бошанд, пас имконияти аз ҳисоби аъзоҳаққии камтарин ҷуброн кардани зарари калонтарин пайдо мегардад.

Бо аломати тақсимоти ҳалқавии зарар категорияи суғурта аз дигар категорияҳои молиявӣ фарқ мекунад. Масалан, даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои корхонаҳо ва шаҳрвандон ташаккул меёбад, аммо истифодаи маблағҳои пулӣ на танҳо ба пардохткардагон тақсим карда мешавад.

  1. Суғурта тақсимоти зарарро чӣ дар байни воҳидҳои гуногуни ҳудудӣ ва чӣ барои вақт пешбинӣ менамояд. Дар ин ҳолат барои тақсимкунии самараноки ҳудудии фонди суғурта дар давоми сол дар байни хоҷагиҳои суғурташуда ҳудуди калон ва миқдори зиёди объектҳои суғурташаванда талаб карда мешавад. Танҳо дар ҳолати риояи ин шарт тақсимоти зарар аз офатҳои табиӣ, ки ҳудуди калонро дар бар гирифтааст, имконпазир аст.

Тақсими зарар вобаста ба вақт, бо сабаби хислати тасодуфӣ доштани сар задани ҳодисаҳои фавқулодда, аз доираи як соли хоҷагӣ берун мебарояд. Ҳодисаҳои фавқулодда метавонанд якчанд сол паи ҳам ба амал наоянд ва вақти аниқи сар задании онҳо низ маълум нест. Ин ҳолат зарурияти дар солҳои гуворо захира намудани қисми пардохтҳои воридшавандаи суғуртаро барои таъсис додани фонди эҳтиётӣ тавлид мекунад, то ки он ҳамчун манбаи ҷуброни зарари фавқулодда дар соли ногувор хизмат намояд.

  1. Хусусияти хоси суғурта ин баргардонидашаванда будани пародохтҳои ба фонди суғурта гузошташуда мебошад. Пардохтҳои суғуртавӣ дар асоси тарифаҳои суғуртавӣ, ки аз ду қисм иборатанд, муайян карда мешаванд: а) нетто-пардохтҳо, ки барои ҷуброни зарари эҳтимолӣ пешбинӣ шудаанд ва б) сарбории барои «корбарӣ», яъне барои хароҷотҳои нигаҳдории ташкилоти (муассисаи) суғурта, пешбинишуда.

Андозаи нетто пардохтҳо дар асоси эҳтимолияти зарар дар давраи ҳисобӣ (одатан 5 ё 10 сол) дар ҳудуди муайян (вилоят, ҷумҳурӣ) муқаррар карда мешавад. Бинобар ин ҷамъи маблағи нетто пардохтҳо дар шакли ҷуброни зарар дар муддати дар ҳисоби давраи мӯҳлатӣ қабул шуда, дар ҳамон миқёси ҳудудӣ баргардонида мешавад.

Функсияҳои суғурта. Суғурта чор функсияро иҷро мекунад;

  1. Таваккалӣ;
  2. Огоҳкунандагӣ;
  3. Пасандозӣ;
  4. Назоратӣ;
  5. Мазмуни функсияи таваккалии суғурта дар ҷуброни зарар ифода меёбад. Дар доираи амали ин функсия тақсимкунии захираҳои пулӣ байни иштирокчиёни суғурта вобаста ба оқибатҳои ҳодисаҳои тасодуфии суғурташаванда ба вуҷуд меояд, функсияи эҳтимолияти суғурта асосӣ мебошад, чунки таваккали суғуртавӣ чун эҳтимолияти зарар бевосита ба таъиноти асосии суғурта оид ба ҷуброни моддии ҷабрдидагон алоқаманд аст;
  6. Таъиноти функсияи огоҳкунандагии суғурта – ин маблағгузории аз ҳисоби маблағҳои фонди суғуртавӣ ба чорабиниҳо оид ба кам кардан ё пешгирӣ намудани таваккалҳои суғуртавӣ равонакардашуда мебошад;
  7. Мазмуни функсияи пасандозии суғурта дар он аст, ки бо кумаки суғурта маблағҳои пулии барои бақияи умр ҷамъ кардашуда нигоҳ дошта мешаванд. Ин маблағгузорӣ дар асоси талабот ба ҳифзи суғуртавии ба осудагии оилавӣ дастрасшуда ба миён омадааст.
  8. Мазмуни функсияи назоратии суғурта дар ташкили назорат (мушоҳида) оид ба ташкил ва истифодаи қатъии мақсадноки маблағҳои фонди суғуртавӣ ифода меёбад.

Аммо суғурта хусусиятҳои хоси худро дорост, бинобар ин фаъолияти суғуртавӣ ба инҳо асос меёбад:

-ба иқтисодиёти суғурта, ки ба баҳодиҳии эҳтимолияти суғуртавӣ, муайянкунии мувозинати оптималии байни даромадҳо ва хароҷоти суғурташавандаҳо, танзими инвеститсияҳои ба натиҷаҳои беҳтарин дастрас шудани ширкати суғуртавӣ мусоидаткунанда алоқаманд мебошад;

-ба риёзиёти суғуртавӣ ва молиявӣ (ҳисобҳои актуарӣ), ки ба суғурташаванда ва суғуртакунанда пешниҳод намудани маълумоти оморӣ, ки барои ҳисоби дурусти тарифи суғуртавӣ ва саҳмҳои суғуртавӣ, баҳодиҳии кифояти маблағи суғурташаванда барои ҷуброни зарарҳои суғуртакунанда, пардохти ҷуброни суғуртавӣ ва маблағҳои суғуртавӣ ва дигар иттилоот зарур аст;

– ба ҳуқуқи суғуртавӣ ҳамчун соҳаи махсуси ҳуқуқ, ки ҳам шартномаи суғуртаро ва ҳам муносибатҳои байни суғурташудаю давлатро ва инчунин дигар субъектҳои бозорро танзим менамояд.

Хусусиятҳои дар боло зикршуда дар мавзуъҳои минбаъдаи фанни « Фаъолияти суғурта» муфассал ифода меёбанд.

1.3. Таснифи суғурта. Системаҳои суғурта. Принсипҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ.

Объектҳои суғуртаро метавонанд манфиатҳои амволӣ ташкил диҳанд, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд. Ба манфиатҳои амволӣ манфиатҳое таалуқ доранд, ки вобастаанд:

-бо ҳаёт, саломатӣ, қобилияти корӣ ва таъминоти нафақавии суғуртакунанда ё шахси суғурташуда (суғуртаи шахсӣ);

-бо соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории амвол (суғуртаи амвол);

-бо аз тарафи суғуртакунанда ҷуброн кардани зарари расонидашудаи шахсӣ ё амволии шаҳрванд, инчунин зарари ба субъекти хоҷагӣ расонидашуда (суғуртаи масъулият). Объектҳои суғурта ҳамчун аломати асосии таснифи суғурта хизмат менамоянд.

Таснифи суғурта системаи тақсимоти суғуртаро ба соҳаҳо, намудҳо, гуногунӣ ва шаклҳо ифода менамояд.

Асоси чунин тақсимотро фарқиятҳо дар объектҳои суғурта, категорияҳои суғурташавандаҳо, андозаҳои масъулияти суғуртавӣ ва шакли гузаронидани суғурта ташкил медиҳанд.

Соҳаи суғурта – ин зинаи таснифи суғуртаест, ки дар маънои васеаш мазмуни суғуртаи ҳаёт ва саломатии инсон, арзишҳои моддӣ, ӯҳдадориҳои суғурташавандаро дар назди шахсони сеюм ифода мекунад. Вобаста ба объектҳои суғурта се соҳаи суғурта аз якдигар фарқ карда мешавад:

  • шахсӣ;
  • амволӣ;
  • суғуртаи масъулият;

Намуди суғурта ифодагари қисми соҳаи суғурта мебошад. Вай бо суғуртаи ҳамгунаи манфиатҳои амволӣ шарҳ дода мешавад. Намуди суғурта манфиати мушаххаси суғуртакунандагонро ифода менамояд, ки бо ҳифзи суғуртавии объектҳои мушаххас алоқаманд мебошад.

Масалан, суғуртаи шахсӣ намудҳои зерини суғуртаро дар бар мегирад: суғуртаи ҳаёт, суғуртаи нафақаи иловагӣ, суғуртаи ҳодисаҳои нохуш (фалокат) ва беморӣ, суғуртаи тиббӣ.

Суғуртаи амволӣ намудҳои зеринро дар бар мегирад: суғуртаи воситаҳои нақлиёти заминӣ, ҳавоӣ ва обӣ, суғуртаи дигар намудҳои амвол, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таалуқ доранд, суғуртаи таваккали молиявӣ.

Суғуртаи масъулият намудҳои зеринро дар бар мегирад: суғуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, суғуртаи масъулияти боркашон, суғуртаи масъулияти шаҳрвандии корхонаҳо-манбаъҳои хатари заёд, суғуртаи масъулияти касбӣ, суғуртаи масъулият барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо, суғуртаи дигар намудҳои масъулияти шаҳрвандӣ.

Суғурта намудҳои гуногунро дорад. Гуногуншаклии суғурта – ин суғуртаи объектҳои якхелаи дорои сатҳи муайяни масъулияти суғуртавӣ мебошад. Гуногунияти суғуртаи шахсӣ инҳоанд: суғуртаи омехтаи ҳаёт, суғуртаи нафақаи иловагӣ, суғуртаи кӯдакон, суғуртаи ақди никоҳ, суғуртаи ҳолати марг ва гум кардани саломатӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш ва ғайраҳо.

Намудҳои (шаклҳои) суғуртаи амволӣ инҳоанд: суғуртаи бино, фондҳои асосӣ ва гардон, чорво, амволи хонагӣ, воситаҳои нақлиёт, ҳосили зироати кишоварзӣ; суғурта аз гум шудани ҷойи кор (барои шахсони воқеӣ), муфлисшавӣ, иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва ғайра.

Шаклҳои суғуртаи масъулият чунинанд: суғурта дар ҳолатҳои расидани зарар ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ва касбӣ, суғуртаи зарари аз бозистии истеҳсолот расида, суғуртаи соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва ғайра.

Системаи муносибатҳои суғуртавӣ, ки дар раванди суғурта татбиқ меёбанд, ғайр аз худи суғурта боз инҳоро дар бар мегирад:

-суғуртаи муштарак;

-пули (иттиҳодияи) суғуртавӣ;

-суғуртаи дукарата;

-азнавсуғуртакунӣ;

-худсуғуртакунӣ;

-суғуртаи байни ҳамдигар (аксулсуғурта).

Суғуртаи муштарак – ин вақте ки объекти суғурта метавонад бо як шартнома ба якчанд суғуртакунандаҳо тааллуқ дошта бошад.

Суғуртаи муштарак намуди суғуртаест, ки дар он ду ва ё зиёда аз он суғуртакунандаҳо бо саҳмҳои муайян дар суғуртаи ҳамон як таваккал иштирок намуда, шартномаҳои якҷоя ё алоҳидаро вобаста ба ҳиссаҳояшон дар маблағи суғурта медиҳанд.

Пули суғуртавӣ- ин иттиҳодияест, ки дар он суғуртакунандагон барои суғуртаи муштараки таввакалҳои муайян, пеш аз ҳама барои суғуртаи таввакалҳои калон ва на он қадар маълум (камназир) муттаҳид шудаанд.

Суғуртаи дукарата- ин суғуртаи якчанд суғуртакунандагони якманфиата аз таввакалҳои якхела мебошад, ки маблағи умумии суғуртавӣ аз арзиши суғуртавӣ баланд аст. Суғуртаи дукарата ифодаи худро дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1037) ёфтааст. Ҳангоми ҷой доштани суғуртаи дукаратаи амвол ё хатари соҳибкорӣ ҳар як суғуртакунанда вазифадор мешавад, ки ҷуброни суғуртаро дар доираи шартномаи бастааш пардохт намояд, аммо маблағи умумии ҷуброни суғуртавӣ, ки аз ҳамаи суғуртакунандагон гирифта мешавад, аз маблағи зарари воқеӣ набояд зиёд бошад. Дар ин ҳолат суғурташуда ё манфиатгиранда ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни суғуртавиро аз ҳар кадом суғуртакунанда дар доираи маблағи умумии суғуртавӣ, ки дар шартнома пешбинӣ шудааст, ситонад. Дар ҳолате, ки агар ҷуброни суғуртавии гирифташаванда зарари воқеиро напӯшонад, суғурташуда

(манфиатгиранда) ҳақ дорад маблағи нарасидаро аз суғуртакунандаи дигар ситонад.

Дар суғуртаи дукаратаи шахсӣ ҳар суғуртакунанда ӯҳдадориҳои суғуртавии худро дар назди суғурташаванда новобаста аз иҷрои ӯҳдадориҳои дигар суғуртакунандаҳо иҷро мекунад. Азнавсуғуртакунӣ- ин суғуртаи як суғуртакунанда (азнавсуғурташаванда) бо шартҳои дар шартнома муайяншудаи хатари иҷрои тамоми ё қисми ӯҳдадориҳои дар назди суғурташаванда гирифтани дигар суғуртакунанда (азнавсуғуртакунанда) мебошад, яъне суғуртакунанда, ки ӯҳдадориҳои худро оид ба суғурта аз ҳисоби маблағҳо ва захираҳои худӣ адо намекунад, вазифадор аст, ки ин ӯҳдадориҳоро бо роҳи азнавсуғуртакунӣ пӯшонад.

Худсуғуртакунӣ – ин таъсиси фонди захиравии суғурта бевосита аз тарафи худи субъекти хоҷагидорӣ мебошад. Худсуғуртакунӣ – ин алтернатива оид ба суғуртаи тиҷоратӣ мебошад.

Суғуртаи байни ҳимдигарӣ (муштарак) – ин суғуртаи амвол ва манфиатҳои амволӣ мебошад, ки дар асоси мувофиқаи байниҳамдигарӣ бо роҳи муттаҳид кардани воситаҳои пулии шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷигидорӣ анҷом мепазирад. Мутобиқи моддаи 1055 Кодекси Граждании ҶТ Ҷамъиятҳои суғуртакунии байниҳамдигарӣ суғуртаи амвол ва дигар манфиатҳои амволии аъзои худро анҷом медиҳанд ва ташкилоти ғайритиҷоратӣ ҳисобида мешаванд.

Принсипҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ .

I.Суғуртаи ҳатмӣ.

Суғуртаи ҳатмӣ дар ҳамаи системҳои суғуртавии ҷаҳон вуҷуд дорад. Суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби давлат мутлақо оид ба объектҳои афзалиятноки ҳифзи суғуртавӣ ҷорӣ карда мешавад, зеро нобудшавӣ ё талаф дидани ин объектҳо на танҳо ба манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба манфиатҳои тамоми ҷомеа низ зарар мерасонад, чунки нобудшавии ин объектҳо давлатро маҷбур месозад, ки аз ҳисоби буҷети худ ба зарардидагон кӯмаки моддӣ расонад. Муносибатҳои дар суғуртаи ҳатмӣ ҷойдошта ҳукми қонунро ба худ мегиранд. Барои давлат ҷорӣ кардани суғуртаи ҳатмӣ – ин чораандешист аз ноилоҷӣ.

Шакли ҳатмии суғурта дорои принсипҳои зерин мебошад:

  1. Суғуртаи ҳатмӣ (принсипи ҳатмӣ будан) ба объектҳои афзалиятноки ҳифзи суғуртавӣ тибқи қонун муқаррар карда мешавад, ки мутобиқи он суғуртакунанда вазифадор аст, ки объектҳои дахлдорро суғурта кунад ва суғурташаванда бошад вазифадор аст, ки пардохти суғуртавиро иҷро намояд. Нисбат ба суғуртаи ихтиёрӣ дар шакл шартномаи пешакӣ байни суғуртакунанда ва суғурташаванда талаб карда намешавад. Қонун одатан инҳоро пешбинӣ мекунад:

-номгӯи объектҳои ҳатман суғурташаванда;

-сатҳ ва ё меъёрҳои бо суғурта таъминшавӣ;

-тартиби муқаррар кардани меъёрҳои тарифӣ ё бузургии миёнаи ин меъёрҳо бо пешниҳоди ҳуқуқи тафриқаи онҳо дар маҳалҳо;

-давравӣ будани иҷрои пардохтҳои суғуртавӣ;

-ҳуқуқҳою ӯҳдадориҳои асосии суғуртакунанда ва суғурташаванда.

Қонун суғуртакунии ҳатмиро ба зиммаи мақомоти суғуртавии давлатӣ вомегузорад.

  1. Фарогирии умумии суғуртаи ҳатмии объектҳои дар Қонун пешбинишуда. Барои ин мақомоти суғурта ҳар сол дар тамоми кишвар бақайдгирии объектҳои суғурташуда, ҳисоби пардохтҳо ва ситонидани онро дар мӯҳлатҳои пешбинишуда мегузаронад.
  2. Автоматикӣ будани паҳншавии суғуртаи ҳатмӣ барои объектҳои дар қонун зикршуда. Суғуртакунанда вазифадор нест, ки ба мақоми суғуртавӣ оид ба дар хоҷагиаш пайдо шудани объекти суғурташаванда хабар диҳад. Амволи мазкур ба таври автоматӣ бо суғурта фаро гирифта мшавад.
  3. Амали суғуртаи ҳатмӣ вобастаи пардохтҳои суғуртавӣ нест. Дар ҳолате, ки суғурташаванда ҳаққи аъзогиро намепардозад, он бо тартиби судӣ ситонида мешавад. Ба маблағҳои дар мӯҳлат пардохтнашуда пеня (ҷарима) муқарар карда мешавад. Дар ҳолати нобудшавӣ ва ё зарар дидани амволи суғурташуда, ки аъзоҳаққии он пардохта нашудааст, ҷуброн бо нигоҳдории қарзи суғуртавӣ пардохта мешавад.
  4. Бемӯҳлатии суғуртаи ҳатмӣ. Ин принсип доимоамалкунанда буда, барои тамоми даврае, ки суғуртакунанда амволи суғурташударо истифода мебарад, амал мекунад. Танҳо амволи бесоҳиб ва фарсуда суғурта карда намешавад. Ҳангоми гузаштани амвол ба суғурташавандаи дигар амали суғурта қатъ намешавад. Суғурта, ҳангоми нобудшавии амволи суғурташуда, эътиборашро гум мекунад.
  5. Бамеъёрдарории таъминоти суғуртавӣ оид ба суғуртаи ҳатмӣ. Бо мақсади соддагардонии баҳодиҳии суғуртавӣ ва тартиби пардохти ҷубронҳои суғуртавӣ меъёрҳои бо суғурта таъмин будан бо фоиз нисбат ба баҳои суғуртавӣ ва ё бо сомонӣ барои ҳар як объект муқаррар мешавад.

Суғуртаи ҳатмии шахсӣ пурра ҷавобгӯи принсипҳои фарогирии умумӣ, автоматикӣ, бамеъёрдарории таъминот бо суғурта мбошад. Аммо он мӯҳлати муқараркардашуда дошта ва пурра аз пардохти аъзоҳаққии суғуртавӣ (масалан, суғуртаи ҳатмии мусофирон) вобаста аст.

II.Суғуртаи ихтиёрӣ.

Суғуртаи ихтиёрӣ – ин шакли асосии суғурта аст, ки тавассути он суғуртаи тиҷоратӣ дар тамоми системаҳои суғуртавии ҷаҳон бунёд гардидааст. Суғуртаи ихтиёрӣ дар муқоиса бо суғуртаи ҳатмӣ чунин шакли суғуртаест, ки танҳо дар асоси бастани шартномаи ихтиёрӣ байни суғуртакунанда ва суғурташаванда бунёд мегардад. Вай дар асоси риояи принсипҳои зерин амал мекунад:

  1. Иштироки ихтиёрӣ дар суғурта пурра ба суғурташавандагон хос аст. Суғуртакунанда ҳуқуқ надорад, ки аз суғуртаи объект даст кашад, агар суғуртакунанда ба шартҳои суғурта хилоф набошад. Принсипи мазкур бастани шарномаро бо талаби аввалин ва ҳатто даҳонӣ кафолат медиҳад.
  2. Фарогирии интихобии суғуртаи ихтиёрӣ ба он вобаста аст, ки на ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва вокеӣ хоҳиши дар он иштирок карданро доранд. Ба ғайр аз он вобаста ба шартҳои суғуртаи ихтиёрӣ оид ба бастани шартнома маҳдудиятҳо амал мекунанд (масалан, аз рӯи синну сол).
  3. Суғуртаи ихтиёрӣ ҳамеша мӯҳлати маҳдуди суғуртакуниро дорад. Дар ин ҳолат оғоз ва анҷоми мӯҳлати суғурта дар шартнома алоҳида қайд карда мешавад, зеро ҷуброни суғурта ё маблағи суғурта пардохт мешавад, агар ҳолати суғуртавӣ дар давраи амали шартномаи суғуртавӣ рух дода бошад.

Муттасилии суғуртаи ихтиёриро танҳо бо роҳи такроран бастани шартнома ба мӯҳлати нав таъмин метавон кард.

  1. Суғуртаи ихтиёрӣ танҳо ҳангоми гузаронидани якмаротибагӣ ва ё давра ба давраи ҳаққи аъзогӣ амал мекунад. Эътиборнокии шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ ба аъзоҳақии якмаротибагӣ ва ё аввалини суғурта вобаста аст. Напардохтани аъзоҳаққии навбатӣ оид ба суғуртаи дарозмӯҳлат боиси қатъ гардидани амали шартнома мегардад.
  2. Таъмин будан бо суғурта, ки дар суғуртаи ихтиёрӣ маблағи умумии суғуртавӣ ё андозаи ҷуброни суғурта замина гирифтааст. Дар суғуртаи амволӣ суғурташуда метавонад бо хоҳиши худ ҳаҷми ҷуброни суғуртаро муайян намояд, аммо дар ҳудуди баҳои суғуртавии амвол, дар суғуртаи шахсӣ маблағи умумии суғурта дар шартнома бо созиши тарафҳо муқаррар карда мешавад.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.