Таърихи пайдоиш ва инкишофи суғурта.

2.1. Саромади суғурта

Суғурта – ин яке аз тарзҳои таъмини амнияти иқтисодӣ ва некӯаҳволии пойдори модиест,  ин ояндабинии оқилона аст. Онро аз давраҳои қадим истифода менамоянд. 

Саромади суғурта чунон ба гузаштаҳои дур  меравад, ки вақти муайяни пайдоиши онро аниқ намудан имконнопазир аст. Ҳанӯз дар давраи ҷамъияти ғуломдорӣ созишномаҳои ихтиёрие мавҷуд буданд, ки дар онҳо намунаҳои шартномаи имрӯзаи суғуртаро мушоҳида кардан мумкин буд. Қоидаҳои қадимтарини суғурта, ки то ба мо расидаанд, дар яке аз китобҳои Талмуд зикр ёфтаанд. Агар  ҳайвоне аз галаи яке аз ронандагони маркабҳо ҳалок шавад, мутобиқи нишондоди Талмуд – дигар ронандагони маркабҳо муваззаф мешуданд, ки бар ивази маркаби ҳалокшуда маркаби дигаре ҷудо кунанд, аммо на маблағи арзиши онро. Аллакай дар ҳамон вақтҳо принсипи муҳими суғурта асос ёфта буд, яъне ҳифзи суғуртавӣ набояд ба бойшавӣ хизмат кунад.

Ҳамин тариқ, дар асоси тавлиди шаклҳои ибтидоии суғурта ёрии байниҳамдигарии коллективона гузошта шуда буд, ки он бо ӯҳдадориҳои муттақобил, бидуни мақсадҳои  бойшавӣ, пурра карда шудааст.

Суғурта ҳамчун механизми ҳифзи  иҷтимоии дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ бамиёномада, мунтазам ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ мусоидат мекард. Мафҳуми мазкур аз калимаи «страх»-и русӣ бармеояд, ва ба тоҷикӣ маънои «тарс», «бим»-ро дорад. Соҳибони амвол байни ҳам  ба муносибатҳои муайяни истеҳсолӣ ворид гардида, меҳаросиданд, ки амволашон эҳтимолияти  нобудшавӣ ё дар натиҷаи  офатҳои табиӣ, сухтор, ғорат ва дигар хатарҳои ҳаёти иқтисодӣ, хавфи аз даст рафтанро дорад. 

Хислати хатарнокӣ доштани истеҳсолоти ҷамъиятӣ сабаби асосии ташвиши ҳар як соҳибмулк ва молистеҳсолкунанда мебошад. Дар ин замина қонунан фикри ҷуброни зарари моддӣ бо роҳи ҳамраъӣ пайдо шуд. Агар ҳар як соҳибмулк кӯшиш кунад, ки зарарро аз ҳисоби худ ҷуброн намояд, пас ӯ маҷбур мешуд тамоми маблағҳои худро барои пӯшонидани арзиши амволи худ сарф кунад, ки дар натиҷа ҳолати моддии ӯ рӯ ба харобӣ меовард. 

 Исбот шудаст, ки шумораи хоҷагиҳои манфиатдор аз шумораи хоҷагиҳои зарардида зиёдтар аст. Дар чунин шароит тақсими ҷуброни зарар байни хоҷагиҳои манфиатдор, ҳангоми сар  задани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳо, сабуктар мегардонад. Зимнан агар миқдори хоҷагиҳои тақсимкунандаи ҷуброни зарар чӣ қадар зиёд бошад, ҳиссаи ҳар кадом иштироккунанда дар маблағи тақсимшавандаи ҷуброн ҳамон қадар кам мегардад.

Ҳамин тавр суғурта ба миён омад, ки моҳияташ аз тақсими ҳамрайона ва сарбастаи ҷуброни зарар иборат аст.

Аввалин тазаккурот дар бораи амалиёти суғуртавӣ дар қонунҳои Хаммуратӣ (2-ҳазор сол пеш аз мелод) вуҷуд дошт, ки ба суғуртаи байниҳамдигарии тақсимоти тоҷирон дар корвонҳо дар ҳолати ҳуҷуми ғоратгарон, ҳалокати ҳайвоноти боркаш ва ғайра дахл мекард. Ғайр аз ин дар Библия зикр ёфтааст,  ки бинокорони Маъбаи Саламонов дар асри  Х то мелод  ба Ассосиатсияҳои касбӣ бо мақсади ёрии байниҳамдигарӣ дар ҳолати маъюбшавии истеҳсолӣ муттаҳид шуда буданд. Дар Дунёи Қадим судхӯроне буданд, ки  ҷуброни арзиши бор ва киштиҳои ба садама ё ғорат дучор мешударо ба ӯҳдаи худ мегирифтанд (ин як намуди суғуртаи баҳрӣ буд). Дар айни замон ҳаҷми мукофоти суғуртавӣ барои киштирониҳои дурмасофа дар Афинаи  қадима 30% маблағи суғуртавиро (арзиши киштӣ ва бор) ташкил медод.Инчунин дар он замонҳо  ҳазинаҳои ёрии ҳамдигарии дар асоси  принсипи касбӣ ташкилёфта мавҷуд буданд. Дар Рими Қадим суғуртаи давлатӣ низ вуҷуд дошт. Масалан, ҳангоми ҷанги якуми пуникӣ давлат ӯҳдадор шуда буд, ки ҷуброни тамоми зарари ба тоҷирони кашонандаи борҳои ҳарбӣ расидаро ба ӯҳдаи худ мегирад. Воқеан, ин зуҳурот аввалин қаллобии суғуртавиро ба амал меовард, тоҷирон кӯшиш мекарданд барои ҷубронгирӣ қасдан ҳолати суғуртавиро ба амал оранд. 

Дар асрҳои Миёна дар Аврупо принсипи суғуртаи байниҳамдигарии аъзои сехҳои касбӣ ва дигар ассосиатсияҳо аввал дар Аврупои шимолӣ, аз ҷумла дар Саксония,  дар асрҳои VII-IX ва Англияю Италия,  сипас дар тамоми Аврупои ғарбӣ пайдо шуда буд. Намуди асосии суғурта дар ибтидои асри Миёна, чун дар Дунёи Қадим, суғуртаи боркашониҳои баҳрӣ буд. Дар ин бобат қайд кардан лозим аст, ки якчанд кӯшишҳои манъ кардани суғурта чӣ аз тарафи калисо ва чӣ аз ҷониби ҳокимияти дунявӣ боиси қайд аст. Масалан, соли 805 Карли Бузург ёд кардани қасамро барои пардохти маблағҳо ҳангоми садамаи киштӣ ё сухтор манъ кард. 

Ҳангоми суғуртаи шахсӣ дар доираи ёрии байниҳамдигарии сехӣ дар асрҳои Миёна аввало ба сифати ҳолати ягонаи суғуртавӣ марги аъзои иттиҳодия ҳаллу фасл карда мешуд, минбаъд номгӯи ҳолатҳои суғуртавӣ бештар васеъ гардид.

Суғуртаи байниҳамдигарӣ дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ қонунан инкишоф ёфта, ба соҳаи мустақили фаъолияти суғуртавӣ табдил ёфтан гирифт. Агар ҳангоми суғуртаи байниҳамдигарӣ фонди суғуртавии пешакӣ бо ёрии назарияи эҳтимолӣ ҳисоб карда шуда,  ҳанӯз ташаккул наёфта бошад, пас минбаъд бузургии эҳтимолии миёнаи зарари эҳтимолӣ, ки ба ҳар аъзои суғурта рост меояд, ҳамчун асоси аъзоҳақии суғуртавӣ барои ташкили саривақтии фонди суғуртавӣ қабул мешуд. Дар шароити ҷамъияти муосир суғурта барои ташкилотҳо, фирмаҳо, иҷоракорон ва шаҳрвандон ба муассисаи  умумии универсалӣ табдил ёфтааст.

Суғуртаи муосири баҳрӣ аз амалиёти баҳрии судавӣ бар омада, ибтидоан бо онҳо як чизи ягонаю яклухтро ташкил медод. Ҷудо кардани суғурта аз судаи баҳрӣ дар асри XIV дар Италия рух дод. 

Ҷамъиятҳои суғуртавӣ бо пардохтҳои қайдшаванда, ки қисми таркибии коллегияи касбӣ нестанд (яъне аз принсипи тақсимотии суғуртаи дохили коллегия берун рафта), аввал ҳамчун суғуртаи байниҳамдигарӣ, сипас ҳамчун саҳомӣ, бори аввал дар Англия дар миёнаи асри XVII ба амал омаданд. Намуди авалини суғурта барои  онҳо –  суғурта аз сӯхтор буд. Ба ин сӯхтори Лондонии  дар соли 1666 рухдода сабаб шуд, ки ҳаёти зиёда аз 70 касро рабурд. Баъди ин сӯхтор дар Англия ҷамъиятҳои суғуртавии байниҳамдигарӣ ва саҳомии бисёре пайдо шуданд. Дар Англия  бошад муассисаҳои саҳомии капиталистӣ бештар инкишоф ёфтанд. Ҳамзамон аввалин ҷамъиятҳои суғуртавии соҳаи баҳрӣ пайдо шуданд:дар Франсия с.1686, Италия с.1741, Дания –   с.1746 ва   Шведсия – с.1750.

Дар Олмон суғуртаи сӯхтор ҳолати фаъолияти ҷамъиятӣ дошт ва таҳти назорати давлат буд. Ин ба нархҳои баланди манзил дар шароити Аврупои Шимолӣ дар ҳолати болоравии зиччии аҳолӣ, ки ба зуд-зуд рӯх додани ҳодисаҳои сӯхтор оварда мерасонад, алоқаманд буд.

Аз қарни XIX иттиҳодияҳои суғуртавии шакли картелҳо ва консернҳо мавқеи пешбарандаро ишғол мекунанд. Картели калон дар Берлин соли 1874 таъсис ёфт. Он хислати байналмиллалӣ дошт ва аз 16 ҷамъиятҳои суғуртавӣ иборат  буд (Австрия, Россия, Шведсия ва ғайра). Дар соли 1920 вай аллакай 230 ҷамъиятро аз 26 мамлакат муттаҳид мекард.

Дар давраи аввали пайдошавии ҷамъияти буржуазӣ шакли асосии суғурта –  ин суғуртаи баҳрӣ буд. Қарздиҳанда ба соҳиби киштӣ маблағи пулиро барои ташкили киштиронӣ бо он шарт медод, ки дар ҳолати оқибати гуворо доштани киштиронӣ ин маблағ бо фоизи пешбинишуда баргардонида шавад. Агар киштӣ ва бор нобуд мешуданд, пас соҳиби киштӣ аз пардохти қарз ва фоизҳо озод мегардид.

Дар асри XIV шакли мураккаби нотариалии қарзи баҳрӣ ба полиси пулӣ иваз шуд, ки суғуртакунанда ба соҳиби киштӣ ҳамчун тасдиқи шартномаи басташуда медод. Полиси аввалин дар соли 1374 дар Барселона дода шуд. Дар соли 1468 Кодекси Венетсия оид ба суғуртаи баҳрӣ ба вуҷуд омад. Сипас, суғуртаи баҳрӣ дар Англия  ривоҷ меёбад, дар ин ҷо соли 1601 санади ҳуқуқӣ қабул карда шуд,  ки тибқи он судҳои махсуси баррасикунандаи баҳсҳои соҳаи суғуртаи баҳрӣ таъсис дода мешуданд.

Дар суғуртаи байналмиллалӣ корпоратсияи суғуртавии англисии Ллойдз ба таври назаррас фарқ мекард, ки имрӯз он ҳамчун бозори байналмиллалии суғурта ва калонтарин маркази интишорию иттиолотӣ оид ба киштиронии баҳрӣ ва тиҷорат  ҳисоб меёбад. 

Ширкати суғуртавии Ллойдз дар қаҳвахонаи Ллойд ба миён омад, ки соҳиби он Эдвард Ллойд (с. 1713 фавтидааст) буд.  Аввалин ёдрас дар бораи қаҳвахонаи Ллойд ба соли 1688  таалуқ дорад. Дар ин қаҳвахона вохӯриҳои доимии суғуртакунандаҳо, соҳибони киштиҳо, тоҷирон баргузор мешуданд. Аз соли 1696 Эдвард Ллойд ба нашри газетаи  суғуртавӣ зери номи худ шурӯъ кард. Соли 1760 дар системаи Ллойд аввалин бор дар ҷаҳон ҷамъияти таснифӣ, яъне регистри киштиҳо,  ба вуҷуд омад. (Регистри англисии Ллойд). Соли 1871 бо санади парламенти Британия иттиҳодияи суғуртакунандаҳои  «Ллойдз» ба статуси расмии корпоратсияи суғуртакунандаҳо соҳиб шуд. 

Ватани суғуртаи ҳаёт Англия мебошад, ки дар ин ҷо соли 1699 бори аввал ташкилоти  ба суғуртаи ҳаёти беваҳо ва ятимон машғул ба вуҷуд омад, сипас ширкати суғуртавии Eckvatedi пайдо шуд, ки ба суғуртаи шахсӣ машғул буд. Соли 1787 дар Франсия аввалин ширкати саҳомии қитъавии суғуртаи ҳаёт ‟ «Ширкати шоҳонаи суғуртавӣ» ташкил шуд. Суғуртаи ҳаёт дар нақшаи ҳисобҳои актуарӣ аз ҷиҳати техникӣ, назар ба суғуртаи хатарҳои амволӣ мураккабтар аст, бинобар ин суғуртаи муосири ҳаёт танҳо он вақте пайдо мешавад, ки агар заминаи оморию математикӣ оид ба  давомнокии ҳаёт ба таҳти он гузошта шавад. 

Ватани азнавсуғуртакунӣ Олмон аст. Аввалин ҷамъияти азнавсуғуртакунӣ дар Кёлн соли 1846 ташкил шуд, сипас ҷамъияти азнавсуғуртакунии Шонхен пайдо гашт. Соли 1855 «Ҷамъяити азнавсуғуртакунии Россия» ба вуҷуд омад, ки ба азнавсуғуртакунии хатарҳои сӯхтор машғул буд.

2.2. Суғурта дар Тоҷикистон то соли 1917 ва дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ

То Инқилоби Октябри соли 1917 бозори суғурта дар мамалкати мо низ вуҷуд дошт, зеро,  ҷумҳурии мо (як қисми он) ба ҳайати империяи Россия дохил мешуд. Аввалин ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ дар Россия соли 1827 пайдо шуда буд, ки «Аввалин ҷамъияти суғуртавии Руссия аз сӯхтор» ном дошт ва ин ташкилот то соли 1835 ягона ташкилоти суғуртавӣ буд. Пойдоршавии тези суғурта дар Россия бо бекор шудани ҳуқуқи крепостноӣ ва инкишофи капитализм сурати тоза гирифт. Дар арафаи ибтидои асри XX дар Россия бозори мутамаддини суғуртавӣ бо зерсохтори тараққикарда ташаккул ёфт. Суғурта дар Росся якҷоя бо ширкатҳои саҳомии миллӣ ва хориҷӣ, бо ҷамъиятҳои ёрии ҳамдигарӣ ва маҳаллӣ, инчунин бо суғуртаи давлатии коргарон арзи вуҷуд кард. Соли 1913 дар мамлакат 19 чамъиятҳои саҳомии суғуртавӣ амал мекарданд. Дар муассисаҳои суғуртавии Россия ба маблағи 21 млрд рубл амвол суғурта шуда буданд. Ҷамъи умумии ҳақи аъзогӣ дар соли 1913 204 млн рублро ташкил медод. Ҳамин тариқ ширкатҳои суғуртавии миллӣ 94%-и бозори суғуртаи Россияро назорат мекарданд. 

Фоидаи ҷамъиятҳои суғуртавии Россия дар соли 1913 зиёда аз 7 млн рублро ташкил медод. Бозори суғуртаи Россия пеш аз Ҷанги якуми ҷаҳон дар ҷамъоварии аъзоҳақии суғуртавӣ дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол мекард. 

Баъди Инқилоби Октябр ҳама кор дар ин соҳа пурра тағйир ёфт. 28 – ноябри соли 1918 Ленин декретеро нашр кард, ки тибқи он ҳамаи ширкатҳои суғуртавии хусусӣ барҳам дода шуда, маблағҳо ва амволи мутаалиқи онҳо миллӣ кунонда шуданд, шартномаҳои суғуртавӣ бошанд, бекор гардиданд. Баъдтар, соли 1922  инҳисорияи (монополияи) давлатии суғуртавӣ –  Госстрахи Иттиҳоди Шӯравӣ  (Госстрах дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ) ташкил шуд. Соли 1947 аз Госстрах ҷамъияти саҳомии «Ингосстрах» ҷудо шуд, ки он манфиатҳои суғуртавии Иттиҳоди Шӯравиро дар хориҷа ҳимоя мекард. 

То пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, чуноне, ки дар боло қайд шуд, «Союзгосстрах» бо сохторҳои худ дар ҷумҳуриҳои  иттифоқӣ ягона ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон буд ва фаъолияти суғурта соҳаи монополияи давлатӣ ҳисоб меёфт.  Аммо дар муддати қариб 70сол, баъди соли 1917,  дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба фондҳои захиравии  таъиноти васеи давлат  афзалият дода мешуд, яъне суғурта ва кори суғурта дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба бахши иқтисоди давлатӣ дахл намекард ва тамоми зарари  ба сохтори давлатии иқтисод дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода расида аз ҳисоби худи давлат барқарор карда мешуд. Барои фонди суғуртавӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидорӣ ташаккул меёфт, (яъне фондҳои суғуртавии классикӣ, ки бо чунин тарз тамоми системаҳои суғуртавии ҷаҳон кор мекарданд), доираи маҳдуди амалиёт боқӣ мемонд. Ин суғуртаи амволи корхонаи кишоварзӣ, ташкилотҳои кооперативӣ ва ҷамъиятӣ, амвол, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандонро дар бар мегирифт. Иҷрои суғуртаи мазкур ба Госстрах супурда мешуд, ки дар арсаи   суғуртавии мамлакат инҳисор (монополист) буд. 

Аз гуфтаҳои боло дида мешавад, ки суғурта ва механизмҳои суғуртавӣ дар давлати Шӯравӣ ба таври маҳдуд истифода мешуданд ва тамоми зарар, ки ба иқтисоди мамлакат мерасид, аз тарафи давлат, яъне аз буҷети он ҷуброн мегардид. Аммо дар мамлакатҳои иқтисоди бозоргонӣ бошад  ин зарар аз ҳисоби бозори суғурта, яъне аз ҳисоби ширкатҳои суғуртавии шаклҳои гуногуни моликият пӯшонида мешавад.

Фаъолияти Госстрах, ҳамчун мақоми ягонаи суғуртавӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар қаламрави ҷумҳурии мо низ, дар вуҷуди шаҳрвандони шӯравӣ зарурият ва  талаботро  ба суғурта ҷой карда натавонист. 

Агар дар тамоми системаҳои суғуртавии ҷаҳон чор функсияи  суғурта иҷро мешуд (таваккал, огоҳонидан, амонат ва назоратӣ), пас шаҳрвандони Иттиҳиди Шуравӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ танҳо, аз як функсияи он  истифода бурданро афзал медоштанд, яъне функсияи пасандозӣ,  функсияи асосии суғурта – таваккал бошад ба инобат гирифта намешуд.

Функсияи пасандозӣ (амонатӣ) дар чунин намудҳои суғурта, чун суғуртаи омехтаи ҳаёт, суғуртаи кӯдакон, суғуртаи аҳди никоҳ ва суғуртаи нафақаи иловагӣ хислати ҷамъкунӣ ва баргардонидани аъзоҳаққиҳои суғуртавиро дошт, яъне ин намудҳои суғурта пешбинӣ менамуданд,  ки баъди мӯҳлати суғурта ба суғурташуда маблағи дар шартнома нишондодашударо пардохт намояд. Ҳарчанд, ки функсияи таваккал (фавт, маъюб шудан ва ғ.) дар ин намуди суғурта ҷой дошт ва суғурташуда дар  давоми амали шартнома аз он истифода мебурд,  аммо ӯ дар вақти бастани шартнома дар ин бора гӯё  фикр ҳам намекард.  

Намудҳои соф таваккалии суғурта, ба монанди суғурта аз ҳодисаҳои нохӯш (калонсолон, кӯдакон, як қатор касбҳо) ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳаёт ба суғурташуда ҳамчун сарборӣ илова мешуданд. Намудҳои таваккалии суғурта пардохти суғуртаро танҳо ҳангоми сар задани  ҳолати суғуртавӣ (фавт, маъюбӣ)  аз ҳодисаҳои нохуш пешбинӣ менамоянд.

Намудҳои таваккалии суғурта дорои хислати ҷамъкунандагӣ набуданд ва ҳангоми итмоми мӯҳлати суғурта аъзоҳаққии суғурташаванда супорида аз тарафи ширкати суғурта пас гардонида намешуданд. 

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ шартномаҳои суғуртаи ҳаёт аз рӯи андозаашон аз шартномаҳои ҳодисаҳои нохуш ва суғуртаи амвол (суғуртаи амволи хона, бино, нақлиёт ва ғ.) бартарӣ доштанд. 

2.3. Суғурта дар Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ

 Системаи ибтидоии муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 вуҷуд дорад. Вале дар ин давра бозори хизматҳои суғуртавӣ ё тамоман вуҷуд надошт ё бо суръати ниҳоят суст инкишоф меёфт. 

Гарчанде, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ бунёди ҷамъиятҳои суғуртавии саҳомӣ, байниҳамдигарӣ ва кооперативӣ, ки бо ширкатҳои суғуртавии давлатӣ рақобат мекарданд, ҳанӯз соли 1990 (Қарори Шӯрои Вазирони СССР «Дар бораи чораҳои ғайриинҳисорикунонии хоҷагии халқ», аз 16-январи соли 1990) эълон шуда буд,  дар амал  ин раванд танҳо соли 1992 баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ татбиқи худро ёфт. Маҳз ҳамин сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати мустақили инвеститсионии суғуртавии «Муин» ташкил шуд. 

Ҳанӯз соли 1991 дар ҷумҳурӣ назорати давлатии суғуртавӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (баъдан ин мақомот ба ихтиёри Вазорати молияи ҶТ дода шуд), ташкил гардид. Аммо заминаи қонунии танзими ҳуқуқии бозори миллии суғуртаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боари суғурта», ки 20 июли соли 1994 қабул шудааст, гузошт, ки тибқи он  функсияҳои додани иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ, ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои суғуртшавандаҳо, суғуртакунандаҳо, давлат ва дигар шахсони манфиатдор ба зиммаи назорати давлатии суғуртавӣ вогузошта шудааст.

Афзоиши миқдории  ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солҳои 1993-1997 рост меояд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ зиёда аз 15 ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ ташкил шуданд.  Ин ширкатҳои суғуртавӣ статуси шахси ҳуқуқиро гирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуданд ва аз Мақомоти назорати давлатии суғуртавии назди Вазорати молияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома гирифта, ҳуқуқи гузаронидани амалиёти суғуртавиро пайдо карданд. Вобаста ба хислати ташаккулёбии Фонди оинномавӣ ҳамаи ширкатҳои суғуртавиро шартан ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: саҳомӣ, кооперативӣ ва дигар ташкилотҳои суғуртавӣ, ки нисбати ташкилотҳои давлатии суғуртавӣ алтернативӣ буданд.

Динамикаи афзоиши миқдории ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатии  дар ҷумҳурӣ таъсисёфта, боиси умед бастан  ба ташаккулёбии бозори суғурта мешуд. Ин ширкатҳо ба фаъолият оғоз карда, ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқии ҷумҳурӣ шартномаҳои суғуртавиро мутлақо дар асоси ихтиёрӣ баста, хизматҳои суғуртавиро пешниҳод мекарданд. Гузаштани маблағҳои муввақатан озоди онҳо ба инкишофи иқтисоди ҷумҳурӣ  сол аз сол меафзуд ва ба буҷети давлатӣ аз фаъолияти онҳо андозҳои муайян ворид мегаштанд.

Афзоиши миқдори ширкатҳои суғуртавии ғайридвлатӣ ба фаъолияти ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ таъсири манфӣ мерасонидагӣ шуд,  зеро онҳо дар муддати 70-соли мавҷудияти инҳисории худ ба кор дар дар шароити рақобати сахт одат накарда буданд. Бинобар ин онҳо кӯшиш карданд, ки ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатиро бо роҳи зиёд кардани Фонди оинномавӣ барои таъсис ва фаъолияти суғуртавӣ аз байн баранд.

Баъди он, ки бо ташаббуси ширкатҳои давлатии суғуртавӣ ҳаҷми Фонди оинномавӣ барои ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ ба таври сунъӣ зиёд карда  шуд, аз 15 ширкати суғуртавии ғайридавлатӣ дар ҷумҳурӣ  танҳо 2 ширкат боқӣ  монд. Албатта, бо ин миқдор ташкили бозори мутамаддини суғуртавии  бар рақобати мутамаддин асосёфта дар ҷумҳурӣ  ғайриимкон буд.

Баъди дар соли 1998 барҳамдиҳии ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ соли 1998 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дигар кӯшише оид ба таъсиси ташкилотҳои суғуртавии ғайридавлатӣ нашудааст ва боварӣ нест, ки он миқдори ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ дар ояндаи наздик барқарор карда  шаванд. 

Чун пештара бозори суғуртавии Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои суғуртавии давлатӣ инҳисор шудааст. Намудҳои ҳатмии суғурта, ки ширкатҳои давлатии суғуртавӣ бо тарифҳои баланд иҷро мекунанд, пардохти маблағҳои суғуртавиро пешбинӣ менамоянд, аммо ҷуброни суғуртавиро бо андозаҳои рамзӣ, яъне хеле кам, мепардозанд, ки ҳеҷ гоҳ оқибатҳои ҳолати суғуртавиро намепӯшонанд ва суғурташударо  маҷбур месозанд, ки барои барқарор намудани амволи худ ё ҷуброни зарар ба шахси сеюм муроҷиат кунад, то ӯ ин зарарро аз маблағи худ пардозад (масалан, суғуртаи ҳатмии масъулияти граждании соҳибони нақлиёт ва ғ.). Хислати хоси солҳои сипаришуда ин аз тарафи ширкатҳои давлатии суғуртавӣ зиёдкунии бемайлонаи миқдори намудҳои ҳатмии суғуртаҳои давлатӣ мебошад. Дар айни замон миқдори онҳо ба 19 расидааст (дар солҳои шӯравӣ ҳамагӣ 2 намуд буд).

Ширкатҳои мазкури суғурта 19 намуди суғуртаи ҳатмӣ, яъне маҷбуриро иҷро карда ба дигар ширкатҳои  ғайридавлатӣ майдони фаъолиятро танг карда,  дар натиҷа гузаронидани суғуртаи ихтиёриро душвор гардондаанд.

Ҳамаи ин ба он оварда  расонид, ки суғурта ва фаъолияти суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат ба талабот табдил  наёфт. Бинобар ин агар дар айни замон офатҳои табиӣ –  ба монанди заминҷунбӣ, ярч ва дигарҳо  сар зананд, ҷуброни онҳо пурра ба дӯши давлат меафтад. Аз набудани талабот ба суғурта дар матбуот ва дигар  воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои суғурта маълумот кам аст. Дар матбуот оид ба фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ низ маълумоти тамоман кам чоп мешавад, ҳарчанд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» (моддаи-26) омадаст, ки суғуртакунандаҳо вазифадоранд ҳар сол маълумотро баъди тасдиқи аудиторҳо дар бораи баланси солона ва ҳисоби фоидаю зарраҳо нашр кунанд.

Чунин фаъолияти ношафоффи ширкатҳои суғуртавӣ, махсусан –  давлатӣ, имконият медиҳад, ки механизмҳои суғуртавиро барои беҳбудии тиҷоратӣ ва идоравии худ пурра истифода баранд, ки он ба манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат ҳеҷ умумият надорад.

Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти амиқи иқтисодӣ ба амал омада истодааст, ҷамъият ба дарки нақш ва мавқеи механизмҳои бозорӣ дар тараққиёти иқтисодиёт расидааст. Аммо дар шуури ҷомеа то ҳоло фикри зарурати суғурта ҳамчун қисми ҷудонашавандаи зерсохторӣ иқтисоди бозорӣ пайдо нашудааст.

Аммо дида мешавад, ки доираи таъсири давлат ба рушди иқтисодиёт ва тақсими неъматҳои моддӣ танг шуда, хусусигардонӣ ва саҳомикунии моликият бо суръати тез пеш рафта, миқдори зиёди субъектҳои хоҷагидор пайдо шуда истодаанд, ки бо хавфу таваккали муфлисшавӣ дар натиҷаи фаъолияти бесамари хоҷагидорӣ дар шароити рақобати воқеӣ амал мекунанд.

Чуноне, ки мо дар боло зикр кардем, набудани тулонии  таҷрибаи суғуртаи ихтиёрӣ дар соҳаи саноат ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ субъектҳои хоҷагидориро ба он водор мекард, ки ҳамаи ҳадисаҳои фавқулода бояд аз ҷониби давлат ҷуброн карда шавад. Ҳоло  ин тавр нест. Ҳангоми сар задани ҳолати суғуртавӣ субъекти хоҷагидор бояд худаш ин ҳолатро рафъ созад, яъне ба кӯмаки давлат интизор нашавад. Зеро  ҳоло бисёр заводу  фабрикаҳо ва дигар корхонаҳо  ба  моликияти давлатӣ муттааллиқ  нестанд.

Дар ин вазъият ташкилотҳои суғуртавӣ, махсусан давлатӣ, мебоист барандагон ва  паҳнкунандагони фарҳанги суғуртавӣ дар байни омма бошанд. Ҳоло бошад, бо  сабаби афзудани сатҳи таваррум, аҳолӣ аз бастани шартномаи суғуртаи дарозмуддати ҳаёт умуман даст кашидааст, чунки ин амал ба вай муфид нест. Зеро, ки аъзоҳаққии супурдаи  суғурташаванда дар давоми 3, 5, 10 сол ва зиёда аз ин метавонад беқурб шавад. Дар ин ҳолат, яъне беқурбшавии давомнок ва бепойдории асъори миллӣ бастани шартномаҳои суғуртаи ҳолатҳои хатар (суғурта аз ҳодисаҳои нохӯш, амвол) муфид асту халос, ки мӯҳлати онҳо аз як моҳ то як сол аст. Дар чунин муддати кӯтоҳ,  дар ҳолати фаро расидани ҳолати суғуртавӣ, беқурбшавии асъор чандон назаррас нест.

Дар давраи беқурбшавии давомнок ва номӯътадилии қурби асъори миллӣ  бастани шартномаи суғуртаи ҳаёт бо шарти ғункунӣ  ва баргардонӣ хубтар аст. Ин намуди суғуртаро бо нишон додани шартҳои баргардониши аъзоҳаққӣ ва фарорасии ҳолати суғуртавӣ (сину сол, фавт, маъюбшавӣ) бо ташкилоти суғуртавӣ дар асоси асъори устувор (масалан, доллари Америкоӣ) бастан ба манфиати суғурташаванда аст.               

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.