Ташкили фаъолияти суғуртавӣ

3.1. Бозори суғурта ва сохтори он

Принсипҳои ташкили фаъолияти суғуртавӣ дар рӯзҳои мо ба шартҳои умумии иқтисоди бозоргонӣ асос ёфтаанд. Бозори суғурта ин муҳити махсуси иҷтимоию иқтисодии соҳаи муайяни муносибатҳои иқтисодист, ки дар он объекти хариду фурӯш, моли махсус – ҳифзи суғуртавӣ мебошад. Асоси объективии инкишофи бозори суғурта – ин зарурати таъмини раванди бетанафуси такрористеҳсол бо роҳи расонидани кӯмаки пулӣ ба зарардидагон дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои пешбининашудаи ногувор мебошад.

Шартҳои зарурии ташаккули бозори суғуртавӣ ин мавҷудияти талаботи ҷомеа ба хизматҳои суғурта ва мавҷудияти суғуртакунандагони қодири ин талаботро қонеъкунанда мебошанд. Ғайр аз ин яке аз шартҳои асосии ташаккули бозори суғурта – назорати давлатӣ аз болои фаъолияти суғуртавӣ мебошад, зеро мутобиқи хусусият ва мавқеи махсуси худ дар ҷамъият фаъолияти суғуртавӣ бояд нисбат ба намудҳои дигари фаъолият бештар ба назорати давлатӣ ниёзманд бошад.

Шарти ҳатмӣ ва ногузири ташаккули бозори суғурта, инчунин рақобати муттаммадини байни ширкатҳои суғуртавӣ ба шумор меравад, яъне рақобат барои ҷалби суғуртавшавандаҳо, сафарбар кардани маблағҳо ба фондҳои суғуртавӣ, маблағгузории судманди онҳо ва ноил шудан ба натиҷаҳои ниҳоии баланд.

Вобаста ба ҳаҷми талабот ва пешниҳодот ба хизматҳои суғуртавӣ бозорҳои суғуртаи миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқиро метавон фарқ кард. Бозори миллии суғурта ин доираи фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ дар мамлакати алоҳида аст. Тамоми фаъолияти суғуртавӣ дар бозори миллӣ дар доираи қонунгузории суғуртавии миллӣ анҷом мепазирад, ки назорати он ба дӯши мақомоти давлатии назорати суғуртавӣ вогузор шудааст.

Дар айни замон бозори нисбатан калони суғуртаи миллӣ дар ШМА, Британияи Кабир, Олмон, Япония вуҷуд дорад. Дар бозори миллии суғурта асотстатсияҳои миллие амал мекунанд, ки манфиатҳои коллективии ширкатҳои суғуртавиро дар ҳукумат, воситаҳои ахбори омма, гуфтушунидҳои байналхалқӣ муаррифӣ менамоянд.

Бозори суғуртаи минтақавӣ ташкилотҳои суғуртавӣ, бозорҳои миллии суғуртаи минтақаҳои алоҳидаро муттаҳид менамояд, ки байни ҳамдигар алоқаҳои зичи ҳамгароӣ доранд. Бозори калонтарини минтақавии суғурта бозори суғуртаи Америкаи Шимолӣ (ШМА, Канада) мебошад.

Равандҳои амиқи ҳамгароӣ дар бозори суғуртаи Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо (ИИА) ҷараён дорад, ки бо татбиқи сиёсати таъсиси «Бозори ягонаи суғуртаи ИИА» алоқаманд аст. Дар айни замон унификатсияи пурраи қонунгузории суғуртаи миллии ИИА пешбинӣ шудааст.

Бозори суғуртаи байналхалқӣ ‟ ин маҷмӯи бозорҳои суғуртаи миллӣ ва минтақавӣ мебошад. Ба маънои тангаш, ба сифати бозорҳои байналхалқӣ бозорҳои суғуртавии маҳаллӣ баромад мекунад, ки дар фаъолияташон ҳисси амалиёти байналхалқии суғуртавӣ назаррас аст (Ню-Йорк, Лондон, Сюрих). Бо равияҳои азнавсуғуртакунӣ ва тавассути брокерҳо бозорҳои бузурги суғурта дар байни бисёр бозорҳои суғуртаи миллӣ ва минтақавӣ тақсим мешаванд. Бо мақсади мутобиқкунии манфиатҳо ва ҳалли проблемаҳои умумии ширкатҳои суғуртавӣ иттифоқҳои суғуртавии байналмиллалӣ амал мекунанд (Иттифоқи байналхалқии суғуртавии хатарҳои техникӣ, Иттифоқи байналхалқии суғуртакунандагони баҳрӣ ва ғ.).

Амалиёти муосири суғуртавии байналхалқӣ аз рӯи аломатҳои ташкилию ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд. (расми 3.1.).

Звенои аввалини бозори суғурта ширкати суғуртавӣ мебошад. Маҳз дар ин ҷо раванди ташаккулёбӣ ва истифодаи фонди суғуртавӣ оғоз меёбад, як муносибат ташаккул ёфта, муносибати дигари иқтисодӣ пайдо мешавад, манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва коллективӣ ба ҳам мепайванданд, хуллас дар ширкати суғуртавӣ «ҷараёни суғурта» сурат мегирад.

Ширкати суғуртавӣ – шакли ҷамъиятии таърихан муайяншудаи амалкунии фонди суғуртавӣ буда, сохтори махсусро, ки бо бастани шартномаи суғуртавӣ ва иҷрои он машғул аст, ифода мекунад. Ба ширкати суғуртавӣ ягонагии техникию ташкилӣ ва мустақлиияти иқтисодӣ хос аст. Мустақилияти иқтисодии ширкати суғуртавӣ – ин мустақилияти захираҳо ва гардиши пурраи мустақилонаи онҳо мебошад. Ширкати суғуртавӣ дар системаи иқтисодӣ ба сифати субъекти мустақили хоҷагидорӣ амал мекунад ва дар системаи муайяни муносибатҳои истеҳсолӣ ҷой дорад. Ширкатҳои суғуртавии аз ҷиҳати иқтисодӣ мустақил муносибатҳои худро бо дигар суғуртакунандаҳо дар асоси азнавсуғуртакунӣ ва ҳамсуғуртакунӣ ба роҳ мемонанд.

Гузариши иқтисоди миллӣ ба бозор нақш, сохтори ташкилӣ ва мавқеи ширкати суғуртавиро дар системаи муносибатҳои иқтисодӣ ба таври назаррас муайян мекунад. Ширкати суғуртавӣ бояд ба субъекти комилҳуқуқи ҳаёти иқтисодии мамлакат табдил ёбад.

3.2. Шаклҳои ташкилии суғурта дар шароити иқтисоди бозорӣ

Иқтисоди бозории мамлакат ин системаи ба таври чандирӣ танзимшаванда мебошад. Суғурта, аз як тараф ҳамчун як ҷузъӣ ин танзимкунӣ ва таъминкунии истеҳсолоти устувор, ва аз тарафи дигар ‟ чун объекти танзимшавандаи дар доираи қоидаҳои барояш умумӣ ва махсус фаъолияткунанда, амал мекунад. Шаклҳои ташкилию ҳуқуқии суғурта, аз ҷумла, дар давраи гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ суғуртаи давлатӣ, суғуртаи ҷамъиятҳои саҳомӣ, ҷамъиятҳои суғуртакунии байниҳамдигарӣ ва суғуртаи кооперативӣ ҷудо мешаванд. Ҳоло дар байни шаклҳои номбаршуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҷамъияти суғуртаи байниҳамдигарӣ муайян нагардидааст, ки дар мамлакатҳои иқтисоди бозоргонӣ нақши муҳим мебозад.

Суғуртаи давлатӣ ‟ ин шакли суғуртаест, ки дар он ба сифати суғуртакунанда ширкатҳои давлатӣ зуҳур мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» ва «Тоҷиксармоягузор» аз қабили чунин ширкатҳои давлатии суғуртаанд,

Суғуртаи саҳомӣ ‟ чунин шакли ташкилии фаъолияти суғуртавиест, ки дар он ҷамъиятҳои саҳомӣ ба ҳайси суғуртакунанда амал мекунанд ва Фонди оинномавиашонро аз саҳмияҳо (баъзан облигатсияҳо) ташкил медиҳанд. Ин ба муассисон имконият медиҳад, ки бо маблағҳои начандон калони худ ба ҷалби захираҳои пулии дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва ба ҳарчи зудтар гузаронидани амалиёти суғуртавӣ муваффақ шаванд. Вобаста ба шакли таъсис ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода ва пӯшида мавҷуданд.

Ҷамъияти суғуртаи байниҳамдигарӣ ‟ ин шакли ташкилии ҳифзи суғуртавӣ мебошад, ки ҳар суғурташуда ҳамзамон узви ҷамъияти суғуртавӣ маҳсуб мебошад. Яъне, ин иттиҳодияи суғурташавандаҳо бо мақсади таъмини ёрии ҳамдигарӣ аст. Ба он назар, ба саҳомӣ, самти тиҷоратӣ камтар хос аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз фаъолияти суғуртаи байниҳамдигарӣ вуҷуд надорад.

Суғуртаи кооперативӣ ‟ аз рӯи мазмуни фаъолияти худ ба суғуртаи байниҳамдигарӣ монанд аст.

Кэптив ‟ ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ, ки пурра ё афзалан ба манфиатҳои суғуртавии корпоративии муассисон ва инчунин ба субъектҳои мустақилона хоҷагиидорикунанадаи гурӯҳҳои молиявию саноатӣ хизмат мерасонад. Фаъолияти кэптив бевосита ба бонкҳои тиҷоратӣ, фондҳои нафақа марбут аст.

Фонди ғайридавлатии нафақа ‟ шакли махсуси ташкили суғуртаи шахсӣ, ки пардохти нафақаро ба суғурташудагон бо расидан ба синну соли муайян (одатан сини нафақавӣ), новобаста аз пардохти нафақаи давлатӣ, кафолат медиҳад. Новобаста аз шакл, барои пайдо шудани муносибатҳои ҳамдигарии суғуртавӣ шартномаи суғурта асос ҳисоб мешавад.

3.3. Гуногунии ширкатҳои суғуртавӣ, ки дар доираи бозори суғурта фаъолият мекунанд

Ширкати суғуртавӣ ин сохтори мустақили муносибатҳои иқтсодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ мебошад, ки фаъолияти суғуртавиро дар доираи қонунгузории ҷорӣ анҷом медиҳад.

Функсияҳои асосии ширкати суғуртавӣ аз инҳо иборатанд:

„бастани шартномаҳои суғуртавӣ;

„ташаккули фонди суғуртавӣ;

„пардохти ҷубронҳо ва маблағҳои суғуртавӣ; „инвеститсияи маблағҳои озод ва ғ.

Ширкатҳои суғуртавӣ асоси сохтори инвеститсионии бозори суғуртаро ташкил медиҳанд. Таснифи ширкатҳои суғуртавӣ тибқи аломатҳои зерин гузаронида мешавад:

  • аз рӯи мансубият – саҳомӣ, давлатӣ ва ҳукуматӣ;
  • аз рӯи амалиёти иҷрошаванда – ширкатҳои махсус (суғуртаи шахсӣ ва ё амволӣ), универсалӣ ва азнавсуғуртакунӣ.
  • аз рӯи ҳудуди хизматрасонӣ – маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ;
  • аз рӯи ҳаҷми Фонди оинномавӣ ва ҳаҷми воридшавии пардохтҳои суғуртавӣ – калон,

миёна ва хурд.

Дар баъзе кишварҳои хориҷӣ фаъолияти ширкатҳои универсалӣ манъ шудааст. Дар амалия раванди барҳамдиҳии масъулияти маҳдудкунӣ дар фаъолияти суғуртавӣ ба мушоҳида мерасад.

Хусусиятҳои ташкилӣ ва фаъолияти намудҳои муҳими ширкатҳои суғуртавиро тибқи мансубияташон (ба молик) дида мебароем:

Ширкати давлатии суғуртавӣ ‟ ин шакли оммавӣ‟ҳуқуқии ташкили фонди суғуртавӣ аст. Ташкили ширкати давлатии суғуртавӣ бо роҳи таъсиси он аз ҷониби давлат ё милликунониии ширкатҳои саҳомии суғуртавӣ ва гузаронидани амволи онҳо ба моликияти давлатӣ (масалан соли 1917 дар Россия) сурат мегирад.

Ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ ‟ шакли ташкили фонди суғуртавӣ дар асоси мутамарказонии маблағҳои пулӣ тавассути фурӯхтани саҳмияҳо мебошад, ки бештар дар мамолики мутараққии системаи иқтисоди бозорӣ паҳн шудааст. Аввалин ҷамъияти саҳомии суғурта аз сӯхтори Россия соли 1827 таъсис ёфтааст.

Ҷамъияти саҳомӣ шахси ҳуқуқӣ буда, соҳиби номи ширкатӣ (фирмавӣ), нишони ширкат ва мӯҳр бо номи худ мебошад. Ҷамъият аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ мақоми шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.

Барои иҷрои амали суғурта зарур аст, ки иҷозатнома (литсензия) гирифта шавад.

Ҷамъиятҳои саҳомии суғуртавии шакли пӯшида вуҷуд доранд, ки саҳмияҳояшон танҳо дар байни муассисони онҳо паҳн карда мешаванд ва ҷамъиятҳои саҳомии суғуртавии шакли кушода ҳастанд, ки саҳмияҳои онҳо озодона харидаю фурӯхта мешаванд.

Шариксоҳиби амволи муттаҳидаи ҷамъияти саҳомии шакли кушода расман ҳар шаҳрванд, ки ақалан як саҳмияро харидааст, шуда метавонад. Аммо барои ҳуқуқи ҳақиқӣ доштан дар идоракунӣ ва корфармоии амволи ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ миқдори назарраси саҳмияҳоро (пакети назоратӣ)доштан зарур аст.

Мақоми олии идораи ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ маҷлиси умумии саҳомон мебошад. Маҷлис чун қоида як бор дар як сол даъват карда мешавад, ба корҳои ҷорӣ бошад раёсат ё шӯрои директорҳо машғул мешавад. Тафтиши фаъолияти оперативии молиявӣ аз тарафи камиссияи тафтишотӣ, ки маҷлиси умумии саҳомон интихоб мекунад, амалӣ карда мешавад. Аз натиҷаҳои кори комиссияи тафтишотӣ дар маҷлиси саҳомон гузориш дода мешавад. Ба салоҳияти мутлақи маҷлиси умумии саҳомон муайян кардани самтҳои стратегии кори ҷамъият, тасдиқи ҳуҷҷатҳои танзими фаъолияти он, интихоби ҳайати раёсат ва шӯрои директорон, раиси шӯрои директорон, ки фаъолияти ҷамъиятро назорат мекунад, инчунин қабули қарор дар бобати зарурати барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ, дохил мешавад.

Мақоми иҷроияи ширкати суғуртавӣ раёсат мебошад, ки роҳбарии фаъолияти ҷориро мебарад ва ширкати суғуртавиро ҳангоми бастани шартномаҳо ва созишномаҳо бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ муаррифӣ мекунад. Муассисони ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ метавонанд шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бошанд. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ, ҳамчун муассиси ҷамъияти саҳомии суғуртавӣ, тибқи талаботи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон амал карда метавонанд.

Фонди оинномавии ҷамъияти шакли пӯшида аз ҳисоби аъзоҳақиҳои муассисон бунёд меёбад, ҷамъияти шакли кушода бошад, бо роҳи табодули аъзоҳақиҳо ба саҳмияҳо барои муассисон ва даъватшудагон барои иштирок дар ҷамъияти саҳомӣ, ташаккул меёбад.

Муассисон ва саҳомон аъзоҳақиҳои худро метавонанд ба намудҳои зерин пешкаш намоянд:

-маблағҳои пулӣ бо асъори миллӣ ё бо асъори хориҷӣ;

-намудҳои гуногуни амвол (бино, иншоот, таҷҳизот ва ғ.);

-ҳуқуқи истифодаи замин, об ва дигар захираҳои табиӣ, биноҳо, иншоот ва таҷҳизот;

-дигар ҳуқуқҳои амволӣ (аз ҷумла ба моликияти ақлонӣ, «Ноу-хау» ва ғ.)

Саҳмияҳои ҷамъияти кушода аз як шахс ба шахси дигар бе мувофиқаи дигар саҳомон гузашта метавонанд. Саҳмияҳои ҷамъияти пӯшида ба якдигар танҳо бо мувофиқаи аксарияти саҳомон гузашта метавонанд. Ширкати саҳомии суғуртавӣ ғайр аз ширкати асосӣ метавонад дигар воҳидҳои дорои сатҳҳои гуногуни мустақилият ва фаъолиятро ҳамроҳ кунад. Дар мамолики иқтисоди бозоргонӣ ғайр аз сарширкат, филиалҳои ҷамъияти суғуртавӣ низ шахсони ҳуқуқӣ шуда метавонанд, лекин намояндагӣ, агентӣ ва шуъба дорои чунин мустақилият нестанд.

Намояндагии ширкати суғуртавӣ, чун қоида, бо ҷамъоварии маълумот ва реклама машғул шуда, фаъолияти тиҷоратӣ намебарад. Агентии ширкати суғуртавӣ ҳуқуқ дорад тамоми функсияҳои намояндагӣ ва амалиёти муайяни суғуртавӣ, аз он ҷумла бастани шартнома ва иҷрои онро адо намояд.

Филиал (шӯъба)-и ширкати суғуртавӣ воҳиди мустақили суғуртакунандаи бе ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки фаъолияти худро дар асоси низомномаи тасдиқкардаи раиси ширкат ба ҷо меорад.

Натиҷаҳои кори филиал дар тарози умумии ширкати суғуртавӣ ифода меёбад.

Ҷамъияти суғуртавии байниҳамдигарӣ (ҶСБ) ‟ шакли ташкили фонди суғуртавӣ дар асоси мутамарказонии маблағҳои саҳми (пай) аъзои он мебошад. Иштирокчии ҶСБ ҳамзамон ба сифати суғуртакунанда ва суғурташаванда фаъолият карда метавонад. Бунёди ҶСБ барои асосиатсияҳои моликони калон ва миёна хос аст (соҳибони хона, меҳмонхона ва ғ.).

Хусусияти хоси фаъолияти ҶСБ аз иборат он аст, ки ҳангоми бастани шартномаи суғурта онҳо ба хизматҳои агентҳои суғуртавӣ умед мебанданд. Ин корро дастгоҳи штатии ҶСБ иҷро мекунад. ҶСБ дорои он меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки ҷамъияти саҳомӣ дорад.

Баробари ин дар баъзе мамлакатҳо ҶСБ ба қатори ташкилотҳои бефоида (ғайритиҷоратӣ) шомил аст, ки ин имконият медиҳад ҶСБ-ро чун сохтори соҳибкорӣ барои ба ҳадди ақал овардани андоз истифода баранд.

Ширкатҳои суғуртавӣ (ТҲС) ‟ ширкатҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба субсидияҳо (дастгирӣ) асос ёфтааст. Онҳо ба суғуртаи бекорӣ, суғуртаи ҷуброни коргарон ва хизматчиён, инчунин ба суғуртаи коршоямии касбӣ субсидия мекунанд. Аксар вақт ТҲС аз пардохти андозҳои давлатӣ озоданд.

Ширкатиҳои суғуртавии хусусӣ ‟ ба як молик ё оилаи вай тааллуқ доранд. Шакли нодири муттаҳидшавии суғуртакунандагони хусусӣ ин корпоратсияи англисии «Ллойд» аст. Ҳар суғуртакунандае, ки дар амал онро «Ллойд» меноманд, суғуртаро ба таваккали худ бо назрдошти имкониятҳои молиявиаш мегузаронад. Ҳамаи аъзои «Ллойд» барои афзудани имкониятҳои молиявӣ ҳангоми қабули хавфу хатарҳо ба суғурта ба синдикатҳо муттаҳид шудаанд. Аъзоҳақии суғуртавӣ ва зарарҳо байни аъзоёни синдикатҳо мутаносибан ба манфиатҳои молиявиашон дар синдикатҳо тақсим карда мешаванд.

Фонди ғайридавлатии нафақа – шакли махсуси ташкили суғуртаи хусусӣ мебошад, ки ба суғурташавандаҳо дар ҳолати ба синну соли муайян расиданашон кафолати пардохти рентавиро медиҳад. Фоидҳои хусусии нафақа дар мамолики мутараққии дорои иқтисоди бозоргонӣ на танҳо манбаи инвеститсияҳои назаррас, инчунин ҷӯзъи таркибии бозори суғуртавӣ мебошанд, ки таъсири давраҳои иқтисодиро ба соҳаи иҷтимоӣ ҳамвор месозанд.

3.4. Бақайдгирии ташкилотҳои суғуртавӣ ва иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти суғуртавӣ

Танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ бояд инкишофи системаи миллии суғуртавиро таъмин намояд ва ба соҳаи суғурта дар иқтисодиёт назорати таъсирбахш расонад. Заминаи қонунгузории танзими ҳуқуқии бозори суғуртаи миллӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» гузошта шудааст, ки 20-июли соли 1994 қабул гардидааст.

Мутобиқи қонуни мазкур бақайдгирии ҳамаи ширкатҳои суғуртавӣ, аз ҷумла ширкатҳои суғуртавии муштарак бо иштироки фирмаҳои хориҷии суғуртавӣ, бахшҳои онҳо, ки ба фаъолияти суғурташавӣ машғуланд, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди ҳатмии давлатӣ гирифта мешаванд.

Бақайдгирии ширкатҳои суғуртавӣ на дертар аз 30-рӯзи ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ариза, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин анҷом мепазирад:

-пратокол (қарор) дар барои таъсиси ширкати суғуртавӣ;

-шартномаи таъсисдиҳӣ;

-оиннома (низомнома);

-маълумот дар барои мувофиқати касбии роҳбарони ширкати суғуртавӣ (роҳбар, сармуҳосиб) тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ширкати суғуртавӣ аз лаҳзаи бақайдгирифтанаш ба худ статуси шахси ҳуқуқиро мегирад. Радкунии бақайдгирӣ мумкин аст бо ин сабабҳо руй диҳад:

  • вайронкунии тартиботи аз тарафи қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараргардидаи таъсиси ширкат;
  • мувофиқат накардани ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба талаботи қонунугзории Ҷумҳурии

Тоҷикистон;

-аз ҷиҳати касбӣ номувофиқ будани роҳбарон.

Ҳангоми беасос рад шудани бақайдгирии давлатӣ муассисони ширкати суғуртавӣ метавонанд ба суд муроиҷиат намоянд. Иҷозатномаро барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ ба ширкати суғуртавӣ мақомоти назорати давлатии суғуртавии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин медиҳад:

  • дар асоси ариза бо замимаи ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳӣ; шаҳодатномаи бақайдгирӣ; маълумотнома дар бораи ҳаҷми пардохти фонди оинномавӣ; асоснокии иқтисодии фаъолияти суғуртавӣ; қоидаҳои намудҳои суғурта; ҳисобҳои тарифҳои суғуртавӣ; маълумот дар бораи роҳбарон ва муовинҳо;

-ба ширкатҳои суғуртавие, ки асоси фаъолияташон мутлақо азнавсуғуртакунӣ мебошад, дар асоси ариза бо замимаи ҳуҷҷатҳои муассисӣ: шаҳодатномаи бақайдгирӣ; маълумот дар бораи ҳаҷми пардохти фонди оинномавӣ; маълумот дар бораи рақобат ва муовинон.

Иҷозатнома барои анҷомдиҳии суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмии шахсӣ, суғуртаи амвол ва суғуртаи масъулият, инчунин азнавсуғуртакунӣ, ки агар асоси фаъолияти суғуртакунанда танҳо азнавсуғуртакунӣ бошад, дода мешавад. Дар ин ҳолат дар иҷозатнома намуди мушаххаси суғурта, ки суғуртакунанда ҳуқуқи иҷрои онро дорад, нишон дода мешавад. Мақомоти назорати давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи шахсони ҳуқуқиро дар бораи додани иҷозатнома дар мӯҳлати на зиёда аз 30-рӯзи ворид гаштани ҳуҷҷатҳои номбаршуда баррасӣ менамояд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.