Фанни Иқтисоди миллӣ

Шартномаи суғурта

5.1. Мафҳуми шартномаи суғурта

Шартномаи суғурта ‟ ин шакли ҳуқуқии муносибати дутарафа байни иштирокчиёни суғурта мебошад. Дар асоси шартномаи басташудаи суғурта  як тараф (суғурташаванда) ӯҳдадор мешавад, ки ҳиссаи муайяни (аъзоёации) суғуртаро пардохт намояд,  тарафи дигар бошад (суғуртакунанда) ӯҳдадор мешавад ҳангоми фаро расидани м.ҳлати дар шартнома пешбинишуда (ҳолати суғуртавӣ) ба суғурташаванда ё шахси сеюм (манфиатгиранда) зарари расидаро дар доираи дар шартнома муқарраршудаи маблағи суғурта доир ба суғуртаи амвол, барқарор намояд ё дар ҳолати суғуртаи шахсӣ маблағи суғуртаро қисман ё пурра пардохт намояд.

Заминаи бастани шартномаи суғурта манфиати суғуртавӣ мебошад, ки метавонад инфиродӣ, дастаҷамъӣ ва иҷтимоӣ бошад.

Дар суғуртаи моликият заминаи суғурта метавонад муносибати ба объекти суғурта аз ҷиҳати ҳуқуқӣ эътирофшуда бошад, масалан ҳуқуқи соҳибият, иҷора, лизинг ва ҳоказо.

Агар шахс соҳиби хона, автомобил ё бӯстонсаро бошад, пас ӯ барои нигоҳ доштани ин амвол манфиатдор аст, яъне манфиати суғуртавӣ дорад, зеро агар онҳо зарар бинанд ё аз даст раванд, шахс дар ҳаҷми ин зарар хисорат мебинад.

Шахс чунин манфиати суғуртавиро насбати предмете низ дорад, ки ба иҷора гирифтааст, зеро агар он предмет дуздида шавад ё зарар бинад, ӯ бояд онро баргардонад.

Ҳангоми суғуртаи амвол манфиати суғуртавӣ бо арзиши амвол маҳдуд мешавад.

Ҳангоми суғуртаи ҳаёт ҳар як шахс нисбати ҳаёти худ манфиати суғуртавии номаҳдуд дорад ва метавонад онро бо ҳар маблағе, ки хоҳад суғурта намояд (ба шарте, ки ӯ аз нигоҳи тиб солим бошад) ва пардохти  ҳиссаро (аъзоҳациро) мутобиқи имкониятҳои молиявии хеш ба худ раво бинад, инчунин ҳар як шахс барои ҳаёти ҳамсари хеш,  фарзандон ва дигар хешовандон манфиати суғуртавӣ дорад ва баръакс.

Суғурта бо шартнома асоснок карда мешавад, моддаи 11-и Қонуни ҶТ “Дар бораи суғурта” дар шакли хаттӣ бастани шартномаи суғуртаро пешбинӣ менамояд.

Аз ҷониби суғурташаванда ба ширкати суғуртавӣ дар бораи хусусияти  таваккалӣ (хавф) маълумот расонида мешавад ва ӯ инчунин шакли мақбули ҳимояи суғуртаро интихоб менамояд. Ҳангоми интихоб барои суғурташаванда нарх, сифати хизматрасонӣ ва боэътимодии ширкати суғуртавӣ омили муайянкунанда мебошад.

Дар навбати худ суғуртакунанда бояд маълумоти суғурташавандаро оиди хавф таъмин намояд. Ҳамзамон ӯ метавонад бо истифода аз хизмати сюрвейерҳои соҳибтаҷриба оиди хавф, ки пешниҳодотро омӯхта, дар маҳал тафтиш мегузаронанд, худаш дархост намояд.

Суғуртакунанда дар бораи ҳаҷм ва хусусияти пардохти суғуртае, ки метавонад ба суғурташаванда пешниҳод намояд, қарор қабул мекунад. Механизми аз ҳама муқаррарие, ки суғуртакунанда ба воситаи он дар бораи хавфи суғурташаванда маълумот мегирад, ин шакли ариза мебошад.

Шаклҳои ариза аз рӯи ҳаҷму мазмун вобаста ба хусусияти хавф ва маълумоте, ки ба суғуртакунанда барои суғурта намудани хавф зарур аст, фарқ мекунанд.

Масалан, агар бино суғурта шавад, пас донистан лозим аст, ки он аз кадом масолеҳ сохта шудааст (аз ҷумла хишти пухта, хишти хом, девори похса, бетон ва амсоли он) ва агар автомобил суғурта карда шавад, пас ‟ собиқаи кории ронанда, соли барориши автомобил , ҳолати он ҳангоми суғуртакунӣ ва амсоли он ба инобат гирифта мешавад.

5.2. Мазмуни шартномаи суғурта

Суғурташаванда дар аризаи худ дар бораи хоҳиши бастани шартномаи суғурта маълумот дода, нишон медиҳад, ки ӯ маҳз чиро ва ба кадом маблағ суғурта менамояд.

Ба ғайр аз ин, ӯ тасдиқ менамояд, ки бо қоидаҳо ва шартҳои суғурта шиносида шудааст ва тамоми маълумоти ба суғуртакунанда барои муайян намудани ҳаҷми масъулияти суғуртавӣ зарурро нишон медиҳад. Дар ин ҳангом бояд принсипи бовиҷдонии комил риоя шавад. Агар маълумоти ба суғуртакунанда пешниҳодшуда дурӯғ ва нопурра бошад, пас суғуртакунанда ҳақ дорад талаб намояд, ки шартнома беэътибор дониста шавад. Дар баробари ин суғуртакунанда бояд саволҳоро дар шакли саҳеҳ тартиб диҳад, то ки суғурташаванда натавонад шартҳои шартномаро, ки мазмуни носаҳеҳ доранд, ба манфиати худ шарҳ диҳад.

Агар аризаи суғурта дар шакли дахлдор пешниҳод гардида, суғуртакунанда онро қабул кунаду ҳаққи суғурта пардохт шуда бошад, шартнома мавриди амал қарор дода мешавад. Ба суғурташаванда санади суғурта дода мешавад, ки аз бастани шартномаи суғурта шаҳодат медиҳад.

Дар ҳуҷҷат (санад) бояд маълумоти зерин нишон дода шавад:

  1. Ном ва суроғаи тарафҳо, дар ҳолати зарурӣ инчунин суроғаи шахси суғурташуда ва манфиатгиранда (ё ки шартҳои муайян намудани онҳо);
  2. Объекти суғурта;
  3. Ҳадди ниҳоии маблағи суғурта;
  4. Андозаи пардохтҳои суғуртавӣ, мӯҳлат ва тартиби пардохти онҳо; 5. Оғоз ва анҷоми эътибори шартномаи суғурта;

6. Дигар шартҳои мувофиқатшудаи тарафҳо.

Ба  шартномаи суғурта метавонад дигар эзоҳот ва маҳдудиятҳо ворид карда шаванд, ки онҳоро “Клаузула” меноманд. Яке аз онҳо франшиза аст. Яъне озод намудани суғуртакунанда аз пардохти хасороте, ки аз андозаи муайян зиёд нестанд.

Ба баъзе шартномаҳо, масалан ба шартномаҳои хавфи сиёсӣ метавонад эзоҳоти “Форсмажор” ворид карда шавад, ки мутобиқи он зарари ба манфиати молиявии суғурташаванда расида, ҳангоми ҳолатҳои форс-мажории номбаршуда, барои суғуртакунанда ӯҳдадории пардохти зарари расидаро ба миён намеоварад.

5.3. Ӯҳдадориҳои суғуртакунанда ва суғурташаванда мувофиқи шартномаи суғурта

Ӯҳдадориҳои суғуртакунанда, ки дар шартномаи суғурта пешбиниӣ мешаванд,  метавонанд аз  инҳо иборат бошанд:

  • Суғурташавандаро бо қоидаҳо ва шартҳои суғурта шинос намояд;
  • Ҳангоми аз ҷониби суғуртакунанда андешидани чораҳое, ки хавфи фарорасии ҳолати суғуртавӣ ва ҳаҷми зиёни имконпазирро ба моликияти суғурташаванда кам менамоянд, ё худ ҳангоми зиёд шудани арзиши воқеии он, аз рӯи аризаи суғурташаванда бо назардошти ин ҳолатҳо шартномаи суғуртаро аз нав бандад;
  • Ҳангоми фаро расидани ҳолати суғурта пардохти суғуртаро дар мӯҳлати дар шартнома муқарраршуда иҷро намояд;
  • Суғуртакунанда барои сари вақт напардохтани маблағи суғурта (товони суғурта) аз рӯи шартномаи суғуртаи ҳатмӣ, инчунин аз рӯи шартномаи суғуртаи ихтиёрӣ барои бо айби кормандони суғуртакунанда додани ҷаримаи аҳдшикание, ки ҳаҷми он бо шартҳои суғурта муайян мешавад, пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартномаи суғурта, масъулияти моддӣ дорад;
  • Харҷи суғурташавандаро, ки ҳангоми ҳолати суғуртавӣ барои пешгирӣ намудан ё кам кардани зарар ба моликияти суғурташуда ба амал омадааст, пӯшонад, агар пӯшондани харҷи мазкур дар қоидаҳои суғурта пешбинӣ шуда бошад;
  • Ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, маълумотро доир ба суғурташаванда ва моликияти ӯ ошкор нанамояд;

Ӯҳдадориҳои  суғурташаванда низ  дар шартномаи суғурта аз инҳо иборат мебошанд:

  • Сари вақт ҳаққи суғуртаро пардохт намояд;
  • Ҳангоми бастани шартномаи суғурта ба суғуртакунанда дар бораи ҳамаи ҳолатҳое, ки  барои муайян намудани арзиши хавф аҳамият доранд, инчунин дар бораи ҳамаи шартномаҳои суғуртавии бо объекти суғурташаванда басташуда ё басташаванда маълумот диҳад;
  • Бо мақсади пешгирӣ ё кам намудани зарар ба моликияти суғурташуда ҳангоми ҳолати суғуртавӣ чораҳои зарурӣ андешад ва ба суғуртакунанда оид ба  фаро  расидани ҳолати суғуртавӣ, ки дар шартномаи суғурта муқаррар шудааст, хабар расонад.

Инчунин дар шартномаи суғурта  метавонанд дигар ӯҳдадориҳои суғурташаванда пешбинӣ шуда бошанд.

5.4. Иваз кардани суғурташаванда дар шартномаи суғурта

Дар ҳолати вафоти суғурташавандае, ки шартномаи суғуртаи моликият бастааст, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои суғурташаванда ба шахсе мегузарад, ки моликияти мазкурро аз рӯи тартиби меросхӯрӣ қабул намудааст. Дар ҳолатҳои дигари иваз намудани суғурташаванда ҳуқуқ ва  ӯҳдадориҳои ӯ бо розигии суғурташаванда ба соҳибмулки нав мегузарад, масалан, ҳангоми фурӯхтани моликият дар вақти эътибор доштани шартномаи суғурта ва ғайра.

Дар ҳолати вафоти суғурташавандае, ки ба манфиати шахси сеюм шартномаи суғурта бастааст, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки дар шартномаи мазкур муқаррар шудааст, бо ризоияти ӯ ба шахси сеюм мегузарад. Дар ҳолати ғайриимкон будани иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи суғурта аз ҷониби ин шахс, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ метавонад ба шахсоне гузарад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадориҳои шахси суғурташударо нисбати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ иҷро менамоянд.

Агар дар давраи эътиборнокии шартномаи суғурта суғурташаванда аз ҷониби суд корношоям ё корношоями нопурра эълон шавад, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои чунин суғурташавандаро сарпараст ё восии ӯ иҷро менамояд. Дар чунин ҳолат суғуртаи масъулият аз лаҳзаи қатъ гардидан ё маҳдуд гаштани коршоямии суғурташаванда ба итмом мерасад.

Ҳангоми азнавташкилдиҳии суғурташаванда, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад, дар давраи эътиборнокии шартномаи суғурта ҳуқуқу ӯҳдадориҳои вай аз рӯи шартномаи мазкур бо розигии суғурташаванда ба вориси ҳуқуқии дахлдоре мегузарад, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.

5.5. Беэътибории шартномаи суғурта ва қатъ шудани шартномаи суғурта.

Шартномаи суғурта дар  ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор дониста мешавад.

Шартномаи суғурта инчунин дар ҳолатҳои зерин беэътибор дониста мешавад:

  • агар пас аз ҳолати суғуртавӣ баста шуда бошад;
  • агар объекти суғурта моликияте бошад, ки дар асоси ба ҳукми қонун даромадаи қарори дахлдори суд таҳти мусодира қарор гирифтааст.

Шартномаи суғурта аз ҷониби судҳо низ беэътибор дониста мешавад.

Шартномаи суғурта дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

  • гузаштани мӯҳлати эътибор;
  • аз ҷониби суғуртакунанда дар назди суғурташаванда дар ҳаҷми пурра иҷро гардидани ӯҳдадориҳо тибқи шартномаи суғурта;
  • аз ҷониби суғурташаванда дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартнома напардохтани ҳаққи суғурта;
  • барҳам хӯрдани суғурташавандае, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад;
  • аз ҷониби суд қабул гардидани қарор оид ба беэътибор донистани шартномаи суғурта.

Шартномаи суғурта аз рӯи талаби суғурташаванда ё суғуртакунанда инчунин бо розигии тарафҳо метавонад пеш аз мӯҳлат қатъ гардад, агар ин ҳолат дар шартномаи суғурта пешбинӣ шуда бошад.

Агар дар шартнома мӯҳлати дигаре муайян нашуда бошад, тарафҳо ӯҳдадоранд якдигарро на камтар аз як моҳ пештар аз таърихи дар назар дошташудаи шартномаи суғурта дар бораи хоҳиши пеш аз мӯҳлат қатъ намудани шартномаи суғурта, огоҳ намоянд.

Дар сурати бо талаби суғурташаванда пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани шартномаи суғурта, суғуртакунанда  барои мӯҳлати нагузаштаи шартнома ҳаққи суғуртаро  бидуни маблағи харҷшуда бармегардонад, агар сабаби талаби суғурташаванда аз ҷониби суғуртакунанда вайрон намудани қоидаҳои суғурта бошад, пас суғуртакунанда ба суғурташаванда ҳаққи суғуртаи ӯро ба пуррагӣ бармегардонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *