Фанни Иқтисоди миллӣ

Ҳисобҳои актуарӣ

6.1. Мавфҳум, моҳият ва мазмуни ҳисобҳои актуарӣ дар фаъолияти суғуртавӣ

Ҳисобҳои актуарӣ ин усулҳои риёзӣ ва омории тадқиқоти ташаккулёбии натиҷаҳои суғурта ва тарифҳои суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта мебошад. Методологияи ҳисобҳои актуарӣ ба назарияи эҳтимолият, назарияи ададҳои калон, истифодаи омори риёзӣ ва тадқиқотҳои демографӣ асос ёфтааст,

Суғуртакунӣ таърихи зиёда аз ду ҳазорсола дошта бошад ҳам, вале он асосан пас аз муқаррар намудани асосҳои риёзии назарияи эҳтимолият ва ҷамъ овардани маълумотҳои саҳеҳи боварибахши оморӣ такмил ёфтааст. Дар баробари бавуҷудоии ин заминаҳо имконияти коркарди техникии ҳисоби суғуртавӣ, ки бо амалиётҳои дарозмӯҳлат ва кутоҳмӯҳлати суғуртаи ҳаёт (шахсӣ) ва амвол ва ё ба таври кӯтоҳ – ҳисобҳои актуарӣ меноманд, ба амал омаданд. Калимаи актуарӣ аз калимаи лотинии «actuaris» гирифта шуда, маънояш шӯъбаи қайди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.

Ба ташаккулёбии техникаи актуарӣ дар соли 1762 дар шаҳри Лондон кушодашавии ҷамъияти суғуртавии «Эквитебл» мусоидат намуд. Баръакси ҷамъиятҳои суғуртавии пештар амалкунанда, «Эквитебл» оид ба суғуртаи мавриди фавт тарифҳои синну солро бо тарифи пардохтҳои суғуртавӣ, ки дар асоси ҷадвали фавт тартиб дода шуда буданд, мегузаронид. Аз рӯи таҷрибаи «Эквитебл», аввал дар Англия, баъдтар дар дигар мамлакатҳо ҷамъиятҳои дигари суғуртавӣ фаъолият менамуданд. Бо гузашти вақт онҳо маълумотҳои омории фаровонро ҷамъ намуданд, ки ба онҳо имконияти доимо аниқ намудани тарифҳои суғуртавӣ ва такмили техникаи ҳисобҳои суғуртавиро дод. Дар рафти чунин фаъолият кадрҳои боихтисоси суғуртавӣ ‟ риёзӣ (актуар) ба воя расиданд ва адабиётҳои махсус дар ин соҳа пайдо шуданд.

Дар соли 1849 дар Лондон ба таъсиси институти маҷмӯи қонуну қоидаҳои актуарӣ, ки ҳоло фаъолият менамояд, асос гузошта шуд (ҳама кормандони институт мутахассисони соҳаи мазкур буданд), ки вазифаи асосиаш коркарди техникии ҳисобҳои суғуртавӣ ва тайёр намудани кадрҳои нави суғуртавӣ ‟ риёзӣ ба ҳисоб мерафт, ки ба онҳо дар баробари такмили амалиётҳои суғуртавӣ талабот низ муттасил меафзуд. Ҳоло муассисаҳои илмӣ-техникии ба ин монанд дар аксарияти мамлакатҳо мавҷуд мебошанд. Аз ҷумла, институти актуарӣ дар ШМА қариб 12,0 ҳазор, дар Британияи Кабир 5,5 ҳазор, дар Япония 2,0 ҳазор шахсро (кормандро) дар бар мегирад.

Дар аксар мамлакатҳои мутараққии саноатӣ фаъолияти актуарӣ ба гурӯҳи алоҳидаи касбӣ ҷудо карда шудааст. Миқдори шахсони ба фаъолияти актуарӣ машғулбуда дар ҳисоботҳои меъёрии меҳнат нишон дода мешавад.

Фаъолияти актуарӣ яке аз касбҳои бонуфуз дар мамлакатҳои ғарб ба ҳисоб меравад, ки гувоҳи он натиҷаи саволнома ‟ пурсиш оид ба касбҳои дар байни ҷавонон бештар маъмул, мебошад, ки дар соли 1986 рӯзномаҳои «Ню Йорк Таймс» ва «Крисчиен сайенс Монитор» гузаронида буданд.

Тараққиёти асосии суғуртакунӣ аз миёнаи асри Х1Х оғоз шуда, минбаъд ривоҷ ёфт. Бо васеъшавии доираи масъалаҳои актуарӣ, ки барои ҳамаи ширкатҳои суғуртавӣ диққатҷалбкунанда буд, дар соли 1889 Иттиҳоди (ҷамъият-ассотсиатсияи) байналхалқии актуарҳо (IAA) ташкил карда шуд. Дар соли 1895 таҳти роҳбарии ин Ҷамъият дар Брюссел анҷумани аввалини актуарҳо барпо гардид. Дар назар буд, ки соли 1915 дар ш. СанктПетербург анҷумани ҳаштум барпо мегардад, ки аз нуфузи мактаби актуарии рус дар арсаи байналхалқӣ гувоҳӣ медод ва ба ҳайати он В. Граве, Н. Луначарский, В. Малишевский, С. Салевич ва дигар мутахассисон дохил буданд.

Анҷуманҳои байналхалқии актуарҳо (ICF) яке аз воқеаҳои бузург дар соҳаи илми суғурта буданд. Онҳо дар се-чор сол як маротиба гузаронида мешаванд. Ба ӯҳдадориҳои онҳо табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи назарияи актуарӣ, ба як шакл даровардани усулҳои ҳисоби актуарӣ ва нишонаҳои актуарӣ (охирин бор намунаи ингуна нишона соли 1954 дар Мадрид, ки анҷумани XIV гузашта буд, қабул гардида буд), дохил мешаванд.

Аз 10 то 16 июли соли 1988 дар шаҳри Хелсинкии Финляндия Анҷумани XXIII байналхалқии актуарӣ, ки қариб 2 ҳазор мутахассисро аз 36 мамлакат гирд оварда буд, гузашт.

Фаъолият (иштирок) дар ин анҷуман аввалин такон барои суғуртаи давлатии умумииттифоқии ҳамонвақта барои ташкили шӯъбаи ҳисоби актуарӣ гардид ва дар оянда дар назар буд, ки чунин шӯъбаҳои ҳисоби актуарӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳои Иттифоқ, аз ҷумла дар Ташкилоти суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.

Аммо пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ чунин шӯъба дар сохтори ташкилоти суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда нашуд.

Ҳоло дар мамлакатҳои мутараққӣ актуарҳо дар ширкатҳои суғуртавии ҳаёт, дар ширкатҳои суғуртавии ба суғуртаи амвол машғул буда, дар ҷамъиятҳои азнавсуғуртакунӣ ва дар ташкилотҳои назорати суғуртавӣ фаъолият менамоянд.

Актуарҳои дар ширкатҳои суғуртавие, ки ба суғуртаи ҳаёт ва амвол алоқаманд кор мекунанд, ба чунин намудҳои фаъолият машғуланд:

  • муайян намудани эҳтимолияти бавуҷудоии ҳодисаҳои суғуртавӣ (пеш аз ҳама сухан дар бораи тайёр намудани усулҳои гуногуни ҷадвали фавт, ки бо намудҳои суғурта ва навъи худи ҷадвалҳо тафриқа карда шудаанд, меравад);
  • ҳисоби тартиби меъёри тарифӣ, ҳам холис (нетто) ва ҳам ғайрихолис (брутто). Тартиби охирин интихоби усули муайян кардани бузургии сарбориро дар таркиби меъёри тарифии мутобиқан ифодакунандаи системаи пардохти подоши хидматии дар ширкати мазкур ба маъмурони суғурта, брокерҳо ва духтурон-коршиносон ва ғайра қабул шударо талаб менамояд;
  • муайян намудани усулҳои аз ҳама бештар фоидаовари ҳисоби пардохтҳои захиравӣ, фондҳои эҳтиётӣ, ки устувории молиявии амалиётҳои дар соҳаи суғурта гузаронидашавандаро таъмин менамояд;
  • таҳлили ба ном фоидаи азнавтақсимшудаи ширкати суғуртавӣ, ки муайян намудани сарчашмаҳои муҳимтарини ташкилёбии онро дар бар мегирад;
  • интихоби сиёсати самараноктарини маблағгузорӣ, ки таҳияи усулҳои махсуси актуарии муайян намудани қобилияти қарзадокунии суғуртакунанда, дараҷаи камтарини имконпазири барҳамдиҳии дороии он ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Хизмати актуарӣ дар ширкатҳои азнавсуғуртакунанда нақши муҳимро мебозад. Чи тавре ки аз боби 12-и «Азнавсуғуртакунӣ» ‟ и ҳамин китоб аён аст, азнавсуғуртакунӣ чунин сохти муносибатҳои иқтисодиро дар худ таҷассум менамояд, ки дар натиҷа суғуртакунанда барои

суғуртакунӣ хавфҳоро қабул намуда, қисме аз масъулияти онро ба суғуртакунандаи дигар бо мақсади ба мувозинат овардани бастаи (портфели) шартномаҳои суғуртавӣ ва таъмини

устувории молиявии амалиётҳои суғуртавӣ медиҳад. Андозаи аниқи маъсулияти ширкати суғуртавӣ, ки ба суғуртакунандаи дигар (азнавсуғуртакунанда) дода мешавад, мувофиқи имкониятҳои молиявӣ муайян карда мешавад.

Актуарҳои ширкатҳои азнавсуғуртакунанда барои амалӣ намудани сиёсати самараноктари азнавсуғуртакунӣ масъул мебошанд. Мураккабии ин вазифа асосан аз ихтилофнок будани раванди худи азнавсуғуртакунӣ бармеояд. Аз як тараф, азнавсуғуртакунӣ устувории молиявии амалиётҳои суғуртавиро таъмин менамояд, аз тарафи дигар, ба азнавсуғуртакунанда гузаронидани қисми пардохти воридшударо тақозо менамояд, ки ин натиҷаҳои молиявӣ- иқтисодии фаъолияти ширкати суғуртавиро паст мегардонад.

Барои актуарҳои тоҷик, вобаста ба пайдоиши минбаъдаи миқдори зиёди ташкилотҳои суғуртавӣ бо шаклҳои гуногуни моликият, ки соҳиби дороиҳои нисбатан маҳдуди молиявианд, таҷрибаи ширкатҳои азнавсуғуртакунандаи мамлакатҳои хориҷӣ аҳамияти махсус пайдо менамояд. Дар ин шароит ҳифзи манфиатҳои суғурташавандагон ва таъмини устувории молиявии бозори суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ дар миқёси шаклҳои гуногуни он, бе татбиқи васеи амалиётҳои азнавсуғуртакунӣ дар фаъолияти суғурта, ғайриимкон аст. Махсусан, агар тартиби азнавсуғуртакунӣ дар байни суғуртакунандагони ҷумҳурӣ ва азнавсуғуртакунандагони хориҷӣ истифода бурда шавад.

Боз як ширкаткунандаи муҳими фаъолияти актуарӣ – ин ташкилоти назорати давлатии суғурта мебошад. Дар адабиёти иқтисодӣ фарқ намудани ду шакли асосии назорати давлатӣ ‟ «тартиби оммавӣ» ва «тартиби меъёрӣ», қабул шудааст. «Тартиби оммавӣ» табъу нашри натиҷаи фаъолияти молиявӣ – иқтисодии худи ширкатҳои суғуртавӣ, инчунин нақшаи молиявии ояндаашонро бо тағйиротҳои иловашуда ба назар мегирад. Актуарҳои дар доираи услуби мазкур фаъолиятнамоянда вазифадоранд, ки ҳисоби фоида ва зарарро дар намудҳои алоҳидаи суғурта (пеш аз ҳама дар соҳаи суғуртаи ҳаёт, ки барои он доираи асоснокии муайян намудани ба истилоҳ «захираи математикии пардохтҳо» тафтиш карда мешавад) назорат намоянд ва дурустии харҷномаи сармоягузорӣ ва ғайраро тафтиш кунанд.

Мувофиқи «тартиби меъёрӣ» ширкатҳои суғуртавӣ ҳангоми гузаронидани амалиётҳои суғуртавӣ муайян намудани меъёрҳоро ба роҳбарӣ мегиранд. Дар ин ҳолат ба доираи вазифаи актуарҳо таҳлили коркарди меъёрҳои номбурда ва назорати риояи онҳо дохил мешаванд.

Ташкилотҳои назорати давлатии суғуртавӣ барои ташкили ширкатҳои нави суғуртавӣ иҷозат медиҳанд. Дар ин ҳолат актуарҳо оиннома ва шартномаҳоро оид ба ташкили ширкати суғуртавӣ, варақаи (ведомости) ҳисоби нархномаҳои тарифиро таҳлил менамоянд. Дар як қатор мавридҳо ва маҳз дар ҳолати муайян намудани норасоии таъмини арзӣ, амалиётҳои суғуртавии дар назар буда, хадамоти актуарии ташкилоти давлатии назорати суғуртавӣ метавонад барои ташкили муассисаи суғурта иҷозат надиҳад.

Хадамоти актуарии назорати давлатии суғуртавӣ оиди ҳуқуқ доштани ин ё он ширкати суғуртавӣ дар фаъолият барои гузаронидани намудҳои дигари суғурта, ворид намудани тағйиротҳо ба оинномаи ширкатҳои суғуртакунӣ ва инчунин ба андозаи тарифҳои суғуртавӣ, хулосаи худро медиҳад.

6.2. Муайян намудани нархи ҳифзи моли махсус – хизмати суғуртавӣ.

Моли махсуси бозори суғурта ин муҳофизати суғуртавии хизматрасонии аз тарафи муассисаҳои суғуртавӣ пешниҳодшуда мебошад.

Ҳамчун дигар молу хизматрасониҳо хизмати суғуратвӣ низ арзиши истеъмолии худро дорад.

Арзиши истеъмолии хизматрасонии суғуртавӣ аз таъмини ҳифзи суғуртавӣ иборат мебошад. Дар ҳолати ба вуқӯъоии ҳодисаҳои суғуртавӣ ин ҳифзи суғуртавӣ шакли подошии суғуртавӣ, рӯйпӯш намудани товони зарари ба шахси суғурташуда расидаро мувофиқи шартномаи суғуртавӣ дар худ таҷассум менамояд.

Арзиши хизмати суғуртавӣ ё нархи вай дар аъзоҳаққии суғуртавӣ, ки суғурташаванда ба суғуртакунанда мепардозад, ифода меёбад. Мукофоти (пардохти) суғуртавӣ дар мавриди имзо нашудани шартномаи суғуртавӣ муқаррар карда шуда, дар тӯли амали шартномаи суғурта, агар ягон шарти дигар дар он қайд нашуда бошад, бетағйир мемонад.

Бузургии (андозаи) мукофот мебояд:

  1. эродҳои интизориро дар муддати амали шартномаи суғурта қонеъ намояд;
  2. захираҳои суғуртавӣ таъсис намояд;
  3. хароҷоти суғуртакунандаро барои коргузории идоравӣ пардохт намояд; 4) андозаи муайяни фоидаро таъмин намояд.

Нархи хизмати суғуртавӣ, ҳамчун дигар нархҳои бозорӣ бо таъсири талабот ва таклифот каму зиёд мешавад. Ҳадди поёнии нарх аз рӯи баробарии байни воридоти пардохт аз ҳисоби суғурташавандагон ва ҳақгузории талофӣ (маблағ) -и суғуртавӣ мувофиқи шартнома ва харҷи суғурташаванда муайян карда мешавад. Бо чунин сатҳи нарх суғуртакунанда аз амалиётҳои суғуртавӣ ягон хел фоида гирифта наметавонад. Табиист, ки суғуртакунии чунин хавфҳо худро таъмин гардонида наметавонад.

Ҳадди болоии нархи хизмати суғуртавӣ бо ду омил муайян карда мешавад:

  • андозаи талабот ба вай (ба хизмати суғуртавӣ);
  • андозаи фоизи бонкии маблағҳои амонатгузошташуда;

Дар назарияи суғурта нархи баландтарини хизмати суғуртавӣ вобаста ба талаботи суғурташавандаи имконпазир муайян карда шуда, нархи камтарин бошад, ҳамчун воситаи

таъмини ҳамарзишии муносибати байни суғуртакунанда ва суғурташаванда дида баромада мешавад. Аммо дар кишварҳои бозори суғуртавиашон тараққикарда нархи ақал бештар

вобаста ба фаъолияти бомуваффақияти молиявии суғуртакунанда ва иқтидори сармоягузории

вай муайян карда мешавад. Агар суғуртакунанда соҳиби бастаи (портфели) устувори суғуртавӣ бошад, хароҷоти вай барои коргузорӣ – кам ва фоида аз фаъолияти сармоягузорӣ баланд

мебошад, пардохтҳои суғуртавӣ аз он бузургие, ки барои таъмини баробарии муносибатҳои суғуртакунанда ва суғурташаванда расман зарур ҳисобида мешавад, кам буда метавонанд.

Дар ҳолати ба қадри кифоя баланд будани талабот ба хизмати суғуртавии мазкур, вақте ки талаботи оммавӣ ба суғуртакунӣ мавҷуд буда, вале миқдори суғуртакунандагон зиёд намебошад ва ҳамаи онҳо шартҳои тахминан якхеларо пешниҳод менамоянд, имконияте мавҷуд аст, ки дар як муддати муайян андозаи баланди мукофоти суғуртавӣ нигоҳ дошта шавад. Аммо баробари аз тарафи талаботҳои хизматрасонии суғуртавӣ пур шудани бозори суғуртавӣ, ин ҳолат хатарнок мегардад. Дар як ширкат ба тарифи баланд вохӯрда, мизоҷ ба дигараш меравад. Аз ин рӯ дар бозори суғуртавӣ, ҳамчун дар бозори дилхоҳи мол, тамоили баробаркунии сатҳи тарифҳои суғуртавӣ мавҷуд мебошад.

Фоизи бонкӣ ба фаъолияти суғуртавӣ бо ду самт таъсири воқеӣ мерасонад. Якум, тамоили ҷараёни инкишофи фоизи бонкӣ дар муқоиса бо тарифҳои суғуртавӣ қарордоди мизоҷро дар бораи он, ки ба таваккали худ чӣ тавр муқобилият нишон диҳад, муайян менамояд. Тамоман имконпазир аст, ки қарзи аз бонк гирифташуда, ё пули дар он барои худмаблағгузорӣ пасандоз шуда, нисбат ба суғуртакунӣ бештар манфиатовар бошанд. Аз ин рӯ суғуртакунандагон маҷбуранд, ки андозаи тарифҳои суғуртавиро бо фоизҳои бонкӣ муқоиса намоянд.

Дуввум, маблағи ба намуди мукофот гирифта ва то муҳлати ҳақгузории талофии (маблағи) суғуртавӣ муваққатан озоди суғуртакунандагон бе истифода нахоҳад хобид. Онҳо метавонанд ва мебояд ба мақсадҳои тиҷоратӣ аз тарафи суғуртакунандагон истифода бурда шаванд; ба қоғазҳои қимматнок иваз карда шаванд ё ба амволи ғайри манқул (беҳаракат) табдил ёбанд, ҳамчун қарз пешниҳод шаванд, яъне фоидаи сармоягузорӣ оранд. Қисми ин фоида ба суғурташавандагон ба ивази фоизи муайян метавонад пешниҳод шавад. Роҳи дигар ‟ вақте ки меъёрҳои тарифӣ бо баҳисобгирии меъёри дар назар дошташудаи фоиданокии сармоягузорӣ қаблан кам карда мешаванд.

Нархи чунин хизматрасонии суғуртавии суғуртакунанда пешниҳоднамуда, инчунин, аз ҳолати фаъолияти ҳамин ширкати мушаххас вобаста мебошад, аммо маҳз аз бузургӣ ва таркиби бастаи (портфели) суғуртавии вай хароҷоти идоравӣ ва даромаде, ки ширкат аз ҳамчун сармоя гузоштани маблағҳои мувақатан озод ба даст меорад. Аз ин рӯ ширкатҳои аз ҷиҳати молиявӣ пуриқтидор, дар баробари мавҷуд будани намудҳои беҳад фоиданок, метавонанд барои дар бастаи (портфели) худ нигоҳ доштани намудҳои нисбатан даромаднокиашон ками суғуртавӣ роҳ диҳанд.

Фоидаоварии намудҳои гуногуни суғурта бузургии доимӣ буда наметавонад, вай аз марҳилаи силсилаи ҳаётӣ, ки дар он самараи хизмати суғуртавии мазкур мавҷуд мебошад, вобаста аст. Марҳилаҳои давраи ҳаётии, ин хизмати суғуртавии мушаххас, чун қоида, ба монанди намудҳои молҳои дигаранд; ба бозор баровардан, афзоиши дархост, пур будан ё рушду таназзулёбии фурӯш, дараҷаи фоидаоварӣ ва аз бозор тангкуниро дар бар мегиранд. Давраи ҳаётии хизматрасонии суғуртавӣ тавассути нишондиҳандаи фарогирии майдони суғуртавӣ тавсиф карда мешавад, яъне бо ҳамгироии таваккалӣ ва ҷараёни миқдори шартномаҳои басташуда тавсиф карда мешавад. Вақте, ки майдони суғуртавӣ ба дараҷаи пуршавӣ наздик мешавад, афзоиши фоизи бо шартнома фарогирии мизоҷони имконпазир якбора суст мегардад.

6.3. Таркиб ва сохти тарифҳои суғуртавӣ

Меъёри тарифӣ ‟ нархи таваккали суғуртавӣ ва дигар хароҷотҳо, ифодаи мутаносиби пулии ӯҳдадориҳои суғуртакунанда тибқи шартномаи суғуртавии басташуда мебошад. Ҳисоби меъёри тарифӣ бо ёрии ҳисобҳои актуарӣ гузаронида мешавад. Маҷмӯи меъёрҳои тарифӣ – тариф (тарифа) номида мешавад.

Пардохти (мукофоти) суғуртавӣ, ҳамчун нархи хизмати суғуртавӣ, сохти муайяни худро дорост (расми 6.1.) ва унсурҳои алоҳидаи он бояд ҳамаи вазифаҳои суғуртакунандаро бо маблағ таъмин намояд. Қисматҳои асосии мукофоти (пардохти) ғайри холис (брутто) – инҳо мукофоти (пардохти) холис (нетто), иловапулӣ барои пӯшонидани хароҷотҳои ширкати суғуртавӣ ва иловапулӣ ба фоида мебошанд.

Расми 6.1. Таркиб ва сохтори меъёри тарифӣ

Мукофоти холис барои пӯшонидани зарар равона шудааст. Хусусияти суғурта оид ба асоснок кардани ин қисми мукофот аз он иборат аст, ки нархи зарар ба андозаи муайян ҳисоб карда нашудааст. Аммо дар асоси маълумотҳо оид ба зарарҳои давраи гузашта зуддии онҳо, яъне эҳтимолияти сар заданашонро ҳисоб кардан, бузургии миёнаи зарарҳо ва тақсимоти онҳоро муайян намудан мумкин мебошад. Мутобиқи принсипи ҳамарзишӣ андозаи дар назар дошташудаи зарар ба сифати пардохти ақал барои таваккал зоҳир мешавад, ки онро аслан пардохти холис барои таваккал меноманд.

Аммо ин маблағ барои бо эҳтимолияти баланд таъмин кардани ҷуброни суғуртавӣ бо андозаи зарурӣ нокифоя аст. Исбот гардидааст, ки ҳатто дар ҳолати ҷой доштани маълумотҳои дақиқ оид ба зарар, зиёни ҳақиқии зарар дар 50 фоизи ҳодисаҳо аз андозаи интизории он зиёд аст. Дар натиҷаи ин суғуртакунандагон ба ҳисоби миёна дар ҳар ду сол зиён мебинанд, ки ба техникаи муқарраршудаи суғуртавӣ вобаста аст. Барои додани кафолат ба ҳимояи суғуртавии мизоҷон ба мукофоти холис аз рӯи хавф иловапулии суғуртавӣ ҷорӣ карда мешавад.

Таъиноти иловапулии суғуртавӣ аз маблағтаъминкунии фарқияти ногаҳонии зарари ҳақиқӣ, аз нишондиҳандаҳои интизорӣ иборат аст. Ғайр аз ин иловапулии суғуртавӣ барои ихтисор кардани қисмати дигари хавфи суғуртавӣ, айнан таваккали вобаста бо хатогиҳои ахборот, аҳмияти калон дорад. Баҳои нодурусти тақсимоти ногаҳонии зарар кафолати ҳимояи суғуртавиро метавонад қатъиян кам намояд. Дохил намудани иловапулии суғуртавӣ ҳамаи ин хавфҳоро то ҳолати андозаи қобили қабул кам менамояд.

Илова ба хароҷоти суғуртавӣ, ки барои мақсади пӯшонидани хароҷотҳи суғуртакунанда нигаронида шудааст, унсури мукофотро ифода менамояд,. Аз ин рӯ андозҳои ба хароҷот вобаста, масалан андоз аз амвол, мебояд, ки ба нархномаи мукофот илова карда шаванд. Дар як қатор кишварҳо андоз аз амалиётҳои суғуртавӣ вуҷуд дорад, ки суғурташавандагон мепардозанд. Ин намуди хосаи андоз ба андоз аз гардиш монанд аст. Ҳарчанд ин андоз хусусияти хароҷотиро надорад, вале мебояд ҳангоми ҳисоби фоида ба сифати иловапулии махсус ба ҳисоб гирифта шавад.

Дар ҳисобкунии мукофоти суғуртавӣ қисми фоидаи аз фаъолияти сармоягузорӣ бадастовардаи суғуртакунанда ба сифати камкунӣ ‟ (гузашт) метавонад ҳисоб ёбад. Вале ин на ҳама вақт иҷро карда мешавад. Даромад аз маблағи гузошташуда ҳамчун сарчашмаи пӯшонидани хароҷоти ҳамаи намудҳо, аз ҷумла ҳамчун сарчашмаи мустақили фоида, метавонад ҳаллу фасл карда шавад.

Илова ба фоида – ин фоиз ба сармояи худӣ буда, ҳамчун подоши соҳибони сармоя барои истифодаи он баромад менамояд. Ин илова бояд дар баҳисобгирии андоз аз фоида ҳисоб карда шавад.

Ҳисоби мукофоти холис аз рӯи хавф ба таври анъанавӣ ба соҳаи математикаи суғуртавӣ тааллуқ дорад. Муайян кардани унсурҳои дигари мукофот ба иқтисодиёти муассисаи суғурта мансуб аст. Бо тамоми мавҷудияти фарқият дар байни ин ду қисми нарх, алоқаи муайяне низ дар байни онҳо вуҷуд дорад. Масалан, маҷудияти алоқаи байни хароҷоти ҳақгузории суғуртавӣ ва хароҷоти батанзимгирии онҳо ва баръакс ба қайд гирифта мешавад.

Вазифаи аз ҳама муҳим дар асосноккунии мукофоти суғуртавӣ – ин ҳисобкунии мукофоти холис оид ба хавф мебошад. Масъалаи асосӣ дар номуайян будани зарар ҳангоми ҳисобкунӣ мебошад. Ҳисобкунӣ бояд тавре иҷро карда шавад, ки бо эҳтимолияти баланд дар оянда

зарари имконпазирро пӯшонида, кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои суғуртавиро таъмин кунад.

Банди аввал дар асосноккунии методикаи ҳисобҳо аз муқаррар намудани қонунуният барои хавфҳои ҳисобкардашаванда иборат мебошад. Дар ҳолати умумӣ ин тақсимоти

эҳтимолии зарари умумӣ аз хавфи давраи ҳисобкунӣ мебошад. Ғайр аз ин, баъзе бузургиҳо, ки ин тақсимотро муайян менамоянд, ҳамчун бузургии миёна ва паҳннамоӣ, муқаррар карда мешаванд. Ахборот дар бораи тақсимоти зарари умумӣ дар мавриди зарурӣ метавонад ба

маълумотҳо оид ба қисматҳои алоҳидаи ин тақсимот ‟ яъне ба миқдори ҳодисаҳои зарар ва бузургии вай ба ҳисоби ҳодисаи суғуртавӣ, илова карда шавад.

Барои муайян намудани қонунияти ногаҳонӣ оид ба зуддии ба вуқӯъоии андозаи

такроршавии зарар пеш аз ҳама доштани маълумотҳои давраи гузашта зарур аст. Қонунунияти муқараршуда мувофиқи нишондиҳандаҳои ба он мутобиқ дар давраи ҳисобкунӣ акс карда мешаванд. Ҳам дар мавриди муайян намудани қонунунияти тақсимоти зарар ва ҳам дар

мавриди минбаъд акс кардани он, имконияти хато вуҷуд дорад, ки пурра бартараф намудани он ғайри имкон аст. Лекин барои ба ҳадди ақал кам намудани онҳо бояд кӯшид.

Кам намудани хавфи хатогиҳо дар ташхиси қонуният бо васеънамоии маҷмӯи маълумотҳо, ки дар асоси онҳо тариф ҳисоб карда мешавад, алоқаманд мебошад. Дар ин

ҳолат муҳим аст, ки омилҳои хавф, ки ба қонунияти зарар ё қисматҳои он, ҳамчунин ба миқдор ва андозаи зарар таъсир мерасонанд, муайян карда шаванд. Аз омилҳои хавф онҳое интихоб мешаванд, ки дар шарҳи қонунунияти зарар ва ба дурнамои он саҳми бештаре мегузоранд. Ин омилҳо омилҳои тарифӣ, ё аломатҳои тарифӣ номида мешаванд.

Ҳамаи хавфҳое, ки нисбат ба ҳамин омилҳои тарифӣ тавсифи якхеларо ошкор карданд, ба як гурӯҳи тарифӣ ҷамъ оварда мешаванд. Ин маҷмӯи хавфҳо метавонанд ҳамчун хавфи комилан якхела ва таъминкунандаи боэътимодии ҳисобҳо ҳаллу фасл карда шаванд. Барои боз ҳам бештар мустаҳкам намудани хавфи ташхис, зарур аст, ки ба омӯзиши гурӯҳои алоҳидаи тарифӣ маҳдуд нашуда, алоқаи амалии (функсионалии) байни омилҳои тарифӣ ва тавсифи зарарҳо муқарар карда шаванд. Ин усул пасту баландравии ногаҳониро дар маълумотҳо оид ба зарар ҳамвор месозад.

Тарификатсияи омилҳои пештар аниқкардашудаи таваккал чунин хавфро пинҳон медорад: омилҳои хавфи мушкил аниқшаванда дар гуногунияти шаҳр додашавандаро дар

дохили гурӯҳҳои тарифии таҳияшуда метавонад пинҳон намояд. Дар ин ҳолат мутахассисон тавсия менамоянд, ки маълумотҳои саромадӣ, то ба омӯзиши хусусияти хавфҳои алоҳида, ба гуруҳҳо ҷудо карда карда шаванд.

Ҳамин тавр ҳангоми ташаккули заминаи саромадии ҳисобҳо се намуди маълумотро, аз ҷумла ‟ маълумотро оид ба зарари инфиродии хавфҳои яквақта, маълумотро оид ба зарар дар гурӯҳҳои тарифӣ ва маълумотро оид ба тамоми ҳамгироии хавфӣ, истифода бурдан мумкин аст.

6.4. Мукофоти суғуртавӣ ҳамчун сарчашмаи маблағтаъминкунии фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ

Мукофоти суғуртавӣ ин маблағест, ки суғурташавандагон барои суғуртакунӣ ба суғуртакунандагон вобаста ба бастаи (портфели) суғуртавӣ ва маблағи суғуртавӣ мувофиқи қонун ё шартномаи суғурта мепардозанд. Шартҳо ва мӯҳлатҳои пардохти мукофоти

суғуртавиро суғуртакунанда ва суғурташаванда ҳангоми бастани шартномаи суғуртавӣ

муқаррар менамоянд. Пардохти суғуртавӣ – аз тарафи суғурташаванда метавонад якмоҳа, семоҳа, як сола ё якмаротибагӣ бошад. Дар рафти суғуртакунӣ аксар ба ҷои мафҳумҳои «мукофоти суғуртавӣ», «аъзоҳаққии суғуртавӣ» мафҳуми ягонаи «пардохти суғуртавӣ» истифода бурда мешавад.

Мукофот сарчашмаи асосии маблағтаъминкунии фаъолияти ширкати суғуртавӣ мебошад.

Бинобар ин, барои он ки таркиби мукофоти суғуртавӣ ва хусусияти ҳисоби он муфассал фаҳмида шавад, таркиби даромад ва хараҷоти ширкати амалкунандаи суғуртавиро бидуни баҳисобгирии азнавсуғуртакунӣ дида мебароем.

Қисми зиёди мукофоти пардохташаванда барои ташкили фонди суғуртавӣ равона карда мешавад, ки аз ҳисоби вай минбаъд мувофиқи шартномаҳои дар доираашон ҳодисаи суғуртавӣ сарзада, пардохтҳои суғуртавӣ иҷро карда мешаванд. Маблағҳои боқимонда мебояд, ки хароҷоти суғуртакунандаро ҷуброн ва гирифтани фоидаро таъмин намоянд.

Хароҷотҳи суғуртакунанда аз моддаҳои асосии зерин ташкил меёбанд:

1) хароҷоти коргузорӣ (хароҷоти маъмурӣ ва хоҷагӣ);

  • пардохти иҷораи бино (офис);
  • маоши кормандони бастӣ (штатӣ); – хароҷоти идоравӣ (конселярӣ); – пардохти қувваи барқӣ ва ғайра.

2) хароҷоти бастани шартномаҳои суғуртавии нав басташуда, ки қисми асосии ин хароҷотро мукофоти комиссионӣ барои хизмати миёнаравҳои суғурта (маъмурон, брокерон) ташкил менамояд.

Ба ғайр аз ин ба таркиби мукофот бояд фоида аз фаъолияти суғуртавӣ ворид карда шавад.

Мукофоти суғуртавӣ дар лаҳзаи бастани шартномаи суғуртавӣ (ё дар муддати ду-се моҳи аввал), пардохта мешавад, аммо ҳақгузорӣ дар давоми тамоми мӯҳлати суғурта иҷро шуда метавонад. Аз ин рӯ, муддате пардохтҳои ҷамъшуда дар фонди суғуртавӣ мемонанд ва захираҳои муваққатан озод ҳисоб меёбанд. Ин воситаҳоро маблағгузорӣ намуда, аз онҳо даромади муайян гирифтан мумкин аст. Даромад аз маблағгузории воситаҳои муваққатан озод сарчашмаи иловагии ташаккули даромади суғуртакунанда мебошад. Андозаи даромади аз маблағгузорӣ гирифташаванда мустақиман аз давраи ба он маблағгузоришуда, яъне, инчунин аз мӯҳлати суғурта вобаста мебошад. Бинобар ин, азбаски дар суғуртаи ҳаёт мӯҳлати миёнаи суғурта дар мамолики мутараққӣ на кам аз 10 сол аст, андозаи фоида аз маблағгузорӣ назарас аст, ки инро нисбати суғуртаи амвол, ки аксарияти кулли шартномаҳояш ба мӯҳлати 1 сол баста мешаванд, наметавон гуфт.

Барои дар мӯҳлатҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мушоҳида шудани баробарӣ ё барзиёдии даромад нисбати хароҷот, яъне оид ба харҷи кадом намуди суғурта риоя шудани шарти баробарӣ (ҳамарзишӣ )-ро ба таври зерин метавон ифода кард:

Мукофот + даромад аз маблағгузорӣ Ҳақгузорӣ + Хароҷот.

Ин маънои онро дорад, ки маблағи мукофоти оид ба намуди суғурта ҷаъмшуда мебояд, ки бештар, ё ҳеҷ набошад ба маблағи ҳақгузории аз рӯи ҳодисаҳои суғуртавӣ ва хароҷоти суғуртакунанда бидуни даромади аз маблағгузории воситаҳои муваққатан озод бадастомада, баробар бошад.

Мукофот (Ҳақгузорӣ ‟ Даромад аз маблағгузорӣ) + Хароҷот.

Чи хеле, ки аз ин ҳолат дида мешавад, мукофоти суғуртавӣ мебояд ду унсури таркибсозро дар бар гирад. Унсури аввалини барои ташкили фонди суғуртавӣ нигаронидашуда, ки аз ҳисоби он ба суғурташавандагон ҳақгузорӣ карда мешавад, мукофоти холис номида мешавад. Унсури дуввӯм барои пӯшонидани хароҷоти маъмурӣ-хоҷагӣ ва аквизисионӣ, инчунин барои бунёди фонди нақшавии суғуртакунада хизмат менамояд. Ин қисми мукофоти суғуртавӣ дар амалиёти суғуртавӣ сарборӣ (нагрузка) номида мешавад. Аз таркиби фоидаи нақшавӣ ҳиссагузорӣ ба фонди захиравӣ алоҳида ҷудо карда мешавад.

Мукофоти суғуртавӣ, ки суғурташаванда мепардозад, мукофоти ғайрихолис номида мешавад.

Ҳамин тариқ мукофоти суғуртавӣ (мукофоти ғайрихолис) аз мукофоти холис ва сарборӣ иборат аст:

Мукофоти суғуртавӣ = Мукофоти холис + Сарборӣ.

Барои муайян намудани қисмҳои таркибии мукофоти ғайрихолис нобаробарири саромадиро ҳамчун маҷмӯи ду нобаробарӣ ифода намудан мумкин аст: Мукофоти холис Ҳақгузорӣ ‟ Даромад аз маблағгузорӣ, Сарборӣ Хароҷот.

Дар вақти ҳисоб намудани мукофоти холис даромад аз маблағгузорӣ фақат дар мавриди суғуртаи ҳаёт ба инобат гирифта мешавад. Дар суғуртаи амвол, чӣ тавре ки дар боло қайд карда шуд, ин даромад ночиз мебошад ва ҳангоми ҳисоб кардан ба инобат гирифта намешавад. Аз ин рӯ барои намудҳои ғайри суғуртаи ҳаёт нобаробарии зеринро навиштан мумкин аст:

Мукофоти холис Ҳақгузорӣ.

Дар таркиби мукофоти ғайрихолис вазни асосиро мукофоти холис ишғол менамояд. Ба сарборӣ танҳо қисми ноҷизи аъзоҳаққии суғуртавӣ, ба ҳисоби миёна 10-20 фоиз вобаста аз намуди суғурта, тааллуқ дорад. Ҳисоби сарборӣ меҳнати зиёдро талаб намекунад, зеро дар асоси маълумоти ҳисоботи муҳосибии суғуртакунанда иҷро карда мешавад. Бинобар ин ҳангоми муайян намудани андозаи мукофоти суғуртавӣ диққати асосӣ ба ҳисоби мукофоти холис дода мешавад.

6.5. Хусусият ва шартҳои умумии ҳисоби мукофоти суғуртавӣ

Шартномаи суғурта дар худ созиши дутарафаро таҷассум менамояд, ки мувофиқи он суғурташаванда аъзоҳаққӣ мепардозад ва суғуртакунанда ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми сар задани ҳодисаи дар шартномаи суғурта нишон додашуда маблағи (талофии) суғуртавиро пардохт намояд. Мукофоти суғуртавӣ арзиши ҳамин созишро ифода менамояд ва аз нуқтаи назари муайянкунии бузургии он зарур аст, ки ду ҳолат ба назар гирифта шавад:

якӯм, мукофоти суғуртавӣ дар давраи аввали амали шартномаи суғуртавӣ пардохта мешавад, маблағи (талофии) суғуртавӣ бошад, чун қоида, пас аз муддати (давраи) муайян пардохт карда мешавад (агар пардохт умуман ҷой дошта бошад); дуввӯм, ҳодисае, ки дар натиҷаи сар заданаш суғуртакунанда пардохти талофии (маблағи) суғуртавиро ваъда медиҳад, бояд хусусияти эҳтимолӣ дошта бошад.

Хусусияти зикршуда ба ҷараёни муайян намудани андозаи мукофот таъсири ҷиддӣ мерасонанд, аз ин рӯ бар онҳо муфассал истода мегузарем.

Вазъият дар худ силсилаи «чаппаи» баръакси иқтисодиро вақте, ки пардохти хизмат то пешниҳоди он иҷро карда мешавад, таҷассум менамояд. Чунин тарзи амал дар суғуртакунӣ, инчунин дар баъзе соҳаҳои сектори классикӣ ҷой дорад. Даври иқтисодии баръакс дар суғуртакунӣ ҳисобкунии мукофоти суғуртавиро қатъиян мушкил мегардонад ва ин ба пайдоиши захираҳои математикӣ хизмат мерасонад.

Барои шартномаро ҳамчун шартномаи суғуртавӣ ҳисобидан яке аз шартҳои асосӣ – ин дар вай мавҷуд будани унсури ногаҳонӣ мебошад (албатта, ба манфиати зиддиҳуқуқӣ алоқаманд набуда). Дар натиҷа суғуртакунанда дар лаҳзаи бастани шартномаи суғуртавӣ, чун қоида, намедонад, ки оё умуман ҳодисаи суғуртавӣ оид ба шартномаи мазкур сар мезанад ва агар сар занад, маҳз дар кадом давраи мӯҳлати амали суғурта ва бо кадом андозаи зарар?

Доир ба ҷой доштани эҳтимолият дар шартномаи суғурта зарур аст, ки чунин қайд намоем. Унсури ногаҳонӣ ҳам, барои суғуртакунанда ва ҳам барои суғурташаванда, бояд ҷой дошта бошад. Хангоми ҳисоби тарифҳои суғуртавӣ тахмини ба таври ногаҳонӣ сар задани ҳодисаи суғуртавӣ, инчунин, ҳаҷми зарари расидашуда ва новобастагии он аз майлу хоҳиши суғуртакунанда ва суғурташаванда бояд ба инобат гирифта шаванд.

Дар амалия дар шартномаи суғурта омилҳои ғайричашмдошти зерин метавонанд ҷой дошта бошанд:

  1. имконияти бавуҷудоии ҳодисаи суғуртавӣ (намудҳои таваккалии суғурта, суғуртаи фаврӣ дар ҳолати фавт);
  2. имконияти ӯҳдадориҳои молиявии худро иҷро накардани суғурташавандагон дар назди суғуртакунандагон (суғуртаи ҳаёт);
  3. мавриди бавуқӯъоии ҳодисаи суғуртавӣ (суғуртаи умрбод дар мавриди фавт); 4) андозаи зарар (ҳамаи намудҳои суғурта, ки хусусияти талофӣ намуданро доранд).

Дар ҷамъбаст суғуртакунанда дар мавриди бастани шартномаи суғуртавӣ арзиши аслии ҳақиқии ин хизмат ва вақти аниқи пешниҳоди вайро намедонад. Дараҷаи номуайянӣ беҳад калон буда, бадастории арзишии баробарвазнӣ дар доираи ин қарордод номумкин аст. Доштани маҷмӯи шартномаҳо ба монанди шартномаҳои суғуртавӣ зарур аст. Танҳо дар ин ҳолат, ҳангоми ҳисоби мукофот, мумкин аст нишондиҳандаҳои миёнаро истифода барем ва

баробарвазнии молиявиро дар ҳудуди маҷмӯи умумӣ ба даст орем. Ҳаҷми маҷмӯъ чӣ қадаре ки зиёд бошад, ҳамон қадар имкониятҳои молиявии баробарвазниро аниқ намудан мумкин аст.

Ҳамин тавр, яке аз хусусиятҳои махсуси суғуртакунӣ ‟ ин ҳангоми ҳисоби мукофот зарурияти баҳодиҳӣ ба миқдори зуҳуроти ҳодисаҳо мебошад. Ин талаб менамояд, ки

муносибатҳои махсуси ба мавқеи назарияи эҳтимолят ва риёзоти оморӣ асос ёфтаро истифода барем. Ғайр аз ин дар суғуртакунии ҳаёт мебояд, ки усули пардохти молиявии дарозмуддат ва қисми демографии оморро ба ҳисоб гирем. Хусусияти қайдкардашуда имконият медиҳанд, ки маҷмӯи қабулгардида ва усулҳои дар вақти ҳисобкунии мукофоти суғуртавӣ истифодашударо ба соҳаҳои алоҳидаи риёзӣ ‟ назарияи хавф ва назарияи ҳисоби актуарӣ ҷудо намоем.

Шартҳои умумии мукофоти суғуртавӣ

Мувофиқи назарияи хавф андозаи пардохт оид ба шартномаҳои муайяни суғуртавӣ бузургии тасодуфӣ мебошад. Аз ин рӯ, маблағи пардохт оид ба ҳамаи шартномаҳои суғуртавӣ ҳам метавонад бузургии тасодуфӣ бошад. Ин маънои онро дорад, ки дар доираи аз 0 (сифр) то маблағи калонтарини пардохтшаванда вай метавонад қиммати дилхоҳро, ки ба маҷмӯи маблағи суғуртавии ҳамаи намудҳои шартномаҳо баробар аст, қабул намояд. Агар суғурташуда хоҳад, ки кафолати 100 фоизаи аз маблағи пардохт зиёд шудани маблағи мукофоти холисро диҳад, ӯ бояд фоизи суғуртавие ташкил намояд, ки ба андозаи маҷмӯи маблағи суғуртавӣ баробар бошад. Дар ин ҳолат мукофоти холиси ҳар як шартнома ба маблағи суғуртавӣ баробар мешавад. Дар натиҷа суғурташаванда бо назардошти сарборӣ мебоист аз маблағе, ки дар натиҷаи сар задани ҳодисаи суғуртавӣ мегирад, бештар пардохт намояд. Фаҳмост, ки чунин шартҳо барои суғурташавандагон қобили қабул нестанд. Бинобар ин дар вақти ҳисоби мукофоти суғуртавӣ суғуртакунандагон маҷбуранд, ки кафолати бехатарии камтар аз 100 фоизаро ва ё ҳеҷ набошад басо ба он наздикро, қабул намоянд. Дар амалия андозаи кафолати бехатарӣ дар доираи аз 85,0 то 99,9 фоиз ҷойгир аст.

Баробарии аввалро барои муайян намудани мукофоти холис чунин навиштан мумкин аст:

Эҳтимолият {Маблағи пардохт < маблағи мукофоти холис} Ŷ,

ки дар ин ҷо Ŷ ‟ андозаи кафолати бехатарии додашудаи суғуртакунанда мебошад.

Маблағи хақгузорӣ – маблағи бузургиҳои алоҳидаи ногаҳониро, яъне пардохтро тибқи шартномаҳои суғурта, ифода менамояд. Имконияти сар задани ҳодисаи суғуртавӣ аз рӯи як шартнома аз пардохти шартномаҳои дигар ба тариқи истисноӣ дар ҳолатҳои хеле кам вобастагӣ надорад. Ба таври дигар, мо бо бузургиҳои ногаҳонии новобаста сару кор дорем. Мувофиқи теоремаи марказии ҳаддӣ, маблағи ададҳои калони бузургии новобастаи ғайричашмдошт дар ҳолати риояи шартҳои муайяни аз рӯи қонунҳои муътадил тақсим карда шудааст (қонуни тақсимотии Гаусс). Дар асоси тавсифи ҳар як бузургии тасодуфӣ назарияи эҳтимолият имконият медиҳад, ки ба андозаи тақсимоти маблағи онҳо баҳо диҳем. Қонуни тақсимот ва паҳлӯҳои онро дониста, минбаъд нобаробарии саромадиро ҳал намудан ва бузургии зарурии фонди суғуртавиро ёфтан мушкил аст: Бузургии мукофоти холис дар асоси ҳамин андозаи фонди зарурӣ муайян карда мешавад.

Пардохт аз ҳисоби фонди суғуртавии аз ҳисоби мукофоти холис ташкил кардашаванда ба ҷо оварда мешавад. Аз ин рӯ, вазни холис бояд ҳамон хавфро акс намояд, ки ҳамин шартнома ба суғурташаванда пешкаш менамояд. Миқдоран ба ин хавф ба воситаи андозаи эҳтимолии пардохт баҳо дода мешавад. Вай дар доираи аз сифр (о) то имконияти бештарини пардохт аз рӯи ин шартнома ҷойгир мебошад. Пардохти бештарини имконпазир мувофиқи тариф ба маблағи суғуртавӣ баробар аст.

Бузургии пешбинишудаи пардохт ва инчунин мукофоти холисро ҳамчун ҳосили зарби маблағи суғуртавӣ ба коэффисиенте (ададе), ки ҳамеша бояд аз як хурд бошад, ифода кардан мумкин аст. Ин адад (коэффисиент) дараҷаи хавфи суғуртакунандаро инъикос менамояд. Вай

тарифи холис ё меъёри холис номида мешавад. Беш аз ҳама меъёри холис ё бо фоиз аз маблағи

суғуртавӣ ё бо пул ба ҳисоби ҳар 100 сомонӣ маблағи суғуртавӣ ифода карда мешавад. Агар вай бо фоиз ифода карда шуда бошад, он гоҳ формулаи ҳисобкунии мукофоти холисро ба таври зерин навиштан мумкин аст:

Сипас, мо ифодаи математикиро барои муайян намудани мукофоти холис ҳосил намуда, дарк менамоем, ки ба андозаи вай ду омил таъсир мерасонанд:

  1. эҳтимолияти бавуҷудоии ҳодисаи суғуртавии оид ба шартномаи мазкур;
  2. вазнинии интизории ҳодисаҳои суғуртавӣ ( яъне аз нисбати андозаи пешбинишудаи пардохт аз рӯи ҳодисаҳои суғуртавӣ бар маблағи суғуртавии шартномаи мазкур).

Андозаи маблағи суғуртавиро чун қоида худи суғурташаванда интихоб менамояд.

Маҳдудкунандаи табиии болоии вай арзиши амволи суғурташаванда буда, имконияти таъсири суғуртакунанда ба ин омил хеле маҳдуд мебошад. Аз ин рӯ, дар вақти ҳисоби мукофот диққати асосӣ ба баҳои дараҷаи хавф дода мешавад.

Агар дар шартномаи суғурта масъулияти суғуртакунанда дар ҳолати бавуҷудоии ҳодисаҳои гуногун, яъне ҳамзамон пешкаш кардани якчанд намуди кафолат ба назар гирифта шуда бошад, он гоҳ мукофоти холис оид ба ин шартнома ҳамчун маблағи мукофоти холис аз рӯи ҳамаи намудҳои кафолати воридкардашуда, муайян карда мешавад.

Масалан, агар ба шартномаи суғуртаи автомобил суғуртаи воситаи нақлиёт дар мавриди зарар дидин аз ҳодисаҳои садамавӣ, дуздида бурдан, суғуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва суғуртаи ҳаёти (шахсии) ронанда ва мусофир дохил шавад, он гоҳ меъёри холис аз маҷмӯи меъёрҳои холиси ҳамаи кафолатҳои номбаршуда иборат мешавад.

Мукофоти холис дар худ қисми асосии мукофоти ғайрихолисро ифода менамояд. Дар ҳамгунагӣ мукофоти ғайрихолисиро низ ҳамчун ҳосили зарби маблағи суғуртавӣ ба тарифи суғуртавӣ ё меъёри тарифӣ тасаввур намудан гуворост. Меъёри тарифӣ, ки бузургии ҳамаи ҳаққи суғуртавиро муайян менамояд, меъёри ғайрихолис номида мешавад ва ҳамчун пардохт аз ҳисоби ҳар 100 сомонии маблағи суғуртавӣ ё меъёри фоизӣ аз маблағи суғуртавӣ ба шумор меравад.

Меъёри ғайрихолис низ чунин сохтро доро мебошад, ки ҳамчун мукофоти (пардохти) суғуртавӣ дорад. Вай аз меъёри холиси аллакай зикршудаи бузургии мукофоти холисро муайянкунанда ва сарбории ҳиссаи хароҷоти суғуртакунандаро дар мукофоти суғуртавӣ инъикоскунанда, иборат мебошад:

Меъёри ғайрихолис (%) = меъёри холис (%) + сарборӣ (%)

Сарборӣ, чи хеле ки дар боло қайд шуд, барои пӯшонидани харҷи гузаронидани амалиётҳои суғуртавӣ, инчунин барои таъмини бадастории фоидаи нақшавии суғуртакунанада, таъин шудааст.

Ҳиссаи сарборӣ дар меъёри ғайрихолис бо ҳарфи ƒ ишора карда мешавад ва бо фоиз ё ҳиссаи воҳид ифода меёбад. Дар ҳолати умумӣ вай аз рӯи нишондодҳои муҳосиботи суғуртакунанда ҳамчун нисбати маблағи ҳамаи хароҷоте, ки барои пӯшониданашон сарборӣ, ба истиснои маблағи комиссионӣ муайян карда шудааст, ба маблағи мукофоти ғайрихолиси ҷамъовардашуда оид ба суғуртаи мазкур ҳисоб карда мешавад. Ба ин нишондиҳанда фоизи подоши комиссионии аз мукофоти хамин намуди шартнома мегирифтаи миёнаравҳо ва ҳиссаи фоида дар меъёри ғайрихолис, ки суғуртакунанда аз суғуртаи мазкур гирифтанист, зам карда мешавад.

Меъёри ғайрихолис ба тарзи зерин ҳисоб карда мешавад. Меъёри ғайрихолис аз меъёри холис ва сарборӣ иборат мебошад. Андозаи сарборӣ ҳамчун ҳосили зарби меъёри ғайрихолис ба ҳиссаи сарборӣ дар меъёри ғайрихолис ƒ муайян карда мешавад. Ҳамин тавр баробарии зеринро навиштан мумкин аст:

Меъёри ғайрихолис (%) = Меъёри холис (%) +сарборӣ (%) ·ƒ,

дар ин ҷо ƒ ҳамчун ҳиссаи сарборӣ дар меъёри ғайрихолис, ки дар ҳиссаи меъёри

ғайрихолис ифода ёфтааст.

Пас аз гузаронидани тағироти начандон мураккаб формулаи умумиро барои ҳисоби меъёри ғайрихолис ҳосил менамоем:

Агар ҳиссаи сарборӣ дар меъёри ғайрихолис (бо фоиз ифода гардидааст) ба ҳисоб гирифта шуда бошад, он гоҳ ин таносуб намуди зеринро мегирад:

Формулаи мазкури муайян намудани меъёри ғайрихолис барои ҳамаи намудҳои суғурта умумӣ ҳисобида мешавад. Бо вуҷуди ин, усулҳои ҳисоби дар ин формула мавҷудбудаи меъёри холис аз рӯи намудҳои суғурта фарқ мекунанд.

6.6. Тансифи намудҳои суғурта аз нуқтаи назари хусусияти ҳисоби меъёри холис

Тансифи умумии дар боби пешина дида баромадашудаи намудҳои суғурта ба хусусияти ҳодисаҳо ва ба амволи суғурташаванда алоқаманд мебошад. Баъзе аз ин хусусиятҳо ба тарзҳои коркарди меъёри холис таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Ҳамаи намудҳои суғуртаро аз нуқтаи назари хусусияти ҳисоби меъёри холис ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст: суғуртаи шахс (ҳает) ва намудҳои таваккалии суғурта.

Дар навбати худ аз ҳисоби намудҳои суғурта намудҳои умумии суғуртаи хавфӣ суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфи калонро ҷудо менамоянд.

Суғуртаи ҳаёт. Мутобиқи қонунгузории амалкунандаи суғуртавӣ суғуртаи ҳаёт маҷмӯи намудҳои суғуртаи шахсро таҷассум менамояд, ки ӯҳдадориҳои суғуртакунандаро оид ба ҳақгузорӣ дар ҳолатҳои зерин дар назар дорад:

  1. умр дидани суғурташуда то ба охир расидани мӯҳлати суғурта ё то ба синну соли дар шартномаи суғурта муайяншуда;
  2. фавти суғурташуда;
  3. аз рӯи пардохти нафақа дар ҳолатҳои дар шартномаи суғурта пениҳодшуда;

Хусусияти ҳисоби тарифи меъёрӣ оид ба суғуртаи ҳаёт аз он иборат аст, ки ташаккули захираи аъзоҳаққии (пардохтҳои) суғуртавӣ ва ҳисоби тарифи меъёрӣ бо ёрии усулҳои актуарӣ дар асоси ҷадвали фавтнокӣ ва меъёри даромаднокӣ аз маблағгузории воситаҳои муваққатан озоди суғуртаи ҳаёт ба ҷо оварда мешавад.

Намудҳои хавфии (таваккалии) суғурта намудҳое шуморида мешаванд, ки ба дигар намудҳои фаъолияти суғурта, ба ғайр аз суғуртаи ҳаёт, тааллуқ доранд ва маҳз инҳоянд:

  • ӯҳдадории суғуртакунандаро оид ба пардохти маблағи суғуртавӣ, ё баргардонидани мукофотро (пардохтро) дар мавриди ба охир расидани мӯҳлати шартномаи суғурта дар назарнадоранда;
  • ба захира намудани маблағи суғуртавӣ дар давраи ба мӯҳлати амал намудани шартномаи суғурта алоқаманднабуда.

Дар намудҳои қайдшудаи суғурта шарти ғункунӣ истифода бурда намешавад ва аз ин рӯ, ҳангоми ҳисоби меъёри холис усулҳои ҳисоби молиявӣ (дисконткунӣ, ҳисоби фоизҳои мураккаб ва ғайра) истифода бурда намешаванд. Дар ҳамин ҳолатҳо намудҳои суғуртаи хавф аз суғуртаи ҳаёт фарқ мекунанд.

Намудҳои суғуртаи хавфро чи тавре, ки қайд шуд, ба намудҳои умумӣ ва суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфҳои калон ҷудо намудан мумкин аст.

Намудҳои умумии суғуртаи хавф. Таҳти намудҳои умумии суғуртаи хавф намудҳои тахминан ҷалбкунандаи миқдори зиёди суғурташавандагон (субъекти суғурта) ва таваккалҳои суғуртавиро, ки ба монандии объекти суғурташаванда ва тақсимкунии начандон калони андозаи маблағҳои суғуртавӣ шарҳ дода мешавад, фаҳмида мешавад.

Мавҷудияти миқдори зиёди амволи суғурташуда ба қадри кофӣ мавҷуд будани маълумотҳои омории асоснокро барои хавфҳои нишондодашуда ба назар мегирад. Ин маълумотҳо нисбат ба ширкати суғуртавӣ метавонанд ҳам дохилӣ – яъне ба маълумотҳои ҳисоби шартномаҳо ва муҳосиботи такя намоянд, ҳам берунӣ – яъне маълумотҳои аз дигар ташкилотҳо гирифташуда, бошанд. Дар асоси маълумотҳои овардашуда ба мақомоти омории риёзӣ имконият фароҳам меояд, ки вай ҳамаи маҷмӯи таваккалиро бо ёрии тавсифи рақамӣ, яъне ҳамчун қимматҳои миёна ё парокандашавӣ, (дисперсия) тавсиф намояд.

Дар ин ҳолат монандии амволи суғурташударо ба инобат гирифта, тасдиқ намудан мумкин аст, ки қимматҳои миёна ба қадри кофӣ ҳамаи маҷмӯро дар якҷоягӣ тавсиф менамоянд. Дар натиҷа, дар вақти ҳисоби меъёри холис оид ба намудҳои умумии суғурта нишондиҳандаҳои миёнаи зуддии (суръати) ҳодисаҳои суғуртавӣ, андозаи зарар ва маблағи суғуртавӣ ба тарзи васеъ истифода бурда мешаванд. Ин тарзи муносибат имконият медиҳад, ки усули ҳисоби тарифӣ комилан содда карда шавад.

Ба намудҳои умумии суғуртаи хавф миқдори зиёди намудҳои суғуртаи амвол ва маъсулияти шаҳрвандии шахсони воқеӣ, инчунин баъзе намудҳои суғуртаи шахс (ба монанди суғурта аз ҳодисаҳои нохуш, суғуртаи хароҷоти тиббӣ ва ғайра) тааллуқ доранд.

Суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфи калон. Дар ин ҳолат сухан дар бораи таваккалиятҳое меравад, ки аз як тараф ҳамчун суръати (зуддии) пасти бавуҷудоии ҳодиса, аз тарафи дигар – андозаи калони имконпазири зарарро тавсиф менамоянд.

Миқдори амволе (объекте), ки суғурта кардан мумкин аст, хеле маҳдуд буда, парокандашавии маблағи суғуртавӣ – бузургии калонро ташкил менамояд.

Яке аз намудҳои бештар хосаи суғурта, ки ба ин гурӯҳ мансуб донистан мумкин аст, суғуртаи корхонаҳои саноатӣ (пеш аз ҳама дар ҳолати сӯхтор) мебошад. Хусусияти ин намуди суғуртаро дар мисоли Европаи Ғарбӣ ба қадри кофӣ равшан дидан мумкин аст. Дар ҳудуди Иттиҳоди Европа дар ҳамаи соҳаҳо қариб 100,0 ҳазор корхонаҳои калон мавҷуд мебошанд. Маҷмӯи ин корхонаҳо, чӣ аз ҷиҳати дараҷаи хавф, ва чӣ бо арзиш, якхела нест. Миқдори нисбатан зиёди шумораи суғурташавандагон ва имконияти қариб озодона пешниҳод кардани хизматҳои суғуртавиро дар қаламрави Иттиҳоди Европа ба инобат гирифта, гуфтан мумкин аст, ки ба ҳар як суғуртакунанда на бештар аз 100 корхонаи саноатии мамлакатҳо ва соҳаҳои бо арзиш ва дараҷаи технологии гуногуни аксар вақт ба ҳам тамоман муқоисанашаванда, рост меояд. Дар ин маврид истифодаи нишондодҳои миёна имконнопазир мегардад. Ба ғайр аз ин, ҳар доим дар соҳаҳои гуногун ҳодисаҳои хеле калони суғуртавӣ рух медиҳанд, ки метавонанд ба таври ҷиддӣ ба таносуби мукофот ва пардохт халали калон расонанд.

Ба суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфҳои калон инчунин суғуртаҳои ҳавопаймоӣ ва кайҳонӣ низ мансуб мебошанд. Дар ин ҷо инчунин маҳдудияти миқдори амвол, зуддии пасти бавуҷудоии ҳодиса ва андозаи калони имконпазири зарар оид ба як ҳодисаи суғуртавӣ низ ҷой дорад.

Мисоли дигари ин гурӯҳ – суғуртаи садамаҳои табиӣ мебошад. Зуддии бавуҷудоии ҳодисаҳои суғуртавӣ дар минтақаи мушаххас он қадар зиёд нест (дар якчанд сол на аз бештар як маротиба), вале зарари имконпазир беҳад калон аст. Илова бар ин, дар натиҷаи ғуншавии маҷмӯи калони зарарҳои хурди ба амволи зарарёфта расонидшуда, ки дар қаламрави зери ҳодисаи табиимонда ҷойгиранд, андозаи калони зарар ба вуҷуд меояд.

Ҳамин тавр, дар суғуртаи ҳодисаҳои нодир ва хавфҳои калон баъзе хусусияти ҳисоби меъёри холис ҷой доранд, ки ба хислати хавф ва амволи суғурташуда вобаста мебошанд.

Дар мадди аввал, дар вақти ҳисоби тарифҳо зарур аст, ки ба маълумотҳои омории якчанд сол (силсила ‟ қаторҳои замонӣ) такя намуд: ҳар қадар давраи мушоҳида тӯлонӣ бошад, меъёри холис ҳамон қадар аниқтар ҳисоб карда мешавад. Мукофоти ба ин тарз муайянкардашуда бояд мувозинати молиявии суғуртакунандаро на дар доираи як сол, балки дар давраи тӯлонӣ таъмин намояд.

Дар навбати дуввӯм, барои чунин гурӯҳи суғуртаҳо усулҳои махсуси ҳисоби мукофоти холисро бояд истифода бурд, ки арзиши хавфи ба ҳақиқат наздики дурандешонаро (на миёнаро) ба назар гиранд. Усули ҳақиқгуна, таҳлили зуддӣ ва маблағи зарари беҳад калон, усули «буришӣ» ва ғайра аз ин қабил усулҳоянд.

Дар навбати саввум, суғуртакунандагон ҳамзамон бо ҳисоби тарифҳо маҷбуранд, ки чун қоида, таъсири азнавсуғуртакуниро ба андозаи зарари ба ҳамаи бастаи (портфел) ва хавфҳои ҳамин намудҳо, аз ин рӯ ба бузургии меъёри тарифӣ, ба ҳисоб гиранд.

Дар навбати чорум, дар чорчӯбаи як ширкати суғуртавӣ ва ҳатто дар доираи як иттиҳоди суғуртакунандагон, чун қоида, маълумотҳои омории санҷидашуда барои ҳисоби меъёрҳои тарифии намудҳои номбаршуда кифоя намебошанд, аз ин рӯ дар соҳаи тарифасозии намудҳои мушобеҳи суғурта ҳамкории миллӣ ва байналмилаллӣ заруранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *