Суғуртаи шахсӣ

7.1. Хусусият ва намудҳои суғуртаи шахсӣ

Суғуртаи шахсӣ – соҳаи суғуртаи ҳифзи манфиатҳои амволии шаҳрвандонро

таъминкунандаест, ки  бо эҳтимолияти фаро расидани марги шаҳрвандон, фавти сарпараст ё

аъзои оила, ё ки аз даст додани саломатӣ, ки маъмулан боиси паст шудани сатҳи даромади оилавӣ мегардад, зич алоқаманд мебошад. Суғуртаи шахсӣ, инчунин  саъю кушиши шаҳрвандонро оид ба доштани пасандозҳои оилавӣ бо мақсади таъмини даромади моддӣ инъикос менамояд.

Суғуртаи шахсӣ мустақилона амал намояд ҳам, дар маҷмӯъ шакли иловагии суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъминоти он ба ҳисоб меравад.

Суғуртаи иҷтимоӣ – ба тамом  ҳатмӣ ва суғуртаи шахсӣ бошад,  одатан ихтиёрӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, кӯмакпулиҳо, нафақа ва дигар пардохтҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ эҳтиёҷи камтарини иҷтимоиро таъмин менамоянд, пардохтҳо аз рӯи суғуртаи шахсӣ бошанд, вобаста  ба имкониятҳои моддии ҳар як оила, ба васеъ намудан ва нигоҳ доштани сатҳи ибтидоии ниёзмандиҳо  равона карда шудаанд.

Суғуртаи шахсӣ функсияҳои хавфу хатарӣ ва амонатиро бо ҳам мепайвандад, ки аз рӯи он маблағҳои мувақатан озоди дар фондҳои суғурта нигоҳдошташаванда барои ширкати суғурта ҳамчун сарчашмаи сармоягузорӣ, барои суғурташаванда –  чун сарчашмаи даромадҳо хизмат мерасонад.

Аз рӯи суғуртаи шахсӣ, ҳам шахси ҳуқуқӣ ва ҳам шахси воқеӣ суғурташаванда шуда метавонанд, ба ҳайси суғуртакунандагон бошанд – танҳо шахсони ҳуқуқӣ шуда метавонад. Суғуртакунанда дар мавриди суғуртаи шахсӣ метавонад дар як вақт шахси суғурташуда низ бошад. Ба сифати суғурташудагон  ашхоси воқеии  ҳам қобили фаъолият ва ҳам ғайри қобили фаъолият, инчунин ашхоси синнашон аз 16 сола ва аз 80 сола боло, метавонанд амал кунанд.

Суғурати ҳаёт дар ду шакл татбиқ мегардад – инфиродӣ ва коллективӣ. Суғуртаи  инфиродӣ ин басташавии шартномаро бо шахсони воқеӣ дар назар дорад.  Шартномаи коллективии суғуртаи коллективии ҳаёт аз ҷониби ширкати суғурта бо шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати коргарони субъекти хоҷагидор баста мешавад, ки дар натиҷа онҳо (коргарон)  шахсони суғурташуда ба ҳисоб мераванд.

 Дар айни замон суғуртаи шахсӣ дар ҶТ суғуртаи ҳаёт ва суғурта аз ҳодисаҳои нохушро дар бар мегирад. Ҳамзамон суғуртаҳои тиббӣ ва нафақавӣ дар сатҳи омӯзиш қарор доранд.

Нишонаҳои бештари хоси  намудҳои суғуртаи ҳаётро дида мебароем.

Суғуртаи ҳаёт барои ҳолатҳои зерин карда мешавад: фаро расидани  марги суғурташаванда ё суғурташуда; аз даст додани саломатии суғурташуда ҳангоми фалокат; то ба мӯҳлати муайяне, фаро расидани ҳодисаи муайяне умр дидан.  Ин шартномаҳо барои ҳар гуна маблағи суғурта ва барои ҳар гуна мӯҳлати мувофиқашудаи бисёрсола баста мешаванд.

Низоми намудҳои суғуртаи шахсӣ манфиатҳои хеле гуногуни суғурташавандагонро ба инобат мегирад. Аз ҳама маъмул шартномаҳои суғуртаи ҳаётанд, ки дар онҳо функсияҳои хавфу хатарӣ ва амонатӣ бисёр  мувофиқ меоянд. Дар ин сурат бояд хусусияти пасандозҳо дар бонкҳои амонатӣ аз хусусияти пасандозҳои шаҳрвандон тавассути суғуртаи ҳаёт фарқ карда шаванд.

Аз ҳама маъмултар пасандозҳои дархостӣ дар бонкҳои амонатӣ ба ҳисоб мераванд, ки одатан таъиноти ҷорӣ ва сирф  истеъмолиро дар бар мегиранд.  Аз ҷумла, дар ин бора нисбатан кутоҳмӯҳлат будани онҳо низ аз гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад. Суғуртаи дарозмӯҳлати ҳаёт бошад ба суғурташавандагон имконият медиҳад, ки тадриҷан маблағҳои заруриро барои зиёд намудани пасандози оилавӣ андӯхт намуда, ҳамзамон суғурташуда боқӣ монад ва дар ҷараёни амали шартнома маблағҳои муайяни пулиро  дар натиҷаи бо онҳо рӯй додани ҳолатҳои суғурта  ба даст оранд.

Суғуртаи ҳаёт чун қоида  ду намуди суғуртаро,  яъне –  суғурта дар ҳолати аз даст додани қобилияти корӣ ва суғурта дар ҳолати маргро дар худ муттаҳид месозад. Чунин суғуртаро дар таҷрибаи суғуртаи ҶТ суғуртаи омехтаи ҳаёт меноманд.

Ба намудҳои суғуртаи ҳаёт,  ба ғайр аз суғуртаи омехта,  суғуртаи нафақаи иловагӣ, суғуртаи кӯдакон то ақди никоҳ ва суғуртаи рента низ дохил мешаванд.

Суғуртаи нафақа ҳамчун таъминоти иловагии нафақа бар замми нафақаи давлатӣ мебошад. Суғуртаи нафақаи иловагӣ чӣ аз рӯи мӯҳлат ва чӣ аз рӯи маблағ намудҳои гуногуни пардохтро дар бар мегирад. Вай метавонад инфиродӣ ё ин ки аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ – коллективӣ бошад.

Нафақаи иловагӣ аз рӯи шартҳои шартнома баъди адои мӯҳлати суғурта дар ҳолати аз ҷониби суғурташаванда пурра пардохтани маблағҳои суғурта дода мешавад.

Дар хориҷа намуди суғуртаи «аннуитет» –  истилоҳи ба ҳамаи намудҳои суғуртаи рента ва нафақа тааллуқ дошта,  маъмул аст, ки тибқи он суғурташаванда якбора ё ки пай дар пай ба ширкати суғурта маблағи муайянеро  мепардозад ва баъд дар тӯли якчанд сол  умрбод аз синни муайян  мунтазам фоида ба даст меоварад.

Рентаҳои суғурта (аннуитетӣ) бо ӯҳдадориҳои суғурташаванда оид ба пардохти пасандозҳои суғуртавӣ ҳангоми расидани синни  суғурташаванда ё суғурташуда то сол ва ё  мӯҳлати дар шартнома овардашуда, вобастаанд.

Суғуртаи кӯдакон то ба ақди никоҳ  ба шахси то тӯй суғурташуда пардохти суғуртаро, ҳатто агар пардохти ҳиссагузориҳо бо сабаби марги суғурташаванда боз дошта шуда бошад  ҳам, кафолат медиҳад.

Суғурта аз ҳодисаҳои нохуш пардохти маблағҳои суғуртавиро дар ҳолати аз даст додани саломатӣ ё ин ки  марги суғурташуда ҳангоми ҳодисаҳои  дар шартнома қайдшуда, дар назар дорад. Чунин суғурта шаҳрвандони калонсол, кӯдакон, мактаббачагон, мусофирони дар сафар буда, категорияҳои алоҳидаи коргарони дар шароитҳои хавфу хатаронок меҳнаткунандаро дар бар мегирад.

Ба ҳодисаҳои нохуш ҳодисаҳои пешбининашудае дохил мешаванд, ки бо  суғурташуда дар вақти амали шартнома рух медиҳанд ва боиси қисман гум кардани саломатӣ, беморӣ ё марги онҳо мегарданд. Дар суғурта аз ҳодисаҳои нохуш марг (ҳалокат) ҳодисаи суғурта ҳисоб мешавад, агар он дар натиҷаи ҳодисаи нохуш, заҳрнокшавӣ, садама ва амсоли он ба истиснои  худкушӣ ва дигар ҳодисаҳое, ки барои суғурташуда хусусияти тасодуфӣ надошта бошанд, рӯй диҳад.

Аломати бештар хоси ҳодисаҳои суғуртавӣ «аз ҳодисаҳои нохуш» ин кӯтоҳмӯҳлатии онҳо ва имконнопазирии пешбинӣ намудани ҳаҷми зиён мебошад. Бинобар ин тамоми намудҳои суғуртаи мазкур ба категорияи хавфу хатарии суғурта дохил мешаванд.

Принсипҳои суғуртаи ҳаёт, нафақа, суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва беморӣ якчанд шартҳоро дар бар мегиранд, ки барои ҳамаи намудҳои суғурта ҳатмианд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғурта» суғуртакунандаро ӯҳдадор менамояд, ки пардохти маблағҳои суғуртавиро дар ҳолатҳои зерин қатъ намояд:

  • агар суғурташаванда ё суғурташуда ба амали ҷиноие даст задааст, ки он барои фаро расидани ҳодисаи суғурта мусоидат кардааст; 
  • агар суғурташаванда дидаву дониста ба суғуртакунанда дар бораи объекти суғурта  маълумоти дуруғро пешниҳод карда бошад;
  • агар ҳолати суғурта ҳангоми мадҳуш будани суғурташуда аз таъсири машруботи спиртӣ, нашъа ва моддаҳои зарардор сар зада бошад;

-агар ҳолати суғурта дар мавриди содир намудан ё кӯшиши содир намудани ҷиноят фаро расида бошад.

Мувофиқи қонуни амалкунандаи соҳаи суғурта маблағи  суғурта ба суғурташаванда ё ин ки ба шахси сеюм новобаста аз маблағҳое, ки ба ӯ аз рӯи дигар шартномаҳои суғурта, инчунин аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ, пасандозҳои иҷтимоӣ ва барои бартараф намудани зарар тааллуқ доранд, пардохта мешаванд.

Суғуртаи тиббӣ (ё суғуртаи саломатӣ) соҳаи таркибии суғуртаи ҳаёт ҳисоб ёфта, ҳамаи намудҳои суғуртаро оид ба ҳифзи манфиатҳои молии суғурташавандагон, ки бо бад шудани саломатӣ ва гум кардани қобилияти корӣ алоқаманд мебошанд, дар бар мегирад.

Намудхои сугуртаи шахси:

Суғуртаи омехтаи ҳаёт

Ҳолати бо сабаби ҳодисаи нохуш аз даст додани саломатӣ. 

Суғуртаи рента ва нафақаи иловагӣ.

Суғурта аз ҳодисаҳои нохуш Суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ва ҳатмӣ

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.